Шоире дар кисвати нур

Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ 80-сола шуд
Дар ҳама давру замон меъёри асосии шинохти ҳунари суханвар ва сухангустар каломи ӯст. Каломи созанда, каломе, ки дилҳоро тасхир карда, ба хонанда эҳсоси ватанхоҳӣ, озодандешӣ, ифтихори миллӣ ва башардӯстӣ илқо менамояд, ба муаллиф умри ҷовид мебахшад. Ашъори қавию баландпарвози Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ кайҳост, ки ба гӯшаҳои гуногуни олами мутамаддин пайки шодӣ ва сулҳу сафо мерасонад. Яке аз мухлисони шоир, донишманд Муҳаммадризо Халифазода солҳост, ки тавассути Фейсбук чакидаҳои хомаи шоирро ба муштариёни форсизабони олам расонда, дар ҷамъоварии ҳамовозии гарму ҷӯшони шахсиятҳои муътабари суханшинос саҳм мегирад. Аз ҷумла, арабшинос, пажӯҳишгари маъруфи “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ Музаффар Мунавварзод дар Фейсбук чунин изҳори назар кардааст: «Алимуҳаммад Муродӣ аз тавонотарин шоирони Тоҷикистон аст, ки аз тақдим кардани ашъораш ба ҳамзамбононамон дар гӯшаҳои дигари дунё метавонем комилан бок надошта бошем, чун хеле зебо ва сара шеър мегӯяд. Барномаи компютерии баргардон кардани хатти сирилик ба хатти арабиасоси форсӣ мавҷуд аст, ки метавонад дар чанд дақиқа ин корро анҷом диҳад, танҳо касе мебояд каме онро таҳрир кунад. Баргардон ва интишор кардани ашъори устод Муродӣ барои форсизабонони дунё иқдоми нек ва шоиста хоҳад буд».
Алимуҳаммад Муродӣ алҳол дар гӯшае, дур аз маркази адабию фарҳангии тоҷикон – Душанбе қарор дошта, рӯзии худро аз касби деҳқонӣ ҳосил мекунад. Ба касби деҳқонӣ монанд кардани пешаи шоирӣ маънои рамзӣ дорад. Дар зиндагӣ бошад, чи хеле ки Муродӣ ишора кардааст, ба шоир таҳаммул кардани пешаи деҳқонӣ басо гарон меафтад:
Киштам зард аст, киштзорам зард аст,
Рухсори тарам пур аз ғубору гард аст.
Ман шоири ошиқам, кунам деҳқонӣ,
Чизе, ки дарав кунам, азобу дард аст.
Ҳанӯз аз шеърҳои нахустин дар нимаи аввали солҳои 70-уми садаи ХХ истеъдоди худододаш баръало мушоҳида мешуд, вале ҳисси баланди масъулият ӯро водор менамуд, ки маҷмуаи нахустини худро хеле дер ба хонанда пешкаш намояд ва он бо номи «Дастниҳол» соли 1983 бо сарсухани устод Убйд Раҷаб ба табъ расид ва дарҳол мавриди мулоҳизаи суханшиносон қарор гирифт. Аз ҷумла, адабиётшиносони шинохта Муҳаммадюсуф Имомзода ва Шоҳзамон Раҳмонов дар вақташ ба маҷмуаи «Дастниҳол» тақриз навишта, дар фарҷом чунин қайд карда буданд: «Алимуҳаммад Муродӣ ҳаётро фарох ба тасвир гирифтан мехоҳад, кулли мавҷудот ва воқеаҳои олам зери назар ва дар лавҳи хотираш мебошанд. Мо аминем, ки фардо ба сӯи мақсад андешаҳои тӯлониаш озод ва сабук ба парвоз меоянд, соҳиби муваффақиятҳои наву писандидае мегарданд».
