ЁДЕ АЗ РӮЗГОРОН

 ЁДЕ АЗ РӮЗГОРОН

Эҳдо ба руҳи мунаввари устод Қутбӣ Киром

Ҳангоме ки дар бораи устод Мастон Шералӣ қалам ба даст гирифтам, дар олами хотираҳо дӯсти ҷонии ӯ, устод Қутбӣ Киром гӯё ба саломам омад ва ин ёде аз ёдҳо буд. Дар зикри ин ёд бояд таъкид кунам, ки устод Қутбӣ Киром назар ба Мастон ба Хатлонзамин бештар рафту омад дошт. Ӯ фурсат ёфта, мекӯшид, ки мисли устодон Лоиқ ва Фазлиддин Муҳаммадиев баҳорро аз Хатлон оғоз бахшад.

Қутбӣ Киром дар минтақаи Кӯлоб дӯстони зиёде пайдо карда буд. Дидорбиниҳои ӯ ба мардуми Хатлон аввал аз хонаи устод Ашӯр Сафар ё ман оғоз мешуд.

Дар омади гап бояд хотирнишон намоям, ки дар сафарҳоямон ба ноҳияҳо шахсони масъул, аз раиси ноҳия сар карда то фарҳангиёну аҳли меҳнат бо нону намак ва базму бозӣ моро истиқбол мегирифтанд ва ҳар як омади адибон ба Хатлон гӯиё барои ҳар як ноҳия ба ҳодисаи хурсандибахши тӯёна монанд буд. Аксаран нишастҳои баъди вохӯриҳо то соатҳои се-чори шаб бо базму бозию хӯшгӯйӣ идома меёфт. Моро аз рӯйи нақшаҳои пешакӣ муайяншудаи ҳизбӣ ба дурдасттарин минтақаҳои вилояти онвақтаи Кӯлоб сафарбар мекарданд. Ин вохӯрию суҳбатҳо барои аҳли заҳматкаши ин минтақаҳо ба тӯю тантана табдил меёфт. Дар аксари ин гуна вохӯриҳо, аз рӯйи имкон, Одина Ҳошим низ хотири аҳли нишастро бо таронаҳои хеш шод мегардонд…

Рӯзе, охирҳои моҳи март, котиби идеологии минтақа Шарофат Усмонова маро ба наздаш даъват карда, гуфт, ки “як супориши ҳизбӣ. Шумо бо устод Ашӯр Сафар, Одина Ҳошим ва Рустами Абдураҳим бояд ба ноҳияҳои дурдасти вилояти Ленинобод, ба Панҷакенту Айнӣ сафар кунед ва суҳбату вохӯриҳо гузаронед. Бояд муносибатҳои дӯстонаи вилоятҳои Кӯлобу Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) боз ҳам мустаҳкамтар гардад”. Ва дар муҳлати муайяншуда мо бо шахсони номбаршуда ба Душанбе рафтем. Аз Душанбе бо раводиди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва хоҳиши мо Қутбӣ Киром ва Шодӣ Ҳанифро ҳамсафар гирифтем (устод Лоиқ, ки бояд ҳамсафарамон мешуд, дар Маскав буд, яъне ин сафарамон бе устод гузашт).

Азбаски роҳи ағба маҳкам буд, моро 3 апрели соли 1987 ба фурудгоҳи Душанбе бурданд. Устод Қутбӣ чун ҳамеша вазифаи ифтихории худро эълон кард: роҳбалад ман, соқӣ ман, раиси нишасту суҳбатҳо низ ман. Мо ҳама устод Қутбиро ба ин вазифаи баланди ба зимма гирифтаю ифтихорияш табрик намудем ва баъди як пиёла чойи фурудгоҳи Душанбе бо тайёра рост ба Самарқанд парвоз кардем.

