ҲАМОВОИ «ГУЛШАН»

 

Хуш омадед ба меҳмонхонаи «Адабиёт ва Санъат», хонандагон муштоқи суҳбати самимонаи шумоанд. Иҷозат диҳед, суҳбатамонро бо ин суол шурўъ кунем: Дар ҳамбастагӣ бо овозхонӣ аз даврони кўдакиатон чӣ хотираҳо доред?

-Падарам бештар сурудҳои Маъруфхўҷа Баҳодуровро дўст медоштанд ва дар хатнасури ману бародарам ўро даъват намуда буданд. Бародарам Музаффар Неъматов низ аз наврасӣ бо рубобу тор суруд мехонд. Ҳангоми дар Донишкадаи политехникӣ таҳсил карданаш дар ҷашнҳо месароид ва ман аккордиону мандалина менавохтам. Устоди аввалини ман ў мебошад. Модарам аз китобҳои ниёгонамон панду насиҳатҳо мехонданду мо гўш мекардем.

Овози форам доштанд. Оҳиста-оҳиста ман ба маҳфили  рубобнавозӣ мерафтагӣ шудам. Муҳаммадалӣ Холиқов, устоди мо сохтан ва навохтани асбобҳои мусиқии миллиро меомўзониданд. Ансамбл ҳам ташкил карда буданд. То дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон курси яксолаи аккордионнавозиро хатм кардам. Зиёда аз ду сол бо устод Абдулло Назрӣ, фарзандашон Исмоил Назрӣ ва Маҳкам Зубайдуллоев дар тўйҳо ва дар сабтҳои радиоӣ ҳамовоз мешудам. Дар имтиҳони қабули донишкада бо аккордион оҳанги худро навохта,  суруди «Ҷавонӣ»-ро, ки матнаш аз зиндаёд Ғоиб Сафарзода аст, хондам.

Баъдтар ин суруд, суруди «Дар куҷоӣ, дилбарам» ва чанд суруди дигарро дар радиостансияи «Ҷавонӣ», ки дар телевизиони Тоҷикистон воқеъ гардида буд, сабт кардам. Сурудҳо ба зудӣ машҳур шуданд.

 

Яке аз шахсиятҳое, ки барои рушди санъати мусиқиву овозхонии эстрадии мо саҳми беандоза доранд, устод Орифшоҳ Орифов ҳастанд. Дар рушди ҳунари шумо ҳам он кас оё нақш доранд? 

— Пас аз хатми донишкада ба ансамбли «Гулшан» роҳхат гирифтам. Ҳар моҳ сурудҳоеро, ки ба тозагӣ сабт мешуданд, 10-15 нафар узви шўрои бадеӣ — оҳангсозон, муҳаррирон, роҳбарони дастаҳои ҳунарӣ, дирижёрон ҷамъ шуда, гўш мекарданд. Сурудҳое, ки аз шўрои бадеӣ мегузаштанд, дар телевизион пахш мегардиданд. Орифшоҳ Орифов гуфтанд, ки баъди шўрои бадеии навбатӣ сурудҳои туро шунида, баҳо медиҳем. Он вақт аллакай бо навозандагони беҳтарини донишкада ансамбл ташкил карда будам. Онҳоро овардам. Дар як толори калон ду-се суруд хондам. Пагоҳ омада, хабари аз имтиҳон гузаштанамро фаҳмидам, ки дар ин комёбӣ аввалин дастгирии устод Орифшоҳ Орифов буд. Он вақт Орифшоҳ Орифов ҳам роҳбари «Гулшан» буданд, ҳам директори дастаҳои ҳунарӣ. Ба ман вобаста ба сурудҳо ҳаракатҳои саҳнавиро омўзонданд. Баъд Зокир Нишонов аввалин сурудамро дар оркестри «Гулшан» аранжировка кард, ки дар мавзўи Ватан буду матнаш аз Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ:

Бе ту ман бе ошёнам, эй Ватан,

Бе ту ман бе ҷисму ҷонам, эй

Ватан.

Шукри он, ки бо маниву дар туам,

Бо ту бошам, як ҷаҳонам, эй Ватан.

Баҳодур Неъматовро бе «Гулшан» ва «Гулшан»-ро бе Баҳодур Неъматов тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар оркестри эстрадии «Гулшан» дар солҳое, ки шумо фаъолият мекардед, бештар ҳунарпешаҳои ҳирфаӣ буданд. Баҳодур Неъматов барои «Гулшан» чӣ дод ва «Гулшан» барои Баҳодур Неъматов чӣ дод?

