Чингизе, ки ҳама дунёро гирифт

Дар бораи адиби оламшумул Чингиз Айтматов ҳарфи тозае гуфтан бисёр душвор аст. Чунки, ба қавли як адабиётшиносамон, шояд навиштаҳову гуфтаҳо дар борааш беш аз асарҳои худаш бошанд. Ҳарчанд ки, меафзоем мо, Айтматов, ҳамзамон бо ҳадафраснавису дилраснавис будан, хушбахтона, сермаҳсул ҳам буд ва барои инсоният осори пурбаҳои фаровоне ба ёдгор гузошт.
Бо ҳамин андешаҳо мавзуеро манзур карданием, ки шартан «Айтматов ва тоҷикон» ё «Айтматов ва Тоҷикистон» номиданаш дуруст будагист.
Дарвоқеъ, Чингиз Айтматовро, чун бо ҳама халқҳову сарзаминҳо, бо Тоҷикистони кўчаки мо ҳам риштаҳои аёну ноаёни зиёде мепайванданд. Аз ҷумла, боиси ифтихори адибону ноширони Тоҷикистон аст, ки нахустин асарҳои ў – маълум аст, ки адиб то қиссаи «Алвидоъ, Гулсарӣ!» панҷ-шаш асари аввалашро бо забони модарӣ навиштааст – баъд аз русӣ, ба забони тоҷикӣ тарҷумаву чоп шудаанд.
Нависандаи забардастамон Фазлиддин Муҳаммадиев очерки бузурге дорад дар бораи Рўзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Қирғизистон, ки моҳи сентябри соли 1976 баргузор шуда буданд, бо номи «Нориниёнем мо». Дар он ба хотир меорад, ки «соли 1958 дар журнали «Шарқи Сурх» кор мекардем ва рўзе Толис маро ба кабинети худ ҷеғ зада, ба дастам шумораи нави журнали «Новый мир»-ро дода, гуфт:
– Ин ҷо «Ҷамила» ном повест чоп шудааст, ҳаминро тарҷума мекардед…
– Майлаш. Лекин кай?
– Ҳарчи зудтар – беҳтар, ҳамин ҳафта тайёр шавад, боз хубтар.
– О худатон медонед, Толисҷон, ҳозир аз ҳарвақта серкортарам: ҳам кори журнал, ҳам дигар супоришҳо…
– Хайр, набошад, ҳамин рўз ақаллан як бор хонда бароед.
Ман ҳайрон шудам. Толис ҳеҷ гоҳ касеро ба коре саросема намекард, барои муаллифон, тарҷумонон муҳлатҳои танги телбакунанда таъйин намекард.
Ба хона омада, ба хондан сар кардам. Сар кардаму то анҷомаш дигар аз даст монда натавонистам. Акнун фаҳмидам, ки чаро Толис «ақаллан хонданашро ҳамин шаб сар кун» гуфта будааст. Ҳамон шаб чанд саҳифаи повест тарҷума ҳам шуд. Пагоҳ ба идора телефон карда, аз Толис пурсидам, ки мумкин бошад, як-ду рўз аз хона набаромада, тарҷумаро давом диҳам.
– Чанд рўз, ки лозим шавад, бемалол, – гуфт ў. – Фақат «Ҷамила»-и тоҷикиро биёред, шуд.
«Ҷамила»-и тоҷикӣ баъди як моҳ дар журнал нашр шуд ва ним соли дигар гузашту нашриёт ҳам онро ба шакли китобчаи алоҳида баровард.»
Дигар асарҳои Чингиз Айтматовро низ дар Тоҷикистон ҳамин қисмат интизор буд. Онҳоро хеле зуд ва хеле зебову хоно беҳтарин нависандагону тарҷумонҳоямон тарҷума ва дастраси хонандаи муштоқи осори адиби бузург намуданд. Боз ҳам ҳақ аст Фазлиддин Муҳаммадиев – дўсти қарину тарҷумони беҳтарини Чингиз Айтматов, ки мегўяд: «Осори ҳеҷ кадом нависанда ба тоҷикӣ ин қадар пурра ва ба зудӣ тарҷумаву нашр нашудааст, чуноне ки асарҳои Чингиз Айтматов дастраси хонандаҳои тоҷик гаштааст.»
