Як моҳ бо Садриддин Айнӣ

 Як моҳ бо Садриддин Айнӣ

Тоҷӣ Усмон аз ҷумлаи адибону пу­блитсистонест, ки солҳои сиюми асри гузашта ба матбуот ва адабиёт ворид гардида, бо Ҳаким Карим, Муҳиддин Аминзода, Алӣ Хуш, Ҳоҷӣ Содиқ, Раҳим Ҷалил кору фаъолият намудааст. Ӯ солҳои сиюм баъди хатми Донишгоҳи Осиёимиёнагӣ роҳбарии рӯзномаи «Бо роҳи Ленин»-и собиқ вилояти Ленино­бодро ба уҳда дошт ва баъдтар солҳои дароз дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият»), маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» кор кардааст. Сипас ӯро ба корҳои давлатию ҳизбӣ ҷалб наму­даанд. Солҳои 1937-1939 котиби куми­таи ҳизбии шаҳри Ленинобод интихоб шудааст.

Яке аз хусусиятҳои хоси очеркҳои Тоҷӣ Усмон дар он аст, ки нависанда бештар ба мавзуи доғи рӯз, ҳаёти ҳамза­мононаш ва бунёдкориву созандагӣ даст задааст. Аз овардани факту рақамҳои зиёдатӣ даст бардошта, бештар симои қаҳрамононашро ба риштаи таҳқиқ ме­кашид. Аз ин рӯ, ҷаҳони ботинии қаҳра­монони очеркҳои ӯ рангину боварибахш қаламдод шудаанд. Масалан, дар очер­ки «Чилдухтарон» образҳои барҷастае офаридааст, ки хоҳу нохоҳ хонандаро ба фику хаёл мебаранд. Муаллиф аз номи қаҳрамони асосии очерк Зебӣ бо сӯзу гудоз ҳарф мезанад.

Ба андешаи мо, дар эҷодиёти Тоҷӣ Усмон хотираҳои ӯ, ки дар шумораи 8-уми «Шарқи сурх» соли 1962 бо номи «Як моҳ бо Садриддин Айнӣ» нашр шудааст, мавқеи муҳим дорад. Ин хо­тираҳо дар шакли очерки сафарӣ-бадеӣ таълиф гардида, аз рӯзгори аллома Айнӣ ва характеру муносибати устод бо мардуми одӣ ва таърихи шаҳри Хуҷанд маълумоти фаровон медиҳад. Тоҷӣ Усмон сафари якмоҳаи устод Айниро ба Хуҷанд дар соли 1936 ва навоҳии он ба риштаи тасвир кашидааст. Очерк фарогири бахшҳои «Ҷумҳурияти ҳаш­тум», «Истиқболи Айнӣ», «Шабнишинӣ дар меҳмонхона», «Интихоби котиб», «Вохӯрӣ дар мактаби ба номи Айнӣ», «Дар ҷустуҷӯи қалъаи Темурмалик», «Тирози ҷаҳон», «Вохӯрӣ дар колхози ба номи Айнӣ», «Ҷанги хуҷандиён бо муғулҳо», «Дар ҷустуҷӯи Меҳрбодом», «Дар Конибодом», «Суҳбатҳои шахсӣ», «Сафари Тошканд» мебошад. Тоҷӣ Усмон пеш аз дидорбинӣ бо устод Айнӣ манзараҳои табиати Хуҷанд ва ҳаёти мардумро дар соли 1936 чунин тасвир намудааст: «Ленинободиҳо баҳори музофоташонро аруси сол меноманду тирамоҳро айни камолоти он мешумо­ранд. Чунки дар ин мавсим натанҳо се­рию пурӣ, меваю шира, ҳосил фаровон аст, балки обу ҳаво ҳам муътадил ва хеле форам мешавад. Идораи газетаи «Ленинобод» (аввал «Роҳи колхозчӣ», баъдтар «Пролетари Хуҷанд», пас аз он «Болшевики Хуҷанд» ва дар охир «Бо роҳи Ленин») ба як штаби мадании паҳнкунандаи маданият табдил ёфта буд. Нависандаи дӯстдоштаи мо Раҳим Ҷалил, фелетончии маъруф Қурбон Баҳлулзода ва дигарон дар он газета ма­шғули кор буданд. Ман вазифаи муҳар­ририи ин рӯзномаро иҷро мекардам. Шоири ширинкалом Муҳиддин Аминзо­да, олими маъруф, профессор Зариф Раҷабов, педагогҳо Раҳим Алӣ, Ҳотам Солибоев, Ф. А. Абдуллозода иштирок­чиёни фаъоли ин газета буданд».