— «Гулшан» ба ман, пеш аз ҳама, заҳматкаширо дар ҷодаи эҷод омўхт. Аз устодони дигар низ ба монанди Юрий Лядов, Юрий Пулатов, Ҳамза Ахмеров, Аҳмад Бақоев, Владимир Берзиния, режисёри овоз Владимир Шликов ва дигарон дастгирии бисёр дидам. Дар сафарҳои ҳунарӣ, дар назди мардум зиёд ҳунарнамоӣ кардем. Дар Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ўзбекистон иштирок доштем. Даврони шўравӣ, ки буд, ба Маскав, ба телевизиони марказӣ зуд — зуд моро даъват мекарданд. Ба барномаҳои «Шире круг», «Спойте, друзья» даъват шуда будам. Дар студияи консертии Останкино барномаи консертии оркестри «Гулшан»-ро нишон додем. Чор маротиба ба Афғонистон сафар кардем. Бо ансамбли рақсии «Зебо» ба Ҷопон сафари ҳунарӣ доштем. Дар фестивали «Гулҳо»-и Кореяи Шимолӣ ширкат варзидам. Дар «Гулшан» бо роҳбарии Орифшоҳ Орифов ва роҳбари мусиқӣ Юрий Пулатов беҳтарин навозандаҳо ҷамъ шуда буданд. Ҳар моҳ консерти нави оркестри «Гулшан»-ро дар телевизион сабт мекарданд, ки як барнома танҳо як бор такроран пахш мешуд.

Мо — Тоҷиддин Муҳиддинов, Муқаддас Набиева, Раҳима Шалоер, Мағфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев, Хурмо Ширинова ва дигарон аз ҳам меомўхтем, аммо ҳар яки мо равияи хоси худро доштему якдигарро пурра мекардем. Кароматуллоҳи Қурбон, Исматулло Холиқов, Кимиё Ҷўраева ва Дилором Қурбонова баъдтар ба оркестри эстрадии «Гулшан» омаданд. Баъд аз истиқлолият ба оркестр Ҳотами Равшан, Зиёда Қадамова ва дигарон пайвастанд.

 

Яке аз сурудҳое, ки аз ҳама бештар садо додааст, «Шаб ба хайр» мебошад ва шиносномаи Баҳодур Неъматов асосан ин суруд  ба шумор меравад. Чӣ водор кард, ки ба ҳамин шеъри устод Лоиқ рў оваред?

Дар оғози фаъолияти эҷодӣ аз маҷмўаи ашъори «Хоки Ватан»-и устод Лоиқ шеърҳои «Шаб ба хайр», «То дил накунад дард, надонӣ, ки дилат ҳаст», «Боз ошиқ шаваму зиндагӣ аз сар гирам», «Падарам, рафтӣ чу ту бар дили хок», «Дастҳое, ки фишурдам, ёд бод» ва ғайраҳоро барои оҳанг интихоб кардам. «Шаб ба хайр», ки аз ҳар ҷиҳат ба оҳанг мувофиқ омад ва барои ҳар шаб даркор аст, ба ҳукми суруди анъанавӣ даромад. Оҳанги ин суруд соли 1975 эҷод гардид ва имсол 45-сола шуд. Барои санги мазори падарам низ аз ҳамон китоб шеър интихоб кардам:

Падарам, рафтӣ чу ту бар дили хок,

Дар дили ман ғаму андўҳи ту монд.

Чашмат аз гўр ба сўям нигарон,

Дар сурудам шабаҳи рўҳи ту монд…

Устод Лоиқ аз сурудҳои шумо чӣ гуна истиқбол карданд?

— Дар тўйи яке аз фарзандони нависандаи маҳбуб Фазлиддин Муҳаммадиев иштирок доштем. Бештари шоирону нависандагон он ҷо буданд. Дар охири тўй вақте аз назди мо мегузаштанд, баъд аз аҳволпурсӣ устод Лоиқ гуфтанд:

— Офарин, нағз! Ҳеҷ вақт шеърҳои сустро нахон, доимо шеърҳои баландро хон!

 

Дар ҷараёни чунин вохўриҳо устод Лоиқ ин ё он шеърашонро барои ба оҳанг даровардан ба шумо пешниҳод мекарданд?

— Не! Тамоми шеърҳояшонро аз китобҳояшон худам интихоб кардаам.

 

Шумо ба ҳайси роҳбар дар оркестри «Гулшан» кор кардед. Барои чӣ имрўз фаъолияти ин оркестр ба таври бояду шояд нест?

