Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод…

 Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод…

Ба муносибати 85-солагии Ғоиб Сафарзода

Соли 1970. Дар курси чоруми факул­таи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) шабона мехондам. Баъди хатми Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатӣ дар рӯзномаи ноҳи­явии «Ҳақиқат» ба ҳайси мудири шуъбаи маданият кор мекардам. Маош ва ҳаққи калами хуб мегирифтам, ки ҳам барои худам ва ҳам барои волидайни рустоиям басанда буд.

Ба радио, рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, минҷумла ба бузургтарин ва бонуфуз­тарин ҷаридаи кишвар «Тоҷикистони советӣ» (алъон «Ҷумҳурият») робита ва ҳамкориҳои хуби эҷодӣ доштам. Хабару мақолаҳои навшогирдонаам гоҳ-гоҳе дар ин рӯзнома ба чоп мерасиданд. Ба яке аз кормандони ҷарида Мирзо Асоев пештар, айёме, ки эшон дар рӯзномаи ноҳиявии Орҷоникидзеобод (алъон Ваҳдат) кор мекард, шиносоӣ доштам.

Охирҳои моҳи майи соли 1970, вақте ки бо матлаби навбатӣ ба назди Мир­зо-ака омадам, баъди мутолиа бидуни ихтиёр пурсид:

– Ҳар бегоҳ аз ноҳия ба маркази пой­тахт омада, нисфи шаб рафтан ва боз рӯзи дигар омадан ба дилат назадааст?

– Ба ин рафтуомад одат кардам, ако, – гуфтам дар ҷавоб.

– Аз шаҳр кор ёбӣ, намешавад?

– Кӯшиш кардам, ако, вале кори му­вофиқ наёфтам.

– Ба рӯзномаи мо ба кор омаданӣ нестӣ? Дар шуъбаи мо (шуъбаи хоҷагии қишлоқ) ҷои холӣ ҳаст.

– Охир, мани донишҷӯ куҷову дар калонтарин рӯзномаи ҷумҳуриявӣ кор кардан куҷо.

– Имрӯз лавҳаатро ба чоп омода карда, ба мудири шуъба, акои Файзид­дин пешниҳод менамоям. Сармуҳаррир Шодӣ Саидов туро ҷонибдорӣ мекунад, навиштаҳоят ба ӯ маъқул.

Дар омади гап бояд бигӯям, ки баъ­ди ҳафт сол ба рӯзноман «Комсомоли Тоҷикистон» на ба ҳайси подчитчик (ёва­ри мусаҳҳеҳ), балки бо қарори бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба сифати сармуҳаррир ба кор омадам.

Баъди ду рӯз Мирзо-ака ба ман сим зада, бо хушнудӣ гуфт:

– Гапамон пухт. Пагоҳ соати нӯҳи саҳар ба қабулгоҳи Шодӣ Саидов ҳозир шав. Зиёфатро боз танҳо нахӯрӣ…

Рӯзи дигар, соати ҳашти субҳ ба қа­булгоҳи сармуҳаррири рӯзнома Шодӣ Саидов ҳозир шудам.

Марди қоматбаланди пуррапайкар аз ҷой бархоста, бо чеҳраи кушода маро истиқбол гирифт, даст дода вохӯрӣ кард ва ба нишастан даъват намуд.

– Кам шудааст, ки студентонро ба кор гирем, боз яку якбора ба сифати ходими як шуъбаи калон. Вале ин барои шумо истисност. Бо навиштаҳоятон ошно ҳа­стам. Дастнависи лавҳаи наватонро хон­да, ба чопаш имзо кардам. Сарлавҳаи хуб мондед: «Вақте ки субҳ медамид…» Ин сарлавҳа рамзан ба шумо ва фаъо­лияти шумо дар рӯзномаи рақами 1-и ҷумҳурӣ низ муносибат дорад. Шодӣ Саидов сипас тугмаи зангро пахш кард. Чун котиба ворид шуд, супориш дод, ки мудири шуъба Файзиддин Абдураҳимов­ро ба назди ӯ даъват кунад…

Баробари ба дафтар ворид шудани Файзиддин-ака сармуҳаррир чунин гуфт:

– Ин кас аз ҳамин рӯз корманди рӯз­нома. Лавҳаашонро хондам. Хуб аст. Ба котиби масъул диҳед, дар ҳамин шумора, дар саҳифаи аввал ҷой диҳад. Дар ин шабу рӯзи зарбдор меҳнати пахтакоронро ҳарчи зиёдтар ситоиш намоем, ба манфиати кор аст. Ба шумо ҷавоб. Аз паи кор шавед.

