Шеваи хоси муҳаққиқ
Чопи таълифоти арзишманди илмӣ дар нашрияҳои муътабари “Литературная газета”, “Дружба народов”, “Вопросы литературы”, “Садои Шарқ”, “Помир”, “Маориф ва маданият” ва ғайра дар охири солҳои 70-ум ва солҳои 80-уми садаи бист аз ҳузури донишманду ноқиди ҷавоне, ки шӯру ҳаяҷон ва ҷасорати хос дошт, дарак дод. Баъдтар мақолот ва нигоштаҳои ӯ дар заминаи нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар маҷмуаҳои “Нури сухан”, “Магические мосты” (Олмаато, 2005) ва “Рӯшаноии сухан” (Душанбе, 2015) фароҳам омаданд. Муаллифи осори мазкур Сафар Абдуллоҳ дар роҳи офаридани нақдҳои ҳунарии худ аз шеваҳои фаровони нақди адабии ҷаҳон баҳра ҷуста, аз файзи ҳавсалаву баракати ноқидони тирози аввали шарқиву ғарбӣ нафас тоза мекунад.
Дар таълифоти ӯ ҳарчи бештар саъй бар он рафтааст, ки роҷеъ ба масоили арзишманд ва нуктаҳои дасти аввал изҳори матлаб шавад, нукоти меҳварии адабӣ ва таърихӣ аз диди равандҳои адабии ҷаҳон ба доираи таҳқиқ дарояд.
Нуктаи дигар ба доираи объекти таҳқиқ вобаста ва таваҷҷуҳбарангез аст: осору афкори касоне, ки Сафар Абдуллоҳ дар навиштаҳояш ҷой дода, ҳамагӣ шахсиятҳои пурҳунаранд ва аз диди ӯ бо мизону маҳаки комилиёре санҷида шудаанд. Аз шахсиятҳои имрӯзаи миллати тоҷик, аз ҷумла Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Акбари Турсунзод, Олҷас Сулаймонов, Ризо Бароҳанӣ, Сайид Алӣ Мӯсавии Гарморӯдӣ ва дигарон аз зумраи касонеанд, ки муҳаққиқ бо майлу ирода ва самимияти беандоза дар ҳаққашон сухани ноқидона ба миён гузошта, чеҳраҳои воқеии онҳоро барои хонанда намоён карданӣ шудааст.
Ӯ ғолибан чунин раъйро ҳамеша пай мегирад, ки “насли имрӯз аз наққоду адиб интизор доранд фаҳми дурусти шеъру адабро дошта бошад, аз олим мехоҳанд, ки бо далоили илмӣ ва дур аз ҳар гуна таассуб сухан гӯяд. Таҳқиқи олимона дар заминаҳои забон, адабиёт, таърих ва фарҳанг бисёр муҳим аст ва бояст навъе ҷойнишини навиштаҳое шавад, ки ба маҳҷур мондани мардум, ба вежа ҷавонон аз адабу ҳунари воқеӣ, ки матлуби онҳост, мусоидат кардаанд”.
Дониши фаровони Сафар Абдуллоҳро дарси “Шоҳнома”-шиносиаш дар донишгоҳ ва вежасуҳбати ӯ бо устод Сотим Улуғзода, ки фишурдаи он зери унвони “Сухан аз рӯзгори Фирдавсӣ” дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” (10-уми феврали соли 1987) ва тарҳи муфассалаш – “Дирӯз, имрӯз ва фардо” дар ҷаҳор шумораи ҳафтавори “Омӯзгор” (1991, 11-уми сентябр-2-юми октябр, №№37-40) нашр шудаанд, бозгӯ мекард. Бешак, адабиётшиноси пӯё дар нигориши жанри ба истилоҳ “мусоҳибаи адабӣ” қобилияти назаррасе нишон додааст. Ноқиди фақиди тоҷик Абдувалӣ Давронов боре бамаврид таъкид доштааст, ки “анъанаи хуби суҳбати мунаққид ва мутарҷим, мунаққид ва шоир, мунаққид ва нависанда, мунаққиди театр ва драматургро эҳё бояд кард”. Дар ин зимн ба муколамаи Сафар Абдуллоҳ бо Сотим Улуғзода низ равшан ишора шудааст. Ман борҳо муколамаи мазкурро варақ мезанам ва аз фарорафти андешаву дониш ва табаҳҳури мусоҳиб ба ҳайрат мемонам. Воқеан, имрӯз ҷойи чунин суҳбатҳои хосаи адабӣ бо иҳотаи комилу пурбори донишҳои назариву таърихӣ холист.