Дар фурудгоҳи Самарқанд моро ҳайати расмии ҳукумати Самарқанд ва дӯстони самарқандиамон чун ҳайати расмии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд. Дар тамошои шаҳр худро бо олими шинохтаи тоҷики ӯзбекистонӣ дӯсти қадрдон Қамарзода Аслиддин роҳат эҳсос мекардем. Профессори муҳтарам дар якҷоягӣ бо нависандаи тоҷики самарқандӣ Болта Ортиқ ба мо аз таърихи Самарқанд ва ҷойҳои таърихии он ҳикоят мекарданд. Ҳамин тариқ, то меҳмонхона омаданамонро ҳам ҳис накардем. Баъди хӯроки шом овозхонҳои самарқандӣ бо Одина Ҳошим маъракаороӣ карданд. Рӯзи дигар, 4 апрели соли 1987, ҷойҳои таърихии Самарқанд, мадрасаҳои замони гузаштаро тамошо кардем. Дар ин миён биноҳои бо санъати бузургтарини меъморӣ сохташудаи қадимӣ ва расадхонае, ки дар замони Улуғбек бунёд гардидааст, бисёр ҷолиб буд. Он рӯз мо дар ду мактаби тоҷикии Самарқанд суҳбатҳо оростем, аз ҷумла дар мактаби миёнаи ба номи Рӯдакӣ.

Пагоҳаш бояд ба зодгоҳи устод Шодон Ҳаниф Оҳалик мерафтем. Дар роҳ Одина Ҳошим аз фазилати баланди мардуми Самарқанд сухан мегуфту Қутбӣ Киром гапи ӯро об медод. Шодон Ҳаниф пешакӣ таърифи деҳаи Оҳаликро мекард:

– Пагоҳ шумо боз ба як олами хосаи дигар хоҳед рафт ва баъд дар куҷо буданатонро мефаҳмед. Дар зодгоҳи ман Оҳалик ҳама чиз хоса аст, аз сухан то амал, то истиқболу суҳбат. Ин деҳа дилу ҷигари самарқандиён аст…

Агар рост гӯям, хотираи маро номи Оҳалик ба хушӣ намекашид. Гумон мекардам, ки шояд дар ин ҷо суҳбати тоҷикии мо писанд наояд, вале бо аввалин вохӯрӣ ғалат будани гумони ман маълум шуд. Дар Оҳалик моро бо нону намак ва расму русуми тоҷикӣ истиқбол гирифтанд. Ҳама бе ягон лакнат ба забони соф тоҷикӣ сухан мегуфтанду меҳмононро меҳрубонӣ мекарданд.  Шодон Ҳаниф таклиф кард, ки аввал ба лаби дарё меравем. Мо пиёда роҳ пеш гирифтем. Мардону занони бисёре моро истиқбол мекарданду  бо шеваи ширини забони тоҷикӣ ва меҳрубонӣ суҳбат меоростанд.

Ин ҷо як хотираи таърихӣ ба ёдам омад! Дар Фирӯзкӯҳи Афғонистон ҳангоми ғалабаи чингизиён занони қалъа мӯйҳояшонро ба ҳамдигар баста, якҷоя худро аз болои қалъаи Фирӯзкӯҳ ба замин афканданд. Яъне ҷон доданро аз асирӣ ба душман боло донистанд.

Раҳбалади оҳаликӣ давоми сухани маро интизор буд ва ман он чи дил мехосту эҳсос мекард, ба ин бародари фарҳангӣ гуфтам:

– Як гап байни худамон, шумо бояд аз ин бонувонатон ифтихор дошта бошед.

Раҳбалад ҳайрон шуда пурсид:

– Чаро?

– Ин бонувони азизу муҳтарам дар тӯли таърих чеҳра ва шаъну шарафи тоҷикии худро барои шумо, мардони сарбаланд, беолоиш нигоҳ дошта тавонистанд. Ин ифтихори бузург аст.

