Қосиди меҳру дӯстӣ

Доктори забон ва адабиёти порсӣ Орифи Навшоҳӣ, инак 16 сол мешавад, ки дӯст ва ихлосманди адабу фарҳанги тоҷикону Тоҷикистон аз Покистон аст. Вақте соли 2009 бори нахуст барои гиромидошти Имоми Аъзам меҳмони кишвари мо шуд, барои ҳамеша дилбастаи миллати тоҷик гардид. Баъди чанд сафараш бо забони урду китоби «Аз Панҷоб то Панҷрӯд»-ро навишт. Баъдан ду сафарнавиштаи хешро илова карда, ин китобро ба порсӣ чоп кард. Соли 2016 бо талоши Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар «Аз Панҷоб то Панҷрӯд» бо хатти кириллӣ дар шаҳри Душанбе рӯи чоп омад.
Даричаи ошноӣ
Орифи Навшоҳӣ 27-уми марти соли 1955 дар рустои Чанбали Шайхпураи Панҷоби Покистон ба дунё омад. Соли 1993 Донишгоҳи Теҳронро бо ихтисоси доктори забон ва адабиёти порсӣ ба поён овард. Муллифи бештар аз 300 мақола дар моҳномаҳои илмии Эрон, Фаронса, Покистон, Ҳиндустон, Амрико, Тоҷикистон ва Туркия мебошад. Бо чопи рисолаҳои «Аҳвол ва суханони Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор» (1380-и шамсӣ), «Маъдан-уд-дурар фӣ сарати-ш-шайх Ҳоҷӣ Умар», «Маҷолиси Ҷаҳонгирӣ» (таълифи Абдусаттор бинни Қосими Лоҳурӣ, бо тасҳеҳи Орифи Навшоҳӣ ва Муъини Низомӣ, Теҳрон, 1385-и шамсӣ), «Иршод», «Китобшиносии осори порсии чопшуда дар Шибҳи Қора», «Феҳристи китобҳои форсии чопи сангӣ ва камёби китобхонаи Ганҷбахши маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистон (Исломобод, 1986-1989-ум дар 2 ҷилд), Китобшиносии феҳристҳои нусхаҳои хаттии Эрону Афғонистон (Лоҳур 1993), «Мақолоти Ориф» (Теҳрон, 1381-1386-и шамсӣ, 2 ҷилд), «Ёри ошно. Таълифи устод Халилуллоҳи Халилӣ» (Лоҳур, 1389-и шамсӣ) шинохта шудааст. Китоби фароҳамовардаи ӯ «Маҷолиси Ҷаҳонгирӣ» дар Эрон китоби сол баргузида шуда буд.
Ӯ чун нусхашинос, матншинос, ирфоншинос ва донандаи тасаввуф дар ростои омӯзиши ҷараёни нақшбандия низ хидмат кардааст. Аз ҷумла, бо пажӯҳиши густардаи зиндагӣ ва асрори Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор, ки дар Тоҷикистон чун Хоҷа Аҳрори Валӣ мешиносанд, дар Эрон унвони доктори илмро гирифт. Худи ӯ менависад: «Тадқиқоти ман бештар рӯйи Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор буд, ки яке аз машоихи нақшбандия аст, ки ин ҷо ба исми Хоҷа Аҳрори Валӣ маъруф аст. Рисолаи доктории ман дар бораи эшон аст. Дар Теҳрон чоп шудааст. Китобест иборат аз 800 саҳифа. Ин яке аз аввалин тадқиқотҳоест ба забони форсӣ дар бораи ин бузургвор. Дар ин китоб ҳам шарҳи ҳоли Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор таълиф гардидааст ва ҳам осори ӯ гирд оварда шудааст. Ин китоб ҳам дар Эрон ба ҳайси китоби беҳтарини сол, ки дар мавзуи ирфон навишта шудааст, эътироф шуда, соҳиби ҷоиза гардидааст».
Дар Покистон муовини китобдори китобхонаи Ганҷбахш, Исломобод, сардабири маҷаллаи «Дониш», мушовири умури Шибҳи Қора дар Теҳрон ва раиси гурӯҳи порсии Донишкадаи давлатии Гурдан-Ровалпинди дар Покистон то соли 2014 буд. Аз ин сол то ҳол бознишаста аст.
Армуғони 9 байти устод Рӯдакӣ ба тоҷикон
Навшоҳиро баъди муаррифии се байти тоза аз ашъори парокандаву гумшудаи устод Рӯдакӣ дар ҷомеаи илмиву адабии тоҷик бештар шинохтанд. Ӯ аз саҳифаҳои 15-ум ва 99-уми китоби «Иршод» (таълифи Абдуллоҳ Муҳаммад бинни Абубакри Қалонисии Насафӣ, вафоташ 500 ё 550-и қамарӣ, бо тасҳеҳи Орифи Навшоҳӣ, Теҳрон 1385-и шамсӣ) ин се байтро бори нахуст ёфт:
Сангу гавҳар якест чун нахурӣ,
Чӣ кунӣ хонумони худ пури санг?
