Ёде аз адиби русизабон

 Ёде аз адиби русизабон

Рӯзи 22-юми май дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии рӯзнома­нигор, тарҷумон ва нависандаи ном­вари русизабони Тоҷикистон Борис Пшеничний маҳфили ёдбуд баргузор гашт.

Саид Сангин, шоир ва сардабири маҷаллаи «Помир» ба маҳфил оғоз бахшида, дар бораи ҷойгоҳ ва хусуси­ятҳои осори ин адиб ва ҳамзамон нақ­ши ӯ дар пешрафти асарҳои тахайюлӣ ибрози назар намуд. Дар идома ади­би шинохта Мансур Суруш дар бораи ҳаёт, фаъолият ва шахсияти Борис Николаевич маъруза кард. Ҳамзамон дар маҳфил адибону пажӯҳишгарон ва алоқамандони каломи бадеи русӣ иштирок ва суханронӣ намуданд

Бояд гуфт, ки Борис Пшеничний соли 1935 дар Озарбойҷон ба дунё омада, соли 1957 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленин­градро хатм намудааст. Қисми зиёди умри ӯ дар Тоҷикистон сипарӣ гашта, маҳз дар ҳамин ҷо асарҳои худро офаридааст. Ӯ солиёни дароз сардабири нашрияҳои «Помир», «Комсомолец Таджикистана», «Коммунист Таджикис­тана» ва ҳамчунин муовини раиси ИНТ буд.

Китобҳои «Уйти, чтобы вернутся», «Человек – эхо и ещё кто-то», «Глобус Эны» ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ба тарҷумонӣ низ машғул шуда, як силсила асарҳои адибони тоҷикро ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Борис Пшеничний шаби соли нави 2002 дар шаҳри Владимири Феде­ратсияи Русия аз олам чашм пӯшид.

Дигар хабарҳо