«Нози Наврӯз» (1988), «Роҳи рӯҳ» (1993), «Чароғи рӯзадор» (1998), «Хайрбоди баҳор» (2004), «Моҳи хасрав» (2012), «Боғи мурод» (2015), «Сунбулакон» (2018), «Шафақи шом» (2020) барин маҷмуаҳои шоир низ бо таъхир рӯйи чопро дидаанд. Вале онҳо дар байни ҳаводорони каломи бадеъ зуд паҳн гардида, ба хонандаи маънирас лаззати эстетикӣ ва баҳра аз таҷрибаи зиндагӣ бахшидаанд.
Ашъори Муродӣ фарогири масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ буда, муносибати шоирро ба ҳаёти воқеӣ ва ҷомеаи инсонӣ возеҳу равшан ифода мекунанд. Дидаи борикбини суханвар аксаран ба олами ботини инсон дӯхта шудааст ва табиист, ки бештар камию костагии зиндагиро ба мушоҳида мегирад. Ӯ ҳамроҳи қаҳрамони лирикии худ роҳи пур аз шебу фароз ва дуру дарозро паси сар намудааст. Шоири 80-солаи мо дар ҷое бо лабханд гуфтааст:
Зиндагиро ранҷ додам шаст сол,
Офарин бар тоқаташ, таркам накард.
Ашъори А. Муродӣ ҳам дар жанрҳои суннатӣ ва шакли шеъри нав, ки шеъри нимоиаш меноманд, суруда шудаанд ва шоир дар ҳар ду маврид низ ҳунари волои нигорандагӣ зоҳир намудааст. Ғазалу рубоӣ, маснавию дубайтӣ ва қитъаҳои шоир бо самимият, нозукадоӣ ва назаррабоиву умқи маънӣ хотирмону муассир мебошанд. Қаҳрамони лирикӣ дар назари хонандаи маънирас шахсест ҳалолкор, поктинат, сарбаланд, ватанпарвар ва дорои қалби лабрези муҳаббати пок. Ӯ ба рӯшноӣ, нур ва офтоб эътиқоди зиёд мепарварад ва аз ҳар рӯйдоди зиндагӣ ҳамвора панд мегирад:
Чун гард машав, ки печутобат бошад,
Саргаштагии дашти харобат бошад.
Покиза чу шабнами саҳар бояд буд,
Хоҳӣ, ки дурахши офтобат бошад.
Дар шеърҳои суннатии А. Муродӣ воситаҳои тасвири бадеӣ, махсусан ифодаҳои рамзӣ мавқеи босазо доранд ва ҳар як рамз маънии амиқу мушаххас гирифтааст. Масалан, дар назари қаҳрамони лирикии шоир зиндагӣ ба сони аспи маст аст, ки танҳо бо зӯри бозу, иродаи оҳанину чолокии фавқулода маҳмез зада, ҳамболи орзуҳо гардондани он ба кас муяссар мешавад:
Чун шаҳсавор хезу базӯраш савор шав,
К-ин аспи маст тан ба заифон намедиҳад.
Агар аспи маст рамзи душворписандӣ, мардпарварӣ ва шуҷоат бошад, пас шаҳбоз рамзи сарбаландӣ, ҳалолкорӣ ва поктинатию садоқатмандист. Ин аст, ки сахтиҳои рӯзгор ҳам маҳз ба дӯши мардони асили қавииродаву шаҳбозтинат меафтад, зеро онҳо бори нангу номуси миллат ва мероси ниёгонро ба дӯш доранд ва ба манзил расонидани ин бор бо маҳрумиятҳои зиёде ба даст меояд, ки ин шараф ба каргастабиатон — онҳое, ки бо ҳаққимардумхӯриву чапдастӣ умр ба сар мебаранд, насиб намешавад.
Оҷиз машав, ки зиндагиро хуш наояд ин,
Ту мард бош, зиндагӣ худ мардпарвар аст.
Дилхун машав зи савлати каргастабиатон,
З-он фахр кун, ки рӯзии шаҳбоз камтар аст.
