Шарофати бузургон

 Шарофати бузургон

Ба муносибати 110-солагии  Носирҷон Маъсумӣ

Аввал ошноӣ, баъд шогирдӣ, сипас, дӯстии хонаводагӣ насибам шуд, ки устоди зиндаёд Носирҷон Маъсумӣ дар ташаккули шахсияти инсонӣ ва илми­ву адабии банда нақши носутурданӣ гузоштаанд. Аз устод натанҳо одоби шинухез, рафтору кирдору гуфтор, му­носибату муомила бо атрофиёнро ҳатта­лимкон меомӯхтам ва натанҳо аз дониши фаровонашон дар соҳаҳои гуногуни илми филология баҳраҳо мебурдам, инчунин, аз шарофаташон дар хона, ҷои корашон ва ҷойҳои дигар аз ҳузур ва суҳбатҳои бузургони илму фарҳанги замон баҳравар мешудам.

Рӯи коғаз овардани хотираҳои ҷолибро вобаста ба устод ба фурсату мавриди дигар мавқуф гузошта, ин ҷо аз як шоми файзборе, ки тавассути Носирҷон Асадович ба ҳузуру суҳбати устоди бузургвор Мирзо Турсунзода шарафёб шуда будам, мехоҳам ёдовар шавам.

Дар яке аз рӯзҳои тирамоҳи соли 1971 писари устод Маъсумӣ Фарҳод, ки дар хобгоҳи аспирантони Академияи илмҳои ИҶШС дар шаҳри Маскав бо ӯ ҳамутоқ будем, аз куҷое ба хобгоҳ омаду хабар дод, ки устод дар Маскав ҳастанд ва дар меҳмонхонаи сафорати Тоҷикистон (кӯчаи Шусев, 13) ҷой гирифтаанд. Сипас илова намуд, ки падараш таъйин кардаанд, то ман cоати 6-и шом наздашон биравам. Баъ­ди андак танаффус боз илова намуд, ки таъкид кардаанд, то ман ҳатман костюм бипӯшам. Сабаб пурсидам, бо табассуми истеҳзоомезе гуфт: «намедо­нам, шояд ба ресторан ё ба ягон ҷо ба меҳмонӣ раветон, маро даъват накардаанд». Каме ҳайрон шудам. Одатан вақте ки устод ба Маскав мео­маданд, писаронашон Фарҳоду Фаррух ва маро ба хӯроки нисфирӯзӣ ё хӯроки шом ба яке аз тарабхонаҳо, аксаран ба тарабхонаи «Хонаи адибон» даъват мекарданду ҳолпурсӣ ва таъйиноташонро дар сари миз анҷом медоданд. Бинобар ин, аз Фарҳод суол кардам, ки «чаро туву Фаррух намера­вед?» Гуфт: «Хӯроки якҷояамон фардо нисфирӯзӣ, ту ҳам бояд бошӣ». Дигар чизе нагуфтаму либосҳоямро пӯшида, ба меҳмонхона раҳсипор шудам. Вақте ба меҳмонхона расидам, устод омодаи ба­ромадан ва интизори ман буданд. Баъди вохӯриву пурсупос гуфтанд: «Рафтем!» Ба куҷо «рафтем», назди кӣ «рафтем», аз ин хусус на он кас чизе гуфтанд ва на ман чизе пурсидам. Вақте ба таксӣ нишастем, устод ба ронанда «ба меҳ­монхонаи «Москва!» гуфтанд.

Ҳангоме ки ба меҳмонхонаи «Москва» даромадем, устод, шояд вазъи парешо­ни маро ҳис карда бошанд, гуфтанд, ки «устод Турсунзода дирӯз аз Индонезия баргаштаанд, назди он кас меравем». Изтироби ман бештар шиддат гирифт, забон хойида, узр пеш меовардам, ки рафтани ман ҷоиз нест ва ғайраву ҳока­зо. Устод маро гӯё гӯш мекарданд, вале намешуниданд, ниҳоят, бо оҳанги қатъӣ гуфтанд: «Ман ба он кас гуфтаам, ки ҳамроҳи як аспиранти шарқшиносамон меоям, ки дӯсти писари ман аст, гап пухтагӣ».

