Шумо чӣ китоб мехонед?
Файласуфи бузург Денни Дидро менависад: “Инсоният аз фикри солим бозмемонад, агар аз китобхонӣ даст кашад”. Мо – тоҷикон бо дарки ин маънӣ аз гузашта то ба имрӯз хавфи нахонданро амиқ дарк намуда, китобро чун ҳамнафаси бехалал баргузидаем. Ҳамеша дар бағал китоб доштаем. Китоб миллати моро мудом раҳнамои расидан ба зиндагии шоиста будааст. Махсусан, чанд сол аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо ба василаи роҳандозӣ шудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ибтикори шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, тантанаи хонишу дониш барпост.
Мавриди зикр аст, ки аз 15 август дар кишвари мо даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад, ки он то 27 августи соли 2024 идома меёбад. Аз ин хотир, тасмим гирифтем, ки аз намояндагони касбу кори гуногун ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ перомуни он ки ин шабу рӯзҳо чӣ китобҳоеро мутолиа доранд, назар бипурсем.
Бобоҷони Шафеъ, рӯзноманигор:
– Муждаи субҳ”-и Суҳроби Зиёро мехонам. Ба назарам, ҷолибтарин китобест, ки тайи ин ду соли охир хондам. Гӯё дар маҳфили бузургоне қарор доред ва бо онҳо ё суҳбат мекунед ва ё суҳбаташонро бо камоли майл мешунавед.
Маҷмуаи суҳбату очерку лавҳаву сӯгномаҳо. Суҳбат бо бузургоне чун Муҳаммадҷон Шакурӣ, Муъмин Қаноат, Фарзона, Абдулҳамид Самад, Саъдинисо Ҳакимова, Сафарбеки Солеҳ… Ин суҳбатҳо ҳам таърихианду ҳам муосир, дарди миллату Ватану замон.
Хеле писанд аст. Бо як-ду ҷумла намешавад бардошти худро навишт, вале ба ҳадде писанд омад, ки тавсия медиҳам бихонед.
Марям Давлатова, равоншинос:
– Айни замон ҳикояҳои хурди муаллифони гуногунро мехонам, аниқтараш гӯш мекунам. Аз ҷумла, Сомерсет Моэм ва Агата Кристиро. Ҳар рӯз панҷ ё шаш ҳикоя.
Нияти бори дигар гӯш кардани ду асари калонҳаҷмро дорам. Якумаш «Ду ҳаёт»-и Конкордия Антарова, дуюмаш «Роҳ ба суйи хона»-и Крайон.
Ин асарҳо мистикӣ-оламшиносиянд. Дар асари аввал қаҳрамон аз мактаби бузурги устодони тавонои қувваҳои некӣ дар бедорияш мегузарад. Дар дуюмаш дар ҳолати беҳушӣ – кома. Хулосаҳои зебо ва хеле муҳим доранд, ҳамроҳи қаҳрамонон ҷанбаҳои гуногуни як ҳолатро кашф мекунед. Ин асарҳоро ҳар сол як бор гӯш мекунам ва чизҳои тозаро кашф, чизҳои пештараро устувор менамоям. Худамро месанҷам, ки то чӣ андоза ин сабақҳоро аз худ кардаам.
Некрӯз Ҷалилиён, коргардони синамо:
– Айни ҳол ба хотири омӯзиши забонии англисӣ китоби «The little prince»-ро мехонам. Чанд вақт пеш китоби Роберт Грин «48 законов власти»-ро хондам, ки хеле таъсиргузор буд ва маълумоти муфид дошт.
Ризо Баҳромзод, номзади илми физика:
– Ҳоло китоби Ювал Ной Ҳарари «Sapiens. (“Таърихи кӯтоҳи инсоният»)-ро хонда истодаам. Ин китоб ба таърихи инсоният аз нигоҳи илмҳои табиатшиносӣ, махсусан биологияи таҳаввулӣ менигарад ва ба таърих чун тағйирёбии фарҳангӣ баҳо медиҳад. Китоби мазкур ба ман писанд омад ва хонданашро барои дигарон тавсия медиҳам.