…Баъди як пиёла чой ва андак истироҳат мо боз ба дидорбинӣ ва вохӯрӣ бо мардуми Оҳалик рафтем, ки дар назди хонаи фарҳанг мунтазири мо буданд. Толори бинои фарҳанг барои мардум тангӣ мекард. Бинобар ин, мо меҳмонон хоҳиш кардем, ки дар “толор”-и майдони кушод барои мардум базм диҳему шеърхонӣ кунем. Қутбӣ Киром ва Шодон Ҳаниф низ ҳаминро мехостанд. Бинобар ин, баландгӯяк ва дигар таҷҳизоти сухангӯйӣ дар ҳавои кушод ҷо дода шуд. Акнун ҳама мардуми Оҳалик аз суҳбати мо баҳра мебурд. Қутбӣ Киром мисли ҳамаи мо аз истиқболи самимонаи мардуми Оҳалик сахт ба ваҷд омада буд. Ӯ сухани хешро бо ҳарорати баланд аз дил ба забон меовард. Ин мардум,  мисли он ки замини ташна обро меҷаббад, ҳар як сухани шоиронаро бо як ташнадилӣ “ҷаббида” мегирифтанд ва шӯру ваҷдашонро бо сухан иброз медоштанд. Овозхонии Одина Ҳошим дар ин ҷо сахт аз сари завқ буд ва ӯ баъд аз ҳар як чапаки пурмавҷ “эй мардум, хоки поятон шавам” мегуфт. Қутбӣ Киром бо Ашӯр Сафар гоҳ-гоҳ ҳазл карда, мардумро механдонданд.

Ман низ баъди андаке суҳбат барои мардуми Оҳалик шеърхонӣ кардам ва гуфтам, ки минбаъд дили мо бо устодон Қутбӣ, Ашӯр Сафар, Одина Ҳошим ва Рустами Абдураҳим интихобгоҳи абадии худро пайдо кардааст. Ин меҳргоҳи аҳли хушчеҳраи Оҳалик ҳасту худи Оҳалик бо ин дарёе, ки аз он ба дарёҳои бузург мепайвандад, дарёи шеъру суруди абадияти ин миллатро пурбор мекунад. Воқеият ҳам чунин аст: “Дилро ба дил раҳест дар ин гунбади сипеҳр”.

Ин дам он рӯзҳои дар Самарқанд гузарондаамон пайваста ба ёд меояд. Гӯё ҳама вуҷудам садо мебарорад, ки “ба истиқболи дӯстони самарқандӣ бишитоб. Акнун ҳама роҳҳо кушодаанд… роҳҳои ихлосмандӣ ба якдигар, роҳҳои дӯстию бародарӣ ва ҳампайвандӣ…”

Баъд аз як шаби дар Оҳалик меҳмон шудан роҳи Панҷакентро пеш гирифтем. Қутбӣ Киром гуфт:

– Ман пеш аз Панҷакент рафтан шуморо дар як ошхонаи махсус зиёфат медиҳам, ки хӯрокҳояш барои хосон аст. Дар Панҷакент аҳли ҷамоатчии шаҳру ноҳия бо роҳбарии раисаш моро бо гулу гулдаста ва рақсу бозӣ пешвоз гирифтанд. Устод Қутбӣ Киром як-як моро ба раиси шаҳр шиносонд. Раиси шаҳр низ лутф кард, ки “Шумо меҳмонҳоеро овардед, ки онҳоро натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар ҳама қаламрави Шуравӣ мешиносанд.”

Самимият ва хушҳолии мардуми Панҷакент руҳи моро бисёр болида дошт. Одина Ҳошим дарҳол торашро гирифта, барои аҳли ҷамъомад кӯтоҳакак таронахонӣ кард. Сипас созу наворо ҳунармандони панҷакентӣ идома бахшиданд. Майдон пур аз рақсу бозӣ шуд. Баъди соате дамгирӣ бегоҳ моро ба маркази шаҳр бурданд. Дар қасри фарҳанг истиқболи мо бисёр самимӣ гузашт. Баъди сухани ифтитоҳии раиси шаҳр, Қутбӣ Киром чун ҳарвақта гардонандаи суҳбати мо шуд. Ӯ аз дӯстию ягонагии мардуми Тоҷикистон гап мезаду аз сафарҳояш ба Кӯлоб ёдовар мешуд. Инчунин дар суҳбатҳо аз самимияти аҳли Самарқанд намунаҳо нақл мекард. Дар ин ҷо аҳли нишаст суҳбати моро бисёр хуш пазируфтанд. Овози муъҷизаноки Одина Ҳошим як толорро гӯё банди сеҳр карда буд. Шеърхониҳои устод Ашӯр Сафару Қутбӣ ниҳоят мафтункунанда менамуд. Дуторнавозии Рустами Абдураҳим ҳам ҳаводорони зиёд пайдо кард. Баъди суҳбат низ мардум намехостанд, ки чунин як вохӯрии самимӣ ба тезӣ ба поён расад. Онҳо бо чапакзании пурмавҷ гаштаю баргашта моро ба саҳна даъват мекарданд. Рӯзи дигар мо ба деҳаҳои Панҷакент рафтем. Дар ин сафар шоири соҳибистеъдоди ҷавон Махсум Олимӣ низ моро ҳамроҳӣ мекард ва аз боби сафарҳояш ба Кӯлоб ва дӯстию бародарӣ сухан мегуфту шеър мехонд. Ин базмҳо аксар дар ҳавои кушод барпо мегардиданд.

