Шинохти Болта Ортиқов

Нависандаи маҳбуб Болта Ортиқов, ки зодаи шаҳри Самарқанд буда, дар шумори намояндагони адабиёти бачагонаи тоҷик ва ҳам ӯзбек қарор дорад, бештар ба таълифоти осори насрӣ ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ иқдом намудааст. Аз ин рӯ, ҳамчун нависандаи зуллисонайн эътироф шудааст ва бояд гуфт, ки таълифоташ дар забони ӯзбекӣ бештар ба даврони баъд аз солҳои 80-уми асри гузашта тааллуқ мегиранд. Ҳарчанд аз ӯ мероси гаронмояе боқӣ мондааст, вале осораш дар ҳарду забон ниёз ба таҳқиқи амиқ дорад, чун бегумон ташаккули насри бачагонаи тоҷикро бе мероси адабии нависанда тасаввур кардан номумкин аст.
Соли 2024 рисолаи муҳаққиқи ҷавон, номзади илми филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Алишер Муродов таҳти унвони “Болта Ортиқов ва нақши ӯ дар инкишофи насри бачагонаи тоҷик” ба чоп расид ва бо итминони комил метавон гуфт, ки бо нашри ин асар барои пур намудани ҳамин холигоҳ дар адабиётшиносии тоҷик қадаме устувор гузошта шуд. Аз сӯи дигар, нашри ин асари арзишманди илмӣ дар соли 2024 туҳфаи арзандае барои ҷашни 100-солагии нависанда Болта Ортиқов гардид.
Дар заминаи ошноӣ бо муҳтавои китоб равшан мегардад, ки асари мазкур дар шинохти рӯзгори адиб, мероси адабӣ, тамоюлҳои эҷодии вай нақши муҳим дорад. Аз нигоҳи аввал, таъкиди ин як нукта зарур аст, ки то интишори китоби мазкур роҷеъ ба зиндагонӣ ва вежагиҳои осори Болта Ортиқов танҳо дар донишномаҳое чун “Энсклопедияи советии тоҷик”, “Энсклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик” зикри маълумоти шарҳиҳолӣ ба чашм мерасид. Афзун бар ин, дар пешгуфтори китоби хеш Алишер Муродов низ ба масъалаи пешинаи таҳқиқи зиндагӣ ва осори Болта Ортиқов руҷуъ намуда, таъкид доштааст, ки бештари пажӯҳишҳои анҷомёфта ё нақду баррасиҳои марбут ба эҷодиёти адиб дар таълифоте ҷой гирифтаанд, ки масъалаҳои куллии ташаккули адабиёти муосири тоҷик, хоса адабиёти бачагонаро фаро мегиранд. Китобҳои академик Раҷаб Амонов “Адабиёти бачагонаи Тоҷикистон”, профессор Ҷонон Бобокалонова “Адабиёти бачагонаи тоҷик” ва “Материалҳо аз адабиёти бачагонаи тоҷик” аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Вале таваҷҷуҳи амиқ ба таҳқиқи осори адиб ва нақши ӯ дар рушди адабиёти бачагонаи тоҷик ба муаллифи ин китоб имкон фароҳам овардааст, ки чандин матолиби хеле муҳим ва қобили таваҷҷуҳро дар бораи ӯ пайдо намуда, дар ҷараёни иншои рисолаи хеш муаррифӣ намояд, ки воқеан дар шинохти зиндагинома ва вежагиҳои муҳимми эҷодиёт ва баҳои мувофиқи адибони маъруф ба таълифоти нависанда хеле муҳимманд. Аз ҷумла, номаи устод Сотим Улуғзода ба Болта Ортиқов, мақолаву навиштаҳои адибони соҳибноми кишвар Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Пӯлод Толис, Убайд Раҷаб, яке аз нахустин нақдҳои мунтақиди маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров ба ҳикояҳои Болта Ортиқов дар шумори ин матолиби хеле муҳим ҷой гирифтаанд, ки маҳз тавассути пажӯҳиши Алишер Муродов барои хонандагони эҷодиёти нависанда манзур шудаанд. Аз ин нигоҳ таҳқиқоти анҷомёфта аз назари муаррифии мизони омӯзиш ва баррасии эҷодиёти нависанда Болта Ортиқов дар кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ қобили таваҷҷуҳ мебошад.
Бо ин ҳама ишорат бар пажӯҳишҳои анҷомёфта ва тавзеҳи ҷанбаҳои арзишманди ҳар яке аз онҳо Алишер Муродов ба хулосаи дурусти мантиқӣ мерасад, ки “ҳанӯз дар адабиётшиносии тоҷик таҳқиқоти муфассали монографие анҷом наёфтааст, ки дар он зиндагиномаи пурра ва осори нависандаи тавонои адабиёти бачагонаи тоҷик Б. Ортиқов мавриди таҳқиқу таҳлили ҷиддии илмӣ қарор гирифта бошад”. Аз ин рӯ, мо метавонем асари худи ӯро бо такя бар он тамоюлҳои муҳимми марбут ба зиндагӣ ва эҷоди адиб нахустин пажӯҳиши муфассал ва ҷиддии илмӣ дар ин арса унвон намоем ва ин арзиш ва аҳаммияти онро дар чанд нукта тавзеҳ бидиҳем.