Риштаи дуюми пайванд гуфтаҳои нависандаи бузург дар бораи кишвари мо, адабиёту адибони он аст, ки дар осори бадеию публитсистиаш зиёд дучор мешавад. Ҳанўз дар қиссаи «Ниҳолаки рўймолсурхаки ман», ки соли 1961 чоп ва низ ҳамоно ба тоҷикӣ тарҷума шудааст, мехонем:
«Дар Помир ҳайати роҳсозони Қирғизистонро интизор буданд. Ба ин муносибат рўзномаи ҷумҳуриявии Тоҷикистон ба ман супориш дода буд, ки дар бораи роҳсозони қирғиз очерк бинависам».
Он солҳо Чингиз Айтматов ба ҳайси мухбири «Правда» дар ҷумҳурии худаш кор мекард ва азбаски Қирғизистону Тоҷикистон натанҳо ҳудудҳои зиёди якҷоя доштанд, балки хоҷагии халқашон зич пайванди ҳам ва бисёр масъалаву мушкилаҳояшон муштарак буд, барои таҳияи маводе аксаран дар ҳарду ҷумҳурӣ тадқиқот бурданаш лозим меомад ва навиштаҳои зиёдаш дар рўзномаи асосии Иттифоқи Советӣ далели ин аст.
«Бойтемур ҳайраташро ошкор накард, – мехонем дар идомаи қисса. – Одӣ ва бо ғурури зарур дасти маро фишурду бас:
– Аз дидори меҳмон шод мешавам.
– Ман ба шумо кор дорам, Баке, – номашро кўтоҳ карда, муроҷиат намудам ба ў. – Медонед, ки роҳсозони мо бояд ба Тоҷикистон бираванд.
– Шунидаам.
– Барои ҳамин, пеш аз Помир рафтанатон суҳбат кардан мехостам.
Ҳар қадар, ки мақсади омаданамро бештар мефаҳмондам, чеҳраи Бойтемур тиратар мешуд.
– Омаданатон нағз, – гуфт ў, – вале ба Помир намеравам ман ва дар бораи ман навиштан зарурат ҳам надорад…»
Сухан аз он аст, ки як ҳиссаи воқеаҳои қисса дар Помири Тоҷикистон мегузарад. Бойтемур аз қирғизҳои тоҷикистонист ва дар бунёди роҳи бузурги Помир, ки пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ сохта шуда буд, фаъолона иштирок кардааст. Ҳангоми дар ҷанг будани Бойтемур тарма фуромада, зану ду духтарчаашро ҳалок мекунад. Аз ин рў, барои ў, ки дар симои Асал бахти дуюмашро пайдо кардааст ва писаракаш Самадро самимона фарзанд хондааст, ба ҷойҳои ёдовари зану духтарчаҳои нокомаш баргаштан басо гарон аст.
Тазаккури дигари Чингиз Айтматов аз Тоҷикистон ҳам ба фаъолияти рўзноманигории ў рабт дорад. Соли 1969 дар дуюмин рўзномаи шўравӣ – «Известия» мақолаи проблемавие чоп кард бо номи «Дарвозаҳои тиллоӣ», ки масъалаҳои шаҳрсозӣ ва симои пойтахтҳои ҷумҳуриҳои шўравиро дақиқу амиқ ба миён мегузошт. Дар бораи ҳусни нотакрори шаҳрҳои бостонии Осиёи Миёна сухан ронда, менависад, ки «шаҳрҳои нав ҳам симои хешро дошта метавонанд. Мисолаш – пойтахтҳои дар Осиёи Миёна ҷавонтарин – Душанбе ва Ашқобод. Маҳз ҳамин ду шаҳр, бо вуҷуди ҳама норасоиҳои сохтмони муосир, бо симои миллӣ, хусусиятҳои танҳо ба онҳо хоси кўчаву майдонҳояшон ҷудо шуда меистанд.»
Бовар кунед, хуш аст шунидани чунин суханон дар бораи шаҳри азизат аз шахсе, ки пойтахти садҳо кишварро дидаасту ҳайрон карданаш кори осон нест.
