Шеъри ноб – умри ҷовидон

 Шеъри ноб – умри ҷовидон

Ба муносибати 80-солагии шоири маъруф Ҳабибулло Файзулло

Чеҳраи гарми Ҳабибулло пеши рӯ, бори дигар «Куллиёт»-ашро, ки соли 1995 бо кӯшиш ва эҳтимоми Шоҳҳайдар Ёдгорӣ аз тариқи нашриёти «Ирфон» ба чоп расидааст, мутолиа мекунам. Ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ, ҷустуҷӯ, кушодагӯйӣ, мушоҳидакорӣ, талош ва олами розу ниёзҳои шоирона дар ҳар як шеър саршор аст. Байни ҳар сатру банд тапиши дили поку орзупарвар, сӯзу гудози ошиқонаи фарди эҷодкор, ки бо ҷаҳони умедҳо ва матлабҳо ба майдони шеъру сухан мустаҳкам қадам мондааст, эҳсос мешавад. Ман Ҳабибуллоро мебинам дар сурати қаҳрамони лирикии ошиқ ва меҳрпарвар, чӯянда ва созандаву боҳунар. Шоир бебокона дари дил ба рӯи хонанда мекушояд бо нияти аз ниҳоли умр ба хони сухану маънавият меваҳои хушранг, тару тоза ва лазиз афшондан. Вай, як ҷавони орзупарвар, дар ин майдони пургирудори ҳунар ба бадхоҳону ҳасудон, ки чун дев ҳамеша дар паҳлуи фаришта ҷой доранд, аз нубуғ ва ҳадафи шоиронаи хеш фошофош башорат медиҳад:

Ту мапиндор, ки ман қатраи боронаму бас,
Ки ба як чашм задан ояму афтам сари раҳ.
Луқмаи хок шавам ё ки чу шабнам дами субҳ
Офтобам бикунад нӯш ба як ними нигаҳ.
Қатраборонаму аз абри умед афтода,
Дар худам акс кунонам рухи хуршеди баҳор.
Бишканам ташнагии ғунчаи нав сабзида,
Е бишӯям зи рухи сабзаву гул чангу ғубор.

Ba ё:

Ба ҳукми як ниҳоли навбарам,
                                    пазмони хуршедам.
Парастори баҳоронам, ки механдад гули мақсуд.
Бирав, эй боди саҳроӣ, макун якбора навмедам,
Марезон барги гулҳоям,
                                      ки гардад зери по нобуд.
Бимон, файзи баҳорон бинаму нашъунамо ёбам,
Бимон, то боғбон дар шохсори ман самар бинад.

Бубинед, дар ин пораҳо, ки таровиши ҳунари бист-бистуяксолагии Ҳабибуллоанд, чи хел ӯ бе пархош, бе талху пичинг, бо дили оинавор соф, лаҳни нарму пуробуранг, ҷасорату ҷавонмардии шоирона арзи иддао мекунад. Ин шеърҳоро шояд онҳое, ки ибтидои солҳои шастум дар Донишкадаи омӯзгории пойтахт муҳассил буданд, нағз дар ёд доранд.

