Як соли «Помир»

Дар нишасти рӯзи 25-уми феврал дар Иттифоқи нависандагон фаъолияти яксолаи фаслномаи русии “Помир” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси ИНТ бо додани маълумоти мухтасар дар бораи кори нашрия нишастро оғоз башид.
Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод, корманди Маркази тарҷумаи ИНТ Норӣ Раббимдухт, адибони русизабон, муаллифону хонандагони “Помир” – Екатерина Дон, Елена Копилова, Мусаллама Саидова, Гулчеҳра Шарифова, Саноат Азизова, Фарангиз Муллоҷонова ва дигарон дар бораи маводи дар соли сипаригашта дар фаслнома чопшуда андешаҳояшонро баён карданд.
Дар охир сардабири фаслномаи “Помир” Саид Сангин қаламбадастонеро, ки дар ҷумҳуриямон бо забони русӣ асар эҷод мекунанд, ба ҳамкорӣ даъват намуд.