Ёди адиби некном

 Ёди адиби некном

25 феврал дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуд бахшида ба 70-солагии шоир, рўзноманигор ва публитсист Исматулло Ибод баргузор гардид, ки дар он адибон, санъаткорон, пайвандони адиб, ҳамкорон ва ҳаводоронаш иштирок карданд.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Равшан Махсумзод, Нависандагони халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мўсо аз рўзгору осори Исматулло Ибод суханрониҳои пурмуҳтаво карданд.

Мудири шуъбаи драматургияи ИНТ Ато Ҳамдам, мудири бахши ИНТ дар шаҳри Ваҳдат Абдусаттори Раҳмон, сардори раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андоз Ҷумъахон Нурзода низ аз фаъолияти эҷодии марҳум ба ҳозирин ёдоварӣ карданд.

Сарояндагон Файзалӣ Ҳасан, Фирўзи Ҳикмат, Сайфулло Қурбонов бо сурудҳои пурмазмуни хеш маҳфилро рангу бори дигар бахшиданд. Як гурўҳ аз наврасони лаёқатманд ашъори Исматулло Ибодро бо лаҳни хос барои иштирокдорони маҳ- фил қироат намуданд. Дар охир Фарзона Ибодова – духтари адиб ва Зайдулло Холов – бародари ў барои чунин маҳфили хотирмон ба Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон миннатдории хешро баён доштанд.

Тоҷиддини АЗИЗ

Дигар хабарҳо