ЭММОНУИЛ МУЛЛОҚАНДОВ
ЭММОНУИЛ МУЛЛОҚАНДОВ 2 июни соли 1912 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе таҳсил (нопурра) кардааст. Аз соли 1930 мусаҳхеҳ, баъдан тарҷумони рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», мудири шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст. Баъди таҳсил дар Маскав боз ба тарҷумонӣ пардохтааст.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, баъди ҷанг, аз соли 1945, тарҷумони адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», мудири шуъбаи тарҷумаи нашриёти давлатӣ, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи таърихи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон будааст.
Зиёда аз сӣ асари адибони дунёро ба тоҷикӣ гардондааст, ки «Каштанка»-и А.П. Чехов (1935), «Дар талоши ҳаёт»-и Ҷ. Лондон (1936), «Зодагони тӯфон»-и Н. Островский (1932), «Онҳо барои Ватан меҷангиданд»-и М. А. Шолохов (1949), «Ҳикояҳои Севастопол»-и Л. Н. Толстой (1952), «Рӯзе мерасад»-и М. Иброҳимов (1954), «Падарон ва фарзандон»-и И. Тургенев (1962), «Хонум Бовари»-и Г. Флобер (1967), «Таърихи як шаҳр»-и М. Салтиков-Щедрин (1974), «Соати регӣ»-и В. Каверин (1975) ва ғ. аз он ҷумлаанд.
Муаллифи чанд мақолаи пурарзиш дар бораи забони тарҷума ва маҳорати баргардониш мебошад, ки дар маҷмӯаи мақолаҳои ӯ «Забон дар тӯли замон» (1985) ба табъ расидаанд.
Аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
18 августи соли 1977 аз олам даргузашт.