Лутфия Қурбонова, рӯзноманигор:
– Кас вақте аз гирудорҳои саҳнаи ҳаёт монда мешавад, барои болидарӯҳияш машғулияте меҷӯяд. Дар ин ҳолатҳо, ки ғайриихтиёр ба суроғи кас меоянд, ба таронаҳои шарарбори шоири шаҳири юнонӣ Блитис панаҳ мебараму оромиш меёбам.
Таронаҳои Блитис касро аз чанголи ғам ва яъсу ноумедӣ мераҳонанду боли парвози хушҳолӣ мебахшанд. Магар метавон аз канори ин қаламдодаи шарарбори Блитис, ки як навъ шабоҳат ба расму одат ва одобу ахлоқи мо занҳои Шарқ дорад, бепарво гузашт: «Модарам ҳар шаб маро дар торикӣ мешӯяд ва дар рӯшноӣ ҷома ба танам мекунад ва дар нури чароғ гесувонамро меорояд. Аммо, агар бихоҳам маҳтобшаб аз хона берун равам, камарбандамро тангтар мефишорад ва гиреҳи сахттар бад-он мезанад. Мегӯяд: «Танҳо бо дӯшизагон бозӣ кун ва ҷуз бо бачаҳои кӯчак марақс. Аз панҷара ба берун нигоҳ макун. Аз суханони писарони ҷавон бипарҳез ва гӯш ба панди бевазанон мадеҳ!”
Жанри таронаро хеле меписандам, аз ин рӯ, дар баробари дигар маҷмуаи таронаҳои адибони ватанию хориҷӣ таронаҳои Блитис мудом китоби руйимизии ман аст. Аз шаҳди таронаҳои ноби ин шоири хушбаён шодоб мегардаму барои идомаи зиндагӣ неруву тавони ҷисму ҷон мегирам. Ва гаштаю баргашта мутмаин мегардам, ки «сухан қудрати ҷонофарин дорад…» Боз ҳам сеҳру нафосати хомаи адибон аст, ки ба рангҳои гоҳ рӯшан ва гоҳо норӯшани зиндагии мо ва ҳамзамонон таровату рангорангию лаззати маънавию эстетикӣ ҳадя месозад.
Аз туҳфаи гаронарзиши Пешвои муаззами миллат-китоби «Тоҷикон» ҳам дар лаҳзаҳои фориғ аз кор самаранок истифода мебарам. Ҳар боби ин шоҳасар сарнавишти миллати моро дар арсаи таърих намоён месозад. Тухми муҳаббати ватандорӣ, ватансозӣ, худшиносию худогоҳии миллиро дар ниҳоди кас месабзонад. Китоби “Тоҷикон” дар рафи аз ҳама болои ҷевони китобхонаи ман гузошта шудааст, зеро рӯҳи шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик дар он нуҳуфтааст.
Фарҳод Ғаффорпур, ҳунарманд:
– Вақтҳои охир бештар китобҳои савтӣ гӯш мекунам. Ҳоло китоби «Байни биҳишту дӯзах”-и Александр Миттаро гӯш карда истодаам. Китоб дар бораи асосҳои навиштани филмнома аст. Хеле писанд омад ва фикр мекунам, ки ҳар филмсоз бояд бо он шинос шавад.
Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор:
– Китоби олими ҷавон Ҳошимҷон Аслоновро, ки «Таърихи Тоҷикон – то аҳди Сомониён» ном дорад, хатм намудам. Тозакорӣ дорад асар. Умдагияш ин аст, ки таърихро дар ҳамбастагӣ ба динҳо таҳия кардааст. Масалан, офариниш аз нигоҳи динҳо ва баъдан аз нуқтаи назари дин. Дар фосилаи хондани ин асар “Девон”-и Кироми Бухороӣ низ хатм шуд. Шоири тавонои асри XVIII ва, мутаасифона, ба доираи адабии Тоҷикистон камошност. Пажӯҳишеро низ аз Анзурати Маликзод, ки перомуни осори Абушакури Балхӣ анҷом додааст, хондам. Одате дорам, ки як асари насрӣ, як назмӣ ва якто пажӯҳишро ҳамзамон ба хонданашон шуруъ мекунам.
Таҳияи Б. Раҳмониён