Ғазале дар варақи гул
То аввалин вохӯрӣ чизе дар бораи Лоиқ намедонистам. Як бегоҳ дар телевизори сиёҳу сафеди аммаи шаҳриам, ки бо падарам дар таътил ба аёдаташ омада будем, маҳфили шеъри Ҳабибулло Файзуллоро дидам, ки бароям хеле аҷиб буд. Дар маҳфил дигар шоирони ҷавон низ шеър хонданд, ки номашон дар ёд намондааст. Аммо шоире, ки баъдан фаҳмидам, ки пешоҳанги суханварони навовари насли хеш будааст, дар байнашон набуд. Лоиқро дар назар дорам.
Вақте донишҷӯ шудам, пахтачинӣ рафтем. Сармо хӯрда бемор шудам. Устоди меҳрубон Мансур Бобохонов (руҳашон шод бод!), ки декани факулта буданд, маро ба бемористоне оварданд, ки дар бари хобгоҳи мо, дар кӯчаи Айнӣ воқеъ буд.
Рӯзи дигар навбатдор маро даъват кард:
– Сафиева, на выход!
“Кӣ омадааст? – пурсидам ман, ки касеро интизор набудам.
– Шералиев, – ҷавоб дод духтур… Ҳайрон шудам, зеро чунин хеш ё шинос надоштам.
– Салом. Ту Гулрухсорӣ? – маро дида суол кард меҳмони ношинос.
– Гулрухсорам, аммо ту кистӣ?
– Лоиқ Шералӣ! – даст дода гуфт ӯ, – шунидам беморӣ, хабаргирит омадам.
– Шамол хӯрдаам,– гуфтам дар ҷавоб.
– Дигар шамол нахӯр, мева хӯр!– гуфт дастовези пур аз меваро чун шиноси дерина ба дастам дода.
Он замон ман намедонистам, ки Лоиқ Шералӣ кист, дар бемористон низ ӯро намешинохтанд, аксар духтурону кормандон рус ё русзабон буданд.
Ин аввалин мулоқоти мо буд. Ҳанӯз чеҳраи Лоиқ, чеҳраи шоир, чеҳрае, ки танҳо дар як акси камёфташ боқӣ мондааст, дар чашми хотираам боқист.
Дувумин мулоқоти мо, хушбахтона, зуд фаро расид. Кумитаи марказии комсомол гурӯҳи эҷодие ташкил кард аз ҷумлаи аҳли илму адабу фарҳанг, барои мулоқот бо деҳқонони тоҷик, ки соли сахту сардеро пеши рӯ доштанд.
Гурӯҳи эҷодии мо ба мулоқоти деҳқонони ноҳияи Шаҳритӯс сафарбар шуд. Сархели гурӯҳи мо, ба қавли ин ҷониб ду Шералиевҳо буданд – Лоиқ ва Мастон. Тарона мехонданд, латифа мегуфтанд, месуруданд, шеър мехонданд, шеъри худу бузургонро.
Аз он замон, то дами аз дунё рафтани Лоиқу Мастон, ки мутаассифона, хеле барвақт фавтиданд, бо ҳам дӯстони меҳрубону қадрдон будем, дар аксар маҳфилҳову сафарҳои эҷодии дохиливу хориҷӣ бо ҳам ширкат доштем. Баъдан Мастон Шералӣ, ки яке аз беҳтарин шоирони насли хеш буду ҳаст, муҳаррири чандин китобҳои ман шуд.
Минбаъд ману Лоиқ зиёд вомехӯрдем, ҳарчанд тафовути синну сол доштем, ин фосила эҳсос намешуд. Ба ҳамдигар “ту” гуфта муроҷиат мекардем.
…Дар аксар маҳфилҳои шеър ширкат мекардем. Шеърҳои навамонро барои якдигар мехондем. Гоҳе ду нафар ба минбар мебаромадем ва рубоиву дубайтиҳои мардумиро мехондем. Лоиқ бештар дубайтӣ мехонд, ман рубоӣ. Мегӯянд, вақте ки Лоиқ чашм аз ҷаҳон пӯшид, рубоиву дубайтихонии наврӯзии моро дар телевизиони Панҷеканд намоиш медоданд.
Аз маҳфилҳои дукасаамон хотираҳои хубе дорам. Ёд дорам, бори нахуст бо ташаббуси Бунёди Фарҳанги Тоҷикистон, ки ин ҷониб раисияшро ба уҳда дошт, ҷашни Меҳргон таҷлил гардид. Онҳое, ки ин ҷашнгириро ёд доранд, медонанд чӣ ҷашне буду чӣ ифтихори миллие. Ману Лоиқ барандагони ин ҷашн будем. Бори аввал Лоиқро чунин ҳаяҷонзада медидам:
– Тамоми шаб хобам набурд, дар назди ин қадар халқ сухан гуфтан, маҳфилро гарм кардан, ба Худо, заҳмати камаршикан аст! – гуфт Лоиқ сигори дигаррашро дардода.
– Маро ҳам хоб набурд, – гуфтам ман бо оҳу воҳ, то пагоҳӣ фикр кардам, ки чӣ пӯшам.
Ҳеч гоҳ чунин баланд хандидани Лоиқро нашунида будам.