Ҳамон соли 1936, моҳи сентябр Тоҷӣ Усмонро ба кумитаи партиявии шаҳри Хуҷанд даъват намуда, мутасаддии қабули ташрифи устод Айнӣ ба шаҳр таъйин мекунанд. Ва Тоҷӣ Усмон ҳам­чун муҳаррири газетаи вилоятӣ истиқ­боли устод Айниро ба Хуҷанд ташкил ва роҳбарӣ менамояд. Адиб манзараи чӣ тавр бо қатора вориди шаҳри Хуҷанд шудан ва пешозгирии мардуми шаҳрро бисёр самимӣ ва барҷаста нишон до­дааст: «Соати 9-45 дақиқаи бегоҳӣ бо вақти маҳаллӣ поезд омад. Ашот Кара­мян, Рӯзибой Шерматов, ман ва чанде рафиқон сӯи вагон давидем. Ҳанӯз мо аз зина ба болои вагон набаромада, Айни­ро дидем, ки дар баромадгоҳ ҳозир ба фаромадан истодааст. Дар рӯшноии ча­роғҳои электрикӣ дидан мумкин буд, ки Айнӣ дар сар тӯппии сабзи самарқандӣ, дар тан камзӯли сафеду нави нӯғайча ва ба пояш мӯзаи хром дорад. Ришаш ҳам кӯтаҳакак буд, муйлабаш ба худаш мезебид.

Ман дар байни ҳозирон аз ҳама ҷавонтар ва чаққонтар менамудам ва барои ҳамин ҳам хез зада, ба роҳрави вагон баромадам ва баъд аз даст дода, вохӯрдӣ кардан ба нависанда «Хуш омадед!» гуфтаму ҷомадонро аз дасти он кас гирифта, аз вагон фаромадам».

Сипас муаллиф мулоқотҳои устод Айниро дар мактабу дигар муассисаҳои шаҳр ба риштаи тасвир мекашад. Дар лавҳаҳое, ки хеле ҷолиб ва хонданибоб таълиф шудаанд, пеш аз ҳама бузургӣ ва фарзонагии ин абармарди таърих дар он солҳои аввали ташкилёбии Тоҷикистон муҷассам гардидааст. Муал­лиф вохӯрии устод Айниро дар мактаби ба номи худаш чунин қаламдод мекунад:

«Вақте ки қарори Президиуми Сове­ти шаҳрӣ дар бораи ба ин мактаби нав дода шудани номи Айнӣ хонда шуд, нависанда бо ҳайрат ба ман нигоҳ кард. Ман ба он кас чизе нагуфта, чашмак задам ва табассуми табрикомез кардам. Ба ҷои ҷавоби хушнудона дар чашмҳои нависанда равон шудани ашкро мушоҳи­да кардам. Айнӣ рӯймолчаро гирифта, дар пеши назари ҳама оби чашм пок мекард.»

Устод Садриддин Айнӣ дар симои Тоҷӣ Усмон, ки он вақтҳо сармуҳарри­рии рӯзномаи вилоятии «Ленинобод»-ро ба уҳда дошт, як ҷавони боистеъдод ва рӯзноманигори боғайратро дид. Ва ба ҳар минтақае устод Айнӣ сафар мекард, албатта бо худ Тоҷӣ Усмонро меги­рифт. Дар ин сафар устод Айнӣ бештар ба таърихи Хуҷанди бостонӣ, ҷуғрофияи он ва гузаштаи диёр таваҷҷуҳ мекард. Он рӯзҳоро ба хотир оварда, Тоҷӣ Усмон менависад: «Садриддин Айнӣ дар он вақтҳо одами беқарор буд. Бо вуҷуди он. ки ҳар рӯз чандин корхонаю кол­хозҳо, мактабу муассисаҳои маданиро медид ва дар ду-се ҷой вохӯрӣ ба вуҷуд меомад, боз шабҳоро то қарибии саҳар бо нақлшунавӣ, суҳбати куҳансолону пешқадамони меҳнат мегузаронд. Рӯзи дигар боз аз ман пештар аз хоб хеста, дари хонаи маро мекӯфт ва маро аз хоби ширини пагоҳӣ бедор карда, аз паи иҷрои нақшаи онрӯза мешуд».

