ҚУВВАТ ҶУМЪА
ҶУМЪА ҚУВВАТ 13 июни соли 1950 дар деҳаи Дегайии ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №1 донишҷӯи шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1971 хатмаш намудааст ва дар идораи рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод» (ҳозира «Садои Дарбанд») ба кор пардохтааст.
Дар айни замон сармуҳаррири рӯзномаи мазкур буда, вазифаи хабарнигори махсуси «Садои мардум» дар водии Раштро ҳам бар уҳда дорад.
Китоби нахустини Ҷумъа Қувват бо тавсияи курс-конфаронси адибони ҷавони Тоҷикистон (1982) бо номи «Нони гандум» чоп шудааст. Минбаъда китобҳояш «Орзу», «Чодари сабза», «Дидор», «Сухан гоҳе бигирад ҷойи дору», «Пеш аз субҳ», «Корзори сухан», «Ифтихор», «Ваҳдатистон» ва ғ. дар нашриётҳои Душанбеву Хуҷанд чоп шудаанд.
Шеърҳои Ҷумъа Қувват аз ҷониби овозхонони машҳури мамлакат Ҷӯрабек Мурод,Одина Ҳошим, Нигина Рауфова ба оҳанг дароварда шудаанд.
Асарҳои драмавии ӯ «Иҷоракорони сабзазор», «Пеш аз субҳ» ва «Оқилу одил» бо тавсияи Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг аз ҷониби Театри халқии ноҳияи Рашт саҳнагузорӣ шудаанд.
Аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо ордени «Шараф» ва медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ шудааст.
Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.