Шарифбек Азизӣ. Дурахши алмос. (Порча аз қисса)

Борон мебориду меборид. Қатраҳои он ба шишаи тиреза зада, садои ширине мебаровард. Форамии он ба гӯши Акбаршоҳ расид магар, ки ӯ аз хоб бедор шуд. Лаҳзае ба садои борон гӯш дода буд, ки гулдуроси раъду барқ хонаро як равшан карду боз торикӣ ҳукумфармо гашт.

Акбаршоҳ даст ба тугмаи чароғак бурда, онро зер кард ва хона равшан шуд. Ба соат нигарист, ақрабаки он дуву панҷоҳ дақиқаро нишон медод.

– То субҳ хело вақт аст, – аз дил гузаронд ӯ ва тугмачаи чароғакро дуюмбора пахш кард. Кабинеташ боз дар оғӯши зулмот монд. Раъду барқ гоҳ-гоҳе садо дода, пардаи зулмотро лаҳзае бо нури худ медарид.

Хоб аз чашмони Акбаршоҳ парида буд. Ҳарчанд кӯшиш намуд, дигар хобаш набурд. Ба садои борон гӯш дода, хотироти наврасӣ пеши назараш омад…

Ӯ ҳамроҳи бобою бибияш дар деҳа мезист. Боре ҳангоми дар синфи нӯҳум хондан ҳамроҳи бобояш ба ҷангал рафт. Он солҳо дар корхонаҳои хурди оҳангарӣ бинобар набудани ангиштсанг лахчаро истифода мебурданд. Дар баҳорон баробари гарм шудани ҳаво мардҳо ба ҷангал рафта, барои ин корхонаҳо лахча тайёр карда меоварданд.

Ҳанӯз субҳ надамида буд, ки онҳо маркабсавор аз деҳа баромаданд. Дар осмони софу беғубор ситораҳо чашмак зада-чашмак зада, аз омад- омади субҳ мужда медоданд. Роҳ хеле дур буд. Соатҳои даҳ-ёздаҳи пагоҳӣ онҳо ба ҷангали Регак* расиданд. Бобо таги арчаи калонеро интихоб карда борҳоро фаровард. Набера об оварда чой монд. Баъди тановул ҳарду ба кандани хандақ пардохтанд, ки баландии он баробар ба қади бобо, паҳноияш яку ним ва дарозиаш се метр буд. Чун хандақ тайёр шуд, рӯз аз нисф гузашт. Дар осмон бошад аввалин пораҳои абри сиёҳ пайдо шудан гирифтанд.

Дар хандақ гулхан афрӯхтанд. Бобо шохаҳои дарахтонро тоза мекарду Акбаршоҳ онҳоро оварда болои гулхан мепартофт. Ниҳоят он чуқурӣ аз шохаи дарахтони нимсӯз пур гардид. Онҳо хурсанд шуданд. Акнун ӯ алафҳои сабзро медаравиду бобо оварда моҳирона болои гулханро мепӯшонд, то бо ин роҳ оташ хомӯш гардаду чӯбҳо нимсӯз монанд. Сипас, ҳарду хоки дар атрофи хандақ бударо аз нав болои алафҳо гардониданд.

– Ана, тамом, акнун рафтем, бачаҷон, – гуфт бобо ва ҳарду боз ба таги он арчаи калон омаданд. Шом фаро расида буд. Ӯ чой монд. Бобо таҳорат карда намозҳояшро хонд. Пардаи абри сиёҳ тамоми осмонро пӯшида буд Баъди тановули хӯроки шом бобо барои ӯ ҷойи хоб густурда, ҳамаи либосҳои бо худ овардаро болояш пӯшонд ва каме дуртар аз ҷойи хоб гулхан фурӯзон кард.

Нисфи шаб аввалин қатраҳои борон ба замин расиданд ва рафта-рафта борон шиддат гирифт. Боборо дигар хоб набурд ва гулхани фурӯзон кардааш то субҳи содиқ хомӯш нагашт.

Гармии он ҳаловате мебахшид. Бобо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд ва дар ҷанг як пояш захмин шуда буд. Ҳавои намнок дарди ӯро дучанд мекард, вале он шаб мӯйсафед боре ҳам дар ин бора ба набера шикоят накард. Эҳтимол аз ғами он ки «мағзи донакаш» хунук нахӯрад, дарди худро фаромӯш сохт.

Баробари дамидани субҳ борон аз боридан монд ва онҳо болои хандакро тоза карда, лахчаҳоро ба шаш халта гирифта, ба маркабҳо бор карданду баробари ғуруби офтоб ба деҳа расиданд.

Бибӣ дар берун омадани онҳоро интизор буд, магар ки баробари аз пайроҳа ба тарафи хона тоб хӯрданашон ба истиқболашон омада, набераро ба оғӯш кашидаву бӯсида, гуфт ки дишаб борон торҳои диламро пора кард…

Ҳарчанд бобо ҳам дар чунин ҳол буд, сир бой надод. Табассум карда гуфт, ки азоби бобояшро фаҳмида бошад, хонад…

Занги телефони дохилӣ ӯро аз банди хаёл берун овард. Нимхез шуда гӯшаки телефонро бардошт.

– Рафиқ майор, дар кӯчаи Заргарон, дар наздикии роҳи оҳан ҷасади занеро ёфтаанд.

– Дар ин нисфи шаб кӣ ӯро дидааст?

– Аввал, ин ки аллакай субҳ дамидааст.

– Дуюм чӣ?

– Дуюм шахсе, ки ба милиса муроҷиат кард, дар ҷойи ҳодиса шуморо интизор аст, – гуфт навбатдори шӯъба, лейтенанти калони милиса Асо Қаландаров.

Акбаршоҳ чароғ даргиронда, либосҳои дар қафои курсӣ овехтаашро пӯшиду ба ошёнаи якум ба шӯъбаи навбатдорӣ фаромад…

Автомашинаи милиса лаҳзае пас аз «Ёрии таъҷилӣ» ба ҷойи воқеа омад. Духтурон аллакай дар тараддуди рафтан буданд. Маълум буд, ки ҷабрдида дигар ба ёрии онҳо муҳтоҷ нест. Духтури ҷавон гурӯҳи фаврии милисаро дида гуфт:

– Касе бо ягон асбоби сурохкунанда ба дилаш задааст.

– Вақташро муайян накардед? – пурсид Абдумаҷидов, ки сарварии гурӯҳи фавриро бар ӯҳда дошт.

– Ҳамагӣ нимсоат пештар ҷон додааст, – гуфт духтур ва ба автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» нишаст. Чун он аз назар ғоиб шуд, автомашинаи дигаре дар паҳлӯи автомашинаи милиса омада истод ва аз он муфаттиши прокуратура Исҳоқ Табаров ва ташхисгар Иван Сунсов берун омаданд.

– Ана, ҳамин кас мақтулро дида, аввал ба «Ёрии таъҷилӣ» ва сипас ба милиса занг задаанд, – гуфт Акбаршоҳ марди панҷоҳ-панҷову панҷ солаеро, ки дар паҳлуяш рост меистод, ба Табаров ва Сунсов муаррифӣ намуд.

– Хоҷаев Собит Абдуллоевич ба навомадагон даст дода худро бори дигар муаррифӣ кард ӯ.

Ҳар кас аз рӯйи вазифаи хеш ба кор пардохт. Сунсов ба азназаргузарони мақтул, Табаров ба тартиб додани протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, Абдумаҷидов ба пурсиши Хоҷаев, Орифӣ ба расм гирифтани ҷойи ҳодиса…

Мақтул аслан зани чилу як – чилу ду сола буд, ки дар натиҷаи зарбаи корд ё асбоби суфтаи тез дар дилаш ба ҳалокат расидааст.

– Дар ҳақиқат марг ҳамагӣ ним соат пештар ба вуқуъ пайвастааст, – гуфт Сунсов.

Абдумаҷидов ба соати дасташ нигариста гуфт:

– Ҳоло соат панҷу чилу панҷ дақиқа…

Рӯз қариб сафед шуда буд. Аз борони шабона акнун нишоне намонда. Собит ин субҳ ба фурудгоҳ рафтанӣ буд. Бародараш аз Алмаато меомад. Соати шаш ӯ бояд дар фурудгоҳ мешуд. Аз хона соати чору панҷоҳ дақиқа баромада, ба тарафи кинотеатри «Тошканд» равон шуд. Хонаашон, ки дар паҳлӯи Ипподром буд, барои ба истгоҳ омадан ӯ аз пайраҳаи борике, ки ба тарафи роҳи оҳан мебурд, ба роҳи калон баромадани шуд ва нохост…

Абдумаҷидов гирду атрофро аз назар гузаронида, дар масофаи понздаҳ – бист метр дуртар сумкачаи чармини занонаеро пайдо кард. Дар дохили он ба ғайр аз ашёҳои ороиши занона дигар чизе набуд. Баъди анҷоми азназаргузаронӣ Табаров ва ду шахси холис, ки ҳарду ронанда буданд, ба протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса имзо гузоштанд.

Мақтулро ба ташхисгоҳи тиббӣ-судӣ фиристоданд.  Ташхисгар-криминалист, лейтенанти калони милиса Самӣ Орифӣ, ки ҷойи ҳодисаро сурат гирифта буд, ба Акбаршоҳ ваъда дод, ки то соати нӯҳи саҳар суратҳо тайёр хоҳанд шуд. Гурӯҳи фаврӣ соати ҳафт ба шӯъба омад. Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса натиҷае надод.

– Ҷиноят ба кадом мақсад содир шудааст? Ин ва боз бисёр дигар суолҳои беҷавоб Акбаршоҳро ором намегузошт.

Сардори шӯъбаи милисаи ноҳияи Гулистон подполковник Шодмон Додарбеков соати панҷу биступанҷ дақиқа, андаке пас аз ба ҷойи ҳодиса рафтани гурӯҳи фаврӣ ба идора омад.