Ҳамин тариқ, шаҳбоз чун рамзи сарбаландиву ватандорӣ, чанор чун рамзи қудрату сарпарастӣ, арча чун рамзи сарсабзиву нангу номус, чашма чун рамзи покиву ҷӯшу хурӯши зиндагӣ, кӯҳ чун рамзи бузургиву устуворӣ… ба ашъори шоир рӯҳи амиқи миллӣ ва умумиинсонӣ бахшида, боиси барҷастагии тасвироти бадеӣ гардидаанд.
Шоир дар баробари истифодаи моҳиронаи рамзҳои бадеии анъанавӣ, дар офаридани маъноҳои нави рамзӣ низ кӯшишҳои бобарор намудааст. Дар адабиёти бадеӣ турна чун рамзи тартибу низом ва қосиди баҳору зебоӣ шинохта шудааст. А. Муродӣ дар шеъри «Ҳаргиз мабош» ба тарафи дигари ин образ назар карда, аз хислатҳои бемаконии он маънии нав гирифтааст:
Чун уқобон чор фасл авло шумар хоки Ватан,
Сахтие гар пеш ояд, турнасон ҳаргиз мабош.
Ин шеър ва боз як қатор шеърҳои дигари шоир дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳияти барҷастаи ғоявӣ касб кардаанд. Дар ҳақиқат, Тоҷикистонро имрӯз фарзандоне заруранд, ки дар ин хоки муқаддас чун арчаҳои кӯҳистон дар дили харсанг таҳ ба таҳ реша давонда, дар роҳи нангу номуси ватандорӣ ҷонфидоӣ намоянд (шеъри «Хоки аҷдодӣ»). Ва Тоҷикистонро имрӯз фарзандоне заруранд, ки дар раҳгузори зиндагии пуршӯр чун кӯҳ устувор истода, ба фишори рӯзгор мардонавор тоб оваранд ва бо дастони пурэҳсонашон рӯзгори мардумро обод созанд.
Алимуҳаммад Муродӣ шоири андешапарвар ва рангинҳаёт аст. Шоир месӯзаду месозад ва ба ғаму шодии одамон шарик аст. Беҳуда нест, ки дар шеъри ӯ вожаи дил фаровон истифода шудааст. Маҷмуаи «Нози Наврӯз» бо шеъри «Фарзанди дил» оғоз ёфта, он шеърҳо, аз ҷумла, чунин сарлавҳагузорӣ шудаанд: «Дили пурасрор», «Гуфтугӯ бо дил», «Дили якрав», «Хез, дил», «Роҳи дил», «Гилае бо дил», «Дил, дигар бо ман бисоз», «Рози дил», «Дил, ханда кун», «Чӣ шуд бо дил?». Дар маҷмуаҳои дигари шоир низ дилномаҳои пурсӯз зиёданд ва онҳо торафт муъҷазу рехта ва ҷонгудоз садо медиҳанд. Шоир дар шеъри чаҳормисраъии «Сӯзи дил» фалсафаи зиндагиро, ки аз бедорӣ, ҳаракат ва донистани қимати умр иборат аст, хеле табиӣ ифода кардааст:
Ҳама хобанд,
Аз ин кӯчаи мурда
Садои масти шабгарде намехезад,
Дилам бар сӯхтанҳои чароғи кӯча месӯзад.
Ҷустуҷӯҳои бардавом ва заҳмати бурдборонаи эҷодӣ шоирро беш аз пеш ба муъҷазбаёнӣ, вусъати фикр ва пурғунҷоишии шаклҳои шеърӣ ҳидоят намудаанд, ба дараҷае, ки дар шеърҳои баъдии ӯ андешаҳои шоирона дар ниҳояти фишурдагӣ баён ёфтаанд. Аз ҷумла, тору пуди шеъри поён хеле нозук ва муносиб ба ҳам омада, он пеши назари ҳаводорони каломи бадеъ ҷаҳони бекарони розу ниёзро боз намудааст:
Шукуфтааст умедам ба шохи навмедӣ,
Таронаҳои хушамро навои ранҷурист.
Ба офтобниҳоли баҳор мемонам,
Кашида муҳраи ашкам ба риштаи нурест.
