Шоири «Қишлоқи тиллоӣ»

 Шоири «Қишлоқи тиллоӣ»

Ба Озмуни «Мирсаид Миршакар – тараннумгари сулҳу созандагӣ»

Низом ҚОСИМ

Омад ӯ аз тангнои кӯҳ

Бо дили бикшода чун саҳро,

Дар дилаш – маҳдудаи дирӯз,

Дар нигоҳаш – вусъати фардо.

 

Омад ӯ бо «Корвони бахт»,

Бахти мардум ҷуста аз тақдир,

Бар Душанбе гӯиё омад

Муҳташам як қуллаи Помир.

 

Зиндагӣ гоҳаш бари чаккуш,

Гоҳ паҳлуи каланд овард.

Хомаи заҳматкашаш бо ранҷ

Роз аз «Дашти лаванд» овард.

 

Қиматӣ дурри дарӣ дар дил,

Кард такя бар қалам танҳо,

Бар қалам гуфто фақат аз бахт,

Бар қалам гуфт аз алам танҳо.

 

Зиндагӣ мири саидаш кард,

Аз саодат бохабар гардид,

Он қадар ширин сухан овард,

К-аз қазо мири шакар гардид.

 

Гуфт аз меҳри Ватан афзун,

Гуфт аз қарзи ватандорӣ,

«Мешавад, – гуфто, – ҷаҳонат ёр,

Гар самимӣ бо Ватан ёрӣ!»

 

Тифлаконро бо накӯ алфоз

Қаҳрамонони Ватан бинмуд,

Посдорони забони хеш,

Посбонони сухан бинмуд.

 

Бурда Ленинро ба Помираш,

Рамзи нав рӯи ҷаҳон ҳам бурд,

Роҳ ҷуста аз куҳан то нав,

Рози дил то огаҳон ҳам бурд.

 

Чун давомаш дар Бадахшонаш

Лаъли тоҷикӣ дурахшон аст,

«Чашмаи Носир» шафоат кард –

Чашмаи шоир хурӯшон аст.

 

Қиссаи «Қишлоқи тиллоӣ»

Аз вуҷуди мову ман гуфта,

Гӯӣ, аз ҷону дили покаш

Бар ҳама фарди Ватан гуфта:

 

«Зодгоҳи хешро ҳар кас

Гар кунад қишлоқи тиллоӣ,

Мешавад ин олами беранг

Пеши чашм офоқи тиллоӣ!»

 

Он ҳама тиллоӣ армонаш

Шуд ба асли хештан зоҳир –

Ҳамчунон «Қишлоқи тиллоӣ»

Шуд тилоӣ кишвараш охир!

 

Эй бас ононе, ки гумноманд

Бо басо тиллову дороӣ…

Монда бо ганҷи сухан зинда

Шоири «Қишлоқи тиллоӣ»!

 

Дигар хабарҳо