Ба ду тангӣ басандакор мабош –
Тангии гӯру зиндагонии танг.
***
Тозиву порсӣ ҳама наздики мо якест,
Наздики ӯ гиромӣ парҳезгортар.
Ин шаш мисраъ шеъри устод Рӯдакӣ барои мо – тоҷикон баробари шаш пуд тилло буд, ки пазируфтем ва қариб дар ҳама рӯзномаву моҳномаҳо такрор ба таркор чоп кардем. Рӯзноманигорон низ пайи ҷустани ёбандаи ин шоҳкорҳо гаштанд. Ҳамин тавр, Навшоҳӣ ба доираҳои илмиву адабии мо бештар шинохта гардид. Аз Покистон ба мо оварда расондани чунин армуғон, воқеан ҳам, шоёни офарин аст.
Навшоҳӣ хеле мехоҳад дар баробари боз кардани ҷодаҳо баҳри тиҷорати колоҳо, инчунин, додугирифти китобҳоро ҳам байни кишварҳо ривоҷ диҳанд. Ҳанӯз соли 2010 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфта буд: «Дар Маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистон дар Исломобод 85 ҳазор нусха аз осори порсии дар Покистон феҳристшуда мавҷуд аст, вале бархе аз донишмандони кишварҳои порсизабон аз вуҷуди бархе аз ин осор хабар надоранд».
Минбаъд аз асари «Хуррамнома»-и Алӣ ибни Абунаср маъруф ба Абуҳусайни Узҷандӣ шаш байти устод Рӯдакиро пайдо ва муаррифӣ намуд, то он замон ба нусхаҳои хаттӣ ва чопии девони Одамушшуаро ворид нашуда буд. Таваҷҷуҳ шавад ба мақолаи Навшоҳӣ: «Ашъори навёфтаи Рӯдакии Самарқандӣ».
Бояд гуфт, ки номбурда ду китоби худ – «Дар кӯи Халил» ва «Ёри ошно»- ро дар Тоҷикистон нашр ва муаррифӣ кардааст. Ҳар боре аз Покистон ояд, бо дастхатту китобҳо ва паёмҳои тоза меҳмони мо мешавад. Дар ин миён ҷойгоҳи «Аз Панҷоб то Панҷрӯд» дигар аст, зеро ин сафарнома пурра ба Тоҷикистон ихтисос ёфта, барои муаррифии кишвари мо дар ҳудуди Покистону Ҳиндустон нақши шоиста бозидааст.
Самараи панҷ сафари пажӯҳишгари покистонӣ ба Тоҷикистон
Нависандаи китоби «Аз Панҷоб то Панҷрӯд» бо таъриху фарҳанг ва ҳавзаи бузурги Хуросону Варорӯд ошноӣ ва огоҳии комил дорад. Зимни сафар ба ин маконҳо лаҳзаҳоро аз зиндагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Шайх Муслиҳиддини Хуҷандӣ, Муҳаммади Башоро, Яъқуби Чархӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон чунон бозкушоӣ ва ёдоварӣ менамояд, ки аҳаммияти ин асар ва дониши нависандаашро ба намоиш мегузорад.
– Китоби «Аз Панҷоб то Панҷрӯд» ойинаи қаднамои таъриху фарҳанг, шаҳрҳову шахсиятҳо, меҳмоннавозӣ ва пешрафти Тоҷикистони муосир мебошад, ки мутолиа ва омӯзиши он натанҳо барои донишмандону донишҷӯён, балки барои тамоми хонандагони тоҷик холӣ аз лутфу дилчаспӣ ва омӯзиш нахоҳад буд. Ҳатто тарҷума ва нашри ин асар ба забонҳои муътабар ҳамчун беҳтарин раҳнамо ва муаррифиномаи Тоҷикистон барои муҳаққиқон, ҷомеашиносон ва сайёҳони хориҷӣ хидмат мекунад, – иброз доштааст Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар.
Доктор Орифи Навшоҳӣ дар сарсухани китоб навиштааст: «Ман то кунун аз соли 2009 то моҳи марти соли 2016 панҷ бор ба кишвари азизи Тоҷикистон сафар кардам. Се сафари аввалро, ки дар солҳои 2009, 2010 ва 2014 ёддошт карда будам, ба забони урду навиштам ва бо номи «Аз Панҷоб то Панҷрӯд» дар соли 2014 дар Исломобод ба чоп расондам. Ин номаро барои ин баргузидам, ки сафарамро аз вилояти худ -Панҷоби Покистон шурӯъ кардам ва то Панҷрӯд, ки рустои таърихӣ ва дурдасти Тоҷикистон аст, идома додам.