Баъдҳо, пас аз хатми аспирантура ва бозгашт ба Душанбе, дарёфтам, ки устод Маъсумӣ аслан ба тӯй ва маъракаву нишастҳо танҳо рафтанро намепази­руфтанд, ба бисёр тӯйу нишастҳо маро ҳамроҳ мебурданд ва ман ҳам аввалҳо беҷуръатона, баъдтар бо камоли майл устодро ҳамроҳӣ мекардаму тавассути он кас бисёр одамони маъруфро меши­нохтам, аз бисёр масъалаҳои кору рӯзгор огоҳ мешудам, аз суҳбатҳо ва маъракао­роии устод баҳраҳо мебурдам». Он шом ба опортумони устод Мирзо Турсунзода дар меҳмонхонаи «Москва» ҳамроҳи Носирҷон Асадович бо ҳаяҷону изтироби беандоза ворид шудам. Қаблан устод Турсунзодаро дар маҷлисҳову вохӯриҳо дида будам. Ҳоло бояд меҳмон ва ҳам­суҳбати эшон мешудам. Мояи ифтихор ва ниҳояти сарфарозӣ буд бароям.

Устод бо чеҳраи кушод ва табассу­ми малеҳ моро истиқбол карданд, бо муаллим Маъсумӣ оғӯшакӣ вохӯрданд ва ҳардуямонро ба нишастан даъват намуданд. Ҳамроҳи устод як нафари дигар ҳузур дошт, ки низ бо Носирҷон Асадович гарм ҳолпурсӣ кард. Баъд фаҳмидам, ки ӯ Олим Ғафуров, додари Бобоҷон Ғафуров будааст ва он вақт дар вазифаи референти Шӯрои Олии ИҶШС кор мекардааст.

Баъди ҳолпурсии сари дастархон устод Турсунзода ба домулло Маъсумӣ рӯй оварда, ба банда ишоракунон «пи­сарро шинос накардед» гуфтанд. Маъ­сумӣ «ҳа, гуфта будам-ку, – ба суҳбати телефониашон истинод карданд, – ин ҷавон ҳамон аспиранти шарқшиносамон, дар институти домулло Ғафуров (Инсти­тути шарқшиносии АИ ИҶШС-ро аксари мардум он вақтҳо «Институти Ғафуров» мегуфтанд) таҳсил доранд, номашон Абдураҳмон, аз тоҷикони Тошканд, бачаи шуданӣ». Ман намедонистам изтиробу ҳаяҷонеро, ки вуҷудамро фаро гирифта буд, чи гуна идора кунам, аз ҷой хестам. Устод Турсунзода бо ишораи даст ва табассуми малеҳ маро ба нишастан ҳидоят намуданд. Сипас аз домулло Маъсумӣ аз навигариҳои Тоҷикистону Душанбе пурсиданд ва ногаҳон ба ман рӯй оварданду «мавзуи коратон чист?» гуфтанд. Ман, гӯё дар имтиҳон қарор дошта бошам, «анъанаи қасида дар эҷодиёти Маликушшуаро Баҳор» гуфтам. Устод ба аломати ризоият сар ҷунбон­данду гуфтанд: «Баҳор шоир ва олими бузург буд. Як қасидаи «Ҷуғди ҷанг»-аш кофист, ки дар таърихи адабиёт бимо­над. Гузашта аз ин, вай тоҷики худамон, аз Хуросон, бисёр мавзуи хуб, кор кунед, барор мехоҳам».

Баъд устод Турсунзода назди теле­фон рафтанду рақами телефони касеро гирифтанд ва пас аз омадани ҷавоб гуфтанд: «Ленаҷон, Турсунзода ташвиш медиҳад. Барои чор кас хӯроки шом/ Албатта, бо газаку шарбату шароб, ба салоҳдиди Шумо, ташаккур!

Дигар, то омадани пешхидмат устод дар бораи сафарашон ба Индонезия, ҷаласаи мақоми иҷроияи Кумитаи якди­лии халқҳои Осиё ва Африқо, табиат ва мардуми Индонезия бо тааннӣ суҳбат мекарданд. Гоҳ-гоҳ ба суҳбат Носирҷон Асадович бо луқмаҳои пурсишӣ ҳамроҳ мешуданд. Олим Ғафуров ва банда шунаванда будем. Ман ҳамон вақт аз забони устод Турсунзода фаҳмидам, ки Индонезия сернуфузтарин кишвари му­сулмонист ва ислом дар он ҷо намоишӣ набудааст, зеро ҳадди аксари мусул­монҳои он кишвар аз таассубу хурофоти динӣ орӣ будаанд. Сабаби ин ҳолатро низ устод тақрибан чунин шарҳ доданд, ки ислом дар Индонезия на дар давраи таассуботи динии арабҳо, на бо зӯри ша­мшер ва на яку якбора, балки баъдтар, тадриҷан дар давоми асрҳои XIII-XV ҷорӣ шуда, аз ибтидои қарни XVI то имрӯз дар байни динҳои дигари роиҷ дар ин кишвар тасаллути комил пайдо кардааст. Суҳ­бати устодон дар ниҳояти шавқангезӣ ва маърифат­бахшоӣ идома меёфт. Банда сар то по ҳушу гӯш будам, вале дар як гӯшаи дилам от­аши изтироби ташвишангезе хомӯш намешуд, балки ҳар лаҳза сӯзу азобам медод, гумону тахминҳое мушавва­шам мекарданд, ки домулло Маъсумӣ маро ба ҳузуру суҳбати ин устоди шариф набояд фақат ба хотири ҳа­мроҳӣ ва шунидани суҳбат оварда бошанд».

