Шеваи хоси адиб (Ёде аз устод Нозирҷон Боҳирӣ)
Шахсияти шоирии Нозирҷон Боҳирӣ бо мавҷи пуршӯру шаафи навҷӯиҳои адабии солҳои 60-ум (асри сипаришуда) ба саҳнаи назм омад, чун дар ин давра Донишгоҳи давлатиро хатм намудаву дар маҳфилҳои адабии донишгоҳӣ ва муҳити эҷодии нашрияҳои марказӣ пару бол баровардаву дар мубоҳисаву гуфтугӯҳои ҷавонадибон ширкат мекард. Ашъори ин давра ва солҳои хеле баъд гуфтааш ин андешаро таъйид менамояд, ки шоир қолабшиканиву навсозиҳоро дар шеъри муосир санҷидаву дар зеҳн баркашида, дар ниҳоят ҷустуҷӯро дар анвои суннатӣ интихоб кард. Бинобар ин, ғазалро дар меҳвари эҷодиёти хеш қарор дод ва, агарчи теъдоди он бар анвои дигар, аз ҷумла чорпора ва нимоӣ ба таври чашмрас имтиёз надорад, пайгирона ва бо як навъ истодагариву итминон ба қалами худ идома бахшидани ғазалсароӣ аз ҷониби Нозирҷон Боҳирӣ далели дурустии ин андеша буда метавонад. Метавон гуфт, ки дар таҷрибаҳои аввалия ва баъдиаш аммо он кӯшоӣ ва ҷӯшиши он ҷараён боқӣ монд ва шакл пазируфт. Зеро он тамоюл бинобар қудрату таъсири аёну амиқе, ки бо худ оварда буд, наметавонист дили шоири ҷавони ба шеър муҳаббат ва иштиёқи шоиста нишондодаро фурӯгузор намояд.
Дар мақолае Ҷамолиддин Саидзода, мунтақид ва адабиётшинос аз Гулназар нақли қавл мекунад, ки барои эътибори ин фарзия ёрӣ намояд. Устод мегӯяд, ки пас аз баргузор шудани ҳамоиши шеъри порсии тоҷикӣ (1966) дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шоирони ҷавонро шӯру ҳаяҷони навҷӯӣ фаро гирифта буд. Ба гуфтаи мавсуф, рӯзе Нозирҷон Боҳирӣ омад ва як даста шеърҳои Нодири Нодирпурро рӯйи миз гузошта, нидо кард:
– Мана шеъри нав, мана шеъри асил!
Ин ишора, ки аз мақолаи олим, дар бораи шӯру ғулғулаи дили шоир аст, чизҳоеро мегӯяд, ки шояд бидуни он аз сарнавишташ ҳиссаи муҳиме кам мешавад. Аммо китоби нахустинаш танҳо соли 1975 («Андеша») чоп шуд! Чопаш 7-10 сол тӯл кашид. Ҳар бор чун аз сабабҳои кашол ёфтани он сухан ба миён меояд, муаллиф нороҳат мешавад, ба фикр фурӯ меравад, вале посухе намедиҳад. Инро ҳам мисли хотираҳои тифливу наврасиаш, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъдиҷангӣ гузаштааст ва мушкилоти сангини ҳаёти ҳамсоягону ҳамгузарҳояшро худ мушоҳида кардаву аз сар гузарондааст, бо зарофатҳо ва лутфу хушсуханиаш мепӯшонад. Бо вуҷуди он ки муаллиф шинохта шуда буд, аммо бинобар нахустин будани маҷмуа, баъзе хонандагон шоири ҷавонаш мепиндоштанд. Боре пурсиданд, ки чаро шуморо шоири ҷавон ном мебаранд? Дар ҷавоб Нозирҷон Боҳирӣ худро «ранҷида» вонамуд кард: «Чӣ, магар ман ҳанӯз ҷавон нестам?» Албатта, саволдиҳанда лутфи нозуки мусоҳибашро фаҳмид ва шоир ҳам медонист, ки ин пурсиш маънои дар эҷод ҷавон набуданро дорад. Бо ин лутф маҷрои суҳбат иваз ва зарурати ибрози сабабҳои субъективии ҷараёни чопи китоб аз байн рафт.
Бадриддин Мақсудов, профессор, менависад: «Гарчи табиаташ туғёнӣ нест (Нозирҷон Боҳирӣ), кам воқеъ мешавад, ки фикри касеро зуд тасдиқу таҳсин кунад, барои қабули ҳар иддао далелу бурҳон металабад. Андешаву хулосаҳои худро низ ҳатман рӯйи асноди маҳкам устувор мегардонад. Аммо шӯхмиҷозу ҳозирҷавоб, озоду озода, базлагӯю маҳфилоро ва дар муҳовара беҳамтост».