Ба назари Тоҷӣ Усмон чунин мера­сад, ки устод Айнӣ нақшаи китоби наверо аз таърихи Хуҷанд дар дил мепарварад. устод аз таърихи муборизаҳои халқ бар зидди аҷнабиён ва қалъаю истеҳкомҳо пурсон мешуд. Баъдтар Тоҷӣ Усмон пай бурд, ки устод Айнӣ аз таърихи мубори­заи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик асаре навиштанист. Дар ин бора адиб чунин нигоштааст: «Ман ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба Ленинобод омадани Айнӣ фаҳмидам, ки вай дар ҷустуҷӯи кадом як қалъа ва ё ҷои таърихӣ мебошад. Бинобар ҳамин рӯзи дигар мо пас аз мулоқот ва суҳбат бо олимон ва муал­лимони Институти мевадории Осиёи Миёна (САПИ) бо хоҳиши ӯ ба тамошои соҳили сойи Хоҷа Боқирғон, деҳаҳои Чорсу, Ғозиён, Кӯҳи Рухак, Дашти Амин ва Қалъача рафтем»

Тоҷӣ Усмон дар очерки сафариаш боздиди устод Айниро аз Хуҷанд батаф­сил ҳикоят мекунад. Хусусан тасвири манзараҳои дарёи Сир, соҳили мустаҳками он ва ҳаракати кемаҳо хеле табиӣ ва хон­данибоб мебошанд. Тамошои Кӯҳи Рухак, чашмаи Арзанак, Унҷӣ, нимҷазираи Сумчак ва Тути Калон ба Айнӣ як дунё завқу илҳом бах­шидааст. Тоҷӣ Усмон медид, ки Айнӣ барои асари ояндааш мавод ҷамъ мекард ва ба ҳар факту рақам ё ривояту воқеа диққат медод ва навишта мегирифт. Муаллиф очеркашро чунин идома додааст: «Мо аз он ҷо роҳи тарафи дашти Со­мғорро пеш гирифтем ва кема ба соҳили рости дарёи Сир гузашта, аз қалъаи нест шуда рафтаи Султонобод (ҳоло дар рӯ ба рӯи он стансияи электрикии обии Қайроқум сохта шудааст) сар карда, нимҷазираи совхози ҳозираи Палос, арали Унҷӣ, арали Оқтеппа, нимҷази­раи Сумчак, арали Усто Турсун, арали Раззоқ ва ғайраро як-як дидем.

Айнӣ лаб-лаби дарё гашта, ҷазираи Темурмаликро меҷуст, аммо ҳеҷ кадоме аз он ҷазираю нимҷазираҳо ба ӯ маъқул нашуд. Вай тамоми рӯз кунҷковона ба ман саволҳо медод. Мо ба шаҳр хеле бемаҳал баргаштем». Устод Айнӣ, менависад Тоҷӣ Усмон, мондашавиро ҳис накарда, бо ғайрати дучанд тамоми атрофро аз назар мегузаронд. Ӯ пиёда роҳро паймуда, таърихи маҳаллаи Тути Калонро бо кӯчаи Ҳасти Буво ва назди Урда муфассал омӯхт. Устод Сад­риддин Айнӣ дар роҳ маънидорона ба атроф нигариста, нақл кард: «Ҷазираи мудофиавии Темурмалик ҳамин Урда набошад? Вақте ки соҳил як вақтҳо дар маҳаллаи Тути Калон бошад, дар ҷазира воқеъ шудани ин урда аҷаб не! Ғайр аз ин кӯҳи он сӯи дарёро ҳам кӯҳи Муғул мегӯянд.

Муғулҳо аз он ҷо ба шаҳр наздик ома­да, ҳуҷум кардаанд. Ба ҳар ҳол, фардо он ҷоро дурусттар дидан лозим». Рӯзи дигар мо ба болои Урда баромадем ва пас аз тамошои он ба тарафи Камар Туқай равон шудем».