Баъди ду рӯзи меҳмонӣ дар шаҳри Панҷакенту деҳоти он мо роҳи ноҳияи Айниро пеш гирифтем. Ин ҳам бояд фаромӯш нашавад, ки ҳангоми аз деҳаи Урметан гузаштан Қутбӣ моро як сари қадам дар зодгоҳи худ сайр дода, аз ҷумла саридастакӣ бо пайвандонаш вохӯрд.

Қурбон Тӯраев чун роҳбари фарҳангию таърихдон аз ноҳияи Айнию гирду атрофи он суҳбатҳои ҷолиб меорост ва моро ба зиёрати манзилгоҳи Туғрали Аҳрорӣ бурд, ки он вақт чун ҳозира обод набуд. Тамошои хона, ҳуҷраҳо ва китобхонаи ин шоири тавонои миллат ва меҳмондории мардум моро ниҳоят мафтун кард. Сипас то деҳаи Зосун рафта, марқади мубораки Юсуф Вафоро низ зиёрат кардем. Ин рубоии машҳур аз ӯст, ки дар Кӯлобу гирду атрофи он паҳн шудааст:

          Рӯят гула мемона, танат моҳира,

          Раҳгаштанакот боди саҳаргоҳира.

          Ҳар гаҳ, ки бипӯшӣ куртаи шоҳира,

          Девона кунӣ Юсуфи масчоҳира.

Мардуми Кӯлоб охирин мисраро “Девона кунӣ бачаи кӯлобира” мехонданд ва қариб дар ҳама ҷо ба ҷойи Юсуфи масчоҳӣ номи шаҳру деҳаи худро мегузоштанд. Дар ин сафар мо бо Қурбон Тӯраев аҳди дӯстӣ бастем ва риштаи ин дӯстӣ то ба ҳол мустаҳкам аст. Ҳар гоҳ дар ҳолатҳои муносиб дидорбинии ин инсони шариф, марди сиёсатмадор ва фарҳангӣ моро муяссар мегардаду шод мегардонад.

Хулоса, сафари мо дар ноҳияи Айнӣ низ ниҳоят пурмуҳтавоу хотирмон гузашт. Одина Ҳошим ба Қутбӣ мегуфт, ки:

– О Қутбиддин, ман нав бо мухлисони ҳақиқии худ дар Самарқанду шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ рӯ ба рӯ шудам. Иншооллоҳ, ман боз ба ин диёри афсонарез меоям ва бо мухлисонам вомехӯрам. Дар тасаввурам набуд, ки моро мардум ин қадар бо ихлосу нармию гармӣ истиқбол мекунанд. Ҷойи дигари писандидаи ман акнун ин ҷосту Самарқанд.

Баъди ба Кӯлоб омаданамон котиби идеологии вилояти Кӯлоб Шарофат Усмонова вохӯриҳои моро дар вилоят ба роҳ монд. Мо дар ин суҳбату дидорбиниҳо бо мардуми вилояти Кӯлоб аз дидаю шунидаҳоямон, аз Самарқанду шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ, Туғрали Аҳрорию Юсуф Вафо ҳикоят мекардем, ки ин ҳама дар қомуси нотакрори он рӯзҳо сабти ҷовидон пайдо мекарданд.

Имрӯз ҳам ёди он рӯзҳо хотираҳои зиёди бебозгаштро пеши рӯям меоранду гузаштаю имрӯзаро бо ҳам пайванд мезананд, пайванди меҳру муҳаббати бародарона, якдилию хештаншиносӣ.

Ҳақназар ҒОИБ,

Шоири халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо