Шеъре чанд аз Ҷаъфар Муҳаммад

Дар як дил намегунҷам

Ман он дарёи маввоҷам, ки дар соҳил намегунҷам,
Ҳазорон дил маро бояд, ки дар як дил намегунҷам.

Ҳама баргу ҳама борам, ҳама аз мева саршорам,
Дарахтеам, ки дар як давраи ҳосил намегунҷам.

Ҳама дар худ сафар дорам, ба қалби худ назар дорам,
Сафарпарвардаам, дар маскану манзил намегунҷам.

Чаро, эй сорбон, ин қадр таъҷилошно ҳастӣ?
Ман он борам, ки дар як корвон маҳмил намегунҷам.

Ман он шогирди густохам, ки аз занҷир вораста,
Дигар дар хонақоҳи муршиди комил намегунҷам.

Натанҳо дар хаёли оҷизи девонае, Ҷаъфар,
Аз ин пас балки дар андешаи оқил намегунҷам.

 

Аз табори борон

Ман наводаи дарё, пури кӯҳсоронам,
Ҳамнажоди ҷангалҳо, ёри обшоронам.

Ин қадар чӣ мелофӣ аз сириштат, эй хокӣ?
Ман зи қавми тӯфонҳо, аз табори боронам.

Вазну баҳри шеърамро аз арӯзи соҳил ҷӯ,
Ман таронаи мавҷам, савти ҷӯйборонам.

Муҳтасиб! Таассубро бишкану табассум кун!
Ман муриди ангурам, пири майгусоронам.

Ту ба чашми ман, афсӯс, аз сиёҳкоронӣ,
Ман ба чашми ту, хуш бош, аз гуноҳкоронам.

Ошиқон! Куҷо рафтед, анҷуман парешон нест,
Ман ба лаб ғазал имшаб шамъи ҷамъи ёронам.

Ишқ гул кунад, Ҷаъфар, дар дили зимистонҳо,
Чунки ман паёме сабз аз дили баҳоронам!

 

Фоли сабз

Барги гул… Дастони духтар…
Дӯст медорад-намедорад,

Шабнами лабҳош ахтар:
«Дӯст медорад? Намедорад?»

Ишқ мехонад ба гӯшаш қиссаҳои сабзу обиранг,

Орзуҳояш муаттар:
«Дӯст медорад… Намедорад…»

Шарми ширини гулобӣ мекунад дар гунаҳояш гул

З-ин суоли покбовар:
«Дӯст медорад? Намедорад?»

Дар лабонаш лутф мегардад латифу ботароваттар,

Мешавад байту ғазал тар:
“Дӯст медорад…  Намедорад”.

Баргҳои канда аз ангуштҳои изтиробафшон
Мекушояд бар ҳаво пар:
«Дӯст медорад!  Намедорад?»

Бо табу тоби вуҷудаш то саҳар бар хеш мепечад,
Изтиробангез бистар:
«Дӯст медорад?  Намедорад!»

Нома лаб во мекунад з-ойинаи тилфони дастиям:

Ӯ маро монанди Ҷаъфар дӯст медорад?
Намедорад?

 

ПАЙҒОМИ ШАМС

Ин даст кӯтаҳ аст, ба кавкаб намерасад,
Пайғоми шамс то ватани шаб намерасад.

Маснаднишин ба ганҷи сухан дастёб нест,
Чун шоире, ки ҳеҷ ба мансаб намерасад.

Одам намешавад дили панҷоҳсолаам,
Чун тифл бар ниҳояти матлаб намерасад.

Дар шаш ҷиҳат ба гӯши фалак наъра мекашад,
Девонагии ман, ки ба Машраб намерасад.

Даъвои шоирӣ кунам, аммо чи суд, чун
Як ҳарфи ман ба гӯши мухотаб намерасад…

 

Заврақи шикаста

…Ва шикастазаврақеро саҳаре нишаста рафтам,
Пару боли мавҷҳоро ба дилам шикаста рафтам.

Ба ҷазирае, ки қуташ зи шароби офтоб аст,
Ба ҷазирае, ки роҳаш ба риёст баста, рафтам.

Ба ҷазирае, ки он ҷо ҳама Ишқ сабзу обист,
Зи ҷаҳони сарду козиб дили худ гусаста рафтам.

Ба хаёли гумраҳи ман хами зулфи ёр печид,
Ба таноби печутобаш дили хеш баста рафтам.

Ва на даст буду не по, ки шиноварӣ намоям,
Ҳама ғарқа-ғарқа рафтам, ҳама ҷаста-ҷаста рафтам.

Ва ба чашми нилгунаш чу саҳоби осмонгард
Ҳама якка-якка рафтам, ҳама даста-даста рафтам.

Чу ҷаҳони гирдгардон шуда дори чашмбандон,
Сари тори дори ишқаш ба ду чашми баста рафтам.

…Ва шикастазаврақеро саҳаре нишаста рафтам,
Пару боли мавҷи Ҷаъфар ба дилам  шикаста рафтам…

Дигар хабарҳо