Нозирҷон Боҳирӣ дар китоби аввалинаш «Андеша» чанд ғазали худро («Гуфтугӯ», «Хуршед ҳасту равшанӣ», «Оташпораро монам», «Оташе дорад», «Инчунин бояд», «Шиори дил», «Бим надорам») ҷо додааст, ки онҳо дар китоби «Талош» («Адиб», 1990) ва «Қулла» («Адиб», 2003) бо ҷанбаҳои ватандӯстона такмил ёфтанд. Дар қатори ғазалҳо шоир чорпораҳо ва нимоиҳои ватанпарастонаашро низ ҷо медиҳад. Шоир муддате дар хориҷа кор кард ва ин айём бештар ашъори ватандӯстона гуфт. Устод Муъмин Қаноат дар суҳбате дар робита бо ин гуфта, ки «Нозирҷон, аз шеърҳоят бӯи шеъри Лоҳутӣ ва Ҳабиб Юсуфӣ меояд.» Дар мавриди дигар ин устоди сухан аз шеъри «Осиёбон»-и Боҳирӣ мутаассир мешавад ва афсӯс мехурад, ки дар вақташ мо аз ин шеър барои тарғиби ҳаёти осоишта, қадри нон, нозу неъмати зиндагӣ истифода накардем. Мазмуни ин шеър низ моро ба зиндагии овони наврасии шоир мебарад ва як пора ҳаёти сангини мардумро дар давраи ҷанг мунсаҷим менамояд.
Конибодом. Деҳаи Пӯлотон, гузари Подаҷо. Осиёбон шабу рӯз кор мекунад. Одамон гумон мекунанд, ки ӯ серу пур аст. Аммо вай рӯзе аз осиёб берун шуда меафтад ва ҷон медиҳад. Маълум шуд, ки аз гуруснагӣ ба ин ҳол расидааст. Ин воқеа нишони барҷастаи садоқати инсон аст ба ҳамзамонон, ба ҷомеа.
Ба Ҳофизи бузургвор ғазале бахшида ва бо ин пайванди худро бо суннатҳои адабӣ, садоқаташро ба забону тарзи офариниши образҳои лирикии ӯ ва, умуман, шеъри классикии тоҷикӣ-форсӣ бозгӯ кардааст:
Ҳаркӣ девони ту як бор ба даст ар нагирифт,
Гӯйӣ аз умри гаронмояи худ бар нагирифт.
В-он ки боре ғазалат хонд, агар дошт диле,
Ҷуз раҳи ишқу садоқат раҳи дигар нагирифт.
Ин ғазал худ мегӯяд, ки онро имрӯз гуфтаанд, чунки ин гуна ниёзи маънавӣ ва иштиёқ воқеан равшан ба назар мерасад. Хоса, ки эҷоди Ҳофиз торафт дилҳои ҷаҳониёнро тасхир кардан дорад:
Кист он шарқию ғарбӣ, ки ба пеши суханат
Даст дар бар наниҳоду кулаҳ аз сар нагирифт.
«Даст дар бар гирифтан» хоси шарқиён ва «кулоҳ аз сар гирифтан» хоси ғарбиён аст, ки шоир ин ду мазмунро истифода карда, маҳбубияти Ҳофизро барҷаста ва бидуни такрору умумигӯӣ таъкид медорад.
Сатрҳояш армонҳои поку беолоишро тараннум менамоянд, савгандномаи ишқ, муҳаббат, одамият, башардӯстӣ, садоқату вафодории тоҷикон ба ватананд, ки аз баракати истиқлолу ваҳдати миллӣ маънавиёташ ҷилои тоза меёбад:
Қасри шаъни миллатам подор монад то ба даҳр,
Пояи сангин, сутуни устувораш мешавам.
Асрҳо тоҷик сарони бесар афзун дида буд,
Сарваре сардор омад, сарбадораш мешавам!
Вақте ки 60-солагии шоирро дар зодгоҳаш – Конибодом ҷашн гирифта мешуд, дар пештоқи идораи шаҳр бо ҳарфҳои калон «60-солагии шоир Нозирҷон Боҳирӣ» шиоре насб карданд. Убайд Раҷаб, Шоири халқии Тоҷикистон, ки бо дигар адибонамон иштирокчии маҳфил буд ба он ишора намуду гуфт: «Нозирҷон, Шумо дар як гузари деҳаи дур сабзида, сипас роҳи мушкилу дури эҷодиву инсониро тай кардаед. Ҳам Шумо аз зодгоҳатон шодмону ризоед, ҳам зодгоҳи нурборатон аз Шумо.»
