• 06.06.2025

Эълон

Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ Конференсияи байналмилалии «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар рушди забону адабиёт ва фарҳангу тамаддуни ҷаҳон»-ро рӯзҳои 24-25 сентябри соли равон баргузор мекунад.

Ба ин муносибат аз пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва ҳофизшиносон даъват карда шудааст, ки дар мавзуъҳои зерин маърӯза пешниҳод кунанд:

  1. Нусхаҳои хаттии девони Ҳофизи Шерозӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон;
  2. Анъанаи шарҳнависӣ бар девони Ҳофизи Шерозӣ ва таҳқиқу баррасии шарҳҳои қадима ва нав;
  3. Тарҷума, таҳқиқ ва нашри девони Ҳофизи Шерозӣ;
  4. Ҳофизи Шерозӣ ва таҳаввули ғазал дар адабиёти форсӣ;
  5. Тасҳеҳ, нашр ва таҳқиқи шеъри Ҳофизи Шерозӣ;
  6. Ҳофизи Шерозӣ ва адабиёти ҷаҳон;
  7. Ҳофизи Шерозӣ ва суннатҳои соқиномасароӣ дар адабиёти тоҷикии форсӣ;
  8. Бозтоби симои Ҳофизи Шерозӣ дар адабиёти бадеӣ;
  9. Шеъри Ҳофизи Шерозӣ ва мусиқии суннатӣ;
  10. Ҳофизшиносӣ дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва ҷаҳон;
  11. Ҳофизи Шерозӣ ва рушду такомули забони адабии тоҷикӣ ва форсӣ дар асри 14;
  12. Маҳфилҳои ҳофизхонӣ дар муҳити адабии Мовароуннаҳр;
  13. Поэтикаи осори Ҳофизи Шерозӣ;
  14. Ҳофизи Шерозӣ дар пажӯҳиши шарқшиносони ҷаҳон;
  15. Сохтори луғавӣ, маъноӣ, сарфию наҳвӣ ва услубии забони ашъори Ҳофизи Шерозӣ;
  16. Таъсири Ҳофизи Шерозӣ ба шуарои туркзабон;
  17. Баррасии тафаккури адабӣ ва ҳунарии Ҳофизи Шерозӣ;
  18. Масъалаҳои матншиносӣ ва нашри ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ;
  19. Ҳофизи Шерозӣ ва саромадони шеъри форсӣ;
  20. Ҳофизи Шерозӣ ва пасояндагони ғазали форсӣ;
  21. Ҷомеашиносии ашъори Ҳофизи Шерозӣ;
  22. Сабкшиносии шеъри Ҳофизи Шерозӣ;
  23. Баррасии шеъри Ҳофизи Шерозӣ аз манзари равоншиносӣ;
  24. Ҳофизи Шерозӣ ва ирфон;
  25. Китобшиносии Ҳофизи Шерозӣ;
  26. Ҳофизи Шерозӣ ва фолклор;
  27. Танқид ва мазаммати хурофоту бегонапарастӣ дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ;
  28. Таълимоти ахлоқӣ ва тарбиявии Ҳофизи Шерозӣ.

Мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ қабул мегарданд ва бояд дар ҳаҷми аз 7 то 12 саҳифа аз 1 сентябри соли 2025 ба суроғи зерин ирсол карда шаванд:

Ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, телефонҳо: 227-29-07, (+992) 904-46-23-87

Муҳлати ниҳоии ирсоли мавод 1 сентябри соли 2025 аст.

Дигар хабарҳо