Вобаста ба зикри шаҳри Душанбе мехоҳам боз як руҷуъ бикунам. Дар очерки мазкури Фазлиддин Муҳаммадиев пораи аҷибе ҳаст оид ба як қисми ҷолиби рўзҳои ҷавобии адабиёт ва санъати Қирғизистон дар Тоҷикистон – нахустнамоиши филми «Киштии сафед»-и кинорежиссёри машҳури қирғиз Болотбек Шамшиев.
«Ман ба қазову қадар барин чизҳо мутлақо бовар надорам, – гуфт Болотбек. – Лекин дар тақдири эҷодии ман як ҳолати аҷибе ба назар мерасад. Солҳои аввал аз ҳаёти мардумони Қирғизистон филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия мекардам. Чанд филми ҳуҷҷатиамро тақрибан даҳ сол қабл аз ин ба Душанбе, ба фестивали кинематографистон оварда, мукофоти якумро гирифта будам.
Соли 1971 дар Душанбе кинофестивали республикаҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон баргузор шуд. Филми бадеии «Гармо», ки ман аз рўи повест ва сенарияи Чингиз Айтматов («Чашми уштур») таҳия карда будам, ба мукофоти якум сазовор дониста шуд.
Ҳоло нахустин намоиши филми «Киштии сафед» низ дар Душанбе барпо шудааст. Ва ин воқеа ба рўзҳои фаромўшношудании иди маданияти советии қирғиз дар Душанбе рост омадааст.
Он гоҳ касе аз миёнаи зали тамошо ҳазломез хитоб кард:
– Рафиқ Шамшиев, модоме ки ҳамин тавр аст, бо қазову қадар шўхӣ накунеду дар Душанбе бимонед. Ақаллан ду-се сол бимонед!»
Ана, ҳамин хел шаҳри ҳунарпарвар ва хайрхоҳу бароровар аст Душанбеи мо!
Чингиз Айтматов натанҳо нависандаи бузургест, ки асарҳояш ба дигар санъатҳо, бахусус кинову театр, такони ҷиддӣ бахшидаанд, натанҳо публитсисти оташинсуханест, ки масъалаҳои мубрами одаму оламро фаро гирифтааст, балки адабиётшиносу мунаққиди беназирест, ки дар бораи адабиёту адибони гузаштаву муосири бисёр халқҳо ва осорашон дақиқтарину амиқтарин андешаҳо баён кардааст. Хушбахтона, аз ин доира адабиёти гузаштаву имрўза ва адибони номвари тоҷик ҳам берун намондаанд.
Дар бораи сурудҳои баландпарвозу дилраси Расул Ғамзатов сухан ронда, иқтибоси тўлониеро аз ў лозим медонад, ки гумон меравад, суханони дили худаш ҳам ҳаст: «Бибинед, ки Саъдӣ, ишқро васф карда, бо замони хеш, бо дин, ки занро таҳқир менамуд, ба баҳс мепардозад. Ё худ Ҳофиз, ки фирефтаи даъвати ҳокимон нашуду Шероз – ватани хешро боре тарк нагуфт. Магар дар ин рафтори шоири фақир нафрати амиқ ба сарвати гузарон, ҳокимони замон, ки муҳаббатро савдо мекарданду қимати инсонро зери по менамуданд ва асли табиатро паст мезаданд, ниҳон нест? Назм чун арзишҳои абадӣ ғояҳои бародарӣ, адолати иҷтимоӣ, сулҳу амониро талқин мекарду талқин хоҳад кард. Ва дар ҳамин зоҳир мешавад, ба истилоҳи имрўзаи мо, ватандории ҳақиқии Ҳофизу Саъдӣ. Бад-ин минвол, мавзуи аз назари аввал беозору маънавии назми Шарқ дар айни замон дар шакли эътирози қатъии иҷтимоӣ ба ҷилва меояд».
Аз ин иқтибос натанҳо таваҷҷуҳу муҳаббати Чингиз Айтматов ба шахсияту эҷодиёти ду классики бузурги тоҷику форс аён аст, балки чизи дигар ҳам равшан ба назар мерасад, ки ў низ, чун ҳамтои бузурги доғистониаш, ин намунаҳои ҷовидони ибратро ба ҳамқаламони муосираш таъкиду талқин кардан мехоҳад.
