ШУКӮҲӢ аввалин буд

 ШУКӮҲӢ аввалин буд

Бахшида ба 100-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ

Адабиёт дар маҷмуъ, чунонки занонаю мардона набудааст, бачагонаю калонсолона ҳам намешавад, вале забони баъзе асарҳо содатар аст, ҷумлаҳо он ҷо кӯтоҳтаранд, мавзуъ ва муҳтавояш ба завқу шавқу ҷаҳонбинии хурдсолон мувофиқ мебошад, яъне атфол ҳадафи муаллифро ба зудӣ пай мебаранду ҳикмати асар аз назари онҳо пинҳон намонад ва мо он асарро «бачагона» ё «барои бачаҳо» мегӯем. Ингуна асарро баъзе адибон дидаю дониста эҷод мекунанд, балки чандсола ани бача ва ҳатто дар кадом синф таҳсил карданашро ба назар мегиранд. Дар кишварҳое, ки барои бачаҳо соле ҳазору ду ҳазор, ё зиёдтар аз ин номгӯй китоб чоп мешавад, ҳар синну сол адиб дорад. Гоҳо дар муқоваи китоб рақами «3», «4», «5» ҳам менависанд, ки ишора ба синни хонандаи ин китоб аст. Муассисаҳои таълимӣ ё вазоратҳо ҳам ба адибон супориш медиҳанд, ки дар фалон мавзуъ ва бароги шогирдони фалон синф китоб нависанд. Хулоса, асаре, ки барои хурдсолон эҷод мешавад, чанд хусусиати махсус гирифтааст (маҳз аз ин сабаб эҷоди асарро барои хурдсолон душвор мегӯянд) ва адиби бачаҳо ҳангоми эҷод он хусусиятҳоро набояд сарфи назар намояд. Ҳамин тавр, истифодаи мафҳуми «адабиёти бачаҳо» ногузир шуд, зеро хурдсолон зиёдтар аз дигарон, балки ҳар рӯз китоб мехонанд ва падару модару омӯзгоронро лозим меояд, ки пайваста барои онҳо китоб ҷустуҷӯ кунанд, тавсия намоянд ва гоҳи ба китобхона ё мағоза рафтан «китоби бачагона » персанд.

Як хусусияти хоси адабиёти барои бачаҳо эҷодшуда ин аст, ки онро калонсолон ҳам бо завқ мутолиа мекунанд, вале бачаҳо на ҳар асарро мутолиа карда мефаҳманд. Ҳамин аст сабабу баҳонаи шартан ба калонсолонаю бачагона ҷудо шудани адабиёт. Аҷибтар ин аст, ки адибоне, ки барои калонсолон асар менависанд, гоҳо аз сари шавқу илҳом барои хурдсолон низ шеъру қиссаю достону афсона, ҳатто чистону тезгӯяк эҷод кардаанд. Устод Айнӣ «Мактаби куҳна» ва чанд шеъри мондагор навиштаанд, Абулқосим Лоҳутӣ ҳам шеъру чистон гуфтаанд, Боқӣ Раҳимзода достони «Чашмаш ало шуд» эҷод карда буданд, чанд шеъру чистону тезгӯяки Абдусалом Деҳотӣ ҳамеша вирди забони бачаҳост, ҳатто Гулназар, Муҳаммад Ғойиб, Раҳмат Назрӣ , Низом Қосим, ​​Меҳмон Бахтӣ ва дигар адибони машҳури мо хурдсолонро фаромӯш накардаанд.

Аз ин силсила ду асари насрии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукуҳӣ «Об аз куҷо меояд?» ва «Боғи Шакарханд», инчунин, шеърҳои хуби ӯро ба ду сабаб метавон махсус қайд кард. Якум, то нашри ин ду асари насрӣ ягон адиб ҷуръат накарда буд, ки барои бачаҳои синни хурди мактабӣ повест нависад. Дуюм, Аминҷон Шукуҳӣ аз шеваҳои эҷоди асари бачагона огоҳ буд, яъне ҳамон ҳафт хусусиати хоси онро ҳангоми эҷод ба эътибор гифт.

Мавзуи асари «Об аз куҷо меояд?» мураккаб нест, забони повестҳо содаанд, ҷумлаҳо одианд, калимаҳои душворфаҳм ба қадри зарурат истифода шудаанд, дар асарҳои адиб маҳз ҳаёти бачаҳо ва басо боварбахш тасвир шудааст, симоҳои асосӣ хурдсол, донишҷӯ, кунҷков ва шӯху беқароранд, дар повестҳои адиб лаҳза ва манзараҳои хушунату хунрезӣ, таҳқиру даҳшат, тасвирҳои дилгиркунандаю тӯлонӣ ба назар намерасанд ва ниҳоят дар анҷоми повест бачаҳо ба мақсад мерасанд.

Албатта, вобаста ба мазмуну мундариҷа, забон ва тарзи баён, ҳусну қубҳи асар муҳаққиқону хонандагон дар замони чопи он ва баъдтар низ мақолаҳо навиштанд. Вале ин асар имрӯз низ серхаридору серхонанда боқӣ мондааст, аз ин сабаб баъди чанд даҳсола ба сифати як хонанда мехоҳам чанд андешаи худро рӯйи коғаз биёрам, ба дигар маънӣ, ба як савол то ҳадди имкону то ҷое зӯри дониши банда мерасад, ҷавоб гӯям: сирри шуҳрати повести «Об аз куҷо меояд?» чист?

Якум, ҳар кас, ки ин китобро мутолия кардааст, медонад, ки боби аввали он «Моҳи Асад» унвон дорад. Аминҷон Шукуҳӣ медонист, ки хурдсолон беқароранд ва тоқати зиёд сухан шунидан надоранд: бачаҳо мисли мӯрчаҳою занбӯри асал мудом дар ҳаракатанд, аз ин сабаб суханро ба дарозо накашида, аз тасвири манзараю шарҳи ҳоли қаҳрамонон худдорӣ намуда, якбора ба баёни воқеа мегузарад. Аз саҳифаи аввал бачаҳо дарк мекунанд, ки ин асар дар бораи кист ва барои чистота, ҳатто саволи асосии асар, ки ҳам Асадуад Сам ва хонанда ба он ҷавоб пайдо кардан мехоҳанд, – «Об аз куҷо меояд?» дар боби аввал якбора баён шудааст.

Дуюм, дар адабиёти мо аз силсилаи асарҳое, ки барои бачаҳои синни хурди мактабӣ эҷод шудаанд, «Мактаби куҳна»-и устод Айнӣ беназир аст ва имрӯз танҳо қиссаи «Об аз куҷо меояд?»-и Аминҷон Шукуҳӣ чунин шуҳрату маҳбубиятро соҳибу сазовор гаштааст, яъне то солҳои 70-уми асри гузашта барои атфол асари калонҳаҷм эҷод нашада буд. «Тобистон»-и камназири Пӯлод Толис, қиссаҳои фантастики мондагори «Занбӯри айнакдор», «Аҷоиботи Нодар», «Бозгашт» -и Абдумалик Баҳорӣ ва «Таътил»-и Болта Ориқ барои наврасонанд. Мо носири хуби атфол, мисли Николай Носов, надоштем, ҳама шоир буданд. Аз адибони мо маҳз Аминҷон Шукуҳӣ ҷуръат намуда, асаре навишт, ки ҳатто хурдсоле, ки ҳанӯз мактабнадида аст, агар барои ӯ чанд саҳифаи «Об аз куҷо меояд?»-ро хонед, ё нақл намоед, гӯш фарм.

Сеюм, симоҳои асосии асар бачаҳоянд, ҳар сухан ва ҳаракати онҳо боварбахш, басо табиӣ тасвир шудааст. Дар ягон муколама Асаду Самад мисли калонсолон сухан намэгӯянд. Ҳар амал, ки бачаҳо анҷом медиҳанд, кӯтоҳу мухтасар ба қалам дода шудааст ва муаллиф дурусту нодуруст, хатою савоб будани он амалҳоро беҳуда шарҳ надода, муҳокимаю баҳо доданро пурра ба ихтиёри хонандаи хурдсол ҳавола кардааст ва хонанда ҳам ба осонӣ дарк мекунад, ки адиб чӣ гуфтан мехоҳад ва ин манзараю воқеаро ба кадом хотир тасвир намудааст.

Агарчӣ аз чопи нахустини «Об аз куҷо меояд?» 54 сол сипарӣ гардидааст, ғояи асар куҳна нашдааст: ҳамон бозию ҳамон шӯхию ҳамон шавқу завқи ба ҳар замону макон хос ва ҳамон бачаҳо!

