«Эй дӯст, дар куҷоӣ?»
Ба муносибати 70-солагии шоири зиндаёд Искандари Хатлонӣ
Вақте хабари марги Искандар бори аввал аз тариқи оинаи нилгун садо дод, бачаҳоям ҳайрон ба рӯи ман нигариста, суол карданд:
– Ин ҳамон Искандар аст, ҳамоне ки дар хонаи мо меҳмон буду бо мо шашкабозӣ кард?
– Ҳа, ҳамон Искандари шоир аст, – гуфтаму нафасам дар гулӯям печид, дар чашмони бачаҳоям ашк ҳалқа зад.
Ман низ муддатест аз марги нобаҳангоми дӯст чун шамъ месӯзаму дарунӣ гиря мекунам, ба қотилаш лаънат мехонам. Охир, ман бо дӯстам ҳанӯз суҳбатҳое наороста ва суханҳои бисёре нагуфта доштам. Ӯ як ҷаҳон шеъру ғазалро бо худ ба хоки сиёҳ бурд. Ҳарчанд дар ҷодаи душвору ноҳамвори шоирӣ аз бисёр шириниҳои зиндагӣ маҳрум мондам, вале аз он меболам, ки маро ин пеша бо бисёр шахсони нотакрору хушбину нексиришт ҳамсуҳбату ҳамнишин кард.
Ҳангоми дар ноҳияи Дарбанд кор карданам, ҳар боре ки аҳли қалами ҷумҳурӣ ба хидмати сафарӣ меомаданд, аввал маро суроғ мекарданд. Дар хонаам меҳмон мешуданду базмҳои шеър меоростем.
Ин гуна вохӯриҳо бо устод Бозор Собир, шодравон Мавҷуда Ҳакимова, Қувват Давлат, Низом Қосим, Акбар Шариф ва шодравон Искандар ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар сафҳаи хотироти ман ҷовидонӣ нақши ширину гуворое гузоштаанд.
Зимистони солҳои 1988-1989 буд. Ман бо коре се рӯз ба сафари хидматӣ дар пойтахт будам. Вақте аз сафар баргаштам, дар кумитаи ҳизбӣ гуфтанд, ки шоире ду рӯз боз суроғат дорад. Ба меҳмонхона рафта, Искандарро дидам. Искандаре, ки даҳ сол пазмонаш будам. Ӯ дар ин муддат дар нашриёти «Прогресс»-и шаҳри Маскав кор мекард. Ӯро оғӯш карда, аз ҳолу аҳволаш пурсон шудам.
Маълум шуд, ки Искандар ба шаҳри Душанбе омада, дар идораи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ифои вазифа мекардааст. Ҳафтае пеш дар хоҷагии «Миёнаду» аз офати табиӣ деҳае зери лойоба монда, аҳолӣ талафоти ҷонию молӣ дида буд ва Искандарро аз идора барои мавод тайёр кардан фиристода буданд. Ӯ арз кард, ки ду рӯз боз дар ин ҷосту барои то деҳаи Миёнаду рафтан касе мошин намедиҳад.
Дар фасли зимистон сафари роҳи хоҷагии «Миёнаду», ки аз маркази ноҳия 100 километр дур аст, хеле душвор буд ва дар ин фасли сол на ҳар кас ҷуръати сафари он ҷоро дошт. Бахусус ҳангоми аз сангҷарҳо рехтани санг дар ин гуна сафарҳо ҷони кас дар баданаш бозӣ мекард.
– Дӯстам, хотиратро шод гир, агар хоҳӣ, ҳозир ба он ҷо роҳӣ мешавем, лекин сафари субҳ беҳтар аст, зеро саҳар сангҷарҳо яхбастаанду санг камтар мефурояд.
Ӯ қабул кард. Ронандаро супориш додам, ки рафта ба сафар тайёр шавад. Баъд мо бо шеърҳои тозаи ҳамдигар шинос шудем.
Вақте ки ман шеъри «Кӯҳистон»-ро хондам, Искандар хоҳиш кард, ки як бори дигар хонам:
Кӯҳсорон, кӯҳсорон,
Эй диёри ҷумла мардони пурармон,
Сарзамини сахтсарҳо,
Эй самои шоҳпарҳо.
Ман сарлавҳаи мақолаамро аз ҳамин шеъри ту мегирам, – гуфт ӯ ва дар ҳақиқат мақолааш баъди анҷоми сафар дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» бо номи «Сахтсарони кӯҳистон» чоп шуд.
Рӯзи дигар мо роҳи деҳаи Миёнадуро пеш гирифтем. Барфи боронолуда меборид. Ба сарамон ҷо-ҷо аз сангҷарҳо сангчаҳо ҳам рехт. Шом ба деҳа расидем, моро раиси хоҷагӣ Ғайратов ба хонааш бурда, хуб меҳмондорӣ кард.
Саҳар ба ҷои воқеа рафтем. Манзараи мудҳишро бо чашмони худ тамошо кардем. Чанд хона ба зери хок монда буд. Фавтидагонро гӯронда буданду маҷрӯҳҳоро дар шифохона хобонда.
Мо якҷоя ба шифохонаи хоҷагӣ ба аёдати беморон омадем. Искандар бо онҳо кӯтоҳу пурмаънӣ суҳбат кард. Фаҳмидем, ки ба зарардидагон кумаки моддӣ расонидаанд. Беморон ба Искандар нигоҳи меҳрбор ва пур аз миннатдорӣ карда, гуфтанд, ки баъди ин воқеа аввалин рӯзноманигор аст, ки аз аҳволи мо хабар мегирад.
– Аз мо як каф дуо, – гуфт Искандар ва даст ба рӯ кашида, дар ҳаққашон дуои нек карду аз шифохона берун омадем. Рӯзи дигар ба маркази ноҳия омада, дар чанд маҳфилу мактаб вохӯрӣ барпо намуда, шеърхонӣ кардем. Бегоҳӣ ба хона рафтем.
Мехостам вохӯриаш бо сокинони ноҳияи нав баргузор шавад, вале дидам, ки ӯ андаке хаста шудаасту бо бачаҳоям ба завқ шашкабозӣ дорад, дигар беқарораш накардам. Баъди ҳамин сафар, ҳар боре ки бо шиносе ё наздике вомехӯрдам, мегуфтанд, ки Искандар шуморо доим сифат мекунаду ҷавонмард аст мегӯяд. Ман андаке хиҷолат кашида, мегуфтам, ки мо бо мошин сафар кардем, вале агар лозим меомад, барои Искандар пои пиёда ҳам, ҳатто дар зимистони қаҳратун, то он деҳаи офатзада мерафтам.
Искандарро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон хонданам мешинохтам. Ӯ дар омӯзишгоҳи сохтмон мехонд. Бисёр вақт аз дарс баромада медидам, ки ӯ дар даҳлези донишгоҳ маро интизор аст. Мо якҷоя чой мехӯрдем. Бештар ба тамошои фаввораҳои назди Театри опера ва балет меомадем.
Искандар забони русиро ҳамон солҳо ҳам хуб медонист ва бисёр ширину зебо ҳарф мезад. Мо ҳамнасаб будем ва номҳоямон ҳам бо ҳарфи «И» сар мешуд. Бисёр иттифоқ меафтод, ки шеърҳои Искандар чоп мешуду маро табрик мекарданд ё шеърҳои ман чоп шавад, Искандарро. Боре шеърҳои навамро ба назди Мавҷуда Ҳакимова (руҳаш шод бод) бурдам. Шоира маҷаллаи «Садои Шарқ»-ро бароварда, «шеърҳоят хуб, ба ман маъқул шуданд» гуфта, маро табрик кард. Ман ба муаллима фаҳмондам, ки ин шеърҳои ман не, аз Искандар Идиев аст.
Ҳамчунин чанд сол пеш бо шоир ва тарҷумон Алишер Қиёмов дар маъракае ҳузур доштем, ӯ гуфт, ки ҳангоми дар институти адабии Маскав ҳамроҳи Искандар хондан рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба дастам афтод, ки дар он бо насаби Идиев як силсила шеърҳо чоп шуда буд. Тохта ба назди Искандар рафтаму ӯро табрик кардам, вале Искандар рӯзномаро диду гуфт: – Ин шеърҳои Иззатбек аст.
Вақте ӯ Искандари Хатлонӣ тахаллус гирифт, ман ҳам қафо намонда, тахаллуси худро Иззати Раштӣ гузоштам.
Искандар содаву дилсофу нексиришт буд. Кӯдакона ҳарф мегуфт, кӯдакона табассум мекард, кӯдакона ишқ меварзид, поку беолоиш. Нигоҳаш доим ба нуқтае банд буд. Гӯё сӯи манзилҳои дуру афсонавие парвоз мекард. Шояд аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки ӯ маҷмуаи аввалини худро «Парвоз» ном ниҳод.
Шеъри нав мегуфт, ашъори шоирони бузурги дунёро тарҷума мекард. Дар шеър натанҳо маънии тоза, балки кӯшидааст, ки калимоту таъбирҳои навро истифода барад:
Сари калтути пири ҳавлии моро
Зи нав тар мекунад борон.
***
Момаи пирам шабу рӯзи дароз
Аз Худо дорад ниёз:
«Парвардигоро
Баччаамро бош ёр!…»
Китобашро варақ мезанем, сатрҳое ба забон меоянд. Гӯё Искандар навакак шеър гуфтаву онро чун васияте бароям мехонад:
Он ки бедор асту имшаб ёди фардо мекунад,
Ҳарфҳое дар сукути хеш пайдо мекунад.
Медиҳад пайванд тори ноаён бигсастаро,
Нағмаҳои мурдаро дар хеш эҳё мекунад…
Ҳаст дар сайёра он Рухшонае, ки то ҳанӯз
Ошиқи Искандар асту ёди Доро мекунад.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба арсаи эҷод қадам ниҳодани Искандар адибону олимон ашъорашро хуш пазируфта буданд. Дар бораи эҷодиёташ мақолаву тақризҳо чоп мешуданд, ҳамчун шоири умедбахшу тозакор эътироф гашта буд. Ба фикрам, имрӯз эҷодиёти шоири ҷавонмаргро мавриди таҳқиқ қарор додани муҳаққиқон кори хайр ва ба манфиати адабиёти мо хоҳад буд. Зеро Искандар аз ҷумлаи шоиронест, ки берун аз марзи Тоҷикистон ашъораш баррасӣ ва эътироф шудааст.
Искандар шеърро дӯст медошт, ба ҳама, аз ҷумла ба аҳли адаб, эҳтироми хоса дошт.
Мо низ ӯро ёд мекунем. Равонаш шоду ёдаш гиромӣ бод!
Иззатбек ИДИЗОД