ҲАКИМЗОДА САИДҶОН

 ҲАКИМЗОДА САИДҶОН

САИДҶОН ҲАКИМЗОДА 25 январи соли 1939 дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби деҳа фаро гирифта, соли 1969 факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педогогии Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои 1967-1975 мусаҳҳеҳ, баъдан, солҳои 1971-1975, мудири шуъба, котиби масъул ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақикати Кӯлоб» будааст. Солҳои 1975-1988 ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррири Кумитаи вилоятии телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчунин, муддате, дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи Ленинӣ» дар вазифаи мудири шуъба фаъолият доштааст. Аз соли 1988 то охири умраш мудири шуъбаи радиошунавонии шаҳри Кӯлоб ва, ҳамзамон, раиси бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

Шеърҳои аввалинаш аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Лолаи сурх» (1964), «Сарчашма» (1983), «Ҷигар­гӯша» (1987), «Хиромон» (1989), «Достони Сангак» (1983), «Садафмоҳ» (1993), «Фидоӣ»(1994), «Кӯҳпора» (1996), «Чеҳраи субҳ» (1997), «Куллиёт» (2009) ва ғ. мебошад.

Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.

Баъзе шеърҳои шоирони русу ӯзбекро ба тоҷикӣ гардондааст.

Бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ шудааст.

Соли 1990 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Соли 2004 аз ҷаҳон даргузашт.

Дигар хабарҳо