Чорум, дар ҳар саҳифа 1-2 ва дар ҳар боб 5-10 воқеа тасвир шудааст. Ҳар воқеа ҳикмате дорад ва хонандаи хурдсол дониш мегирад. Дар ҳамин боби «Моҳи Асад» Асаду Самад нахуст хурӯсро оббозӣ дорондан мехоҳанд, баъд аз пайи мурғи чипор медаванд, сипас Мошонро ба об медароранду дасту рӯяшон харошида мешавад, як соат пас бачаҳо малах гирифта, Асаднин Мошон механ дода, оштӣ дар куҷо будани даҳони як ниҳолро ҷуста, аввал сари онро хам мекунанд, баъд замини зери ниҳолро канда, решаашродан ди мехоҳанд ва ниҳоят баъди шӯрбо хӯрдан Асаду Самад гарм шуда, барои оббоз мераванд. Аммо дар ҷӯй об набуд. Онҳо ба ҷӯй об сар додан мехоҳанд ва дар суроғи сарбанд мешаванд. Ҳангоми аз обмӯрӣ гузаштан Самад, ки лӯндача буд, дармемонад. Ин лаҳза симои нави асар пайдо мешавад – Бурҳони Биҳӣ меояд. Бурҳони Биҳӣ бачаҳоро дузд мегӯяд, ноль соҳиби анҷирзор буд, лекин барои об омадани онҳоро фаҳмидаю бовар карда, як лаълӣ анҷир меорад. Банохост Самад худ бехабар мепурсад: «Амак, биҳӣ кай мепазад?». Бурҳони Биҳӣ, ки аз биҳӣ қимоб буд, якбора девона мешавад… Дар чанд саҳифаи аввали повест ин қадар воқеа тасвир шудааст ва боз чанд ҳодисаи дигарро мисол наовардем. Пас, бачаҳо ин гуна китобро чаро бо завқ нахонд ва дар ёд нагиранд?!

Панҷум, забони асар хоси бачаҳост. Ин ҳунарро на ҳар адиби бачаҳо касб кардааст.

Шашум, калонсолон дар повест агарчи нақши дуюмдараҷа бозидаанд, вале симоҳои барҷастаанд. Таваккалхоҷа ва Бурҳони Биҳӣ ҳарчанд «душман»-и ашаддии Асаду Самаданд, чунон тасвир шудаанд, ки хонанда ғайриихтиёр меписандад ва ба ҳоли онҳо гоҳо дилаш месӯзад. Бачаҳою Таваккалхӯҷю Бурҳони Биҳӣ борҳо моҷаро карда, «қаҳрӣ» шуда, борҳо оштӣ шудаанд ва моҷарои хурдсолону калонсолон ҳаргиз аз доираи одоб берун гнездо, балки завқмеи хонандаро ба мутолиа кузидарётар. Кас ҳайрон мемонад, ки Шоири халқии Тоҷикистон, сарояндаи ашъори лирикӣ, собиқ корманди милиция аз куҷо руҳу илҳом гифта, ба эҷоди чунин асари аҷиб даст зад?! Кадом як ҳамдеҳаи Шукуҳӣ чанд сол пеш дар шабакаи Интернет ба ёд оварда, навишта, ки бисёр симоҳои китоби «Об аз куҷо меояд?» ҳаётианд ва нависанда ҳар сол рухсатӣ гирифта, ба зодгоҳаш – деҳаи Румон меомад, бо бачаҳо футболбозӣ мекард, гоҳо ҳакам мешуд ва баъди бозӣ ҳама дар Сирдарё оббозӣ мекарданд… Аминҷон Шукуҳӣ бачаҳоро дӯст медошт, беҳтар аз дигар калонсолон, аз ин сабаб асари мондагон офарида тавонист. Мегӯянд, ки боре писари адиб ба оби ҷӯйборе, ки аз ҳавлиашон мегузашт, ишора намуда, аз падар пурсидааст: «Дада, ин об аз куҷо меояд?» Ҳамин саволи писар Шукуҳиро водор кард, ки повест нависад. Соли 1974 қисмати дуюми он «Асад ва Самад», каме баъдтар «Боғи Шакарханд» эҷод шудааст.

Ниҳоят, шашум, бояд иқрор шуд, ки ягон қаҳрамони адабиёти бачаҳои тоҷик мисли Асаду Самад машҳур гнездо. Модонхӯҷаи Николай Носов, Буратинои Алексей Толстой, Нимнахӯдаки Андерсен, Геклибери Фини Марк Твен, Гарри Потер ва даҳҳо қаҳрамонони асарҳои бадейро медонему мешиносем, ки барояшон пайкараю нимпайкараҳо гузоштанд, қаҳвахонаю кӣдаукистону боду. Дар адабиёти бачаҳои мо Асаду Самад бемисланд. Меарзад, ки дар ягон боғи пуршукуҳу дилрабои Душанбе, ё Хуҷанд ва ё шаҳрҳои дигари мамлакат барои Асаду Самад ҳам пайкара гузорем ва хуб мешуд Шоири халқии Тоҷикистон аз дасти бачаҳо мегирифт…

Воқеан, тамоми довталабони номинатсияи адабиёти бачагонаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» повести «Об аз куҷо меояд?»-ро мутолиа кардаанд ва ҳама ба ҳар саволи янҳӣкамон бехато ҷавоб! Гумон мекунам, дар замони Истиқлол ин повест мертви дубора ва шуҳрати тоза касб кард.

Азизи Азиз, нависандаи бачаҳо

Дигар хабарҳо