Ҳамсадоӣ бо Паём
Фурӯғи Ориён
Решаҳои ориёнӣ дар вуҷуди мо бувад,
Хун ба хун омехта, дар тору пуди мо бувад.
Ориёиему Хуршед аст моро раҳнамо,
Ҳар саҳар аз Шарқ месабзад ҳамин нури Худо –
Нури ақлу нури имон, нури ҳақ аз осмон,
Нури меҳру нури шафқат, нури нерӯи забон.
Рӯдакӣ оғоз бахшиду забони модарӣ
Бо фурӯғи «Шоҳнома», «Маснавӣ» шуд ҷовидон.
Мо, ки аз асли нажоди Ориёно будаем,
Соҳиби фарҳанги волои «Авасто» будаем.
Ворисони ин забони ҳамзабонон будаем,
Аввалан тоҷику баъд аз он мусулмон будаем.
Ин Ватан бо илму фан машҳури дунё гаштааст,
Илми ӯ аз хок то авҷи Сурайё гаштааст.
Розиву Беруниву Хоразмиву Хайёми ӯ,
Ибни Синояш далели шуҳрати айёми ӯ.
Эй, ки аз худ мекунӣ таърихи ин халқи куҳан,
Ҳон, насӯзад то аз ин оташ забонат дар даҳан!
Ориён бо зар Авасторо навишта бешумор,
Бо қалам таҳриф карданҳо намеояд ба кор!
Ибодулло МАШРАБ



