Ҳамосасарои даврони хеш
Низом ҚОСИМ
МАРДИ СУХАН
Барои Абдулҳамид Самад
Нест афзун он қадар марди сухан,
Марди огаҳ аз ҳама дарди сухан.
Бурдану овардани як хома нест,
Хомадоро, бурду оварди сухан.
Як амал дар зиндагонӣ мушкил аст –
Сохтан бо гарму бо сарди сухан.
Дар сухан бин сурхрӯиро фақат,
Дар сухангӯ – чеҳраи зарди сухан.
Зерсанги осиёбаш мешавӣ, –
Нест осон ёфтан гарди сухан.
Мешавад бо дарди дил як умр ҷуфт,
То сухангӯ мешавад фарди сухан.
Зуд ҳосил хоҳӣ аз киштат агар,
Кам бигардо гирди огарди сухан.
Мебарӣ сад кӯҳи нозашро ба дӯш,
Мешавӣ то нозпарварди сухан.
Сангро дар синаҳо дил сохтан –
Ин бувад асли амалкарди сухан.
Решаҳои амиқи халқии характер, робитаи он бо тасаввуроту назариёти халқ, бо андӯхтаҳои маънавии чандин насли мардумони меҳнатӣ дар якумин қиссаи нависандаи ҷавон Абдулҳамид Самад «Баъд аз сари падар» хеле мукаммал тадқиқ шуд. Дар ин қисса ягонагии инсон ва табиат, ҳамбастагии мураккаби онҳо ба якдигар, хусусан тобишҳои гарму навозишкоронаи лирикии он аксаран бо нозукбинӣ ба тадқиқ омада, ба қатори он омилҳои иҷтимоӣ, ки шахсияти ҷавонони ҷӯяндаро ташаккул медиҳад, дохил гардид.
Муҳаммадҷон ШАКУРӢ, Академик
Романи нави Абдулҳамид Самад «Гардиши девбод», ки дар шумораҳои 11-12-уми соли 2015 ва якуми соли 2016-и маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шудааст, натанҳо дар хазинаи эҷодии вай, балки дар адабиёти навини тоҷик ҳам падидаи дилписанде мебошад. Адиб ба воқеаҳои таърихи нави Тоҷикистон бо чашми хирад, бо дили пурдард нигариста, як асаре ба майдони адаб овардааст, ки ба дили ҳар кадом хонанда роҳ меёбад. Вай аз анъанаи плакати сиёҳу сафед даст кашида, як асари пурғизои бадеие ба майдон овардааст, ки симоҳои гуногуни ошно ва ноошно дорад. Дар роман гирудорҳоеро ба мушоҳида гирифтам, ки онҳоро метавон ба лаҳзаҳо аз «Сиёҳ ва сафед»-и Т. Драйзер, «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, «Селоби оҳанин»-и Серафимович ва «Сад соли танҳоӣ»-и Г. Маркес муқоиса кард. Зеро дар он равияи ин асарҳо, усули ин асарҳо ва қиёсҳои ин асарҳо хеле возеҳ ба чашм мехӯранд. Адиб воқеаро танҳо дар қолаби ҳамон рӯз не, балки бо муқоиса ба гузаштаҳои дуру наздик, бо муқоиса ба афсонаву ривоятҳо тасвир мекунад. Ривояту афсонаҳо дарбеҳвор не, балки ҷузъи воқеӣ ва ногузири ҷараёни воқеа менамоянд. Ин приёми адабӣ инъикоси бевоситаи воқеияти зиндагист.
Иброҳим УСМОНОВ, доктори илми таърих, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон
Қисса ҳаст. Бо шавқ хонда мешавад. Қиссаи такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим.
Маҳорати муаллиф дар афзоиш, такомул… Дар ҳар бозёфташ дили кас хурсанд мешавад, ки нависанда аст муаллиф, торафт устувортар шуда истодааст ҳамчун нависанда. Ва боиси хурсандии махсус ин ки маҳз табиатан нависанда аст…
Абдулҳамид намесозад, аз дилаш, аз шуураш ҳамин қисса («Паррончакҳо») бармеояд.
Фазлиддин МУҲАММАДИЕВ, Нависандаи халқии Тоҷикистон
Абдулҳамид Самадов барои банда адиби мураббӣ, таълимгар, инсонпарвар буд, ҳаст ва мемонад. Ӯ ба ҳеҷ кас дарс намедиҳад, сабақ намеомӯзонад, ваъз намегӯяд. Ӯ фақат ягон ҷузъи дар зоҳир «ноаён»-и зиндагӣ, ягон кирдори «номаълум»-и назарногири одамони одиро ба қалами тасвир мегирад ва беист ба воситаи онҳо дар бораи тақдири ояндаи Инсон фикр меронад. Бе насиҳат. Бе таълим. Бе хулоса. Бе мазаммат. Бе таъриф.