Парда ҲАБИБ
***
Шоири шеърҳои дилпазир ва инсони камназир
Устод Нозирҷон Боҳирӣ шоири хушсалиқае буданд, ки дар ҳар маврид шеърҳои хуб ва дилнишин менавиштанд. Дар мавзуъҳои сулҳу ҷанг, ватану ватандӯстӣ, одамияти инсонҳо, дирӯзу имрӯз, маҳалҳои ҷудогона, осиёбон, ҳамдеҳагон ва монанди инҳо аз таҳти дил ва ҳикматнок сухан мегуфтанд. Дар шеърҳояшон лутфи сухан, маъниҳои баланд, шираву шарбати гуфтор тавассути образҳои бадеӣ нарм ифода мешуданд.
Дар ғазалҳои устод Боҳирӣ оҳангҳои классикӣ бо мазмунҳои имрӯзӣ пайваста, болу пар бароварда, руҳи хонандагонро ба олами маъниҳо ба парвоз меоварданд. Хусусан ишқияҳои устод – афғонистонию тоҷикистонӣ ва украинӣ ба дили хонанда гоҳ ғами ҳаҷру фироқ ва гоҳ шодиву фараҳ меоварданд. Дар силсилашеърҳое, ки дар лаби баҳр барои моҳпайкарҳои украинӣ навиштаанд, ҳусну ҷамоли онҳоро зебову ҷолиб тасвир кардаанд. Шояд ҳеҷ шоире мисли Боҳирӣ ин миқдор тавсифу ситоишро дар ҳаққи он зебосанамҳо ба кор набурдааст.
Шеъру ғазалҳои Нозирҷон Боҳирӣ аз самими дил навишта шуда, бо маъниҳои зиёди гаронбор ба хонандагон таъсири амиқ мегузоштанд, зеро мулоҳизаҳои тозаи пурҳикмат доштанд. Шоир мазмунҳое меофарид, ки дигарон нагуфтаанд, агар гуфта бошанд ҳам, шираву шарбати сухани Боҳирӣ дигар буд.
Устод Боҳирӣ ғазалҳои худро классикона менавиштанд. Ҳар байти ғазалашон маъниҳои ҷудогона дорад ва саршор аз тагмаъниҳо аст. Гумон мекардед, ки шеърҳои ин шоир мисли гулҳо сар кашидаанд ва ҳар кадом рангу бӯйи хос доранд. Хонанда онҳоро мисли ғазалҳои шоирони классик хонда, аз маъниҳои дарунии ҳар байт лаззат мебарад.
Шоир дар шеърҳои “Осиёбон”, “Ватан”, “Эй сактадилон”, “Муъмин Қаноат”, “Эй дил”, “Озодӣ”, “Базмгоҳи чашм” бо эҳсосу изтироби ботинӣ ба ҳодисаҳо амиқ назар андохта, тарзи беҳтари ифодаро пайдо карда буд ва дар фазои шеър худро озод эҳсос менамуд ва сӯзи дилу афкорашро бо эҳсосу эҳтирос баён мекард.
Устод Боҳирӣ шоири пурқуввати замони мо буда, кам, вале пурмаънӣ ва ширадор менавиштанд. Дар хазинаашон шеърҳои чопнашуда бисёранд. Ашъору ҳикоёти барои кӯдакону наврасон навиштаашонро, ки беҳтарин намунаҳои адабиёти бачаҳо эътироф шудаанд, мутаассифона, ҷамъоварӣ накарда, дунёро падруд гуфтанд.
Боҳирӣ аз хусусиятҳои шеъри дирӯзу имрӯз огоҳ буданд ва бузургиву иқтидори Ватан, садоқат, муҳаббат ба халқу миллат, муқаддасот, мақому манзалати мардуми тоҷик ва умуман арзишҳои миллиямонро аз дилу ҷон васфу ситоиш мекарданд:
Пурҳарорат гӯ, самимӣ гӯ, зи ҷону дил бигӯ,
К-аз дилу аз ҷони ҳар соҳибватан оташ парад…
Беҳису бедард, ҷони ман, Ватан гуфтан бас аст,
Барқсон гӯ, к-аз талу кӯҳу даман оташ парад.
Ҳусни Меҳанро чунон тасвир кун, к-аз шавқу ноз
Аз нигоҳи шуълабори марду зан оташ парад…
Нозирҷон Боҳирӣ шоири миллатдӯст ва парвардаи домони пурмеҳри халқи тоҷик буда, аз таърихи миллат, гузаштаи тоҷикон, Истиқлоли миллӣ бо эҳсосу изтироб сухан мегуфтанд. Аз дили ҷӯшону хурӯшонашон шеър ҳамчун чашмаи софу зулол фаввора мезад ва ба сӯйи дарёҳои бузург ҷорӣ мешуд.
Ёдашон ҳамеша гиромӣ бод!
Шоҳзамон РАҲМОН