Аз корҳои баъдии пажӯҳишгар пайдост, ки минбаъд низ бо “Шоҳнома” ва осори дигари беназири адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ҳамнафас монда, таълифоти фаровоне дар ин замина нашр кардааст. Силсилаи мақолаҳои “Муносиботи марзии Эрону Тӯрон ба ривояти “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” (2002), “Нақши адабиёти форсӣ дар шаклгирии адабиёти ақвоми туркизабони Осиёи Марказӣ” (2004) бо такя ба аснод ва далоили мухталифе рӯи сафҳаи айём омаданд, ки нигоҳи густардаи муаллифро ба таърих ва ҷуғрофиёи халқҳои эронӣ собит мекунанд.
Сафар Абдуллоҳ аз олимонест, ки аз овони ҷавонӣ баробари олимони дилсӯз ва равшанзамири тоҷик дар мубориза ба вайронкории ҳақиқати таърихи халқҳои форсу тоҷик аз ҷониби халқҳои дигар ва дастдарозӣ ба мероси гаронқадри онон кӯшиши хастагинопазир ба харҷ додааст. Дар ин замина мақолаи ҳаммуаллифии ӯ бо академикҳо Раҷаб Амонов ва Муҳаммадҷон Шукуров “Вайрон кардани ҳақиқати таърих бояд пешгирӣ шавад” (“Маориф ва маданият”, 1979) дар посух ба тарҷумаи ӯзбекии асари нависандаи рус В. Войскобойников “Великий врачеватель”, ки бо қалами А. Шаламаев таҳриф шуда, ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Дар мақолаи “Оинаи зангхӯрда” (1982) бо далелҳои раднопазир ба гароиши носавоби туркгароии нависандаи ӯзбек Мамадалӣ Маҳмудов дар романи “Қуллаҳои ҷовидон” посухи созгор медиҳад, ки таърихи эрониёни Осиёи Миёна дар он вожгуна таҷассум ёфтааст. Ба ин тарз, “ҳаваси дастёзӣ”-и бегонагонро ба мероси маънавии халқҳои эронӣ дар навиштаҳое монанди “Таърих ёвагӯиро таҳаммул намекунад” ва “Шарҳи ин хуни ҷигар мехоҳад” рад ва маҳкум менамояд. Теъдоде аз навиштаҳои Сафар Абдуллоҳ дар матбуоти тоҷик дар заминаи амиқрафти муборизаҳои ҳангуфти аҳли зиё дар ҳифзи асолати қавмӣ ва таъсири муноқишаҳои миллии даҳаи 80-уми садаи бист ба миён омаданд, ки “Оинаи каҷнамои тасвир” (1987), “Ки бе дирӯз ҳоло нест” (1991) ном мақолаҳо ҳамин гуна тамоюл доранд.
Нигоришҳои Сафар Абдуллоҳ дар канори осори зиёиёни равшанзамири тоҷик ҷой дорад, ки дар онҳо ҳастии воқеии миллии тоҷикон, дардҳои забону адабиёт ва таърихи дуру наздики онон бо эҳсоси вежа, баланд, барозандаи ватанхоҳӣ ва бо камоли хоҳишу нияти дифоъ аз дуздиҳои таърих ба доираи ғавру баррасӣ кашида шудаанд. Ҳадафи ин равиш пирӯзии ҳақиқат дар баробари ҳақношиносӣ ва аз ҳақ гузаштанҳои замона, тозасозии саҳифаҳои ғуборолудаи илм, адабиёт ва фарҳанги камназири тоҷикӣ аст. Чунин эҳсос мешавад, ки аз китобҳои Сафар Абдуллоҳ ва бархе аз ҳамзамононаш бӯйи дуди оҳи фалаки мардуми тоҷик ба фазои густардаи иҷтимоӣ мепечад, перомуни онҳо “ҷанг” бо мафкураи ҳамзамонон нақши меҳварӣ ва калидӣ дорад, ки албатта, ин тарзи нигориш дар таҷрибаҳои адабии ҷаҳонӣ бесобиқа нест.
Аз назари мо, маҳсули наққодии Сафар Абдуллоҳ ба сифати намунаи меъёри муносиби баҳо ба адабиёт ва сатҳи афкори адабӣ дар як давраи хос ва ҳассоси миллати тоҷик ҳамеша бояд дар мадди назар бошад.
Субҳон АЪЗАМЗОД