Ёдбуди нависанда Абдураҳмон Расулӣ дар ИНТ
Рӯзи 10-уми октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди адиби публитсист Абдурраҳмон Расулӣ баргузор гардид.
Дар ин маҳфил шоирону нависандагон, ёру дӯстон ва алоқамандони адаб гирд омада, дар бораи шахсият ва корномаи Абдураҳмон Расулӣ сухан гуфтанд.
Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар ибтидо перомуни фаъолияти адабиву рӯзноманигории марҳум сухан гуфта, ӯро нависандаи хушқаламу пуркор номид.
Дар маърӯзаи доктори илмҳои филология Мисбоҳиддини Нарзиқул муҳимтарин вижагиҳои осори Абдураҳмон Расулӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар насри имрӯзи тоҷик таҳлилу баррасӣ гардид.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, адибон Ато Ҳамдам, Мансур Суруш, Туҳфа Расулӣ ва дигарон дар бораи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти рӯзноманигориву адабии шодравон изҳори назар карданд.
Таъкид гардид, ки номбурда фаъолияти эҷодии худро ҳамчун рӯзноманигор оғоз карда, сипас ба нависандагӣ рӯ оварда, ба кори тарҷумонӣ низ даст задааст.
Дар баробари ин зикр шуд, ки Расулӣ бештар ба эҷоди ҳикояву очерк ва қиссаҳои мустанад машғул буд ва асарҳояш дорои аҳамияти таърихӣ ва публисистӣ мебошанд.
Ҳамзамон дар ин маҳфил меҳрномаи “Суҳбатҳои таги тут”, ки фарогири ёддошту мақолаҳои дӯстону ҳамкорони Абдураҳмон Расулӣ аст, муаррифӣ шуд.
Бояд гуфт, ки Абдураҳмон Расулӣ узви Иттифоқҳои нависандагон ва журналистон буда, соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.