– Баробари омадани гурӯҳи фаврӣ Абдумаҷидов ба назди ман дарояд, амр кард сардор…

– Ҷеғ зада будед, рафиқ подполковник? – баробари рухсат пурсида вориди кабинети кории сардор шудан гуфт сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов.

– Марҳамат, гузашта шинед, – сар аз болои коғазҳои дар пешаш буда бардошта гуфт Додарбеков ва пурсид.

– Хуш, чӣ гапҳои нав.

Абдумаҷидов аз воқеаи рухдода мухтасар маълумот дод.

– Шояд роҳзанӣ бошад?

– Ба фикрам роҳзанӣ нест.

– Аз куҷо ин хел худобоварӣ?

– Якум ин ки роҳзан танҳо ҳуҷҷатҳоро не, балки сумкаро якбора мебурд. Дуюм ин, ки на ҳар кас бо як зарба одамро ба ҳалокат мерасонад.

– Сумкачаро дуруст муойина кардед?

– Ҳамаи нақши ангуштони дар сумкача ва ашёҳои дохили онро Самӣ Орифӣ ба дактилокарта гирифт.

– Ҳарчи тезтар онҳоро ба ташхис фиристодан лозим.

– Хуб шудааст.

– Суратҳои мақтулро гирифта ба ҳамаи ноҳияҳои гирду атроф фиристед, инчунин суратро барои шиносоӣ дар кӯчаҳои атрофи Ипподром ба мардум нишон диҳед.

– Беҳтараш ин корро ба ӯҳдаи нозири минтақавӣ мегузоштед?

– Ман ин корро аз шумо талаб мекунам. Шумо аз рӯйи салоҳдиди худ ба кӣ вобаста мекунед, ихтиёратон.

– Шуморо фаҳмидам.

– Оё нақши пой дар ҷойи ҳодиса нест?

– Борони дишаба ба нафъи мо будааст. Дар ҷойи ҳодиса пайҳо зиёд буданд, вале ҳангоми азназаргузаронӣ Самӣ Орифӣ ба хулосае омаданд, ки яке аз ин пайҳо бегона аст ва слепкаи* онро дар ду-се ҷой гирифтанд.

– Дигарашро чаро нагирифтед?

– Нақши дигарашро Хоҷаев, оне ки мақтулро дида буд, гузошта будааст…

– Алло…

– Гӯш мекунам.

– Вохӯрдан лозим.

– Имрӯз наметавонам.

– Модарам аз ҳоли ман бохабар шудааст, мегӯяд, ки агар падарат аз ин корат хабардор шавад, саратро мебурад.

– Боз андак сабр кардан лозим.

– Ман– ку сабр мекунам, вале оё ӯ инро мефаҳмад?

– Кӣ?

– Гӯё намедонӣ.

– Ҳа, фаҳмидам.

– Ана, ҳамин хел. Очам мегӯяд, ки ҳамаи мардҳо фиребгаранд.

– Ман ҳам.

– Не.

– Пас хавотирӣ аз баҳри чист?

– Ба фикрам ту аз он дарахти қоқ дил канданӣ нестӣ.

– Пасфардо ӯ ба шаҳр меравад ва аз он ҷо ба айёдати модараш, ба Тошкант, ана баъд…

Ин гуфтугӯи телефонӣ се рӯз пеш аз ин ҳодиса ба вуқуъ пайваста буд.

Акбаршоҳ тамоми рӯз аз идора набаромад. Сурати мақтулро ба дасти нозири минтақавӣ лейтенанти милиса Бекмурод Шоҳмаҳмадов дода, ӯро ба маҳаллаи атрофи Ипподаром фиристод. То нисфирӯзӣ хабарномаҳоро тайёр намуда, ба имзои сардори ШКД онҳоро ба котибот супорид. Баъди нисфирӯзӣ плану чорабиниҳои таъҷилиро бо пешниҳоди назарияҳои эҳтимолӣ барои тасдиқ ба назди сардор даровард.

Шодмон Додарбеков бо баъзе тағиротҳо плани мазкурро тасдиқ карда, гуфт, ки аз сари субҳ Абдумаҷидов ба ташхисгоҳи тиббӣ-криминалӣ раванд. Вақте ки Акбаршоҳ аз идора баромад, шом фаро расида буд. Сари қадам ба мағозаи хӯрокворӣ даромада, нон ва чанд дона тухму каме ҳасиб гирифта, ба хона омад. Як ҳафта боз худ хӯрок тайёр мекард, чунки ҳамсараш Наташа ва писараш Далер ба Липетск рафта буданд. Бо азобе барои худаш хӯрок тайёр карда, сари дастурхон нишаст ва мақоли халқии «Давр даври безанӣ, фатир кунӣ танҳо занӣ»-ро ба ёд оварда хандааш омад.

Ин мақоларо дар ягон ҷо нахонда, вале гоҳ-гоҳ онро аз забони мардум мешунид.

– Кош Далеру Наталия Василевна ҳамин ҷо мебуданду фатирро тақсим мекардем, – аз дил гузаронд ӯ.