Пас аз чанд лаҳза пеш­хидматзан бо аробачае пур аз хӯроку хӯришу нӯшокиҳо ворид шуд, дар як он рӯи миз дастархон орост ва ба мо иштиҳои хуб таманно карду бадар рафт. Косагули нишаст устод Маъсумӣ буданд. Тақрибан ду-дуюним соат бо суҳбати ширину шеърхонӣ си­парӣ шуд.

Наздики соати 11-и шаб занги те­лефон садо дод, аз тарабхона занг мезаданд. Устод Турсунзода гӯшаки телефонро бардоштанду «маъзарат, биёед, марҳамат» гуфтанд. Баъди лаҳзае ҳамон хонуми пешхидмат ҳозир шуд ва табассумкунон «хайр, ҳисобӣ мекунем?» гуфт. Ӯ, аз афташ, ҳисобу китобашро пешакӣ омода карда буд. Устод Турсунзода ба назди ҷевон раф­танд ва аз кисаи дарунии пиҷакашон як дастаи нави 25-сӯмаро бароварда, рӯи аробачаи хонум гузоштанду гуфтанд: «аз ин ҷо гиред». Напурсиданд, ки чанд сӯм шуд. Хонум ҳам се коғази 25-сӯмаро гирифту «ташаккур» гӯён рафтанӣ буд, ки устод ӯро боздоштанд: «Ленаҷон, сабр кунед» ва назди аробача рафта, дастаи пулро бардоштанду 2 дона 25-сӯмаро ҷудо карда, ба хонум дароз намуданд: «Ленаҷон, инаш ҳаққи хидмат не, балки ҳаққи табассуми зебои Шумост». Хонум бо ноз пулро аз дасти устод гирифт ва ташаккургӯёну ишвакунон бадар шуд. Ин рафтори устодро баъдан чун мисоли ҷавонмардӣ ва саховати ӯ дар нишасту маҳфилҳо борҳо ҳикоят кардаам. Охир, он замон 50 сӯм баробари 80 доллар буд, ки маблағи калон ҳисоб мешуд. Вақте ки устод Турсунзода баъди гусели хонум баргашта ба сари миз нишастанд, домулло Маъсумӣ як ба соати дастиашон нигаристанду «оҳо, соат аз 11 гузашта­аст-ку» гуфтанд ва ба устод рӯй оварда илова карданд: Ман ба мулло (яъне ман) аз он хусус чизе нагуфтаам, беҳтараш худатон мегуфтед».

Ман, ки аз муддао аслан хабар на­доштам, аз дил гузаронидам, ки «омад ба сарам аз он чӣ метарсидам». Лекин масъала тамоман ранги дигар гирифт. Устод Турсунзода андак сукут карданд, аз рӯи одат холи рӯи лабашонро хо­риданд, сипас, ба ман рӯй оварданду гуфтанд: «Носирҷон Асадович мегӯянд, ки шумо забони русиро хуб медонед, шеърфаҳмиатонро низ таъриф карданд. Мутаассифона, дар мо чунин шудааст, ки русидонҳо шеърро дуруст намефаҳ­манд, онҳое, ки шеъри тоҷикиро хуб мефаҳманд, русиро хуб намедонанд. Бинобар ин, дар тарҷумаи таҳтуллафзи шеъри тоҷикӣ, хусусан, шеъри класси­кон, як вазъияти хеле мураккаб ба миён омадааст. Ман имрӯз дар Иттифоқи нависандагон будам, бо директорони на­шриётҳои «Художественная литература» ва «Советский писатель» суҳбат доштам. Дар суҳбатамон Шавкат Ниёзӣ ҳам буд. Агар шумо тарҷумаи таҳтуллафзи шеъри классикону шоирони муосирро ба уҳда гиред, бад намешуд. Барои худатон ҳам аз манфиат холӣ нахоҳад буд. То фардо фикр кунед, агар розӣ шавед, ба Итти­фоқи нависандагон назди Шавкатҷон равед, дар дасти он кас достони «Роҳи нури офтоб»-и ману Раҳимзода ҳаст. Машқи сартароширо аз сари мо шуруъ кунед (хандиданд). Ана, пешниҳоди ман ҳамин буд».

