Ҳамсадоӣ бо Паём

***

Як ту мондӣ аз сари ор ориёнӣ,
Як туӣ дар кору пайкор ориёнӣ.

Ориён пайваста, дардо, рафт аз даст,
Сарзамини ори мо гашт ормонӣ.

Як ту эҳёбахши ин марзи куҳанбун
Бо фару бо азму руҳи бостонӣ.

Зеби даргоҳи Каёнӣ як ту мондӣ,
Ҷоннисорӣ дар масири покҷонӣ.

Бо ту акнун Тоҷикистон Ориёност,
Нанги моро чун сипар дар ҷисму ҷонӣ.

Бо зулоли обҳои поки Меҳан
Сӯйи хушбахтиву ободӣ равонӣ.

Сар ба сар дар партави нуру навидӣ,
Пайку пирӯзии халқи сахтҷонӣ.

Пойтахти тоҷикони рӯйи дунёст
Меҳани мо дар масири ҷонфишонӣ.

Дар раҳи эҳёи мулку миллати худ,
Ман дуо дорам, ки ҳаргиз дар намонӣ.

Як ту мондӣ аз сари ор ориёнӣ,
Як туӣ дар кору пайкор ориёнӣ.

Пешвои тоҷикони рӯйи дунё,
Фарруху фархунда дар рӯйи ҷаҳонӣ!

Фарруху фархунда бошӣ!
Фарруху фархунда монӣ!

                                                         Камол Насрулло

 

Дигар хабарҳо