Сармуҳаррир дастони маро самимо­на фишурда, то назди дар гусел кард…

Рӯзи дар саҳифаи аввали рӯзнома чоп шудани лавҳаи нахустинам ба ҳайси корманди он дар роҳрав ба ҷа­вони қоматбаланди лоғарандом, ки аз банда тахмин чор-панҷ сол калонтар менамуд, рӯ ба рӯ омадам. Салом дода, гузашта рафтанӣ будам, ки муаддабона пеши роҳамро гирифта, даст дароз кард ва бо чеҳраи кушода гуфт:

– Агар хато накунам, шумо корманди нави рӯзнома.

– Бале.

– Биёед, шинос мешавем. Номи ман Ғоиб, Ғоиб Сафарзода, дар шуъбаи адабиёт кор мекунам.

– Номи ман…

– Шуморо аллакай мешиносам, Ато Ҳамдам. Имрӯз корамро аз мутолиаи лавҳаи шумо сар кардам. Лавҳаи хуб. Маълум, ки мавзуи интихобкардаатонро нағз медонед. Сари баъзе ҷумлаву ибо­раҳо баҳс кардан мумкин. Кори эҷодӣ моро наздиктар хоҳад гардонд. Шуморо табрик мекунам. Холӣ шудед, ба дафта­ри мо низ дароед, чой менӯшем, чақ-чақ мекунем.

Ман аз вохӯрӣ бо журналисти варзи­да, шоири боистеъдод, ки бо вуҷуди ҷавониаш аллакай ном бароварда буд, хеле шод шудам. Бо суҳбати гуворо, чеҳраи кушода ва самимияти беандоза­аш ба зудӣ дар дили ман маъво гирифт.

Баъдан ману Ғоиб Сафарзода хеле қарин шудем. Бисёр лавҳаҳоямро пеш аз ба чоп супоридан аввалин шуда, ӯ ме­хонд, таҳрир мекард, маслиҳатҳо медод. Чизи хуб ва чизи бад ҳеч гоҳ аз пазари ӯ дур намемонд. Дилаш ба фарҳангу тамаддунамон, алахусус барои забона­мон бисёр месӯхт. Оид ба покиза нигоҳ доштани забон аз ҳар гуна зуҳуроти бегона, беғалат ва бенуқсон истифода бурдани ҳар як ҳарфу ҳиҷои тоҷикӣ, калимаву ибораҳо мақолаҳои ҷиддӣ, сахт, ҷасурона ва нотарсона менавишт. Андешаҳои ӯ барои рушду такомули забон ва маънавиёт, рӯшод ва беибо ҳарф заданҳояш бе асар намонданд, ӯро азият медоданд, барои истинтоқ ба идораҳои боло мебурданд. Вале сари мӯе парво надошт, Ғоиб буд ва Ғоибвор менавишту менавишт.

Ҳамчун корманди шуъбаи адабиёт барои дарёфти истеъдодҳои нав, ба нашр расондани асари онҳо пайваста кӯшиш мекард. Чунонки дар боло гуф­там, ба мо, ҷавонони ҳамкораш дилсӯзу меҳрубон ва дар айни замон сахтгир буд. Лаҳзае ба ёдам меояд. Аз рӯзгори яке аз сарварони пахтакори ноҳияи Во­сеъ ҷуръат карда, бо номи «Пайраҳа» очерке навиштам. Очерк аз назари мудири шуъба, мухбири махсуси шуъба Турдиалӣ Бойбобоев гузашт ва ба чоп тавсия шуд. Мехостам пеш аз ба коти­бот супурдан онро аз назари Ғоиб-ака гузаронам. Ӯро суроғ кардам, гуфтанд, ки ба муддати як ҳафта ба сафари эҷодӣ рафтааст. Майлаш, гуфтам, омада­нашро мунтазир мешавам. Вале рӯзи дигар мудири шуъба гуфт, ки очеркро зудтар ба котибот супор. Ноилоҷ монда, очеркро супоридам ва он дар шумораи навбатӣ ба табъ расид.