Ҳабибулло он вақт роҳбарии маҳфили адибони ҷавони донишкадаро зери назари устод Тилло Пӯлодӣ ба уҳда дошт. Даврони шукӯҳи донишкада, бедории донишҷӯён. Чанд сол пеш аз ин дар донишкада ва маҳфил адибони номвар Ғаффор Мирзо, Файзулло Ансорӣ, Акобир Шарифӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Убайд Раҷаб, баъдтар Ғоиб Сафарзода, Лоиқ Шералӣ, Меҳмон Бахтӣ ба арсаи адабиёт боли парвоз кушода буданд ва, албатта, мо аз ному осори эшон ифтихор ҳам мекардем. Он айём анъанаи хубе вуҷуд дошт. Ҳар сол ду маротиба баҳор ва тирамоҳ дар толори тобистонаи Донишкада бо ширкати устодон Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон базми шеър баргузор мешуд. Дар ин маҳфилҳо беҳтарин адибони ҷавони Донишгоҳи давлатӣ низ ширкат варзида, сабқати аҷиби ҳунару маҳорат меоростанд. Ва Ҳабибулло ташаббускори ба ин базмҳои шеър гирд овардани устодони калом ва навқаламон буд. Шоирони ҷавон шеърҳои нави худро мехонданд ва баъди кафкӯбӣ устодон ба ҳунару бозёфти онҳо баҳо дода, аз ҳамон саҳна, ба қавле, умедбахшҳоро зери чашм мекарданд. Чи хотирмону дилнишин буданд он маҳфилу суҳбатҳо ва имрӯз «Куллиёт»-ашро варақзанон ман ба ёд меорам, ки Ҳабибулло кадом шеърро, ки саршори орзуву омоли ҷавонӣ, ишқу ҳиҷрон буд, аз дафтарчаи кисагӣ бо ҳаяҷон дар он маҳфилҳо мехонду сазовори аҳсану офарин мешуд.

Оре, нақши нафасу рӯзгор, самари умр, покиву ҳарорати дил, нафосати бинишу муъҷизаи олами афкор, часпу талош, шиддати эҳсосот, зиёда аз ин, ҳунари халлоқияти шоир маҳз дар сатрҳои ӯ ба ёдгор мемонанд. Ба тарзи дигар, ҳақиқати талхро агар иқрор бикунем, баъди марг – хоҳ умри кӯтоҳ дида бошад ё бардавом – номбардор ва бахшандаи умри дуюми эҷодкор на унвону ҷоиза, не аз худ бут тарошидану аз лой ҳалво сохтан ва ё тахта-тахта бо акс ва пешгуфтори бузургони дуру наздик ба нашр расонидани навиштаҳои сусту беранг, ҷилд-ҷилд китоб чоп кардан (ин як воситаи ба гардани хонанда бор кардани шахсияти худ ва осори камарзиш, бузургманишӣ ва ёфтани шуҳрату обрӯи бепояву арзон аст, ки алҳол, бадбахтона, хеле ривоҷ дорад!), балки танҳо мисраъ ва ё пораҳои зебои ҳунармандона, саршори меҳр, пурмағзу ҳаяҷонбахшанд. Инро воқеияти рӯзгор собит карда. Гап сари ин ки ному осори чанде аз удабои соҳибунвону болонишини асри бист (хок хабар набарад) баъди амонат ба ҳақ супоридан (баъзе зиндаҳо низ) дар як фосилаи кӯтоҳ аз даҳон афтод. Вале Пӯлод Толис, нависандаи ҷавони беунвону ҷоиза, ки ним аср пештар дар синни 32-солагӣ, шояд аз дуруштӣ, бетафовутӣ ва ноодилиҳои муҳит риштаи умри хеш барканда буд, бо як қиссаи кӯчакаш «Тобистон» то ҳанӯз дар анҷуману маҳфилҳо ба некӣ ёд мешавад. Яъне, Толиси ҷавон тавонистааст бо ин қисса умри дуюми бегазанду бардавом ва ҳайкали дӯстдоштании худро ба мо ба мерос гузорад. Ва Ҳабибулло, ки дар синни 35-солагӣ зимни садама нокому ормонӣ аз ҷаҳон даргузашт ва ба гуфтаи худаш, «дар ағбаи умр зор монд армон»-аш, ба ин маънӣ ишораи зебое дорад:

Суруди мо, ки аз гаҳвораҳо оғоз меёбад,
Ба анҷомаш сари китфаш кашонад тобути моро.

Ҳабибулло дар ҳама мавзуъҳо шеърро равон, самимӣ, бо нафаси гарм ва ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ гуфтааст. Ва сатрҳои пурмаъниву номбардор, пораҳои ҳаяҷонбахш ва тасвирҳои тозаву зебо дар ашъораш фаровонанд:

Аз соҳиле ба соҳиле танҳо гузаштаам,
Оташ ба дил, ман аз дили дарё гузаштаам.

