Ҳамсадоӣ бо Паём. Ояндаи дурахшони Ватан

 Ҳамсадоӣ бо Паём.  Ояндаи дурахшони Ватан

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон санади сарнавиштсоз буда, барои ҳар як фарди кишвари мо дастури раҳнамоибахши муқаддас ва ваҳдати ҷовидона аст. Ва дар баробари ҳамин дар Паём пешрафту дастовардҳои бузурги мардуми кишварро, ки бо заҳматҳои содиқона ба даст омадаанд, возеҳан тасбит ёфта, барои ноил шудан ба муваффақият ва комёбиҳои ояндаи Ватани ҷоноҷон бузургворона ҳидоят менамоянд.

Дар Паём ҳаллу фасли чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд зикр гардида, комилан ба анҷом расидани ҳалли масъалаҳои сарҳадии байни ҷумҳуриҳои ҳамсоя, ки беш аз сад сол боз ҷараён дошт, бо нуктадонӣ зикр шудааст, ки он ба хирадмандӣ ва дурандешии Пешвои муаззами миллат вобаста мебошад.

Дар кишвари азизамон баргузор гардидани нахустин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо низ аз ҷумлаи муҳимтарин воқеоти ин давра маҳсуб меёбад.

Дар Паём инчунин пешрафти иқтисодӣ, хоҷагии халқ, саноат, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободонии рӯзгор зикр ёфта, роҳҳои кушоиши проблемаҳо бо возеҳияту маҳорат собит гардидаанд.

Яке аз соҳаҳои хеле пешрафтаи ҷумҳурии азизи мо илму маориф мебошад, ки дар ин бобат Пешвои муаззами миллат дар Паём чунин гуфтаанд:

«Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».

Биноан дар солҳои Истиқлолияти ҷумҳурӣ дар тамоми шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳоти Тоҷикистони азизи мо бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат биноҳои замонавии донишгоҳҳо, муассисаҳои таълими умумии миёна, дармонгоҳҳо, муассисаҳои тарбияи томактабӣ ба теъдоди хеле зиёд бунёд гардида, симои диёри ҷоноҷони моро то қаряҳои дурдасттарин соҳибмаърифату бофарҳанг ва дилкашу мунаввару зебо намудаанд. Ва фаъолияти аксари кулли ин муассисаҳо зимни сафарҳои кории Сарвари давлат дар вилоёт ва шаҳрҳою навоҳӣ бо иштироку суханони муборакбодӣ, маслиҳату дастурҳои он кас ифтитоҳ шуда буданд, ки ин ҳамеша як ҳадяи табаррукӣ аз абармарди миллат аст. Ҳамчунин бо мамнунӣ мушоҳида менамоем, ки таҳсил дар муассисаҳои таълимоти умумии миёна ва муассисаҳои тарбияи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷараён меёбанд. Аз ин басо ифтихор менамоем ва сарбаланду сарфароз мегардем, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият мекунем ва ҳазорон шукрона мегӯем, ки дорои чунин давлати бузургу ободу  соҳибистиқлол ҳастем.

Боре Пешвои муаззами миллат зимни сафари кориашон ба масъулин дастур доданд, ки чун дар ҳудуди вилояту ноҳияашон минтақаи навободе таъсис биёбаду агар сад нафар сокин буду бош дошта бошанд ҳам, дар он ҷо қабл аз ҳама муассисаи замонавии тарбияи томактабӣ бунёд намоянд! Зеро «мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастаи амиқ дорад.

Асри 21 асри пешрафтаи илму техника ва технологияҳо мебошад». Роҳбари давлат дар Паём қайд намудаанд, ки дар иртиботи боз ҳам инкишоф додани илму маориф омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳими илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлати мо мебошад.

Бо ҳамин мақсад Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Ин пешниҳод аҳаммияти бузурги байналхалқӣ дошта, баҳри омӯзиши манбаи ҷовидони оби пок – яъне пиряхҳо шоҳроҳи васеъ мекушояд ва кулли асрори онро кашф менамояд.

Дар Паём зикр гардидааст, ки бедор намудани хотираи таърихӣ баҳри таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, хосатан ҷавонон нақши муҳим мебозад, зеро он ояндаи миллат  ва давлат мебошад. Биноан ба тӯли даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳанг бунёд гардида, 500 иншооти дигари соҳа таъмиру навсозӣ шудааст.