— Сурудҳои дастаҷамъона, дуэтҳо бо аъзои оркестр кам ба роҳ монда мешавад. Матнҳои сустро интихоб мекунанд. Чӣ қадар овозхонҳову навозандагони касбӣ ба оркестр омада, имкони кор кардан наёфта, рафтанд. Оркестри эстрадии «Гулшан» имрўз фақат ба номи пешинааш вуҷуд дораду халос. Дар «Гулшан» бо дастгирии Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама шароит барои машқ, сабти оҳангу суруд муҳайё карда шудааст. Аммо ҳунарпешаҳои ансамбл дар дигар студияҳо сурудҳои худро монанди овозхонҳои ҳаваскор сабт мекунанд. Дар он ҷо шароит ҳаст, ки аввал танзимгар оҳангро танзим карда, ба нота дарорад, оркестр машқ карда, онро сабт кунад ва баъди сабти мусиқӣ овози овозхон сабт гардад. Аммо чунин низом вайрон шудааст. Дилҳои мо, ки собиқадорони «Гулшан» ҳастем, барои ҳолати ҳозираи ин оркестр месўзад. Ҳатто мардум мепурсанд, ки имрўз оркестри «Гулшан» фаъолият дорад ё не. Мо ҳамин қадар медонем, ки мавҷуд аст. 

 

Аз устод Маъруфхўҷа Баҳодуров чӣ хотира доред?

 — Соли 1993 вақте фарзандонам  Муҳаммадҷон ва Баҳоваддинро хатнасур кардам, Маъруфхўҷа Баҳодуровро аз Хуҷанд даъват карда овардам, ки дар хатнасури худам хизмат карда буданд. Аз ҳамон сол робитаи мо бо устод оғоз ёфт. Аз он кас нозукиҳои шашмақом хондан ва навохтани танбўрро бештар омўхтам. Мавсуф ҳам дар деҳаи Рўмон ва ҳам дар маркази шаҳри Хуҷанд манзил доштанд. Шабҳои дароз суҳбат мекардему суруд мехондем. Устод ҳам пайваста ба хонаи мо меомаданд.

 

Хонаи эҷодиатон осорхонаи созҳои мусиқиро мемонад. Ин асбобҳои нодирро аз куҷоҳо дастрас кардаед?

— Аз аввал аккордиону тор, мандалину рубоб доштам. Ду танбўр ҳадяи устод Маъруфхўҷа Баҳодуров аст, ки худашон сохта буданд. Солҳои 80 аз Авнир Аминов, додари Нериё Аминов, танбўреро, ки Нериё Аминов дар вақташ менавохтааст, арзон харидам. Вақте ў аз Тоҷикистон рафтанӣ шуд, хост, ки бо қимати бештар бозпас гирад, лекин розӣ нашудам. Ин ҷо боз таблҳои ҳиндӣ, доира, таблак, дутор, ғижжак, уд, рубобҳову сетори тоҷикӣ — бадахшонӣ, афғонӣ, соз, гитор, думбра, най, сурнай, сози туркӣ, роял ва дигар асбобҳо ҳастанд. Маро устод Орифшоҳ Орифов ба хонаи падарарўсашон Абдулҳақ Қаҳҳоров гоҳ-гоҳ мебурданд. Ҳамсари Абдулҳақ Қаҳҳоров, ки Наима Қаҳҳорова духтари онҳост, танбўри шавҳарашонро ба ман туҳфа карданд. 

Дар давраи Тоҷикистони шўравӣ Бобоҷон Ғафуров аз Бухоро усто Тоҳирро даъват мекунанд. Ў ҳам асбоби мусиқӣ месохт, ҳам дар ин кор шогирд тарбия мекард. Яке аз шогирдонаш падари Малика Собирова буд. Назди бозори Шоҳмансур устохона дошт. Шогирди дигараш Муҳаммадалӣ Холиқов буд, ки тавре зикр кардам, дар назди ў навохтани асбобҳои мусиқиро машқ мекардем. Ҳозир  шогирдони ин ду нафар дар Душанбе кор карда истодаанд. Танбўри Нериё Аминов ва Абдулҳақ Қаҳҳоровро ҳам усто Тоҳир сохтааст. Ин ду танбўр, ки ҳоло дар дасти мананд, нодир мебошанд.

 

Дар бораи сурудхонӣ бо бародаронатон ва фарзандон чӣ мегўед?

— Бо бародарам Музаффар Неъматов, ки меъмор буданд ва бародари хурдиам, овозхон ва мутриб – Бурҳон Неъматов, равонашон шод бод, се суруд сабт намудем, ду суруд ба ашъори устод Рўдакӣ ва як суруд ба ғазали Ҷалолиддини Балхӣ.  Хусусан, суруди «Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт» дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бисёр таъсирбахш буд. Баъд суруди «Бўйи ҷўйи Мўлиён ояд ҳаме»-ро сабт намудем, ки ин ҳам бисёр суруди форам баромад. 

Бо фарзандон – Муҳаммадҷон ва Баҳоваддин чандин суруди сегона сароидем, ки аранжировкаи ин сурудҳоро Баҳоваддин кардааст. Ва умуман сурудҳои маро ў ҳамеша танзим мекунад.

 

 Барои чунин суҳбати гарму хотирмон аз шумо сипосгузорем ва дар корҳои эҷодиатон комёбиҳои нав ба нав орзумандем!

— Саломат бошед!

Бузургмеҳри Тоҷиддин

Дигар хабарҳо