«Шукуфаҳои Истиқлол»
Чанде пеш дар нашриёти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд як силсила маҷмуаҳои нахустини шоирони ҷавон, иштирокдорони Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон дар соли 2021, зери унвони умумии «Шукуфаҳои
Истиқлол», бо дастгирии муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба табъ расиданд. «Каъбаи имони сабз»-и Абдуманнони Хаммор, «Равзанаи саҳар»-и Шаҳриёр Олимӣ, «Навиди офтоб»-и Шаҳнози Шаҳнавоз, «Як сабад умед»-и Хуршеди Эҳсон ва «Ба номи ишқ»-и Нурӣ Муҳаммади Истам аз ҳамин силсила пешкаши хонандагон гардиданд. Ин шоирони ҷавон дар машварати соли гузашта аз тарафи устодони шеър баҳои хуб гирифта, нафарони бартар дониста шуданд ва чопи нахустмаҷмуаҳояшон бо тавсияи машварат сурат гирифт.
Ба ин китобҳо шоирон Рустам Ваҳҳобзода, Ато Мирхоҷа, Давлати Раҳмониён ва Нуралӣ Нурзод пешгуфтор навишта, дар ҷодаи сухан ба ҷавонон роҳи сафед хостаанд.
Мавриди зикр аст, ки маҷмуаи ҳикояву тарҷумаҳои нависандагони ҷавон ва як маҷмуаи дастаҷамъии ашъори дигар шоирони ҷавони иштирокдори машварати мазкур низ ҳоло дар дасти чопанд ва дар ояндаи наздик дастраси хонандагон хоҳанд шуд.
Т. ХАЛИЛӢ, «АС»