Маънои лафзии панҷ об панҷ дарё, панҷ рӯд аст. Шабоҳати номҳо як иштироки савтӣ байни Панҷоб ва Панҷрӯд дар ҷойи худаш аст. Аммо Панҷрӯд аз лиҳози таърихӣ ва адабӣ мақоми азиму баланд дорад, зеро дар он ҷо аввалин шоири тоҷику форс Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ мадфун аст.
Дар китоби «Аз Панҷоб то Панҷрӯд» (чопи Исломобод, 2014) эҳсосот ва мушоҳидаи худро нисбат ба тоҷикону Тоҷикистон ба забони урду баён кардам. Ин аввалин сафарнома ва аввалин китоби урду роҷеъ ба Тоҷикистон аст, вале дӯстам Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар, ки заминаи ин сафарҳоро барои ман фароҳам карда буд, бар он буд, ки сафарномаҳои ман ба забони тоҷикӣ баргардонда шавад, то дӯстони тоҷик ва онҳое, ки ба хати сириллик ошноӣ доранд, бидонанд, ки як сайёҳи форсиомӯхтаи покистонӣ кишвари Тоҷикистонро бо чӣ нигоҳе дидааст. Се сафарномаи аввал ба василаи дӯсте дар Кобул бо супориш ва кӯшиши Ранҷбар ба форсӣ тарҷума шудааст ва сафарномаи чаҳорум ва панҷумро худ мустақиман ба форсӣ навиштаам ва акнун ин маҷмуа зери назар ва ба ҳиммати Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар ба тоҷикӣ ва сириллик баргардонда ва нашр мешавад.
Мо бо Тоҷикистон иртиботи зиёд дорем. Баъд аз панҷ сафар ба Тоҷикистон он муҳаббате, ки нисбат ба ин сарзамин ва шаҳрвандонаш дар дили ман эҷод шуд, дар баёну васф намеғунҷад. Дар ҳеч сафар ва дар ҳеч ҷое дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат накардам. Дар хонае, ки ҳамдинӣ, ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ ҳукмфармо бошад, каждуми ғурбат намегазад. Ман аз тамоми дӯстони тоҷик, ки дар ин сафарҳо нисбат ба ман ибрози муҳаббат намудаанд, беандоза сипосгузорам».
Ҷолиб аст, ки Навшоҳӣ баъди зиёрати мазори Лучоби Душанбе, онро дар сафарномаи худ «Мақбаратушшуарои Тоҷикистон» ном ниҳода, ба ҷаҳони порсизабонону урдузабонон муаррифӣ намуд.
Ёдовар бояд шавем, ки китоби доктор Навшоҳӣ қиссаи 5 сафари ӯро аз соли 2009 то соли 2016 фаро мегирад ва баъдҳо низ борҳо ба Тоҷикистон омад. Сафари навбатии Навшоҳӣ ба Тоҷикистон зимистони соли 2023 рост омад. Ӯ дар гиромидошти Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кохи «Ваҳдат» иштирок ва суханронӣ дошт.
«Ҳар куҷо забони порсист, он ҷо ватани ман аст»
Орифи Навшоҳӣ осори гузаштагони моро дар барқарорсозии робитаҳои ҳамаҷониба байни кишварҳои Эрону Тоҷикистон, Покистону Ҳиндустон ва Афғонистону Ӯзбекистон медонад: «Сурудаҳо ва навиштаҳо бар болҳои забони порсӣ савор шуда, аз як сарзамин ба сарзамини дигар сафар карда, миллатҳоро ба ҳамдигар наздик меоварданд. Пуштвонаи дӯстӣ ва ҳамбастагии миллатҳои минтақа забон ва фарҳангу адаб мебошад. Ҳеч вазири ботадбир ва сафири корозмуда коре дар ҳамбастагии тӯдаи мардум наметавонад анҷом диҳад, ки Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Амир Хусрав, Бедил ва Иқболҳо дар тӯли таърих анҷом додаанд. Аҷабо, ки роҳи табодули китоб ва фарҳангро бар фарҳангиён бастаанд ва роҳи колофурӯширо бар бозоргонон боз кардаанд. Натиҷаи чунин бетадбирӣ аст, ки имрӯз гӯши донишҷӯёни риштаи форсии донишгоҳҳои мо бо номҳое чун Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва амсоли онҳо ноошност, чӣ бирасад, ки аз ашъори ширини онон баҳравар бишаванд? Таҳқиқи устодони пажӯҳишгари мо ҳам перомуни шеъри муосири форсӣ аз Парвини Эътисомӣ шурӯъ шуда, ба Фурӯғи Фарухзод хатм мешавад ва ҳайф, ки аз муъҷизаи ҳунари шеъри Фарзонаи Хуҷандӣ баҳсе дар миён нест».
Бавежа, забони порсиро, ки ҷонмояи паёмҳои ниёгони мост, меҳвари баҳамоии миллатҳои гуногун мешиносад. Дар як суҳбаташ гуфта буд: «Тоҷикистонро ва ҳар ҷоеро, ки бо забони форсӣ ҳарф мезананд, Ватани худ медонам».
Бузургмеҳри БАҲОДУР