Вобаста ба ин як гуфтаи худи Айтматов ба ёд мерасад, ки соли 1982 иброз доштааст: «Инсоне, ки қариб ҳазор сол қабл аз ин зиста буд, бо ҳамон меъёрҳое меандешад, ки имрўз баъзан ба мо дастрас нестанд». Ҳамин суханонро метавон дар бораи инсоне ҳам гуфт, ки на «қариб ҳазор сол», балки қариб ҳазору дусад сол пеш аз ин зиставу эҷод кардааст. Сухан дар бораи Одамушшуаро – Рўдакӣ меравад, ки қаҳрамони Айтматов Авдий Каллистратов мисраъҳои ўро дархури ҳоли хеш ба ёд меорад:
Бо сад ҳазор кас ту танҳоӣ,
Бе сад ҳазор кас ту танҳоӣ.
Оре, дар эҷодиёти Айтматов ченаку меъёри асосӣ Инсон аст ва назди эҳсосу тафаккури ў ҳама монеаҳои замониву маконӣ аз байн мераванд. Ҳамин аст, ки инсони одии асри ХХ Абутолиб мубталои ҳамон дарку эҳсоси ҷонкоҳест, ки сарбози Чингизхон – Эрдене-юзбоширо ҳафт аср пеш гирифтори хеш медошт.
Дар ҳақиқат, руҷуъ ва муносибати Айтматов ба гузаштаи халқи худ ва дигар халқҳо бисёр ҳассосона аст. Вобаста ба ин, ба ёд мерасад, ки дар яке аз суҳбатҳояш бо чӣ самимият заҳмати матншиносони русро ҷиҳати аз сарчашмаҳои чиниву форсӣ ба забони қадимаи ўйғурӣ баргардондани ёдгориҳои бостонии халқҳои туркнажод, аз ҷумла достони «асосгузори адабиёти хаттии халқҳои туркнажод Юсуфи Баласоғунӣ «Қутадғу билиг», «зуҳуроти интернатсионализми ҳақиқӣ» арзёбӣ карда буд.
Дар ҳақиқат, дастовардҳои асринаи маънавии халқу кишвареро розкушоӣ намудану саҳмашонро воқеъбинона бозгў кардан нишонаи ҷавонмардии ростин аст. Ва, дар ин замина, беихтиёр ҷавонмардиҳои худи Юсуфи Баласоғунӣ нисбат ба тоҷикону адабиёти онҳо ба ёд мерасад. Бибинед, ў ҳазор сол пеш чӣ мегўяд:
Да, книг у арабов,
таджиков немало,
А нашею речью сия – лишь начало.
Таджики его Афрасиябом зовут,
Когда он возглавил свой поданный люд,
Ему подобало быть мудрым и смелым,
Чтобы власть укрепить
над бескрайным пределом.
Таджиками он в письменах восхвалён,
Иначе кому бы известен был он?
Послушай, что сказано мудрым таджиком,
А мудрость таджиков в почете великом!
(Ба қирғизӣ:
Китеп коп арап, тажик тилдеринде,
Бул китеп эн биринчи биздин тилде.
Аны тажик Афрасиаб аташат,
Ал оз элин алга баштап, жол салат.
Тажиктерде ал китепке жазылган,
А болбосо билет элек биз кайдан?
Акылдуу тажик айткан
тынша созду,
Тажиктердин акылы, жеткиликтуу…)
(Ба тоҷикӣ:
Араброву тоҷикро бешумор
Китоб асту морост оғози кор.
Варо тоҷикон хонда Афросиёб,
Чу шуд сарвари мардуми беҳисоб,
Хирадмандиву гурдӣ ў пеша кард,
Зи тақдири мулки худ андеша кард.
Накарданд васфаш агар тоҷикон,
Намебуд ҳаргиз аён дар ҷаҳон.
Ту бишнав хирадманд тоҷикро,
Хирад пеши тоҷик бувад бебаҳо.)
Бешак, ин зикрҳои равшан, ин тандеҳиҳо ҳам нишонаи ҷавонмардии воқеӣ, зуҳуроти азалию абадии интернатсионализми ҳақиқӣ ва қаробату рафоқати қадимаи халқҳои мост.
Дар ин замина рафтору гуфтори баъзе адибону муҳаққиқони имрўза, ки забонашон ба «тоҷик» гуфтан намегардад, истилоҳоти деринаву кайҳо қабулшудаи адабиётшиносии дунёро муроот намекунанд ва ҳатто ҳар чизи ба тоҷику форс муштаракро ҳам якравонаю муғризона «форсӣ» мегўянд, ками кам ҳайратовар менамояд.
