Ҳаргиз нашавад хушк, агар шеър тар аст

?????????????????????????????????????????????????????????
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам 75-сола шуд
Аз Муҳтарам Ҳотам маҷмуаҳои шеърии «Камароб», «Дилафшон», «Сапеда», «Як қалам сарнавишт – як қадам саргузашт» ва ғайраро хондаем.
Солҳо ба таҳқиқи масоили сукунат ва муҳоҷирати ориёиҳо машғул буданаш низ натиҷаи хубе ба бор овардааст. Дар рубоие худ ба ин мавзуъ ишора мекунад:
Сӣ сол суроғи Ориёно кардам,
Охир дари ин тилисмро во кардам.
Бас кишвари бостонии гумшударо
Бо заҳмату ранҷи хеш пайдо кардам!
Воқеан, асарҳои офаридааш «Канобад (Конибодом) ва Райбат (Работ) дар «Шоҳнома», «Фасли пайванди вожаҳо», «Ҳувияти миллӣ ва Ватани воқеӣ» таҷаллии фарҳангу тамаддуни мо ориёиҳо дар дарозои таъриханд, ки барои бисёриҳо ноошно буданд.
Ҳоло як маҷмуаи ашъори ӯро, ки аз тарафи нашриёти «Адиб» дар соли 2020 чоп шудааст, зери даст дорем. Маҷмуаи «Дафтари рӯбоӣ» фарогири рубоиёти дар солҳои гуногун таълифнамудаи адиб буда, дар он гуногунии мавзуъ, диди ҳунарӣ, шеърият, бадеият, ҳикмату фалсафа ба ҳам омадаанд. Муҳимтарин вежагии рубоёти ин маҷмуа аз назари мавзуъ пайванди бевосита доштани онҳо ба зиндагии воқеии инсонҳо ва тасвири ҷузъиёте аз ҳаёт ва мавқеи иҷтимоии шоир аст, ки дар навбати худ пайвастагии томе ба ишқу зебоӣ доранд ва бо забону баёни равон ва ҷусторҳои ҳунариву диди шоирона рӯи кор омадаанд.
Рубоиҳои дар фаслҳои «Забони тоҷикӣ», «Ниёиш», «Сарзамини бобоӣ» омада агар ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, посдории фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаи моро дар зеҳни хонанда бедор кунанд, фаслҳои «Ин чор савор чор ёрони мананд», «Омӯзгори рӯзгор», «Равшан шуда олам зи чароғи Роғун» муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиро фаро гирифта, барои хонанда аз қадру манзалати омӯзгор, ҳашамати иншооти бузурги аср – НБО «Роғун» ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ қисса мекунанд. Мавзуи ишқу зебоӣ, эҳтироми баланди инсонӣ ва дӯстдории табиати гулранги Ватан дар фаслҳои «Зону задаву ба чашма мемонам лаб», «Ёрон ба канору зодрӯзат хушрӯз», «Дар ишқи ту гаҳ сарф шудам, гоҳе наҳв» таҷассуми бадеӣ ёфтаанд.
Фаслҳои «Аё дарё, чу ман соҳил наёбӣ», «Муборак зодрӯзат ёри ҷонӣ» маҷмуе аз дубайтиҳо ва фасли «Аз «Ҳазориспанд» фардбайтҳои шоирро фаро гирифтаанд, ки аз ҷиҳати муҳтаво гуногун ба назар мерасанд.
Дилбастагии шоир ба ин жанри суннатӣ, ки намунаҳои онро ба сурати як маҷмуа мураттаб кардааст, аз он ҷост, ки ӯ эътиқодманди андешаи дар қолаби куҳан сухани тоза гуфтан аст ва ин андешаро ағлаби адибону донишмандон истиқбол кардаанд:
Дар шеър навиву куҳнагӣ худ дигар аст,
Хушкиву тарӣ варову бору самар аст.
Маънист чу нав, намешавад шеър куҳан,
Ҳаргиз нашавад хушк, агар шеър тар аст.
Чакидаҳои ин маҷмуа, дар баробари гуногунмавзуӣ, тозагиҳое аз ҳунари нигорандагиву бадеият ва шоиронагӣ доранд, ки махсуси забони имрӯзи шеъранд.
Ин шоиронагиҳо вақте ба шеъри иҷтимоӣ мекӯчанд, шояд то андозае ба чашм ноаён бимонанд, аммо он ҷо ҳадафи рӯшантаре бидуни таркибҳои шоирона ба вуҷуд меояд ва баёни андеша ба сурати шоирона падидор мешавад:
Дар гӯши дилам касе сухан мегӯяд,
Аз садри баланди анҷуман мегӯяд.
Ҳар як суханаш маро азиз асту нав аст,
Ҳарчанд ба такрор Ватан мегӯяд.
Ин ҷо ҳамоно таъкиди ҳадафмандонаи ватандӯстист, ки ба вожаи «Ватан» пайванд мехӯрад. Гӯё тамоми ин вожаҳо барои таъйиди вожаи «Ватан» хидмат мекунанд, то шоир паёми рӯшани худро ба хонанда бирасонад, ки вожаи «Ватан» муқаддастарин неъматест ва тозатарин ҳарф аст, агарчанде ба такрор ба забон оварда шавад. Ибрози андеша дар ин пора, ки намоди шеъри иҷтимоии маҷмуа аст, шеърияти хосе дар такрори вожаи «Ватан» дорад.
Ҳамчунин, шоир дар пайроҳаи шеъри имрӯз гом мебардорад ва дар баробари нигариш ба дарунмояи шеър аз лиҳози ҳунарӣ ба сохтори он низ зеҳн мемонад ва дар натиҷа кӯшишҳояш дар нав шудани қолиби рубоӣ аз ҷиҳати баён низ бор меоранд. Дар ин маҷмуа чанд рубоиеро хондем, ки аз лиҳози сохтор, бавежа забони он, муқаддамтар аз дарунмояи худанд:
Шаб. Хомӯшӣ. Хами раҳе.
Танҳое.
Оҳе. Ишқе. Маломате.
Раҳпоӣ…
Пасмондасигор. Субҳ.
Изи пое.
Ово. Равуо. Хеҷ…
Сару савдое.
Ин яке аз он рубоиётест, ки дар он тарзи баён мутафовит аз қолаби якнавохти рубоист. Талаффузи задаҳои мантиқӣ дар он ҳиссеро дар хонанда бедор мекунад ва хонанда бидуни он, ки ниёзе ба тафсири ин пора дошта бошад, мушаххасан манзури гӯяндаро ба ҳадди зебоӣ ва ҳадафмандона дарк менамояд.
Бо камоли ихлос метавон гуфт, ки маҷмуаи «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам барои бедории миллӣ ва ҳувиятхоҳӣ, табиатдӯстиву ватанпарастӣ, инсонмеҳвариву хушахлоқии хонанда аҳамияти чашмрас дорад. Хонанда аз он метавонад ҳам ишқу зебоиро ташхис кунад ва ҳам дарси худшиносиву инсонгароӣ биомӯзад.
Муҳриддин САБУРӢ