                                   * * *

Ханда резад аз лаби ҳар бом бо лабханди ман,
Чашмасорон ҳавли дил бо ханда берун мекунанд.

                                   * * *

Ҳар майсаи дамида
Гесӯ ба ҷӯй мешуст.
Қарчи кулаҳрафида
Гӯё, ки рӯй мешуст.
Аз зери тарма хомӯш
Сар мекашид вешим.
Партофта сияҳгӯш
Зулфони чун бирешим.

                                 * * *

Монанди гули сафеди садбарг
Маҳ дар кафи обҳо шукуфта.

Воқеан, Худованд ба ӯ «чу ҳавои баъди борон дили беғубор» дода буд. Озодманишиву озодандешӣ ва нозу иззатталабиҳои шоиронааш баъзан ба сари ӯ моҷарову мушкилиҳое низ меовард.

Имрӯз лаҳзаҳои умри ҳамеша пуртакопӯ ва даршитоби Ҳабибуллоро пеши назар меорам. Вай дасти бисёре аз ҳамқаламони аз худ бузургро дар ҳолатҳои мушкилӣ бетамаъ мегирифт. Ба яке аз Маскав тарҷумони боистеъдоду ҳалолкор меёфт, дар нашри китоби дигаре мадад мерасонд, барои барқарор кардани оне, ки бо сабаби ёғигиву гарданшахӣ бо тазйиқу фишор аз сафи ҳизб хориҷ шуда буд, мусоидат ҳам мекард, чунки дастпечу дилёбу дидадаро буд. Ва баъд ба ивази некиҳояш тамасхур, писханд ва ё таҳқиру нописандиҳо медид. Вале эҳсоси ранҷиш дар шеъри Ҳабибулло бо хушунат ва кинаву адоват не, балки бо зарофати шоирона садо медиҳад:

Ҳангоматалоши нармгуфтор туӣ,
Шуҳратталабу ба худ гирифтор туӣ.
Баъд аз сари мурдагон сано мехонӣ,
Он мурданавози зиндаозор туӣ.

Соли 1966 китоби нахустини Ҳабибуллои донишҷӯ «Қатраи борон» бо фотиҳаи устод Сотим Улуғзода аз чоп баромад ва аз ҷониби суханшиносон баҳои баланд гирифт. Аз ҷумла, адабиётшиноси маъруф Атахон Сайфуллоев ҳамон сол дар маҷаллаи «Садои Шарқ» бо унвони «Қатраи рӯдхоҳ» перомуни ҳусну қубҳи шеърҳои шоири ҷавон мақолаи доманадору хайрхоҳонае ба нашр расонд. Худи ҳамон сол Ҳабибулло дар синни бисту як ба узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардид. Номи ӯ, ашъори ӯ чун падидаи адабиёт дар маҳфилу анҷуманҳои сухан садо медод. Ва дидадаро, ки буд, ҳамнишину ҳамсуҳбати аҳли фазл мешуд ва аз ин ҳам файзе мегирифту илҳом. Хулоса, Ҳабибулло ба зинаҳои шуҳрат хеле зуд ва ҷавон расид, вале баъди хатми донишкада аз пайи ишқ ба ноҳияи Восеъ рафт ва муддате дар рӯзномаи «Мубориз» кор кард. Албатта, барои шоири чавоне чун Ҳабибулло, ки парвардаи муҳити адабии пойтахт буд, кору фаъолияти эҷодӣ дар ноҳия чандон созгор намеафтод. Аз ин рӯ, ба шаҳри Душанбе баргашт, лек бо зану фарзандон. Ва дар кӯчаи Халтурин, дар як кулбаи тангу назарногир иҷоранишин шуд. Ёдам ҳаст, ки ӯ аз ёфтани ин хонаи ба қавли худаш сағирагӣ (зимни суҳбат ӯ вожаи сағира ва сағирагиро фаровон истифода мебурд) чи хел шодӣ мекарду болу пар мебаровард. Ва баъзан натанҳо мо, донишҷӯёну дӯстони ҳамқаламаш, балки шахсиятҳои маъруфро бо дили кушод ба ин кулба кашида меовард ва ҳаққи намак мекард (Кулбаи иҷораи Ҳабибулло дар шафати манзили устод Мирзо Турсунзода, ки ҳоло Хона-музей аст, ҷой дошт ва устодон Носирҷон Маъсумӣ ва Холиқ Мирзозода низ дар он маҳалла мезистанд). Боре дар як рӯзи боронӣ Ҳабибулло ба ҳамсараш Сафиябону бо тантана мегӯяд:

– Зуд палов бипаз, палови нағз, дастархона дурусттар биоро. Ман ба хона устод Турсунзода, маълимҳоям Носирҷон Маъсумӣ, Холиқ Мирзозодаро даъват кардаам.

– О ин чӣ хел мешавад? Хона тангу заҳ, худамон базӯр меғунҷем. Шароит нохуб. Одамҳои бузург… Э худо, ту ҳуш дорӣ ё не? – ба ташвишу воҳима меафтад Сафиябону.

– Ҳеч гап не, онҳо ҳам сағира буданд. Медонанд, ки хонаи вазир не, ба кулбаи сағираи Ҳабибулло даъват шудаанд, – посух медиҳад ӯ.

Сафиябону ночор сабзӣ пора мекунаду дегча болои примус мегузорад. Ва Ҳабибулло сари дав аз бозор меваву сабзавот меорад. Ва нисфирӯзӣ дар кулбаи иҷора, паҳлуи гаҳвораи тифлон, гирди хони сағирагии Ҳабибулло суҳбати аҷоиби устодон метасфад. Турсунзода шеър мехонаду Ҳабибулло, Мирзозода латифаҳои пурзарофат мегӯяду Маъсумӣ лаълича дар даст, ғазалҳои Ҳилолиро бо савти Шашмақом замзама мекунад.

Ҳабибулло бо роҳхати Иттифоқи нависандагон барои таҳсил ба Курси олии Институти адабиёти ба номи М. Горкий рафт. Ин орзуи деринааш буд. Ду соли таҳсилу зиндагӣ дар Маскав ва ошноӣ бо шахсиятҳои намоёни адабӣ ба эҷодиёти шоир такону таъсири амиқ гузошт. Силсилаи шеърҳояш дар тарҷумаи шоирони варзида дар муътабартарин маҷаллаву рӯзномаҳои Русия нашр шуда, баҳои сазовор мегирифтанд (ба силсилаи шеърҳои ӯ маҷаллаи «Дружба народов» ҷоиза ҳам дод). Вале баъди бозгашт ӯ ба мушкилоти пайдо кардани ҷойи кор рӯ ба рӯ шуд. Ва ба кушодагӯиву риндигарӣ ва рафторҳояш баҷову ноҷо хӯрдагирӣ оғоз ёфт. Муросо ба Ҳабибулло бегона буд. Вай ҳақиқати худро дар ҳар маврид, хоҳ талх бошад, хоҳ шӯр, рӯ ба рӯ изҳор медошт. Ин табъи касони нозуку қолабиро хира месохт ва баъзеҳоро ба даҳшат меовард. Дигар шеъри Ҳабибуллоро не, хислат, рафтор ва гуфтори ӯро тунду тез муҳокима мекарданд ва шоире, ки бармаҳал ба ҳамзамонону ҳамқаламон иброз дошта буд:

Хислати оина дорад покии пиндори мо,
Фарқ набвад дар миёни гуфтаву кирдори мо,

– аз ҳолати ногувораш ба танг омада, ҳайратзада менолад:

Аз гардиши ин фалак чунон ҳайронам,
Пайдо ба дилам, зи дидаҳо пинҳонам.
Бар қуллаи мақсуд расидам, лекин
Дар ағбаи умр зор монд армонам.