Дар ин шеър ба ҳолати руҳии қаҳрамони лирикӣ, ки аз нобасомониҳои зиндагӣ озурда гаштааст, офтобниҳоли баҳор – Камони Рустам ва ҷилваву рангомезиҳои он (кашида муҳраи ашкам ба риштаи нуре) созгор афтодааст, ки ин таносуб дилҳои нозуки ғампарварро об мекунад.
Чунин усули фишурдаи тасвир, ки ба он А. Муродӣ муваффақ гаштааст, аз хонанда завқи баланди бадеӣ ва қобилияти комили маънирасиро тақозо дорад, то ӯ муносибати нозуки рамзҳои бадеиро ба ҳаёти пуршӯру шари воқеӣ муайян карда, ба умқи маънигириҳои мусаввир расида тавонад. Чунончи, маънии зоҳирии чаҳорпораи зерин сода ва одӣ менамояд. Шаб, вақте ки хонадоронро хоб мегирад, чароғро хомӯш мекунанд ва бо ҳамин ҳама ҷо торик ва сокит мегардад:
Шаби фурсатшумор дар берун,
Хонабон шуд чароғи зулматсӯз.
Хоб ҳам чун ба дидаҳо ҷо шуд,
Хонадорон чароғро куштанд.
Дар ботин ин шеър мафҳуми амиқи ватанхоҳиро ғунҷоиш додааст: барои он ки қувваҳои моҷароҷӯ (шаби фурсатшумор), ки камин гирифтаанд, ба Ватан роҳ наёбанд, бедорӣ ва ҳушёрии ватандорон (хонадорон) лозим аст, то зери ҳимояву дастгирии онҳо намояндагони ғамхори миллат (чароғи зулматсӯз) Ватанро аз қувваҳои бадӣ эмин нигаҳ доранд.
Торафт майл намудан ба кӯтоҳбаёнӣ А. Муродиро водор кардааст, ки бештар ба маъниву муҳтавои сухан такя намояд ва аз имконоти тафаккури бадеӣ ҳарчи моҳиронатар истифода карда, маънии матлубро дар ниҳояти мухтасарӣ ба хонанда пешкаш намояд. Тасвирҳои алоҳидаи шоир, ки баъзан дар се, ду, ҳатто дар як мисраъ ғунҷоиш меёбанд, ҳукми суханони ҳикматнокро дошта, хонандаро ба андешаи амиқ водор месозанд. Шоир дар эҷоди чунин порчаҳои шеърӣ мувофиқи мақоли арабии «беҳтарини сухан он аст, ки мухтасар ва маъниаш равшан бошад» амал мекунад:
Сиришкатро
Даруни ҳавзи чашмонат бикун пинҳон,
Ки дарёдамкаш аст ин зиндагӣ,
серӣ надорад ҳеҷ.
(«Биёбон»)
Ё ки:
Ҳар чароғе гирди худро гар кунад равшан,
Кӯчаи торик нуристон шавад.
(«Ҳамдастӣ»)
Ё худ:
Эй Худо, нур бидеҳ, роҳи сафар торик аст.
Метавон гумон бурд, ки ин услуби тасвири А. Муродӣ аз адабиёти давраи нави Эрон сарчашма гирифтааст. «Дар осори шоирони насли нав ба намунаҳои дурахшоне аз шеъри нимоӣ ва сапед бармехӯрем, ки бисёр умедбахш аст, – қайд кардааст доктор Алиасғари Шеърдӯст дар китоби «Чашмандози шеъри имрӯзи тоҷик». – Камол Насрулло, Зиё Абдулло, Фарзона, Сиёвуш, Абдулқодири Раҳим, Алимуҳаммади Муродӣ ва … идомадиҳандагони роҳи тозае ҳастанд, ки бо талошҳои Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор ва … кушуда шудааст». Ва боз маншаи чунин рангомезиҳои хоссаи ин шоирро дар адабиёти ҷаҳоншумули классикии форсу тоҷик, аз ҷумла дар эҷодиёти шоирони сабки ҳиндӣ ҷустан лозим мешавад.
