… Қиссаҳои ҷигарӣ, ҳикояҳои дилгудоз

 … Қиссаҳои ҷигарӣ, ҳикояҳои дилгудоз

Дар замони имрӯз, ки фишурдагии вақт барои инсонҳо яке аз шоҳистарин вижагии он ба шумор меравад, муроҷиа ба романхониву қиссахонӣ бисёр коҳиш ёфтааст ва бинобар ин далел, майл ба романнависиву қиссапардозӣ низ нисбат ба асри гузашта ба тадриҷ камтар мешавад. Қишри асосии китобхони ҷомеъа вақт ва ҳавсалаи мутолиаи романҳову қиссаҳои дарозро мисли гузаштаҳо, масалан, чун дар асрҳои XIX-XX надоранд. Ин аст, ки имрӯз, чи дар адабиёти Ғарб ва чи дар адабиёти Шарқ, пойи насри бадеӣ “мелангад”. Мутаассифона, насри навини тоҷик ҳам, хусусан, насри бадеии ҳавзаи адабиёти тоҷикии Ӯзбекистон, ки дар шаст-ҳафтод соли охир хеле коҳиш ёфта ва бо номи чанд нафар аз нависандагоне чун Болта Ортиқзода, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Истад Қосимзода, Нарзулло Орифӣ, Бахтиёри Ҷумъа, Зоҳир Ҳасанзода, Нуралӣ Раҷаб, Абдуллоҳи Тоҳириён, Муҳаммадҷони Шодӣ, Искандари Мирзо, Юнуси Имомназар, Муҳаммадҷони Солеҳ, Шерзод Саид ва Шарифи Халил маҳдуд шудааст (албатта, дар муқоиса бо назми тоҷикии ин кишвар) ҳам аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва ҳам аз нигоҳи забону сабки баёну ҳунари сухангустарӣ чанд зина пойин рафтааст. Ин ҳақиқати ниҳоят талхест, ки бояд гуфта шавад: иллати аслии таназзули насри бадеии тоҷикӣ дар Ӯзбекистон вобастагии ниҳоят қавӣ ба пойин рафтани сатҳи забондонӣ ва коҳиш хӯрдани завқи бадеии тоҷикони ин кишвар дорад. Дар ҳамин гуна як шароит, ки насри бадеии тоҷикии Ӯзбекистон нисбат ба назми он дар вазъияти бисёр сахт ва ноҳинҷоре қарор дорад, ба майдони қиссапардозиву ҳикоянависӣ омадани нависандагоне чун Наҷмиддини Рашид ва Саодат Сатторӣ фоли нек мебошад.

Наҷмиддини Рашид ва Саодат Сатторӣ бо ин ки нисбат ба синну соли худ хеле дер вориди майдони ҳавзаи адабиёти тоҷикии Ӯзбекистон гардиданд, дар се-чаҳор соли охир бисёр хуб дурахшиданд. Навиштаҳои онҳо халоеро, ки дар сӣчиҳил соли охир дар фазои насри бадеии тоҷикии кишвар ба вуҷуд омада буд, то ҳадде пур мекунад. Ин ду адиб, ки синнашон нисбатан боло, вале қареҳаву собиқаи нависандагияшон ҷавонтар аст, чанд сол аст ҳам дар наср ва ҳам дар назм қувва меозмоянд ва чунонки ба назар мерасад, дар ҳар ду навъи адабӣ муваффақиятҳое ҳам ба даст овардаанд. Аммо аз мутолиаи татбиқии намунаҳои насру назми Саодат Сатторӣ тасаввуре дар зеҳн пайдо мешавад, ки ӯ дар қиссапардозиву ҳикоянависӣ салиқаи бисёр хубе дорад.

Ӯ муаллифи осоре чун маҷмуаи шеър бо номи “Субҳи Саодат” (2020), маҷмуаи ҳикояҳо бо номи “Дидор” (2022) ва маҷмуаи ғазал бо номи “Пайроҳаи сабз” (2023) мебошад.

Саодат Сатторӣ бо забони адабии форсӣ-тоҷикӣ хуб ошност, то андозае аз захираи хуби луғат ҳам бархурдор аст, аммо аз он ҷо, ки луғат аслиҳаи асосии нависанда аст, бояд рӯйи фарҳангҳои забони форсӣ-тоҷикӣ бештар кор кунад, калимаву таъбироти дилкашу гӯшнавозро дар ҳофизаи худ сабт намояд, то дар вақти зарурӣ ба кумакаш оянд. Дигар, бояд беҳтарин намунаҳои насри бадеии классикӣ ва муосири форсӣ-тоҷикӣ ва ҳамчунон, шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонро бештар мутолиа намояд, бо равишҳои илмии жанрҳои насри бадеӣ ошноӣ пайдо кунад. Албатта, амал кардан ба ин авомил забони насри бадеии ӯро боз ҳам фасеҳтар ва балеғтар хоҳад кард.