Соҳиб ТАБАРОВ, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ
… Ҳам Абдулҳамиди Самад, ҳам суханашро хуб мешиносам. Ва бисёр мехоҳам, ки дигарон ба ӯ аз рӯи овозааш не, аз рӯи мутолиаи асарҳояш ошно шаванд… Устод Турсунзода мегуфтанд: чанор барои он умри дароз мебинад, ки баробари шоху баргҳояш дар зери замин решаи зиёд дорад. Ман ба Абдулҳамид решаҳои чанорҳои сарсабзи Ховалингро таманно мекунам.
Лоиқ ШЕРАЛӢ, Шоири халқии Тоҷикистон
Вақте ки кас навиштаҳои Абдулҳамид Самадро бо диққат мехонад, мутаассир шуда, беихтиёр ба андеша меравад – нависанда ҳодисоти олами ҳастиро ба риштаи тасвир кашида, аз дунёи мураккаби ботини ҳар фард сараввал покизагӣ, диловарӣ, эътимод, мардонагӣ, сабру субот, рафоқат, нангу номус ва садоқат меҷӯяд. Хулоса, мехоҳад ҳамон хислатҳои олии инсониро кашф намояд, ки дар назари миллати ӯ аз рукнҳои асосии ахлоқи ҳамида ба ҳисоб мераванд. Ва лоиқи гуфтан аст – камолоти эҷодиву маънавии худи адиб низ аз мағз-мағзи ҳамин мафҳумот бархоста, дар он нидои дилу ҷони сӯзонаш, ниҳоят, рангу оҳанги дунёи умедвор офаридааш ба тимсоли акси садои дузарб, ки моҳиятан навои баасрори зиндагист, равшан таҷассум мегардад.
Саттор ТУРСУН,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Абдулҳамид Самад дар тавсифҳо ва ривоятҳои достонӣ ҳаргиз ба печидагӣ роҳ намедиҳад. Дар сохтори қисса достонро саҳна ба саҳна пеш мебарад ва ба таркибе шатранҷӣ тавсифҳоро канори ҳам менишонад ва аз тамсилу такякалом ва ишорати ирфонӣ баҳра мегирад. Ӯ аз шеъру назм ба хубӣ истифода мекунад ва камтар метавон дар насри ӯ ҳашву изофаи бемаврид ёфт. Ҳарчанд насри ӯ шиносномаи бумӣ дорад, аммо мазмунҳои сода ва инсонии ӯ асил, пураҳаммият ва ҷаҳонианд.
Масъуди МИРӢ, нависандаи Эрон
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад аз ҷумлаи беҳтарин санъаткорони сухан ба шумор меояд, ки ба воқеият ҳамеша бо диди тоза менигарад ва асарҳое ба майдон мегузорад, ки дигарон дар ин мавзуъ нанавиштаанд. Қиссаҳои хонданбоби ӯ «Маҳбус» (1992), «Рӯдапо» (1991) ва «Сарлашкар» (1999) шоҳиди ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои арзишманди эҷодӣ, аз як асар то асари дигар ба пояҳои баланди маҳорати нигоран- дагӣ расидани ӯ маҳсуб мешаванд. Дар қиссаҳои мазкур нигоҳи нави ӯ ба зиндагӣ хеле равшан ва тасви- рҳояш ҷаззобу эътимодбахшанд. Масъалаҳое, ки Абдулҳамид Са- мад мавриди таҳлилу тадқиқи бадеӣ қарор медиҳад, аз рӯи моҳияти худ сазовори роман бошанд ҳам, нависанда тавонистааст, ки онҳоро дар чаҳорчӯбаи қисса биғунҷонад. Ӯ нисбат ба сухан ва эҷоди бадеӣ хеле ҷиддист ва дар офариниши ҳар як асари тоза омодагии зиёд мегирад.
Проффесор
Атахон САЙФУЛЛОЕВ, «Уфуқҳои тозаи наср», ҷ. 3, саҳ. 436.
Абдулҳамид Самад аз мактаби бузурги ҳунару маҳорати нигориш гузаштааст. Зеро ӯ анъанаҳои оламшумули адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, аз эҷодиёти устод Айнӣ, С. Улуғзода, Ҷ, Икромӣ, Толис, Ф. Муҳаммадӣ, Чехов, М. Шолохов, В. Астафев, Н. Думбадзе, Ч. Айтматов, М. Давлатободӣ, Ӯ. Кӯҳзод, С. Турсун ва даҳҳо дигар адибони халқҳои ҷаҳон пайваста ва эҷодкорона омӯхта, маҳорату ҳунари худро сайқал додааст.
Бо вуҷуди ин, А. Самад дар ягон масъалаи эҷоди бадеӣ ба адибе тақлид ва ё пайравӣ накардааст. Аз ин нигоҳ қиссаву ҳикояҳои нависанда беҳтарин намунаи омӯзиши эҷодкорона аст.
Ҷӯрахон БАҚОЗОДА, «Абдулҳамид Самад ва инкишофи ҳикоя», саҳ.148.