Маҳфили шеъру суруди адибони ҷавон
Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 20 май дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешвози Рӯзи ҷавонон базми шеъру суруд баргузор гардид.
Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Умед Раҳимзода дар оғози маҳфил аз фаъолияти адибони ҷавон сухан карда, иброз доштанд, ки онҳо аз дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат бархӯрдоранд.
Шоирону нависандагони ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур, Иброҳим Дӯстализода, Бузургмеҳри Ҳаким, Шаҳёд Шарифзода, Хуршеди Эҳсон, Сулаймони Аҳтам, Сайидо Шарафӣ, Санавбари Ибод, Шукрона Тоҳирӣ, Шукронаи Саидалӣ, Руъё Усмонӣ ва дигарон аз навиштаҳои худ қироат намуданд.
Сарояндагони ҷавон, кормандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Абдулқавӣ Исмонов ва Ҷумъахон Расулов сурудҳои нави худро пешкаш карданд.
Шаҳрӯднавозии донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Гулҷамол Илҳомӣ ба маҳфил ранги дигар бахшид.
Дар охир аз байни адибони ҷавон Мафтунаи Қосим, Шаҳёд Шарифзода ва Руъё Усмонӣ бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.