Аслан Наташа рафтанӣ набуд, вале Александр (бародари Наташа) бори дуюм ба Акбаршоҳ занг зада гуфт, ки падар дар ҳолати вазнин аст. Бино бар ин Акбаршоҳ ҳамсарашро маҷбур ба Липетск фиристод. Ду рӯз пеш онҳо занг заданд. Далер гуфт, ки аҳволи бобояш андаке беҳтар шудааст. Худо хоҳад зуд бармегардем.

Акбаршоҳ баъди хӯроки шом ба хонаи хоб даромада, ба тарафи ҷевоне китобҳо рафт ва китоби «Сад соли танҳоӣ»-ро ба даст гирифт… Аз чӣ бошад, ки аз ҳодисаҳои Макендо* дида, ҳодисаи имрӯза аз пеши назараш дур намешуд. Ниҳоят мондагиро ҳис карду китобро болои миз гузошта, худро ба бистар партофт ва лаҳзае пас хобаш бурд…

– Истед, истед, – гуфт пиразане, ки посбони даромадгоҳи идораро бар ӯҳда дошт.

Духтар дилу бедилон истод ва ба тарафи овоз нигариста пиразани қоматхамидаро дид.

– Шумо ба назди кӣ?– пурсид пиразан.

– Чӣ шумо милисаед?– ба ҷой ҷавоб суол дод духтар.

– Модоме, ки маро дар ҳамин ҷо монданд маҷбурам, ки…

– Чӣ кори дигар наёфтед?– боз сухани ӯро борид духтар.

– Чӣ хеле мебинӣ, акнун шаф– шафро мону ҳуҷҷататро нишон деҳ ва гӯй ба назди кӣ меравӣ, – дар ғазаб шуд пиразан.

– Ҳуҷҷат надорам, вале ҳамон шахсе ки ба суроғаш омадаам, маро мешиносад.

– Хуш, ба назди кӣ омадаӣ?

– Ба назди сармуҳандиси барқ.

Пиразан хело ба қиёфаи духтар нигоҳ карда пурсид.

– Гӯям, ки кӣ омадаст?

– Зуля гӯед.

– Зулфия, Зулхумор, – пурсид кампир.

– Зуля гӯед, он кас худашон медонанд.

Пиразан занг зада аз омадани духтар ба сармуҳандиси барқ хабар дод.

– Ӯро рухсат диҳед.

– Ошиёнаи дуюм, кабинети бисту ҳафт, – ба духтар рӯ оварда гуфт кампир.

Духтар бо виқор аз зинаҳо ба ошёнаи дуюм баромад.

– Худоё, аз чунинҳояш нигоҳ дор!– зери лаб гуфт кампир…

Ташрифи духтарро сармуҳандиси барқ хуш напазируфт.

– Ин корат нағз не, охир саҳар гуфтам– ку, боз андак сабр лозим.

– То аз савдогарӣ баргаштани ҳамсаратон? – гуфт духтар.

– Гуфтам-ку ба аёдати модараш меравад.

– Агар нияти аз ҳамсаратон ҷудо шудан надоштед, пас чаро манро фиреб додед?

– Туро фиреб доданӣ нестам, вале ҷудо шудан ҳам кори осон нест. Охир, мо понздаҳ сол бо ҳам зиндагӣ кардем, ба қавле мӯйи сиёҳро сафед намудем, мефаҳмед!

– Дар понздаҳ сол он дарахти қоқ ба шумо чӣ дод? Оё фикр намекунед, ки дар батнам аз шумо фарзанд дорам.

– Медонам.

– Пас фикр намекунед, ки ду рӯз пас ҳаду ҳамсояҳо аз ин кор бохабар мешаванд…Аз ду сар падарам барои ин корам маро зинда намемонд, – гуфт духтар ба гиря даромада.

Занги телефон сармуҳандиси барқро аз муколамаи минбаъда боздошт. Вай гӯшаки телефонро бардошт.

– Ҳа, ман… Хуб шудааст, – гӯён гӯшакро ба ҷояш гузошт…

– Маро директор мепурсад. Ту ба хона рав, дар давоми ҳамин ҳафта илоҷашро меҷӯем.

– Шояд маро ба назди директор баред?

– Чӣ, девона шудаӣ?

– Хайр чӣ, бигузор дигарон ҳам фаҳманд ки…

– Не, ин ҳеҷ мумкин нест. Охир ман бояд аз ҳамсарам ҷудо шавам…

– Маро то берун гусел кунед.

– Не, ҷонакам, маро директор интизор, ту худат рав, – гуён сармуҳандиси барқ аз ҷой бархост.

Духтар ягон ҳарфи дигаре нагуфта, бо қаҳр дарро пӯшида берун шуд. Кампир дарбон ӯро хомӯшона бо нигоҳаш гуселонда аз дил гузаронд: ё тавба, бин аз он кибру ғурураш нишоне намондааст. Ана, ҳамин хел, сармуҳандиси мо марди аноӣ не…

Ташхисгоҳи тиббӣ-судӣ аз хулосаи пешакии Сунсов дода бештар маълумоте надод. Дар ЭКО ҳам дигаргуние, ки ба рафти тафтишот тағироте дохил кунанд, надоданд. Дар сумкача ва ашёҳои дохили он танҳо пайи ангуштони як шахс ёфт шуд, ки ба соҳиби сумкача тааллуқ доштанд. Танҳо нақши пой, ки дар ҷойи ҳодиса гирифта шуда буд, равшанӣ ба тафтишот андохтанаш мумкин. Нақши дар слепка гирифташуда андозаи чилу се буда, онро шахси туфлии «Саламандра» пӯшида гузошта буд. Ана, акнун ёбед гиред…

Акбаршоҳ ба идора омада, рост ба назди сардор рафт.

