Шоири таронасаро

 Шоири таронасаро

Собир Султон узви Иттифоқи на­висандагон ва журналистони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон, Ар­боби ҳунари Тоҷикистон, узви Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ дер боз дар байни ҳаводорони шеъру суруд маълуму машҳур аст. Ӯ 9-уми майи соли 1934 дар оилаи деҳқони асили деҳаи хушманзараи Шавкати Поёни ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд дида ба олам кушодааст.

Вай маълумоти ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифта, сипас таҳ­силро бо мурури замон (солҳои 1943- 1949) дар мактаби даҳсолаи тоҷикии рақами 15-и шаҳри Самарқанд идома медиҳад. Соли 1949 боз ба зодгоҳаш омада, як сол ба корҳои хоҷагӣ шуғл меварзад. Барои идомаи таҳсил соли 1950 ба шаҳри Душанбе меояд. Бо амри тақдир се сол дар мактаб-интер­нати давлатии мардонаи рақами 10-и пойхтахт таҳсил менамояд. Дар ин ҷо аз омӯзгорони асилу донишманд сабақ омӯхта, дониши хешро такмилу сайқал медиҳад.

Таҳсили сесола ҳам дар ин ҷо ба сомон мерасаду бо «Номаи камол» як сол дар мактаби 7-солаи қитъаи ба номи Кирови хоҷагии Максим Горкийи ноҳияи Кӯрғонтеппа ҳамчун мудири қисми илмӣ ва омӯзгор адои хидмат менамояд. Сипас 1954 ба шаҳри Ду­шанбе омада, ба факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко (ҳозира До­нишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ) дохил мешавад.

Ҳамин тариқ, чаҳор соли расо дар ин ҷо аз омӯзгорони хирадманд Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъ­сумӣ, Воҳид Асрорӣ, Тилло Пӯлодӣ, Муҳаммадӣ Исматуллоев, Абдуғанӣ Эшонҷонов, Яҳё Исоев, Баён Раҳи­мов ва дигарон сабақ омӯхта, аз ганҷинаи илму фунун бархӯрдор мегардад.

Акнун ӯ бо як олам умеду орзу ғаввоси баҳри илму дониш шуда, ба иншои шеъру суруд мепардозад. Бо ин ният аз осори шуарои классики тоҷику форс устод Рӯдакию Фирдав­сӣ, Саъдию Ҳофиз, Умари Хайёму Носири Хусрав, Низомии Ганҷавию Хусрави Деҳлавӣ, Мирзо Бедилу Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳилолию Ка­моли Хуҷандӣ, Шамсиддин Шоҳину Нақибхон Туғрал, Абулқосим Лоҳутию Мирзо Турсунзода ва ғайра пайваста сабақ меомӯзад.

Намунаҳои ашъори шоир та­дриҷан дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикис­тони Советӣ», «Маориф ва мадани­ят», «Адабиёт ва санъат», «Комсо­моли Тоҷикистон», «Садои мардум», «Чархи гардун», «Омӯзгор», «Паёми Душанбе», «Ҷаҳони паём», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», маҷаллаҳои «Чашма», «Машъал», «Фирӯза», «Хорпуштак» ва «Садои Шарқ» то имрӯз мунташир мегарданд.

Собир Султон пас аз хатми дониш­гоҳи мазкур соли 1958 панҷ сол дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» бенуқсон адои хидмат карда, таҷри­баи рӯзноманигории худро такмилу сайқал медиҳад

Соли 1963 ӯро сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқии радиои Тоҷикистон, ромишгари тавоно, усто­ди «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов ба кор даъват менамояд.

Шоир дар давоми 50 соли кораш дар радиои Тоҷикистон бо оҳангсозо­ни маъруф Шоҳназар Соҳибов, Зиё­дулло Шаҳидӣ, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов, Амон Ҳамдамов, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Фаттоҳ Одина, Саид Ҳамроев, сарояндагони мумтоз Ҳанифа Мавлонова, Барно Исҳоқо­ва, Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Нуъмон Тоштемиров, Карим Қосимов, Одина Ҳошимов, Ҳусейн Насриддинов, Зафар Нозимов, Нуқра Раҳматова, Нигина Рауфова, Мусли­ма Боқиева, Абдуплои Султон ва ам­соли инҳо ҳамкории эҷодӣ менамояд. Зиёда аз ҳафтод суруду тарона бар матни ӯ дар «Хазинаи тиллоӣ»-и ра­диои Тоҷикистон маҳфуз аст. Суруди машҳури «Водии Ҳисори ман»-ро, ки матнаш аз Собир Султон ва оҳангаш аз чангнавози мумтоз Турсун Ӯлма­сов аст, қариб 15 ҳофиз месарояд. Суруди мазкур аз соли 1961 то имрӯз дар иҷрои ҳунармандони асил Барно Исҳоқова, Мастона Эргашева, Сао­дат Умарова, Асаддуло Атоуллоев, Ҳусейн Насриддинов, Комилҷон Ғаниев, Шамсиддин Муҳиддинов ва амсоли инҳо хеле машҳур шуда, чун яшти водии Ҳисори зарнисор садо ме­диҳад. Оҳангсози бомаҳорат Амирбек Мусозода 50 сурудро бар матни ин шоири таронасаро аз нав ба адвор гирифта, аз тариқи нашриёти «Адиб» интишор кардааст.