Аз нигоҳи аввал, дар ин тадқиқот нахустин бор дар адабиётшиносии тоҷик зиндагиномаи нависанда ба сурати мукаммал ва муфассал, бо такя бар матолиби мутааллиқ ба қалами худи адиб шарҳу баён ва барои хонандаи тоҷик манзур шудааст. Ҳарчанд то кунун дар қомусу донишномаҳои миллии тоҷикӣ ва асарҳои марбут ба адабиёти бачагона зикри шарҳи ҳоли нависанда рафтааст, вале маълум аст, ки бештари онҳо хусусияти донишномавӣ доранд ва маҳдудаи хоси марбут ба шеваи иншои онҳо имкон надодааст, ки сурати комили зиндагиномаи адиб баён шавад. Дар таҳқиқоти Алишер Муродов чунин имконоти маҳдуд ба мушоҳида намерасад ва муаллиф бо шеваи озод ва корбандии усулҳои маъмулии таҳқиқ шарҳи ҳоли муфассали адибро қаламдод намудааст, ки то кунун дар дигар манобеъ ва таълифоти мавҷуда мушоҳида намешавад. Барои муваффақ шудан бар чунин шеваи нигориш ва таҳқиқи судманд дар ин самт муаллифи китоб чанд кори муҳимро анҷом додааст. Аввал ин ки аз маводи зиндагиномаи худнавишти адиб истифода кардааст, ки то кунун дар бойгонии шуъбаи кадрҳои Иттифоқи нависандагон мавҷуд будааст. Ин нукта аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ба кор гирифтани чунин мавод барои барқарор намудани муҳимтарин лаҳазоти зиндагиномаи адиб мусоидат карда. Баъдан, дар ҷараёни иншои шарҳи ҳоли нависанда, илова бар маводи мактуб дар донишномаву қомусҳо, осори нақди адабӣ, таърихномаҳои адабиёт аз суҳбату мулоқотҳо бо ҳамкорон, адибону ҳамкасбон, дӯстону шоҳидони рӯзгори нависанда ва муҳимтар аз ҳама осори дорои мазомини ёддоштии адиб ба кор гирифтааст, ки дар умум ба иншои як зиндагиномаи комили нависанда омил гардидаанд. Ин шева дар амри дақиқ намудани бисёре аз ҷузъиёти рӯзгори нависанда мусоидат намуда. Масалан, дар аксари манобеъ ва маводи донишномаҳо таъкид мешавад, ки Болта Ортиқов дар деҳаи Боғимайдони Самарқанд ба дунё омадааст. Вале муҳаққиқи ҷавон бар асоси қиссаи ёддоштии Болта Ортиқов “Анҷири Боғибаланд”, ки соли 1999 дар нашриёти “Суғдиён”-и Самарқанд бо забони ӯзбекӣ ба чоп расидааст, дақиқ мекунад, ки нависанда дар асл дар рустои Работиғозиёни Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушода. Ин маълумоти дақиқ бори аввал аз ҷониби худи нависанда дар асари мавриди зикр баён шудааст.
Баҳси дувум ва муҳимми қобили мулоҳиза дар таҳқиқоти Алишер Муродов он аст, ки мавқеи нависанда Болта Ортиқов ҳамчун адиби чирадаст дар таълифи навъи муҳимтарин насри бадеӣ-ҳикоя ба сурати муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ин ҷойгоҳи нависанда дар насри муосири тоҷик аз ду зовия таҳқиқ шудааст. Аввал, аз нигоҳи доманаи мавзуъу мундариҷа ва ғояи ҳикоёт ва дувум сабки иншо ва шеваи нигориш. Бинобар пажӯҳиши анҷомёфта, ҳикоёти Болта Ортиқов бештар дар китобҳои “Мунтахабот” (1976), “Дурдонаҳои Зарафшон” (1985), “Доғи хун” (1982), “Повест ва ҳикояҳо” (1984) ва “Достони Самарқанд” (1991) ҷой доранд. Ба назари муҳаққиқи ҷавон аввалин ҳикояи нависанда “Сӯхтор” унвон дорад, ки соли 1953 дар саҳифаи нашрияи маъруф барои мактаббачагон дар замони шӯравӣ “Пионер” ба чоп расидааст. Ин нукта гувоҳ бар он аст, ки меъёри таҳқиқии таърихият, яъне замонбандии эҷодиёти адиб низ аз назари муаллифи китоб берун намондааст.