Тоҷӣ Усмон баъдтар иқрор меша­вад, ки ҳамаи он маълумотҳо ва анде­шаҳоеро, ки устод Айнӣ дар мавриди муборизаю набарди Темурмалик зидди душманон ҷамъ овард, баъдтар дар очерки таърихӣ-бадеии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» мутолиа намудааст. Муаллиф серталабӣ ва заҳмату бехобиҳои устод Айниро дар ин очеркаш хеле барҷаста ифода кар­дааст. Охиран натиҷаи сафари Айниро ӯ чунин хулоса намудааст: «Ин гуна суҳбатҳо хеле кам муяссар мегардид. Сабаб он ки Айнӣ ҳамеша серкор буд. Нақшаҳои сафарии ӯ хеле васеъ буду сабаб чӣ, ки вақти кам дошт. Ӯ мехост, ки ҳама ҷоро бинад, ҳамаро фаҳмад ва аз рӯи нақшаи пеш тартибдодааш ягон чизро аз хотир набарорад. Аз нақлҳои зикршуда ба осонӣ фаҳмидан мумкин аст. ки вай ба Ленинобод ҳам барои таҳқиқоти илмӣ, бо мақсади ҷамъоварии мавод, бо корҳои эҷодии нависандагӣ, омӯхтани ҳаёти меҳнаткашон омада буд. Натиҷаи ҳамин сафар буд, ки Айнӣ баъдтар асарҳои таърихӣ-бадеии худ: «Тирози Ҷаҳон» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва дигар мақолаҳои илмӣ-оммавиашро оид ба ин диёр на­вишт. Бинобар ин, вай кори бисёре дош­ту ба меҳмонҳои алоҳидаи ғайрирасмӣ суҳбатҳои шахсӣ менамуд».

Тули сафари якмоҳаи устод Айнӣ ба вилоят Тоҷӣ Усмон ҳамеша ҳамроҳу роҳбалади ӯ буд. Айнӣ Тоҷӣ Усмонро писандид ва маҳорати адабиаш омӯ­зонд. Дар сафарҳои устод ба саҳро ё корхонаю истеҳсолот Тоҷӣ Усмон дар паҳлуяш меистод. Забондонӣ ва маърифати баланду истеъдоди худодо­ди аллома Айнӣ Тоҷӣ Усмонро мафтун мекард. Хусусан ба забон ва зарофату покии он диққат додани устод Айниро муаллиф хеле дилчасп тасвир намуда­аст: «Нависанда, – гуфт Айнӣ, – бояд ҳар чизи зебоеро дида тавонад ва онро дӯст дорад, бо каломи латиф ва заро­фати махсус, мисли наққош онро тасвир намояд, мисли ҳайкалтарош онро чун муҷассамаи барҷаста нишон диҳад. Инро на ин ки бо калимоти зебои инти­хоб кардашуда, балки бо афкори зебо, яъне маънии бо мантиқу манфиатнок, шавқовар ифода кунад». Ин гуфтаҳои Айнӣ дар бораи табиатро омӯхтан ва зебоиро дида тавонистан ҳанӯз дар ҳамон вақт ба ман як таъсири бузурге бахшиданд».

Хотираҳои Тоҷӣ Усмонро дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ метавон як саҳифаи муҳим аз рӯзгору эҷоди Айнӣ номид. Мутаассифона, ин хотирот ё очерки сафарӣ ҳамагӣ як маротиба, он ҳам дар маҷаллаи «Шарқи сурх» соли 1962 нашр шудаасту халос. Тоҷӣ Усмон хотироти худро бисёр ҷо­либу хотирмон ҷамъбаст намудааст, ки бозгӯи ҳаёти ҷовидонаи аллома Айнӣ мебошад:

«Як ҳафта пеш аз вафоташ барои зиёрати Айнӣ ба боғи Совети Вазирон рафтам. Пас аз каме суҳбат яке аз ҳамшираҳои тиббӣ. ки хеле зебо буд, ба бемор дору овард. Ман аз диққати назари устод бехабар ба он духтарак бо ҳавас нигоҳ карда мондам. Баъд аз берун рафтани ҳамшираи тиббӣ Айнӣ бо табассум ба ман нигоҳ карда гуфт:

– Меҳмонхонаи Хоҷа Камол ба хоти­рам меояд. Ёд доред, ки шумо чӣ хел аз тирезаи он ба духтарони роҳгузар нигоҳ мекардед?

Дар чашмҳои устод Айнӣ ман як за­вқи ҷавониро дидам. Бори дигар дар он ҷо фаҳмидам, ки нависандаи маҳбуба­мон то дами охир сафари Ленинободро ба ёд дошт».

Ба ҳамин тартиб, очерки сафарии «Як моҳ бо Садриддин Айнӣ»-и Тоҷӣ Усмон дорои ҷанбаи таърихӣ ва илмӣ мебошад. Дар он сарнавишт, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти устод Садриддин Айнӣ тасвир ёфтааст, ки имрӯз низ дорои аҳаммияти бузурги маънавӣ-маъри­фатӣ мебошад.

Маҷид Салим

Дигар хабарҳо