Ҳамчунин маълум аст, ки дар пойтахти диёрамон – шаҳри Душанбеи гулофарин сохтмони бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллӣ бо шароиту имкониятҳои муосир ҷараён дошта, ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми кишвар ва албатта, ба аҳли фарҳангу ҳунар ҳадя карда мешавад.

Мардуми донишпарвари тоҷик, махсусан, наврасон ва ҷавонон мутолиаи китоби бадеиро дӯст медоранд. Биноан аз тарафи Ҳукумати мо дар даҳ соли сипаригашта 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона интишор ёфта, ба китобхонаҳо дастрас шудаанд.

Халқи мо, хушбахтона, аз қадим китобдору китобхону китобдону китобнавис будааст. Ба ҳамин ваҷҳ бо дастури Роҳбари хирадманд ва дурандеши давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Донои Тӯс – Абулқосими Фирдавсӣ чоп шуда, ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа гардид.

Чи тавре ки маълум аст, солҳои пешин бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат тарҷумаи тоҷикии китоби муқаддаси «Қуръон»-и шариф низ ба зиёиёни ҷумҳурӣ ройгон ҳадя шудааст.

Ба шарофати сиёсати маорифпарварона ва ташаббуси шахсии абармарди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ташкил гардидаанд. Ҳоло ин озмунҳо дар саросари ҷумҳурии азизамон фаъолият доранд ва ҳазорон-ҳазор наврасону ҷавонони мо дар ин озмунҳо бо  ҷаҳду талош ширкат варзида, китобҳои гуногунро мутолиа карда, порчаҳои зиёдеро аз бар менамоянд, ки ин худ як дабистони бузурги илму маърифат аст. Шукрона, ки мутолиаи китоб ва аз бар намудани шеър ба кори доимии наврасону ҷавонон табдил гаштаанд.

Ҳамчунин имсол соли севум аст, ки бо ташаббус ва ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҷараён дорад.

Осори Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари таърихи пурғановат ва пурифтихори миллати тоҷик, инъикосгари таърихи забону тамаддун, фарҳанги ғании миллати тоҷдору куҳанбунёди мо мебошад. Мутолиаи ин асарҳо моро бо сарнавишти миллату давлат шинос намуда, талошу заҳматҳои халқи куҳантамаддуни тоҷикро барои аз даст надодани забону фарҳанги худ бозтоб менамояд.

Дар Паём бисёр бамавқеъ зикр гардидааст, ки мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Ҳарчанд ки ҳиссаи бештари ин меросро ёдгориҳои бостонӣ ташкил менамояд, то ҳол дар кишвари мо қонуни соҳаи бостоншиносӣ таъсис наёфтааст. Хушбахтона, бо ҳидояти Роҳбари давлат ин масъала минбаъд ба иҷроот хоҳад расид.

Ёздаҳ адад ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим бо саъю талошҳои кишвари мо ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Аз тарафи ин созмони баландмартаба қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии  ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва ҷашни 1050-солагии шоираи бузург Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хосаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Омӯхтану тарғиб намудан ва ба ин васила ифтихор доштан аз аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният, ки ба Куруши Кабир тааллуқ дорад, боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад.

Ҳамчунин мо бояд саҳми таърихии Борбади Марвазиро дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ собит намоем. Ӯ яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози маслакии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст, зикр шудааст дар Паём.

Ҳамчунин Роҳбари давлат дар Паёми пурмаъонӣ баён доштаанд, ки аз пешиниёни соҳибмаърифат ва некноми мо – ориёиҳо забони ноби тоҷикӣ, илму ҳунар, оину суннатҳои боғановату рангораги башардӯстона – аз ҷумла Наврӯз, шиори ниҳоят пурарзиши зиндагӣ “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» ба мо мероси ҷовидонӣ боқӣ мондаанд. Ва ин ҳикмати қиматманди пешиниёни хирадмандамонро бояд омӯзем ва чун гавҳараки чашмамон эҳтиёт намоем.

Биноан бо пешниҳоди Сарвари муаззами миллат дар шаҳри Душанбе Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд мегарданд, ки ин қарорҳои фавқулода хирадмандона ва дурандешона маҳсуб ёфта, дар оянда инҳо марказҳои ирфонӣ ва фарҳангбахши ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик мешаванд.

Бахтиёр Муртазо,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо