ШУЪЛАҲОИ ФУРӮЗОНИ УМЕД
16-17 июни соли равон бо ибтикори Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон курс-конференсияи минтақавии адибони ҷавон баргузор шуд, ки дар кори он эҷодиёти навқаламони умедбахш баррасӣ ва баҳогузорӣ гардад.
Нахуст дар маҷлисгоҳи китобхонаи марказии вилоят расми оғози курс-конференсия доир гардид. Лаҳзаи қироати шеърҳо дар бораи хидматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, бузургӣ ва неъматҳои истиқлол, Ваҳдати миллӣ, бахту саодати халқ аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ ба ҳозирин таассуроти амиқ бахшид.
Муовини аввали Раиси ИН Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ширкаткунандагони курс-конференсияро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намуда, иттилоъ дод, ки беҳтарини онҳо барои ширкат дар курс-конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки баргузории он ҳамин сол дар шаҳри Хуҷанд дар назар аст, тавсия дода мешаванд. Котиби масъули шуъбаи ИНТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Озар аз таваҷҷуҳи Раёсати ИНТ ба тарбияи адибони навқалам изҳори сипос карда, ба эҷодкорони навқалам барору комёбӣ орзу намуд.
Сипас бо намунаҳои назму насри онҳо муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, мудири шуъбаи насри ИН Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, мудири шуъбаи насри ИН Тоҷикистон Равшан Махсумзод ошно шуда, сипас дар гурӯҳҳои алоҳида ба муаллифон дар хусуси ҳусну қубҳи навиштаҳояшон суҳбат намуданд.
Ато Мирхоҷа, Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, Равшан Махсумзод дар фазои озоду самимона навиштаҳои ҳар як иштирокчии курс-конференсияро санҷида ва перомунашон андешаҳои худро иброз доштанд. Дар зимн адибони шинохта дар маҳфилҳо оид ба заҳмати эҷодӣ, вазъи назму насри замони истиқлол, таҷриба ва анъанаҳои устодони каломи бадеъ, навҷӯӣ ва таҷрибаҳои тозаи эҷодӣ суҳбат оростанд.