Чанд рӯз пеш аз маргаш Ҳабибуллоро ғоибона дар маҷлиси ҳизбӣ сахт сарзаниш ва таънаву маломат карданд. Касе аз суханчинону аловмонҳо ин «хушхабар»-ро ҳамон шаб бо пардозу воҳима ба ӯ «ҳадя» карда. Ду-се рӯз Ҳабибулло музтарибҳол, хиҷилу бедимоғ гашт. Ва дар чунин вазъ мӯяш парешон, гиребони пероҳан як тараф, гарданбандаш тарафи дигар каҷ, шиму пиҷакаш ғиҷим, як даст дар ҷайб, ба яке аз роҳбарон рӯ ба рӯ омад.

– Чӣ турӣ, Ҳабибулло?

– Нағз. Худама ислоҳ карда гаштаам, маълимҷон, – бо ришханд посух дод ӯ ва афзуд: – Агар гӯед, ранги мошинатро ҳам дигар бикун, мекунам…

Солҳои шасту ҳафтоди асри бист зимни таълими сарнавишт ва дурнамои забонҳо баъзе устодон қотеъона мегуфтанд, ки оянда забонҳои ҳамаи халқҳои шӯравӣ аз байн рафта, як забони муштарак ба вуҷуд меояд. Албатта, ин фарзияи ҳузнангез чун нештар ба дили ҷавонони ватанхоҳ, фарҳангу адабиётдӯсти миллат мехалид ва онҳоро ба даҳшат оварда, парешонҳол мегардонд. Ҳабибулло низ, аз рӯи гуфти шарикдарсаш Саломи Нуриёни Баравнӣ, чунин иддаои дилхарошро аз устоди забоншиносе шунида, бо аламу дард мепурсад:

– Забони тоҷикӣ ҳам мемурад? Аз байн меравад?

– Бале, ин ногузир аст…

– Баъд мо шеъри Ҳофизро ба кадом забон мутолиа мекунем? – боз мепурсад Ҳабибулло.

– Бо ҳамон забони нав… – бо лабханд ҷавоб медиҳад устод.

– Номаъқул кардӣ! – якбора метаркад шоири ҷавон, – ғазали Ҳофиз бояд ба забони худаш хонда шавад.

Ана ҳамин хел буд Ҳабибулло.

Ва боз як лаҳза. Боре дар анҷоми маҷлиси ҳисоботии Иттифоқи касаба чи шуду ӯро шӯхиомез раиси ҳайати ҳисобот интихоб карданд.

Маҷлис дар толори бузурги Иттифоқи нависандагон мегузашт. Ӯ бо табъи хуш ба минбар баромад ва дар фосилаи як-ду дақиқа шумораи овозҳои тарафдору зид ва бетарафро хонд. Аммо дар минбар истод.

– Вазифаат тамом шуд, Ҳабибулло, фуро, – аз поин луқма партофт касе.

– Намефуроям! – ҷавоб дод Ҳабибулло ва афзуд: – Дар умрам нав ба ман минбар расид.

Мавҷи хандаву кафкӯбӣ толорро пур кард.

Ана ҳамин хел буд Ҳабибулло.

Худро бепарво меангошт, аммо дили нозук ҳам дошт. Баъзан ба шӯр меомад ва зимни нишаст, бодагусорӣ ва баҳсҳо агар ҳамқалам ё ошноеро меранҷонд, сари субҳ, албатта, бо дастовезе ҳалқа ба дари ӯ мезад ва ба пурсиш кушодадилона посух медод:

– Ҳабибуллоям, дарро кушо, сағира.
Ин як сифати ҷавонмардии Ҳабибулло буд.