Тарзи сужасозии ӯ дар қиссанависӣ бештар сабки қиссапардозиҳои асри гузаштаро ба хотир мерасонад. Нависандаро лозим аст, ки рӯйи сужасозиҳои ҷадид кор кунад, дар ин маврид низ ба навоварӣ ва тозагӯӣ рӯй оварад.

Кӯшишҳои Саодат Сатторӣ дар портретофаринӣ ва характерсозии қаҳрамононаш қаноатбахш аст. Вай портрет ва характери қаҳрамонҳояшро дар бештари маворид ҳини ҳаракату амали қаҳрамонҳо меофарад. Ин, албатта, яке аз дастовардҳои муҳимми ӯ дар ин замина аст.

Нависанда дар қиссаи “Духтари сеюм” лаҳзаи ҳаяҷонангези эълони ғолибон – барандагони озмунро аз забони раиси Ҳайат вақте баён мекунад, ки фурсати гиреҳкушоии воқеа низ фаро расидааст. Ва ин гиреҳкушоии воқеа бо эълони хабаре, ки ҳамаро моту маҳбут месозад, сурат мегирад. Ин хабари хуш, ки нуқтаи утфи он лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшро ташкил мекунад, эълони хоҳарони ҳамхун будани ду қаҳрамонҳои аслии қисса – Наргис ва Суман буд.

Нависанда дар қиссаи “Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар” раванди ба доми тазвир ва макру ҳилаи одамфурӯшони одамхор афтодани қаҳрамони асосӣ – Соҳибаро бисёр воқеъгароёна ва агарчи бисёр кӯтоҳ, аммо ба таври ҷомеъ чунин тасвир мекунад: “Соҳиба Мухторовна, ки донандаи хуби компютер буд, дар телефони дастиаш сайтҳо кушода, аз онҳо истифода мебурд. Бо шахсони номаълум, ки худро вакилони дин мешумориданд, дар тамос буд ва ҳамарӯза ба онҳо аз вазъи кишвар ва деҳаашон маълумот дода меистод. Рӯз аз рӯз доноӣ ва ҳозирҷавобии Соҳиба дӯстони зархаридашро дар ҳайрат мегузошт. Чунки муаллимаи фаъолу кордон бо панҷ забон бемалол такаллум карда ва ҳатто таълим дода метавонист. Қурбон, ки ба ин гурӯҳи зархарид сардорӣ мекард, мехост ҳарчи зудтар ин бонуи фаъолро ба даст дароварда, ба Сурия бифиристад ва аз рӯи ин кораш пули калон ҳадя гирад. Вай то имрӯз бо ин кораш соҳиби даромадҳои калон шуда буд. Дар маркази шаҳр вилои калон ва хонаҳои баландошёна дошт. Бино бар маълумотҳо се зан дошт. Солҳо худашро ба унвони соҳибкор ва соҳиби кадом як фирмаи бонуфуз муаррифӣ мекард, лекин дар асл дар ниқоби фирма ба чунин корҳои разилона даст зада буд. Соҳиба низ яке аз шахсоне буд, ки ба доми ин аждаҳорҳое, ки чандин шахси бегуноҳро дар коми хеш кашида буданд, афтод. Қурбон бо ширинсуханӣ ва ба хонадонҳои камбизоат пулу мол дода истода, тез ба дили онҳо роҳ меёфту ба чунин корҳои қабеҳи аз инсонгарӣ дур даст мезад”.

Агар қиссаи якуми ӯ – “Духтари сеюм” ҳамзамон бо лаҳзаҳои таъсирбахш ва дардовар лаҳзаҳо ва ҳолатҳои фараҳбахш ҳам дошта бошад, қиссаи дуввуми ӯ “Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар” бисёр дилгудоз ва дардангез аст. Қисмати талхи як зан, боз як зане, ки таҳсилкарда ва зиёӣ – омӯзгори бообрӯи мактаб аст, хонандаро бетараф намегузорад. Қиссаро мехонеду ба қаҳрамони аслии он ки дунболи хаёлҳои хому пуч ҳаёти худ ва фарзандонашро қурбон мекунад, дар байни мардум беобрӯ ва шарманда мешавад, ҳам афсӯс мехӯред, ҳам нафрин мехонед. Ин қисса дар рӯзгори мо аҳаммияти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дорад ва бояд ба забонҳои дигар ҳам тарҷума шавад, то мардум аз он панде барои худ бигиранд.