– Чӣ илоҷ– гуфт сардор баъди шунидани маълумоти Абдумаҷидов.

– Аз ҳама аввал муайян кардани шахсияти мақтул аст.

Танҳо баъди ин дар атрофи назарияҳои дигар кор кардан лозим меояд. Дар воқеъ сурати мақтулро дар маҳаллаи атрофи Ипподром ба мардум нишон додед?

– Нозири минтақавӣ Бекмурод Шоҳмаҳмадов дар атрофи ҳамин масъала кор карда истодаанд.

– Имрӯз ба чӣ кор машғулед?

– Ба фикрам то омадани ҷавоби хабарномаҳо корро дар атрофи ин масъала мавқуф гузоштан лозим меояд. Охир, мо наметавонем кӯр-кӯрона амал кунем. Ба зами ин дар истеҳсолот корҳои дигаре ҳаст, ки мӯҳлати санҷишашон ба охир расида истодааст.

– Корҳои дар истеҳсолот будаатонро бинеду бе фикри ин масъала ҳам набошед. Мо беохир интизор шуда наметавонем. Мақтул одами таҳҷойист ва ин доираи ҷустуҷӯиро то андозае маҳдуд мекунад…

Зулхумор лакоту хаста ба хона омад. Воқеаҳои ним соли охирро ба ёд оварда ба хулосае омад, ки ҷудо шудани сармуҳандис аз ҳамсараш ба манфиати ӯ нест ва фикре ба сараш омаду гӯшаки телефонро гирифта, чанд рақамро пайи ҳам чинд. Чун аз он тараф овози мардонаеро шунид гуфт:

– Ин ман.

– Ман чанд бор телефон кардам, гӯшакро набардоштед.

Хостам ба хонаи падаратон занг занам.

– Ман ба коре рафта будам, аслан моро муваффақият дунболгир аст, агар ақламонро кор фармоем…

– Боз ҳамон коҳи куҳнаро…

– Ин тавр нагӯед, имшаб ба хона биёед, маслиҳат мекунем.

– Рафту он пирсагат…

– Не, ин кулбаи ҳардуи мост ва онро касе намедонад. Дар хона бошад, ба модарам гуфтам, ки шаб ба хонаи холаам меравам ва аз фурсат истифода бурда, ба ин ҷо омадам, то дар паҳлӯи ту ҷони ширин бошам.

– Рафту ман омада натавонам– чӣ? Охир, ҳамсарам дар хона, чӣ баҳона кунам.

– Ин кори шумо!

– Фармон, медиҳед?

– Не. Моро аз як лой шӯридаанд. Мақсад як аст.

– Боз чӣ.

– Он чи ки шумо аз ман мегиред аз ҳамсаратон…

– Ана, дидӣ охир беҳуда нагуфтаанд, ки…

 Паланг он замон печад аз кини хеш,
Ки нахчир бинад ба болини хеш, – гуфт мард сухани ӯро бурида.

 – Ҳарчанд ман дигар чиз гуфтанӣ будам, вале ба ақидаатон розиам ва ҳеҷ бовариам намеояд, ки имшаб паланг ба шикори нахчир набарояд…

– Майлат, интизор шав.

– Чао, – гуфт духтар ва гӯшаки телефонро ба ҷояш монд.

Ирина Сергеевна Ким чандин сол боз вазифаи котибаи шӯъбаро ба ӯҳда дорад. Ҳарчанд Акбаршоҳ ҳамагӣ ду моҳ пеш ба ин ҷо омадааст, вале нисбат ба Ирина Сергеевна эҳтиром дорад. Ирина Сергеевна ниҳоят зани ҳалиму меҳрубон ва хоксорест. Акбаршоҳ аз кабинети Додарбеков баромада, дар пеши зинаҳо бо Ирина Сергеевна вохӯрд, ки бастаи ҳуҷҷатҳо дар даст ба кабинети сардор мерафт.

– Акбар Ҳакимович дур наравед, ба Шумо мактуб омадааст, – гуфт котиба баъди салому алейк.

– Хуб шудааст.

– Ҳозир меорам.

Абдумаҷидов ба кабинеташ рафта, баъзе ҳуҷҷатҳоро аз назар мегузаронд, ки касе ба дар ангушт зада пурсид:

– Мумкин– мӣ?

– Марҳамат дароед!

Котиба китобе дар даст ворид шуд.

– Ҳа, Ирина Сергеевна, ба фикрам мактубро овардед?