Аз мутолиаи ашъори пурмуҳтавои шоир бармеояд, ки ҳунари нигорандагии Муродӣ ба дараҷаи услуби фардии шоир такмил ёфтааст. Ӯ дар муқаддимаи «Хайрбоди баҳор» ба саволи «барои чӣ дар шеърҳояш дард зиёд аст?» чунин посух додааст: «Дарди ман ҷуз дарди миллат, дарди Ватан, дарди ҳар як тоҷик, дарди андешаи дирӯзу имрӯзу фардои ин қавму диёр чизи дигаре нест». Ин матлаб, аз ҷумла, дар шеъри «Мушт бояд буд» ба воситаи тазоди қувваҳои мушту ангушт басо возеҳу омӯзанда ба назар мерасад. Вазъи басо хатарзои ҷаҳони муосир, ки тавассути сиёсати ҷудоиандозии эмиссарҳои хориҷӣ дар мамлакатҳои гуногун ҳамвора роҳандозӣ мешавад, тақозо дорад, ки кулли шаҳрвандони Тоҷикистон дар атрофи Сарвари муҳтарами худ Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, ин Ватани ободу зеборо якҷоя чун мушт посбонӣ намоянд:
То ба кай паҳлуи ҳам,
Аз ҳам ҷудо
Нотавон монандаи ангушт бояд буд,
Дар ҷаҳони муштзӯрон мушт бояд буд,
Мушт бояд буд.
Ё дар ҷойи дигар масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванд мавриди мулоҳиза қарор гирифтааст. Дар ҳақиқат, дардҳои А. Муродӣ танҳо махсуси як фард набуда, заминаи амиқи иҷтимоӣ доранд ва яке аз дастовардҳои шоир дар эътибори ҷиддӣ додан ба муносибати тавъами ҷузъу кулл мебошад:
Кишти ман дар роҳи дуздон аст,
Чашмҳои гушнаи носерами дуздон
Интизори хоби ман ҳар гӯша бедоранд,
Хоби ман хоби палакбон аст.
Ибораи «хоби палакбон» маънӣ ва муҳтавои шеърро хеле ҷолиб ҷамъбаст намудааст. Мисли ҳамин, калима ва таркибҳои алов, харпанҷа, аловистон, пайхум, бунга кашидан, малолӣ, дар каш гирифтан, каловида рафтан, дам ғанимат, ки дар ашъори шоир бамаврид ва бамавқеъ истифода шудаанд, суханҳои ӯро хотирмон ва дилчасп гардонидаанд. Ин мафҳумҳо дар таъмини фардияти услуби эҷодии шоир низ саҳми муносиб доранд:
Аз алови дили алавбозам
Мушти хокистари алам монда.
Ғамбаророни ман ҳама рафтанд,
Ғамшарикам ҳамин қалам монда.
Ташвишу тараддуди рӯзгор одамони айёми моро ба дараҷае расондаанд, ки баъзан фурсати ба дидори ёру дӯст ва аҳлу ақрабо расидан надоранд. Ин ҳолат суннати волои мардуми моро, ки дар ғаму шодии якдигар шарик будан мебошад, коста гардонидааст. Алимуҳаммад Муродӣ тавассути чанд мисраи кӯтоҳ хонандаро водор мекунад, ки дар сари ин масъалаи муҳим низ ҷиддан биандешад:
Дурият
Кӯрии қисмат бошад.
Э, биё,
Фурсате чанд бидуздем аз ин раҳзани умр,
Дам ғанимат бошад.
Мо низ гумон дорем, ки ин фурсати андаки дидор тоза кардан ба Алимуҳаммад Муродӣ («Ҳар ки дорад майли дидан, дар сухан бинад маро») бароямон ғанимат аст. Худо кунад, ки ин шоири тавоно боз солиёни зиёд саломату сарсабз бошаду мухлисони эҷодиёташро бо ашъори рангину пурмуҳтаво шодоб гардонад.
Аламхон КӮЧАРЗОДА