Ғоиб Сафарзода баъди анҷоми сафа­ри эҷодӣ маро ба наздаш даъват намуд. Як пиёла чойи кабуд дароз карда, гуфт:

– Очеркатро хондам. Аввал табрик мекунам. На ҳар кас имкон ва ғайрат дорад, ки очерки калонеро дар рӯзно­маи мо чоп кунад. Очеркнависиро бо ҷидду чаҳд давом деҳ. Бовар дорам, ки ту очеркнависи хуб хоҳӣ шуд. Агар зинда бошам, вақту соаташ ояд, як тав­сияномаро барои ба узвияти Итифоқи нависандагон дохил шуданат худам ме­нависам. Дар атрофи ин очеркат баъзе эродҳо дорам, ҳоло фақат яктояшро ме­гӯям, боқимондаашро баъдтар. Ту ман­зараи саҳроро дар гашти рӯз ба қалам медиҳӣ, лекин дар як ҷумла менависӣ, ки «Шаббода аз ҷониби Ғарб вазида, гесувони Аноргул (қаҳрамони асосии очерк)-ро парешон мекард». Маънои калимаи «шаббода»-ро мефаҳмӣ?

– Мефаҳмам, – посух додам ман.

– Дар куҷо шунидӣ ё дидӣ, ки боди шабона дар рӯзи равшан мевазидааст? Шояд ту «насими чошттоҳӣ» гуфтанӣ будӣ?

Ростӣ, баъди шунидани ин суханҳо худамро гум кардам, аз шарм сурх шудам. Намедонистам чи чавоб диҳам.

– Ё ноҳақ ҳастам?

– Не, акои Ғоиб, ҳақ ҳастед. Саросема шудам.

– Саросемагӣ, бедиққатӣ, саҳлангорӣ, инҳо мафҳумҳое ҳастанд, ки душмани эҷодкоранд. Ту, ки ба жанри калон даст задӣ, минбаъд ба ҳар сатру ибора ва ҷумлаҳоят эътибор деҳ. Даҳ бор чен куну як бор бур гуфтаанд.

То вопасин рӯзҳои марги фоҷиабо­раш бо Ғоиб Сафарзода ҳамсуҳбату ҳамнишин будам. Сад афсӯс, ки ба ваъдааш вафо карда натавонист. Ба ҷои ӯ тавсияҳоро ба ман ҳамчун очеркнавис барои ба узвияти Итифоқи нависандагон дохил шудан устодони дигарам Муте­улло Наҷмиддинов, Ҷумъа Одина ва Саттор Турсун навиштанд.

Ғоиб Сафарзода дар тӯли умри кӯтоҳи худ (32 сол) барои миллат, барои фарҳангу маънавиётамон корҳоеро ба сомон расонд, ки дар он айём на ҳама аз уҳдаи он корҳо баромада метавонист. Имрӯзҳо ба ҷашни 100-солагии яке аз ҷаридаҳои бонуфузи кишвар – «Ҷумҳу­рият» ҳамаҷониба омодагиҳо мегирем. Вазифадор ҳастем, дар қатори номи он ашхосе, ки барои рушду такомули фарҳанги мо, журналистикаи мо, ада­биёти мо хидматҳо кардаанд, талошу ҷоннисориҳои Ғоиб Сафарзода барин ҷавонмардони асилу фидоиро ба некӣ ёд бикунем. Агар ӯ зинда мебуд, шояд шеъри панҷоҳу панҷ сол пеш навишта­ашро аз нав замзама мекард, ки бо ин мисраъҳо шуруъ мешаванд:

Ана, он рӯзҳо чун бод рафтанд,
Гул акнун рангу бӯи тоза дорад.
Ба монанди бари рухсораи ёр
Тароватбахш рӯи тоза дорад.

Ато ҲАМДАМ,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо