Ёди эҷодкори пуркору пурбор М.Муллоҷонов

 Ёди эҷодкори пуркору пурбор М.Муллоҷонов

8-уми ноябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 95-солагии адиб, тарҷумон, мунаққид ва публитсист Масъуд Муллоҷонов маҳфили поси хотир доир гашт.

Гардонандаи маҳфил муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар сухани муқаддимавӣ аз хидматҳои мав­суф дар соҳаи адабиёт ва рӯзноманигорӣ ёдовар шуд. Сардабири маҷаллаи «Помир» Саид Сангин дар мавзуи «Саҳми Масъуд Муллоҷонов дар рушди адабиёти ру­сизабони мо» маъруза пешниҳод кард.

Нависандагони халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Бахтиёр Муртазо, Ато Ҳамдам ва нависанда Мансур Суруш аз ҳаёти Масъуд Муллоҷонов хотираҳои ҷолиб нақл намуда, нақши ӯро дар пешбурди кори маҷаллаи «Помир» муассир арзёбӣ карданд.

Дар охир духтари Масъуд Муллоҷонов Фарангис Муллоҷонова ба масъулин барои баргузор кардани чунин нишаст миннатдорӣ баён дошт.

Дигар хабарҳо