Заминиву самимӣ буд Лоиқ. Тамаъ, хушомад, чоплусӣ, дурӯғу бӯҳтонбофӣ, ғаразу кина дар вуҷудаш набуд.
Деҳотӣ буд, аммо бо роҳу равиши пур аз фазилату маънӣ. Ин ҷо сигор кашидану кулоҳ пӯшидан дар назар нест.
Лоиқ худашро таъриф намекард, фурӯтану хоксор буд, беҷо вожаи «устод»-ро ба кор намебурд, ба устодони воқеӣ самимона арҷ мегузошт.
Лоиқ шоири баркамол буд, ман шогирди донишгоҳ. Ӯ бераҳмона эрод мегирифт, ман сарсахтона эътироз мекардам. Аммо баҳсу талоши эҷодии мо беғаразу самимона буд.
Ёд дорам, аввалин баҳси мо замони донишҷӯиям сурат гирифта буд. Лоиқ аллакай шоири шинохта буду силсилаи “Модарнома”-аш сари забонҳо. Дар радиову телевизион пайваста ин силсила садо медод. Худаш аз ҳама беҳтар мехонд.
…Боре пас аз чоп шудани як шеърам маро кумитаи марказӣ даъват карданд. Хонуме, ки аз ман эрод гирифт медонистам, ки суханони худашро намегӯяд, зеро як мисраъ бо тоҷикӣ намедонист.
– Наход дар дунёи советии мо ягон шодӣ намонда бошад, ки шумо навиштед:
Кулбаи шодӣ дар ин олам чу чашми сӯзан аст,
Кишвари ғам сарҳади беқуфлу бедарвоза аст.
Душманамро дӯст кардам, дӯстон душман шуданд,
Қаҳқаҳи ман баҳри ин мотам фиғони тоза аст.
– Шояд дунёи шумо аз чашми сӯзан калонтар бошад, аммо дунёи ман ба назарам чун чашми сӯзан аст, – гуфтам дар ҷавоб.
Лоиқ аз дигар ҳамсолонаш камтар танқид мешунид. Вақте шахсиятро дӯст медоранд, ҷурмашро намекобанд, камбудашро ба ҷойи ҳусн мебинанд. Лоиқ маҳбуб буду ҳаст ва хоҳад буд.
Зиёд мутолиа мекард. Нусхаҳои қаламиро меҷуст, пайваста луғат меомӯхт. Ба рафтору гуфтори нодуруст тунд аксуламал нишон медод. Чандин шоиртарошони беҳунарро байни ҳама сахт ранҷонда буд, ки то дами охир истеъдоди модарзодии Лоиқро набахшиданд.
Ашъори саршори муҳаббату эҳсоси Лоиқ ҳама хонданист, аммо шеъри “Бачагӣ” ва “ Кафандӯзи дилам нест…” бароям хеле азизанд. “Бачаги”-и Лоиқ шеъри кӯтоҳест баробари як қисса, аз ҳаёти як навраси хеле барвақт аз мушти бераҳмонаи рӯзгор ба балоғат расида. Ин шеърро бе оби дида хондаву шунида наметавонам. Шеъри “Кафандӯзи дилам нест…”, ки Афзалшоҳи ҳунарманд хеле хуб оҳанги гиряашро ёфтааст, низ як қиссаи фоҷиаи инсонист. Фоҷиаи инсоне, ки таваллуд шудааст, то ки бимирад, омадааст, то ки биравад…
…Чопи ҳар китоб барои мо хурсандии тасвирнашаванда буд. Аз чопи китоби ҳамдигар шод мешудем. Ҳаққи қалами хуб мегирифтем. Ними ҳаққи қалам дар «китобшӯйӣ» харҷ мешуд. Лоиқ пулдор набуд, аммо саховатманду дасткушод буд.
Ҳар китоби навашро бо соядаст, бо байте, дубайтӣ ё рубоӣ ба ман ҳадя мекард. Дар китоби “ Варақи санг” -аш аз ӯ ёдгорие дорам:
Қарзам зи ту ин аст, ки пас аз “Варақи санг”
Дар васфи ту гӯям ғазале дар варақи гул!..
Ҳасудакони зиёд дошт Лоиқ, бархе беҳунариву нокомии хешро аз ӯ медиданд. Боре дар омади гап нақл кард, ки як ҳамшаҳрияш, номашро низ гуфт, дар ҳама ҷо мегӯяд, ки агар ҳамин Лоиқи бахилу ҳасуд намебуд, имрӯз ӯ Лоиқ мешуд. Ман низ чанд қиссаи ба ҳамин монанд нақл кардам, ӯ хандида гуфт:
– Ба қавли худат, «Рақиби ман илоҳо зинда бошӣ, ки умри ман надорад бе ту маъно!..»
…Ҷойи Лоиқ ҳамеша, дар чаҳор фасли сол холист, аммо фасли баҳор набудани ин шоири ҳамеша ошиқу зебопараст бештар эҳсос мешавад:
Баҳор омад, наомад Лоиқи мо,
Наомад шоири мо, ошиқи мо.
Парешонем чун барги хазонрез,
Чӣ кардӣ ҷамъи моро,
Холиқи мо?!
ГУЛРУХСОР