Шоирони мардумӣ ва ҷойгоҳи онҳо дар адабиёт

Пажӯҳишгарон истилоҳи «адабиёти шифоҳӣ»-ро, ки ба сурати гуфторӣ аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл мунтақил шудааст, дар муқобили адабиёти расмӣ, ки аз роҳи китобат ба даст омадааст, қарор медиҳанд.
Ҳар ҷомеаи ҷаҳонӣ дорои адабиёти шифоҳист. Ҳамчунин, ба номҳои дигаре аз он чун «адабиёти халқ», «адабиёти даҳанакӣ», «адабиёти омиёна», «адабиёти мардум», «эҷодиёти халқ» ва «адабиёти гуфторӣ» метавон ишора кард. Ҳамон тавре ки аз номаш пайдост, ин навъи адабиёт хоси мардуми омӣ ва одист, ки афроди таҳсилнакардаанд. Ин навъи адабиёт аз қадим вуҷуд дошта, имрӯз ҳам бо вуҷуди таъсири зиндагии мудерн аз байн нарафтааст. Он ғолибан дар миёни мардумони рустоӣ дар ҳамоҳангӣ бо шароити кунунӣ ҳамчунон ривоҷ дорад.
Аммо адабиёти расмӣ, ки сурати навишторӣ дорад, бо ихтирои хат ривоҷ пайдо кард, ки маъмулан гӯяндагони он афроди таҳсилкарда ва босавод ҳастанд. Пажӯҳишгарони фолклор «адабиёти омиёнаро аз лиҳози таърихӣ бар адабиёти мактуб пешқадам медонанд» ва «ҳамчунин сарчашмаи бисёре аз шоҳкорҳои адаби расмиро баргирифта аз адаби омиёна шумурдаанд». Чунонки маълум аст, ин ду навъи адабиёт ҳамвора дар канори ҳам ва аз ҳамдигар мутаассир будаанд. Корбурди анвои афсонаҳо ва зарбулмасалҳо дар шеъри шоирони расмӣ, монанди достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, ки қабл аз таълифи ин ду асари бузург дар байни мардум ривоҷ доштаанд, худ маънои таъсирпазирии адабиёти хаттӣ аз адабиёти шифоҳиро мерасонад. Ин робитаро ба сурати акс низ дидан мумкин аст, яъне истифодаи бархе мисраъҳои шеъри шоирони расмӣ дар баъзе аз дубайтӣ ва рубоиёти омиёна ба шакли ошкор мушоҳида мешавад.
Осори адабиёти шифоҳӣ ду гуна аст. Гунаи аввал осоре, ки гӯяндаи он комилан ношинохта аст ва бо гузинаҳои гуногуни ин осор байни мардум роиҷ аст. Гунаи дуюм осоре, ки гӯяндаи мушаххас дорад, аммо осори вай аз назари сабк ва вежагӣ ба осори фолклорӣ наздик аст. Чунин гӯяндагонро дар адабиёти шифоҳӣ шоирони халқӣ ё мардумӣ мегӯянд. Профессор Равшан Раҳмонӣ дар китоби “Фолклори тоҷикон” меорад: “Калимаи халқ (миллат) васеъ буда ва тамоми минтақаҳои кишварро фаро мегирад, дар сурате, ки шоирони мардумӣ танҳо дар маҳал ва минтақаи худ шинохта шудаанд. Илова бар ин, шоирони халқӣ дар тамоми кишвар маъруф буда ва осори онҳо дар мактабу донишгоҳҳо мутолиа мешавад”. Ба ҳамин далел профессор Равшан Раҳмонӣ истилоҳи “шоирони мардумӣ”-ро аз “шоирони халқӣ” саҳеҳтар медонад ва шоирони мардумиро ба ду бахш тақсим мекунад: 1) Осори фолклорӣ, ки онҳо дар зеҳни худ нигаҳ доштаанд ва дар ҷамъомадҳо месароянд ва баён мекунанд; 2) Эҷоди худашон, ки дар асоси дидаҳо ва шунидаҳо бадоҳатан бо сабки омиёна гуфтаанд.
Ба назари мо, ақидаи Равшан Раҳмонӣ комилан саҳеҳ аст, зеро истилоҳи “шоирони мардумӣ” маҳаллӣ ба назар мерасад, ки беҳтар аз истилоҳи “шоирони халқӣ” бошад, чаро ки имрӯз Шоири халқӣ унвонест, ки барои шоирони ҳирфаӣ дода мешавад.
