Як соли пурбори ҳафтанома
Рӯзи 28-уми январ дар нишасти хоссае адибон, муҳаққиқон, рӯзноманигорон, аҳли фарҳанг ва муаллифони ҳафтанома маводҳои дар соли 2025 дар нашрия ба табъ расидаро муҳокимаву баррасӣ намуданд. Гардонандаи чорабинӣ муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Толиби Луқмон дар оғоз гуфт, ки дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» маводҳое нашр мешаванд, ки вазъият ва равандҳои асосии фазои адабӣ ва фарҳангии имрӯзи ҷомеаро бозтоб мекунанд. Аз ин рӯ, дар ин нишаст на танҳо баррасии фаъолияти ҳафтанома, балки ҳамзамон баррасии набзи адабиёти имрӯзаамон сурат мегирад. Аз ин ҷиҳат низ аҳаммияти ин нишаст хосса аст.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, мудири шуъбаи насри ИНТ Равшан Махсумзод, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон, нависандаи ҳаҷвнигор Абдурауф Муродӣ ва профессор Мурод Муродӣ дар бораи маводҳои саҳифаҳои назм, наср, нақди адабӣ, ҳаҷвия ва публитсистикаи ҳафтанома маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Дар қисми музокира мудири шуъбаи тарғиби адабиёти ИНТ Муродалӣ Собир, муаллифони фаъоли ҳафтанома Аслиддин Низомов, Раҷабалӣ Худоёрзода, шоири тоҷики Ӯзбекистон Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ доир ба маърузаҳои ироашуда ва маводи ҳафтанома андешаҳояшонро баён намуданд ва пешниҳодҳои муфид карданд.
Намояндаи ҳамзабонони бурунмарзӣ таъкид намуд, ки имрӯз ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар байни тоҷикони кишварҳои минтақа ҳам хонандагони худро дорад ва бояд роҳҳои ба тариқи обуна мунтазам ба Китобхонаи миллии Ӯзбекистон, нашрияҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар», Маркази миллӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон дастрас кардани ҳафтанома ёфта шавад. То ин ки аз он истифода буда, баъзе маводҳояшро бознашр кунанд ва ҳамин тавр, пайваста аз фазои адабиву ҳунарии Тоҷикистон огоҳ бошанд.
– Ин комёбиҳои минбари баланди эҷодкорони кишвар дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадаанд. Барои пойдории вазъияти нашрия ва пешбурди кори он, пеш аз ҳама, сиёсати фарҳангмеҳвари Роҳбарияти давлат сабаб гардидааст. Бояд воқеъбинона эътироф кунем, ки агар фазои мувофиқ ва ҳимояи давлатӣ намебуд, дар танҳоӣ чунин дастовардҳои назаррас имконпазир намешуданд, – иброз дошт сармуҳаррири ҳафтанома Абдуллоҳи Раҳнамо.
Дар охири ҳамоиш ба сармуҳаррирони пешин – Мансур Суруш, Парда Ҳабиб ва Толиби Луқмон, кормандон ва муаллифони фаъоли ҳафтанома дар соли 2025 сипосномаҳо тақдим гардиданд.