Хабари марги фоҷиавии ӯ чун тири сӯзон қалбҳоро реш кард. Ва дар моҳи тутпази Ховалинг, ки Ҳабибулло дӯст медошт ёронро ба сайри зодгоҳаш бибарад, аҳли қалам бо андӯҳ ба ҷанозаи шоири ҷавонмарг рафтанд. Тобут таги дарахти азими тут меистод. Ҳабибуллои хунинкафан бар хилофи хислат, аз шӯру шари дунё бепарво, дигар ором мехобид. Болои тобуташ дона-дона тут мерехт ва аз чашмони занону духтарони мӯягар мушт-мушт ашк. Ва кампири холааш – Алломапошо хазинаи байту рубоӣ, бо нолаи талх модарвор ҷанозаи лахти ҷигар обод мекард:

Фарзанди ягонаам ту будӣ, писарам,
Дар даҳр нишонаам ту будӣ, писарам.
Бо рафтани ту хонаи дил вайрон шуд,
Ободии хонаам ту будӣ, писарам.

                  ***

Ман аз гаҳвора то тобут,
Нависам достони дил,   

– дар гӯшам садо медод овози Ҳабибулло. «Э сағирае… Худата аз кашмакашу азоби дунё раҳондӣ… »

Олами ҳунар саҳнаву бозиҳои аҷибе ҳам дорад. Баъзан мебинед, ки харакие бо бале-бале ва тела-телаи тақдирҷунбонҳо аз аспсаворон осон мегузарад. Ҳарчанд ин ришханди рӯзгор гузарост, боиси азияти эҷодкорони ҳассос мегардад. Ҳабибулло низ аз беэътиноӣ ва хӯрдагириҳои атрофиён ошуфтаҳол, гоҳе дард дар дил ниҳон, ханда ба лаб аён, бо алам хитоб мекард: «Ҳабибулло дар кӯча намондааст…» Ва бо иншои шеърҳои нав ба нав ба «мурданавози зиндаозор»-он посух медод:

Дигар чӣ хоҳӣ, эй рақиб, аз имтиҳони ман,
Оташ ба дил ман аз дили дарё гузаштаам.

Устод Ашӯр Сафар барои беқарориаш бо навозиш Ҳабибуллоро «гунҷишкак» ном мебурд. Шодравон Ғоиб Сафарзода ҷиҳати ногаҳон фошофош изҳор кардани ақидааш ҳазломез ӯро «рози ниҳон» меномид. Дар ҳар сурат, Ҳабибулло то нафаси охирин ба шеър содиқ монд, сатҳи эҷодиёташро паст нафуровард, китобҳои зиёде ҳам ба нашр расонд. Ҳарчанд дар бораи ашъораш қариб мақолаҳои тавсифӣ ба табъ нарасидаанд, вай беҳтарин унвонро чун ҳаққи ҳалол соҳиб шуд – Шоир!

На беномам, на марди номдорам,
На мағрурам, на он сон хоксорам.
Ҳамеша дар раҳи паймони қавлам,
Чу кӯҳистони мулкам пойдорам.

Қаламрави Ховалинг (шояд дар гузаштаи дур Ховарон) саросар чашмасор аст. Табиати дилрабо ва оби гуворову ширини чашмаҳояш асрҳост, ки марҳами ҷони мардуманд. Ҳабибулло дар ҳамин диёри биҳиштосо чун чашмаи шӯху ҷӯшон арзи ҳастӣ кард, даврони бачагӣ ва «ҷавонии ҷаҳоннодида»-ашро бо шӯру қиём басо зебову рангин суруду ҷавон рафт, ҷисман умри кӯтоҳ дид, лек ӯ аз ҷавонтарин насли овозадори солҳои шастуми асри бист буд, ки дар адабиёт нақши дурахшон гузошт. Ва осори марғуб, пора-пора шеърҳои равону хубаш умри маънавии ӯро бардавом, ташнагони каломи мавзунро шодоб хоҳанд дошт. Ва ин байти ӯ пешбиние шуд ба сарнавишташ:

Мо дусад бор зи нав зинда шавем,
Гар дусад бор зи дунё гузарем…

Мутаассифона, ағбаи умри Ҳабибулло сивупанҷ будааст, чун умри Шамсиддин Шоҳини ҷавонмарг, хушбахтона, умри маънавияш бардавом хоҳад буд. Оре, мисраъ-мисраъ, пора-пора шеъри ноб ҳам ба шоир умри ҷовидона мебахшад.