Аз рӯи одати хоксории тоҷикӣ ман ба маънии «метавониста бошам?» ким-чиҳо гуфтанӣ будам, ки домулло Маъсумӣ ба ҷои ман «агар ҷиддан кӯшиш кунед, мета­вонед» гуфтанд. Бо ҳамин суҳбат хотима ёфт. Он вақт ман намедонистам, ки дар доираҳои «боло» мишмиши гӯё ба сио­низм пайвастани як гурӯҳ тарҷумонҳои яҳудиасли шеъри мо шуруъ шуда, пас аз чанд вақт чопи тарҷумаҳои онҳо мамнуъ мегардад. Баъдан, ба мо лозим шуда буд, ки тамоми осори аз адабиёти тоҷи­ку форс (аз Рӯдакӣ то Муъмин Қаноат) тарҷумакардаи масалан, С. Липкинро аз нав ба забони русӣ ба тариқи таҳтуллафз баргардонем, то ки шоирони дигар онҳо­ро дигарбора тарҷума бикунанд.

Фардои он шом ман ба Иттифоқи на­висандагон ба назди Шавкат Ниёзӣ раф­та, аз он кас маслиҳатҳои хеле муфид шунидам ва матни достони «Роҳи нури офтоб»-ро гирифта, ба тарҷумаи он шу­руъ намудам. Аз ҳамон вақт ҳамкориам бо нашриёту нашрияҳои адабии Маскав оғоз шуда, баъдан ин ҳамкорӣ бароям як мактаби муҳим ва барои рӯзгорам як манбаъи даромад гардид. Шарофати Носирҷон Асадович Маъсумӣ буд, ки мани аспирант ба дидору суҳбати устоди бузургвор МирзоТурсунзода мушарраф шуда, аз ин ду шахсияти барҷастаи ада­биёту фарҳангамон дар кори тарҷума фотеҳа гирифтам.

Ёдашон ба хайр.

  *  *  *

Муҳаммад ОСИМӢ:

Носирҷон Маъсумӣ аз солҳои чиҳил бо экспедитсияҳои фолклорӣ ба қишлоқҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар карда, сарватҳои эҷодиёти даҳанакии халқро ҷамъоварӣ намуд, онро дар шакли китобҳои алоҳида ба халқ баргардонд, тадқиқи илмии ин соҳаро ҳам уҳда кард. Китоби ӯ «Фолклори тоҷик» аввалин асари фолклоршиносие буд, ки дар он тавсифу таснифи эҷодиёти даҳанакӣ ва жанрҳои он мавриди баррасии монографӣ қарор гирифтааст.

Бо ҳамон амиқназарӣ ва масъулиятшиносӣ Маъсумӣ боигарии забон ва фонди луғавии онро омӯхт, эҳтиёҷоти ҳаррӯзаи доираи васеи хонанда­гонро ба луғатҳо дида, аз пайи қонеъ кардани онҳо шуд. Дар кори ба чоп ҳозир намудан ва нашри «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд заҳмати дандоншикан ва хидмати бузурге ба ҷо овард. Луғати дуҷилдаи русӣ-тоҷи­киро, ки аз асарҳои бунёдии филологияи тоҷик буд, ба таҳрир гирифт.

Носирҷон Маъсумӣ дар тадқиқи адабиёти асрҳои XVIII ва XIX-и тоҷик, дар таҳлили асарҳои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва дигарон басо уқдакушоиҳо кардааст.

*  *  *

Лоиқ ШЕРАЛӢ

Ғазале ба ёдбуди Носирҷон Маъсумӣ

Ту дил гум кардию аз кӯчаи дилдор бигзаштӣ,
Ту гул гум кардию аз гӯшаи гулзор бигзаштӣ.
Ду чашмонат ба роҳи ёр буд он шаб тамоми шаб,
Ба ёди рӯи субҳу соати дидор бигзаштӣ.
Сухан ногуфта, дил-накшода, ҷумла-нотамом, афсӯс,
Ба каф аз орзуҳо соғари саршор бигзаштӣ.
Ғазалхону сахитабъу суханпарварду базморо,
Зи базми зиндагӣ вирди забон ашъор бигзаштӣ.
Агарчи хоби маргат бурду субҳе чашм накшодӣ,
Ту аз дунёи хоболуди мо бедор бигзаштӣ.
Дилат абрешимӣ буду садоят низ абрешим,
Чи беозор будию чи беозор бигзаштӣ.

 

Дигар хабарҳо