– Бале, аввал ба ин ҷо имзои муборакатонро гузоред, – гӯён котиба дафтари ғафсро назди Акбаршоҳ гузошт ва чун имзояшро гирифт мактубро ба дасташ дода, аз дар баромад.  Абдумаҷидов ба хондани мактуб сар кард.

«Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб аз рӯйи дархости шумо аз 25 феврали соли 199… хабар медиҳад, ки дар сурати фиристодаатон акси сокини кӯчаи Некрӯзон, хонаи рақами 66 ноҳияи Варзоб Зубайдова Замира Аскаровна аст…»

Акбаршоҳ хост, ки дар ин бора ба сардор хабар диҳад, вале зуд аз райъаш гашт. Зеро дар гӯшаи мактуб худи Додарбеков чунин навишта буд: «Рафиқ Абдумаҷидов санҷида бароед!»

Барои аниқ кардан рӯзи дигар ӯ ба ноҳияи Варзоб омад. Оилаи Зубайдовҳо поёнтар аз маркази ноҳия зиндагӣ доштаанд. Замира чилу се сола буда, ҳашт сол аз шавҳараш Каромат калонтар будааст. Онҳо понздаҳ сол бо ҳам зиста, аммо фарзанддор нашуданд. Замира аз шавҳари аввалаш ҳам фарзанд надоштааст. Пас аз вафоти шавҳари аввалааш мероси калонеро ӯ соҳиб буд. Баъди як сол бо ҷавони бистсола Зубайдов Каромат издивоҷ кард. Дар никоҳ насаби Кароматро қабул намуд ва ба қавле барои мустаҳкамии оила саҳми аввалини хешро гузошт. То ҳанӯз ҳамсояҳо дар бораи никоҳи онҳо ҳар хел гап мегӯянд. Савол медиҳанд, ки чи тавр зани бева ба ҷавоне ки аз худаш ҳашт сол хӯрд аст ба шаҳвар баромадааст?

Баъди издивоҷ ҳамон сол Каромат ба факултаи энергетикии Институти политехникӣ дохил шуд. Ба ақидаи мардум дар хонда тамом кардани институт саҳми Замира беандоза калон аст. Замира бошад касби собиқ шавҳарро ба мерос гирифт. Ӯ аслан дар хариду фурӯши чизҳои антиқӣ таҷрибаи калоне андӯхт…

Дар ҳаёти оилавиашон хеле вақт боз муҳаббати самимӣ вуҷуд надошт. Ба гуфте шаҳвар дар шаҳр зан гирифта бошад.

Вале Замира ба ин гуфтаҳо бепарво буд.

Акбаршоҳ бо ҳамсояҳои Зубайдова суҳбат карда, маълумот гирифт. Онҳо гуфтанд, ки беҳуда аст Кароматро дар ин ҷо интизор шудан. Беҳтар аст, ки ба ҷойи кораш, ки дар шаҳр аст, равед. Ӯ суроғаи Кароматро ба дафтараш навишта ба роҳ баромад.  Дар истгоҳ интизори автобус меистод, ки аз тарафи муқобил Жигулие истод ва ронанда аз он фаромада ба тарафи ӯ омада истода гуфт:

– Оҳҳо, киро мебинам.

Дар рӯ ба рӯйи худ Акбаршоҳ ҳамкурсаш Савриддин Тошев – судяи суди ноҳияи Варзобро дид. Онҳо бо ҳам дар факултаи ҳуқуқшиносӣ хонда буданд. Баъди хатми донишгоҳ тақдир онҳоро ба ҳар тараф партофт ва чандин сол ҳамдигаро надида буданд.  Ба нею нею нестони Акбаршоҳ нигоҳ накарда, Савриддин ӯро ба хонааш бурд. Онҳо то субҳ мижа таҳ накарда, солҳои донишҷӯиро ба ёд оварданд…

– Ошёнаи дуюм, кабинети бисту ҳафт, – гуфт кампири дарбон ҳуҷҷати Акбаршоҳро дида.

– Майор милиса Абдумаҷидов, – худро ба соҳиби кабинет муаррифӣ сохт.

– Шуморо гӯш мекунам, рафиқ майор.

– Гуфтаниед, ки ба кадом мақсад омаданамро намедонед?

– На ин ки мақсади омаданатонро намедонам, балки аз ин ташрифи ногаҳониатон ҳайронам.

– Дирӯз ба хонаатон рафта шуморо наёфтам.

– Ба ноҳияи Варзоб?

– Бале.

– Ман чор рӯз боз он ҷо нарафтаам.

– Чаро?

– Ҳамсарам ба Тошканд рафтагианд, бинобар ин бе ӯ чи кор мекунам гуфта нарафтам.

– Дар шаҳр истодед?

– Бале.

– Дар хонаи кӣ?

– Дар хонаи як шиносам.

– Ному насабаш?

– Чӣ магар дар хонаи кӣ буданамро донистани шумо шарт аст?

– Албатта. Бигӯед, ки шаби 24 ба 25 феврал дар куҷо будед?

– Он шаб дар хона будам.

– Кӣ дар хона буданатонро тасдиқ мекунад?

– Ҳеҷ шуморо нафаҳмидам рафиқ майор, агар ман гуноҳе содир карда бошам, рушантар гап занед.

– Ҳамаашро мефаҳмед. Ҳоло, бигӯед ки дар хона буданатонро шаби 24 ба 25 феврал кӣ тасдиқ мекунад?  Ҳамсаратон?

– Не он шаб ӯ дар хона набуд, ба замми ин ман дер рафтам ва намедонам ягон кас аз ҳамсояҳо маро дид ё не.

– Ҳамсаратон куҷо буд?

– Ӯ он шаб ба шаҳр омада буд, бояд субҳи рӯзи  биступанҷуми феврал ба айёдати модараш ба шаҳри Тошканд мерафт.

– Чаро шумо ӯро гусел накардед?

– Ба шумо донистани тарзи зиндагии дигарон ҳам зарур аст?

– Бале!

– Аз кай боз милиса ба чунин корҳо машғул аст, магар корҳои аз ин заруртаре нест?

– Нест!

– Ҳеҷ гумон надоштам, ки рӯзе мерасаду милиса тарзи зиндагии моро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Шояд ҳамсари ман ягон хешу таборатон бошаду аз мансаб истифода бурда, барои дифояш омада бошед. Вале дар понздаҳ соли зиндагӣ Шуморо бори аввал мебинам. Бино бар ин шафтолуи гапро гуфта монед. Аз дусар ман аз фикрам намегардам ва аз хешовандатон агар хешие дошта бошед , ҷудо мешавам…

– Мебинам, ки одоби муомиларо ҳам намедонед ва агар ман бо мақсади дигаре ғайр аз кори хизматӣ омада бошам, метавонед ба роҳбарияти ман шикоят кунед.

– Ба фикрам ҳамин хел мешавад.

– Бисёр хуб, акнун гӯед, ки се шаби охир дар куҷо ва ҳамроҳи кӣ будед?

– То ман барои кадом гуноҳ айбдор шуданамро надонам дигар ба ягон саволатон ҷавоб намедиҳам.

– Гап дар сари он ки субҳи рӯзи 25– уми феврал дар кӯчаи Заргарон дар наздикии роҳи оҳан ҷисми беҷони занеро ёфтанд…

– Ин ҷо ман чӣ дахл дорам? Ҳатто дар куҷо будани он кӯчаро намедонам. Оё касе дидааст, ки он занро ман куштам?

– Дахл доштан ё надоштанатро рафти тафтишот ҳал мекунад, вале Замира Аскаровна ба Тошканд нарафтааст…

– Гуфтаниед, ки…

– Ҳа, он зан ҳамсари шумост.

– Ана, гап дар куҷо будааст, – гӯён Зубайдов пешонаашро дошта, ба андеша фурӯ рафт…

Фазои кабинети муҳандисро хомӯшӣ фаро гирифт. Абдумаҷидов низ ёрои сухан гуфтан надошт. Ниҳоят Зубайдов ашки чашмонашро бо рӯймолча пок карда гуфт:

– Дар ҳақиқат вақтҳои охир байни ману Замира ҳамдигарфаҳмӣ аз байн рафта буд. Ба таври дигар гӯем оташи ишқ дар дилҳои мо дар арафаи хомӯш шудан буд. Вале ҳамаи ин маънии онро надорад, ки ман қасди ҷони ҳамсари хеш карда бошам. Ман дар асоси қонун бояд аз ҳамсарам ҷудо мешудам, ҳарчанд ӯ инро намехост. Наход Шумо гумон кунед, ки ман…

– Хафа нашавед, аз мо.

– Чӣ маро ҳабс мекунед? Марҳамат. Вале бовар кунед, ки ин андеша ба сари ман ҳаргиз наомада буд.

– Не, барои ин мо далелҳои кофӣ надорем. Вале кӯшиш кунед, ки аз шаҳр набароед. Сараввал аз паи ба роҳи охират гусел кардани ҳамсаратон шавед. Танҳо баъди он ба милиса биёед.

– Ташаккур ба Шумо. Бовар кунед, бародар, ман фикр мекардам, ки ӯ дар Тошканд аст ва имрӯз ё пагоҳ бармегардад…

Дар ҷойи кор Каромат Зубайдовро ҳамчун мутахассиси варзида ва инсони шариф таъриф карданд. Сарвари идора Сатторӣ ба саволи Абдумаҷидов нисбат ба зиндагии оилавии Зубайдов чунин посух дод:

– Нигоҳдорандаи муҳаббат дар хонадон ин пеш аз ҳама фарзанд аст. Фарзанд пойдории оила шуда метавонад. Азбаски дар хонадони Каромат Зубайдов садои ҷунбиши гаҳвора ва аллаи модар танинандоз нашуд, шӯълаи ишқ дар хонадонашон рӯ ба хомӯшӣ ниҳод ва то он ҷойе, ки ман медонам, вақтҳои охир онҳо муносибати сарде доштанд. Аммо Каромат ба ин ваҳшоният даст надорад. Ба ҳар ҳол ҳамаи ин овоза аст ва шахсан ман ба ин овозаҳо бовар намекунам.