Сарманшаи илҳоми ин эҷодкори маъруф табиати пуртаровату ман­зараҳои рангини кӯҳсор, оби софи чашмасорони сарду булӯрӣ, хониши парандагони хушилҳон ва боғзорони сабзу пурфайзу самарбахши Тоҷи­кистони офтобист. Ӯ ҳусни табнатро бад-ин сон тасвир менамояд:

Табиат туҳфаи

Парвардигор аст,

Сафобахшу шукӯҳи рӯзгор аст.

Вуҷудаш обу сангу хоку кӯҳ аст,

Макони бешаҳои пуршукӯҳ аст.

Табиат манбаи ризқ асту рӯзист,

Арусаш ҷавҳари оламфурӯзист.

Табиат худ аҷаб наққоши олист,

Ба инсон муъҷизоти лоязолист.

Касе ки меҳри беандоза дорад,

Табиатро азизу тоза дорад.

Шоири ватанхоҳу дилогоҳ Собир Султон дар чакидаҳои хомааш таъкид менамояд, ки меҳри Ватан табиатан аз гаҳвора, деҳаву зодгоҳ оғоз меша­вад, касе, ки ба қадри ҳар кафи хоки поку ҳар қатра оби ноби зодгоҳаш ба хубӣ мерасад, вай, алҳақ, тамоми шаҳру рустои Тоҷикистонро чун мар­думаки дида дӯст дошта метавонад. Ба ин абёти ӯ таваҷҷуҳ фармоед:

Зодгоҳам, шавкату шонам туӣ,

Қуввати дил, нури чашмонам туӣ.

Дар лаби рӯди Зарафшони азиз

Хонаи уммеду армонам туӣ.

Дар бари ту хуни нофам рехтаст,

Бо гили поки Ватан омехтаст.

Ба ҳамин тариқ, аз соли 1956 то имрӯз чакидаҳои хомаи шоир Собир Султон тараннумсози меҳри Ватан, диёри кӯҳсори Тоҷикистон, васфи сулҳу дӯстӣ, иқболу истиқлол, ваҳдату амният, меҳнату фароғат, ишқу муҳаб­бати дилдодагон, ҳусну малоҳати та­биати зебою пуртароват, меҳру вафо, сидқу сафо мебошад.

Нахустин маҷмуаи ашъори ӯ «Субҳи умед» соли 1973 ба табъ мерасад. Ва баъдан дигар китобҳояш бо номи «Чӯпонбача» (1978, барои бачаҳо), «Таронаи дил» (1983), «Ошёни меҳр» (1986), «Кӯи мурод» (1992), «Паёми хуршед» (2003), «Гулҳои ҳаёт» (2004, барои бачаҳо), «Гулрези ғазал» (2004) ва «Парвози суруд» (2009) дастраси мухлисони шеъру суруд гардидаанд. Ғайр аз ин, шоир таҳти унвони «Садои Зарафшон» гулчини ашъорашро ба ҳуруфи форсию кириллӣ, манзумаи «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ» ва китоби «Меҳрномаи Самарқанд»-ро мураттаб сохтааст, ки аз ашъори шоирони тоҷи­ку ӯзбек бар васфи шаҳри Самарқанди бостонист. Сазад, ки ин китобҳо рӯзе низ рӯи чоп оянд

Собир Султон 50 соли умри бо­баракати хешро сарфи кори радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон карда, дар тарғибу ташвиқи ашъори ноби шуарои классику муосири тоҷик ва мусиқии асили миллат саҳми босазо гузошта­аст. Маҳз бо заҳмату ташаббуси ӯ ҳазорҳо суруд бо матну оҳанги солиму фораму руҳбахши шуарои классик ва муосири тоҷик дар иҷрои ҳофизон дар радиою телевизион ба навор сабт карда шудааст

Ӯ мефармояд:

Тамоми умри худро сарфи кори радио кардам,

Ҳадис аз минбари боэътибори радио кардам.

Намудам гуфтугӯ бо мардуми меҳнатқарини хеш,

Дилу ойини худро ҳамшиорирадио кардам…

Ин адиби ширинсухан соҳиби ма­лакаю маҳорати хуби тарҷумонист. Як силсила тарҷумаҳои ӯ таввассути маҷмуаҳои дастаҷамъии назми русу украин, ӯзбеку озар, қазоқу қирғиз ва туркману молдав интишор шудаанд.

Шоир аз соли 1994 ба нафақа баро­мада бошад ҳам, то ҳол дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ карда, шеъру таронаю достон менависад.

Аз талъату таровати аруси шеър нуру зиё гирифта, аз бӯи атрогини гулзори назми ниёгон пайваста нафас мекашад, нафас бо ҳавас мекашад. Собир Султон бо камоли ифтихор аз ҳунари волои хеш чунин арзи матлаб менамояд:

Ман шоираму шеър бувад пешаи ман,

Фарде накунад шубҳа аз андешаи ман.

Ман ҳамчу ниҳол сар кашам то Хуршед,

То даҳ қабати замин равад решаи ман.

Мо ба шоири таронасаро Собир Султон тансиҳатию саодатмандӣ, умри дарозу ризқи фароз орзумандем.

 

ГУЛНАЗАР,

Шоири халқии Тоҷикистон,

барандаи Ҷоизаи давлатии

ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, соли 2014.

 

Дигар хабарҳо