Абдулҳамид САМАД

* * *

Намунаҳои нахустини шеърҳои ба воқеаҳои конкретии зиндагӣ бахшидаи Ҳабибулло Файзулло гувоҳи он мебошанд, ки вай қодир аст назми имрӯзаи тоҷикро бо шеърҳои ба назар намоёни лирикаи гражданӣ ва философӣ бой намояд. «Қатраи борон», «Рӯди ором», «Шаби модар» ва «Ду дарё» нишонаи чунин шеърҳои ба талаботи хонандагони имрӯза ҷавобдиҳанда шуда метавонанд. Тафовути ашъори лирикии Ҳабибулло Файзулло, аз ҷумла шеърҳои ҷудогонаи гражданӣ ва философии ӯ, аз дигар шоирони ҷавон пеш аз ҳама дар он аст, ки ӯ ба муҷаррадбаёни, пардапӯшона ифода кардани фикр, ба мавҳум тасвир намудани образҳои шеърӣ роҳ намедиҳад, балки мавзую идея, мақсаду омол ва тарзи баёни шоиронаро хеле аёну конкрет ва хеле равшан ба қалам медиҳад, ки дар натиҷа мавзуъ ва идеяи шеърҳои ӯ дар якҷоягӣ бо шакли баланди шеърӣ пурмазмуну ҷилодор мегарданд. Барои тасдиқу исботи ин фикр шеъри «Рӯди ором»-ро ба хотир овардан кифоя аст. Шоир мекӯшад, ки дар байтҳои зерини он шеър мавзуи борҳо дар назми муосири тоҷик инъикосёфта — тавсифи дарёҳои Тоҷикистонро бо санъату обуранги бадеии нав инъикос намояд:

Ин рӯди куҳистон аст, дар домани кӯҳаш бин,
Ҳам ҷӯшу хурӯшаш бин, ҳам фарру шукӯҳаш бин.
Бар санг занад худро, бар кӯҳ занад худро,
Гирдоби бало созад, он ҷо фиканад худро.
Дар ин раҳи ноҳамвор сад пасту баландӣ ҳаст,
Бо ҷӯшу хурӯш аммо садди раҳи худ бишкаст…

Соҳиб ТАБАРОВ

* * *

                 ЁДЕ АЗ ҲАБИБУЛЛО

Як ҷони ба шӯру дидаи шайдо дошт,
Як дил ба суроғи ҷумлаи дилҳо дошт.

Дар сина ғубори кинаро роҳ надод,
Ҳарфе, ки ба дил буд, ба лаб пайдо дошт.

Дар зоҳиру дар ботини худ якрӯ буд,
Чун гул ҳама рози рангу бӯ ифшо дошт.

Ҳар гаҳ ки ба шӯр алайҳи ноҳақ мехест,
Бар ҷойи силоҳ соғари мино дошт.

Умре ба раҳи пасту баландии ҷаҳон
Пастӣ написандиду сари боло дошт.

Осемасар омаду саросема гузашт,
Як зиндагии кӯтаҳи барқосо дошт.

Ҳарчанд ки пур нагашт ҷоми умраш,
Лабрез дилеву ҷоми пурсаҳбо дошт.

Дар назми муосир чу табассум шуд нақш
Он ханда, ки дар чеҳра Ҳабибулло дошт.

Камол НАСРУЛЛО

Дигар хабарҳо