Шоирони мардумӣ дар кишварҳои форсизабон аз гузашта то кунун будаанд ва хоҳанд буд. Сируси Шамисо дар китоби “Сайри рубоӣ”-и худ аз шоирони мардумии Эрон ном бурдааст, ки бархе аз онҳоро ин ҷо зикр мекунем: Бундори Розӣ, Боботоҳири Урён, Пури Фаридун, Шарафшоҳ, Орифи Гелакии Гелонӣ, Муҳаммадмағриби Табрезӣ, Наҷмои Шерозӣ ва ғайра.
Дар адабиёти фолклории Тоҷикистон низ шоирон мардумӣ зиёд ба чашм мехӯранд. Шоироне ҳамчун Карим Девона (1878-1918), Бобоюнус Худойдодзода (1870-1945), Ҳикмат Ризо (1894-1990), Юсуф Вафо (1888- 1945), Ҳомид Саид (1892- 1978), Қурбон Ҷалил (1886-1947), Сайидалӣ Вализода (1900-1971), Қурбоналӣ Раҷаб (1925-2018), Давлатшоҳи Помирӣ (1905-1989) ва ғайра, ки саҳми арзандае дар адабиёти шифоҳӣ доранд.
Шоирони мардумӣ илова бар доштани маҳорати шеъргӯӣ матнҳо ва достонҳои зиёдеро азбар медонистанд, ки ба шакли оҳанг дар маҳфилҳову ҷамъомадҳо замзама мекардаанд. Бештари шоирони мурдумӣ дар Тоҷикистон гӯрғулисаро будаанд. “Шоҳнома” агар ҳамосаи расмӣ бошад, “Гӯрғулӣ” ҳамосаи мардумӣ ва фолклорист. “Гӯрғулӣ” низ ба монанди достонҳои “Шоҳнома” муборизаи некӣ бар бадӣ ва тавсифу таҳсини қаҳрамонону далерон аст, ки саршор аз ҳисси ватандӯстист. Бобоюнус Худойдодзода ва Қурбоналӣ Раҷаб аз зумраи гӯрғулисароёне ҳастанд, ки натанҳо миёни мардум, балки миёни аҳли адабу ҳунар шинохта шудаанд. “Бобоюнус Худойдод дар соли 1870 дар деҳаи Косатароши ноҳияи Балҷувон таваллуд ёфта, 25 майи соли 1945 дар деҳаи Чилчилии ҳамон ноҳия аз олам даргузаштааст. Соли 1939 Лутфулло Бузургзода, Раҷабалӣ Ҷалилов ва бостоншинос В. Чейлитко дар як пажӯҳиши майдонӣ маҳорат ва истеъдоди Б. Худойдозодаро кашф карда ва аз ӯ достонҳои “Босмачӣ чӣ хел таслим шуд?”, “Осудаҳол шудем”, “Достони Восеъ” сабт менамоянд. Дар соли 1941 ӯро ба Душанбе даъват менамоянд ва ӯ бо пажӯҳандагони ҷавон, аз ҷумла М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, Ф. Ниёзӣ, М. Миршакар, Р. Ҷалилов ошнову ҳамсуҳбат мешавад. Дар ҳамон сол намунаҳои ашъораш дар матбуот ва маҷмуааш ба номи “Шеър ва достонҳо” дар таҳияи Л. Бузургзода ба чоп мерасанд ва дар ҳамон сол (1941) ӯро ба узви Иттифоқи нависандагон мепазиранд”. Бо супориши Бобоҷон Ғафуров осори вай аз шакли гуфторӣ ба шакли навишторӣ дароварда мешавад. Дар натиҷа маҷмуаҳои “Баҳодурони майдони ҷанги ватанӣ” (1943),“Сурудҳои Бобоюнус” (1951), “Муҳаббати халқ” (1951), “Сурудҳои Ҳофиз” (1967), пешкаши хонандагон мегарданд. Дар соли 2008 (ва 2010) таҳти унвони “Бобоюнус Худойдодзода” гулчини сурудҳои ӯ аз ҷониби Н. Худойдодзода, А. Юнусов, Б. Аҳмадов бо муқадиммаи профессор А. Маҳмадаминов чоп шуд (Фолклори тоҷикон. Р. Раҳмонӣ,с. 449-451).