Дар адабиёти форсӣ-тоҷикии Ӯзбекистон нависандагонеро, ки ҳикояҳои тамсилӣ менависанд, ба нудрат метавон мушоҳида кард. Хушбахтона, бархе аз ҳикояҳо ва новеллаҳои Саодат Сатториро метавон ба унвони намунаҳои хуби насри тамсилии адабиёти ин ҳавза ном бурд. Аз ҷумла, ҳикояи “Сафед ва сиёҳ”-и ӯ саҳнаи мунозира ва муборизаи дарунии ду навъ ранги ба ҳам мухолифро, ки намодҳое аз некӣ ва бадӣ (одами нек ва одами бад) ҳастанд, тасвир менамояд:
“Ранги сафед бо сабру таҳаммул ба гуфтаҳои дӯсти мағрураш бо аломати тасдиқ сар меҷунбониду халос…» – Ман ихлосмандони хешро дорам. Шаб аз ман ранг мегирад. Мӯю абрӯю мижаи дилбарон ранги маро доранд. Туро чӣ? Дар ягон ҷои табиат роҳ намедиҳандат, чунки як рангу рӯи парида дорӣ”…
Дар ҳамин вақт об, хок, бод ва офтоб ба суроғи дӯсташон ранги сафед омаданд. Ин дидорбинии дӯстони ранги сафед рашку ҳасади ранги сиёҳро бедор кард. Дар вақти муносиб мехост ба суҳбат ҳамроҳ шавад, лекин ин унсурҳои зебои табиат ба ранги сиёҳ аҳамияте намедоданд. Вай дарун-дарун месӯхт. Чӣ кор карданашро надониста, охир ба хулосае омад ва зери лаб аз шиддати рашку ҳасад ларзида, бо овози паст гуфт: “ – Бояд ин сафеди рангпаридаро аз миён бардорам…”

Дар шоирӣ ва нависандагӣ озодӣ бахшидан ба қувваи тахайюл, ки имрӯз “импровизатсия” мегӯем, бисёр муҳим аст. Дар нигоштаҳои Саодат Сатторӣ шояд ҳамин “витамин” камтар намерасад. Бояд машқҳои рушди тахайюлро иҷро кард, то битавонад дар хаёли худ манзара ё ҳодисаеро тасаввур кунад ва бигузорад, ки хаёлоташ дар фазои озод дуртар парвоз карданро ёд бигирад.

Чунон ба назар мерасад, ки чи дар қиссаҳо ва чи дар ҳикояҳои Саодат Сатторӣ ҷанбаи реалистӣ бисёр қавӣ аст. Мешавад гуфт, ки Саодат воқеъгарост. Аз ин рӯ, сюжети асарҳои ӯро асосан воқеаҳое, ки худ дида ё шунидааст, ташкил медиҳанд. Шояд аз ин хотир ҷанбаи хаёлбандӣ ё худ фантазия дар навиштаҳои ӯ камтар ба назар мерасад.

Дигар аз муҳиммоте, ки дар осори як нависанда бояд мутаҷаллӣ шавад, колорити миллӣ аст. Тамоми қаҳрамонҳои Саодат Сатторӣ одамони замони ҳол ҳастанд, бо андеша ва рафторе, ки хоси инсони имрӯз аст, зиндагӣ мекунанд. Ин қаҳрамонҳо африқоӣ ё амрикоӣ нестанд, балки ҳама тоҷиканд, тоҷикӣ ҳарф мезананд ва тоҷикона зиндагӣ мекунанд, аммо дар образи онҳо вижагиҳои миллӣ барҷаста ва равшан ба назар намерасанд. Барои таъмини колорити миллӣ нависанда бояд аз таъбироти халқӣ, мақолу зарбулмасалҳо фаровон истифода барад, характери миллии қаҳрамонҳоро нишон диҳад, ба арзишҳо ва урфу одатҳо ва ҳатто ба устураву афсонаҳои халқ рӯй оварад.

Он чи ки моро бисёр умедвор месозад, то замоне бирасаду Саодат Сатториро дар радифи нависандагони забардаст бубинем, ин аст, ки ӯ дар ҳар як қисса, ҳар як ҳикоя ва ҳар як новеллааш паёме дорад. Яъне ҳарфи гуфтание, ғояи пешниҳодие ба мову шумо дорад. Асареро, ки паёму гуфтмон надорад, наметавон ба унвони моли адабиёт муаррифӣ кард. Хушбахтона, Саодати мо қалбе пур аз дарду ормонҳо дорад, ки ганҷинаи паёмҳои инсони имрӯз барои наслҳои оянда аст. Паёме, ки бо қиссаҳои ҷигарӣ ва ҳикояҳои дилгудози Саодат Сатторӣ ба сӯйи оянда меравад

Ҷаъфар МУҲАММАД,
узви ифтихории ИНТ

Дигар хабарҳо