– То шамол набошад, шохи дарахт наменҷунбад ва ҳар як овоза ҳам дар худ заррае ҳақиқат дорад, ҳамин тавр нест? – гуфт Акбаршоҳ.

– Шояд.

– Сарҳади давлатиро баста мешаваду забони бадгӯёнро не. Ана ҳамин бадгӯён мегуфтанд, ки Каромат, ба он зан бо хотири дороияш хонадор шудааст. Он вақтҳо чунин корҳо хеле кам ба назар мерасид. Ман шахсан ҳеҷ боварам намеояд, ки ҷавони бистсола ба зани бевамондаи бисту ҳаштсола издивоҷ кунад. Акнун боз овозаҳо пайдо шудааст, ки Зубайдов бо духтари аз худаш понздаҳ сол хурд алоқа дорад ва мақсади ӯро ба қайди никоҳаш даровардан дорад…

Дар нимаи дуюми рӯз Абдумаҷидов ба ШКД омад. Навбатдор хабар дод, ки аз субҳи содиқ то ҳозир сардор ӯро суроғ дорад. Акбаршоҳ ба ошёнаи дуюм набаромада, ба тарафи рост тоб хӯрд ва рухсат пурсида вориди утоқи кории сардор шуд.

– Дар куҷо мегардед?– айнакашро аз чашм гирифта пурсид Додарбеков.

– Аз пайи супориши Шумо ба ноҳияи Варзоб рафта будам.

– Кадом супориш?

Абдумаҷидов ҷавоби хабарномаи дирӯз аз ноҳияи Варзоб гирифтаашро ки Додарбеков дар як гӯшаи он «Санҷида бароед» навишта буд, аз ҷузъгирааш гирифта болои мизи кории сардор гузошт. Додарбеков айнакашро бори дигар ба чашм гузошта ба мактуб назар кард…

– Бисёр хуб. Акнун бигӯед, ки мақтул чӣ гуна шахс будааст…

Акбаршоҳ ба курсӣ дурусттар нишаста, оид ба «дастовардҳои» шабонарӯзӣ охир ба сардор маълумот дода гуфт:

– Ана, ҳамин хел рафиқ подполковник, он маълумоте, ки то ин соат ба даст дорем ҳамааш ҳамин, акнун моро лозим аст, ки аз рӯйи маълумотҳои ба даст омада ба плани корҳои таъҷилию ҷустуҷӯӣ назарияҳои эҳтимолии иловагиро дохил намоем. Шумо дар ин бора чӣ ақида доред?

– Ба фикри ман роҳзанӣ дар ҳодисаи мазкур нест.

– Ақидаатонро тарафдорӣ мекунам, боз чӣ?

– Ягона шахсе ки дар ин ҳодиса ман гумонбар мешуморам, ин Зубайдов аст. Ҳамаи фактҳо ба муқобили ӯянд. Худатон тақозо кунед, ки ҷудо шудан аз Замира ин нисфи бойгарии хешро аз даст додан аст. Шахсияти он духтареро, ки ба Зубайдов дил додааст, муайян кардед?

– То ҳозир не.

– Зубайдов дар ин бора ягон чиз гуфт?

– Не, дар ин бора ман аз забони сарвари идора Сатторӣ шунидам.

– Ҳарчи ҳам набошад, талафоти Зубайдов кам нест ва то санҷидани ҳамаи тарафҳои масъала ӯро ба ҳоли худ монед.

– Исбот кардани дараҷаи бегуноҳии Зубайдов ба худи ӯ вобаста аст ва касе аз ӯ бештар ба тафтишот ёрӣ дода наметавонад.

– Мефаҳмам, вале мо тарзе бояд амал кунем, ки худи Зубайдов ба ёрии тафтишот шитобад…

Вақте ки Зубайдов ба мурдахонаи шаҳрӣ омад, дар даромадгоҳи бино Акбаршоҳ ва як шахси ношиносро дид, ки ба тарафи ӯ ду-се қадам пештар омада, барои вохӯрӣ даст доданд.

– Ин кас муфаттиши прокуратура Исҳоқ Табаров, ҳамроҳашро муаррифӣ кард Абдумаҷидов.

– Ман Каромат Зубайдов.

Ҳар се вориди бино шуданд. Марди хилъати сафедпӯше, ки омадани онҳоро интизор буд, ҳарсеро ба хонае даровард.

Дар болои мизи мармарин ҷисми беҷони шахсе мехобид, ки болояш бо сӯфи сафед пӯшонда шуда буд. Ӯ сӯфи сафедро каме аз болои сари мақтул бардошт.

– Ҳа, худашон, – гуфт Зубайдов.

Дар ҳамон ҷо варақаи шинохтан тартиб дода шуд ва Зубайдов ҳамроҳи дигар иштирокчиён ба он имзо гузошт…

Баъди анҷоми қоидаҳои расмӣ ба Зубайдов барои бурда ба роҳи охират гусел намудани ҳамсараш рухсат дода шуд…

 

* Регак – ҷангале дар мавзеи қаторкӯҳҳои Дарвоз.

* Слепка – нақши пойро дар гаҷ гирифтан.

Дигар хабарҳо