Қадрдонии адибон

 Қадрдонии адибон

Ҳамасола миёни адибони вилояти Хатлон барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Носири Хусрав, Шамсиддини Шоҳин ва Соҳиб Табаров озмун баргузор гардида, беҳтарин осори адабӣ ва илмӣ муайян карда мешаванд. Ин ҷоизаҳо барои дастгирии эҷодкорон, рушди адабиёти миллӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангии тоҷикон таъсис дода шудаанд.

Тибқи қарори Кумитаи тадорукоти озмуни вилоятӣ аз 4-уми феврали соли 2026, натиҷаҳои озмуни навбатӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян шуданд. Дар асоси ин қарор, ба ғолибон Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Дар бахши насри бадеӣ китоби “Фарёди сукут”-и нависанда Сипеҳри Ҳасанзод сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав дониста шуд.

Дар бахши назм маҷмуаи шеърҳои шоири шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Султон бо номи “Ҳамболи орзу” ғолиби Ҷоизаи адабии ба номи Шамсиддини Шоҳин эълон гардид.

Дар бахши таҳқиқоти адабӣ китоби Мирзо Одина бо номи “Шарҳи сад ғазали Бедил” сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Соҳиб Табаров дониста шуд.

Чунин озмунҳо барои рушди адабиёти тоҷик, дастгирии эҷодиёти адибон ва тарғиби осори арзишманди фарҳангӣ мусоидат мекунанд.

 

Дигар хабарҳо