Қурбоналӣ Раҷаб соли 1925 дар Парвори ноҳияи Ховалинг дар хонаводаи ҳунарманд, ки модараш Ҷоноро шеърдону шоиртабъ будааст, таваллуд шуда, соли 2018 дар Кӯлоб аз олам даргузаштааст. Ӯ аввалин омӯзишҳои худро аз модараш, баъд аз гӯрғулисароён Бобоюнус Худойдодзода, Санги Мурод, Ҳақназар Кабуд ёд гирифтааст. Аз Қурбоналӣ Раҷаб 30 достон сабт шуда, 12 достон дар шакли китоб ба чоп расидааст. Қурбоналӣ Раҷаб таҳти таъсири достонҳои ҳамосии “Гӯрғулӣ” шеъру достонҳо гуфтааст. Маҷмуаи ашъори ӯ бо номи “Таронаи дил”, “Суруди Замин”, “Шаршара”, “Ситораи Вахш”, “Бо шеър ҷовидонам”, “Фурӯғи пирӣ” ва… чоп шудааст.
Бобоюнус Худойдодзода ва Қурбоналӣ Раҷаб дар адабиёти шифоҳӣ ҷойгоҳи махсусе доранд. Ин ду шоир ба далели маҳорат дар гӯрғулисароӣ ва офаридани осори ҳунарӣ миёни мардум маҳбубу маъруф ҳастанд. Мирзо Турсунзода – адиби пуровозаи тоҷик дар бораи Бобоюнус Худойдодзода чунин назар дорад: “Барои он ки таърих ва тамаддуни ғании тоҷикон дониста шавад, бояд эҷодиёти халқи мо омӯхта шавад. Бобоюнус дар маҷмуъ қомуси фолклори тоҷик ва худи ӯ шоир – бадеҳагӯи машҳур мебошад”. Шоирони мардумӣ дар канори шоирони расмӣ бахше аз суннат, таърих ва фарҳанги ҷомеа ба ҳисоб меоянд. Ашъори шоирони мардумӣ бозтоби воқеиятҳои зиндагии мардум бо забони сода ва равон аст, ки эҳсосот, орзуҳо ва мушкилоти мардумро ба тасвир мекашад. Дар ҳақиқат, ашъори шоирони мардумӣ инъикоси тасвири воқеӣ аз ҷомеа аст, ки аз назари таърихӣ, фарҳангӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсӣ аҳаммият дорад. Дар ашъор ва сурудаҳои Бобоюнус Худойдодзода ва Қурбоналӣ Раҷаб метавон чунин вежагиро дид. Достони “Шӯриши Восеъ” – сурудаи Бобоюнус Худойдодзода ба хонандаи тоҷик ошност. Ин суруда аз назари таърихӣ, рӯйдодҳои иҷтимоӣ, бархурди табақаҳои иҷтимоӣ, мафоҳиме ҳамчун “адолат”, “зулм”, “баробарӣ” ва арзишҳои инсонӣ хеле муҳим аст. Илова бар ин, таҳсин аз мардони шуҷоъ ва ватандӯсту адолатпарваре мисли Восеъ, ки дар муқобили зӯргӯӣ ва зулм истодагӣ мекунад ва ба дунболи хушбахтии мардуми худ аст, нишон аз мардуми шуҷои тоҷик дорад, ки дар тӯли қарнҳо миллати тоҷик дорои чунин қаҳрамонҳои миллӣ будааст. Ин асар дар ҳақиқат ҳамосаи халқӣ ва ровии достони ҷавонмардон ва далерон аст. Сурудаҳои Қурбоналӣ Раҷаб ва Бобоюнус Худойдодзода низ чунин вежагӣ доранд. Ин шоирон дарди дили мардумро ба забони сода дар сурудаҳояшон баён менамуданд.
Мавзуи ашъори ин ду шоири мардумӣ шомили ситоиш, таҳсину ташвиқи ободгарони Ватан аст. Қурбоналӣ Раҷаб ҳамчунин дорои сурудҳои ҳаҷвист, ки дар онҳо нуқсонҳои ҷомеа ва хислатҳои шахсони ҷудогонаро мазаммат кардааст. Осори ин ду шоири мардумӣ бо забони сода, равон ва ба сохтори адабиёти шифоҳӣ наздик аст.
Осори фолклорӣ манбаи истилоҳоти мардумӣ, аз ҷумла киноя, зарбулмасал, мақол… аст, ки чунин вежагиро низ дар осори ин ду шоири мардумӣ – Бобоюнус Худойдодзода ва Қурбоналӣ Раҷаб метавон дид. Ин ду шоир саҳми арзандае дар адабиёти шифоҳии тоҷикӣ доранд, бинобар ин, ковишу таҳқиқи осорашон ба мо ин имконро медиҳад, ки бо тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии шоирони мардумӣ ошно бишавем.
Рустами АҶАМӢ