Алишер Муродов зимни таҳлилу баррасии муҳтаво ва дарунмояи ҳикоёти нависанда муқаррар кардааст, ки ин навъ навиштаҳои адиб ҳамчун намунаҳои насри адабиёти бачагона дорои мазомини ахлоқӣ, тарбиявӣ, ҳаҷвӣ ва амсоли инҳо мебошанд. Афзун бар ин, ки Болта Ортиқов яке аз пешгомони иншои навъи ҳикоя дар адабиёти кӯдаконаи тоҷик эътироф шудааст, дар рушди қисса ва романи бачагона низ хидматҳои шоиста ба анҷом расонидааст, ки намунаҳои барҷастаи онҳо асарҳои “Бачаҳои Лолазор” ва “Писари Афандӣ” мебошанд. Арзишҳои адабии ҳикояҳои нависанда дар заминаи баррасии ҷойгоҳи аносири фасоҳатбахши калом, унсурҳои фарҳанги мардумӣ дар забону баёни ин таълифот муқаррар шуда, аз ин роҳ ҳунари эҷодии вай бозгӯӣ гардидааст. Пажӯҳиши анҷомёфта нависандаро ҳамчун адиби соҳибқалам, ҳунарманд ва дорои сабки хоси иншо дар эҷоди ҳикоя ва қиссаи бачагона дар насри муосири тоҷик муаррифӣ мекунад.
Баҳси дигари калидии таҳқиқот муқаррар кардани ҷойгоҳи Болта Ортиқов дар ташаккули жанри қиссаи бачагона дар адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад. Дар ҷараёни пажӯҳишҳои хеш муаллифи асар нахуст ба масъалаи муайян кардани заминаҳои ташаккули ҳунари қиссанигории Болта Ортиқов руҷуъ карда, ду марҳалаи муҳимми эҷодашро дар арсаи қиссапардозӣ муқаррар ва ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Дар марҳалаи аввали эҷодиёти вай қиссаҳои “Таътил” ва “Полвон” нақши муҳим доранд. Баъдан бо иншои “Бачаҳои Лолазор”, “Достони Самарқанд”, “Қисмати арки Амир Темур”, “Юсуфи Самарқанд” дар рушди қисса дар адабиёти бачагонаи тоҷик таъсири матлуб гузоштааст, ки ин ҷойгоҳи вай аз ҷониби адибони соҳибноми кишвар чун Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Пӯлод Толис ва Фазлиддин Муҳаммадиев эътироф гардидааст.
Ошноӣ бо осори нависанда Болта Ортиқов ба муаллифи ин китоб имкон фароҳам овардааст, ки дар навбати аввал саҳми ӯро дар рушди адабиёти кӯдакона тавассути иншои осоре дар қолабҳои ҳикоя, қисса ва роман муқаррар созад. Маълум аст, ки адабиёти бачагонаи тоҷик агарчи дар назм намояндагони барҷастаи бештареро соҳиб аст, таҷрибаҳои ҳунарӣ дар анвои насрии он камтар ба чашм мерасанд ва Болта Ортиқов яке аз адибони соҳибибтикорест, ки дар рушди ин адабиёт ба таври шоиста саҳмгузор буда, ҳатто яке аз пешкисватони ин раванди муҳимми адабӣ эътироф гардидааст. Баробари ин, муҳаққиқ бар пояи ҷусторҳояш маълум намуда, ки Болта Ортиқов суннатҳои хоси нигориши осор барои кӯдакону наврасонро, ки устод Садриддин Айнӣ бунёд ниҳода, баъдан Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис ва дигарон давом доданд, дар сатҳи матлуб идома бахшид. Ба вежа, дар ин таҳқиқот таъсири повести “Тобистон”-и Пӯлод Толис ба қиссаи “Таътил”-и Болта Ортиқов ба сурати амиқ ва дақиқ таҳлилу баррасӣ шудааст.
Ба таври куллӣ, таҳқиқи анҷомдодаи Алишер Муродов дар китоби “Болта Ортиқов ва нақши ӯ дар рушду инкишофи насри бачагонаи тоҷик” ин нуктаро мусаллам намудааст, ки воқеан ин нависанди соҳибном ва маъруф дар таҳаввули муҳтавову мундариҷа, ғоя, дарунмоя ва сабку шеваи иншои осори насрӣ дар адабиёти бачагонаи тоҷик саҳми муносиб дорад ва ба унвони яке аз нависандагони муътабари ин раванди адабӣ шинохта шудааст. Бо он ки дар ин пажӯҳиши арзишманд ва муҳим бахше аз осори вай ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд ва паҳлуҳои дигари эҷодиёташ ҳанӯз ниёз ба баррасӣ доранд, аммо онро метавонем нахустин таҳқиқи ҷомеъ роҷеъ ба хидматҳои шоиста ва корномаҳои эҷодии Болта Ортиқов дар насри бачагонаи муосири тоҷик шиносо намоем.
Ҳамин тавр, таълифи ин рисола аз ҷониби муҳаққиқи ҷавони тоҷик Алишер Муродов қадами аввал ва хеле муҳим дар таҳқиқи эҷодиёти Болта Ортиқов ҳамчун нависанда ва намояндаи адабиёти бачагонаи тоҷик ва ӯзбек ба шумор меравад ва умедворем, ки барои зуҳури заминаҳои муҳим дар пажӯҳишҳои минбаъда асос хоҳад гардид.
Нуралӣ НУРЗОД,
профессор