Дар мақолаи ба доираи васеи хонандагон маълуми «Ду устод» Чингиз Айтматов самимона менависад: «Мехоҳам ба хонандагон муҳаббати устувору пурсипоси худро нисбат ба Мухтор Авезов ва Садриддин Айнӣ изҳор намоям. Ҳардуи онҳо падидаҳои нодиранд». Бо маҳорати ба адабиётшиноси мумтоз хос хусусиятҳои эҷодиёти ин ду адиби бузургро муайян намуда, аз ҷумла, дар бораи нависандаи тоҷик мегўяд: «Услуби Айнӣ бисёр сода, зоҳиран орому батамкин аст. Аммо чӣ қадар қаҳру ғазаб ва эҳтироси беандозаро дарк мекунад хонанда дар симои қаҳрамононе, ки ин пири хирадманди Шарқ одатан дар марҳалаҳои гардишҳои қатъии таърих ба тасвир мегирад. Халқро дар гардишҳои ҷиддии таърих нишон додан, дар симои одитарину поктарин одамон муҷассам сохтани халқ тарзи писандидаи тасвири Садриддин Айнӣ мебошад.
Бибинед, ки чӣ сон аниқу қатъӣ ҳисоб баробар мекунад Айнӣ бо дунёи куҳан, бо «Бухорои шариф»- и золимону мутаассибону зоҳидон. Ва айбдоркунии ўро рад намудан номумкин аст.»
Гумон меравад, ки дар гиромидошти бемайлони одами бунёдкор, интихоби лаҳзаҳои ҳалкунандаи ҳаёти инсону инсоният, эҳсоси шадиди адолати инсонӣ ва адолати иҷтимоӣ Айтматови бузург сабақи Айнии бузургро ҳам гирифтааст ва, аз ин рўст, ки қотеъона мутолиаи гаштаву баргаштаи осори ўро ба хонандагон маслиҳат медиҳад.
Мақолаи «Горкийи мо» бисёр дурусту барҷо зикр мекунад, ки «Горкий ба иншои реалистӣ, ба мундариҷаи эпикиву иҷтимоии асарҳои нависандагони бузурги Шарқ – Мухтор Авезов ва Садриддин Айнӣ таъсири бузурги ботинӣ доштааст.»
Боз як нуқтаи пайванди ноаёни ин ду шахсияти бузург, ки аз назари аввал хурду ҷузъӣ менамояд. Ба пурсиши мусоҳибаш – «Шумо одатан бо қалам менависед?» Чингиз Айтматов посух медиҳад: «Фақат бо қалам. Ҳеҷ дар мошинка чоп карданро ёд нагирифтам. Борҳо менависаму ислоҳ мекунам ва танҳо он гоҳ барои мошиннависӣ медиҳам, дар варақҳои мошиннавис ҳам ислоҳ медарорам ва аз нав ба чопи мошинка месупорам. Дар маҷмуъ ман беҳад куҳнапарастам – мошинронӣ, суратгирӣ, қартабозиро ҳеч ёд нагирифтам.»
Ба хотираҳои духтари устод Айнӣ – Холида таваҷҷуҳ кунед: «Боре гуфтам, ки қисми панҷумро (сухан дар бораи «Ёддоштҳо» меравад – Н.Қ.) нақл кунад, ман нависам. Гуфт, ки «не, ман ин хел кор карда наметавонам. Бояд дар Самарқанд, дар хонаам бошам, пушти мизи кориам бишинам, қаламро ба даст бигирам, ба сиёҳидон тар бикунам, он вақт медонам, ки чӣ бинависам, вагарна наметавонам, ки ҷиддӣ кор бикунам».
Шахсан ман дар ин гуфтаҳои сода низ боз як пайванди рўҳиву равонии ин ду адиби бузургро, ки дар замонҳои гуногуну бо услубҳои гуногун эҷод кардаанд, вале дар эҳёи миллату давлатҳои хеш беҳад саҳим будаанд, эҳсос менамоям.
Дар ҳамон мақолаи «Горкийи мо» Чингиз Айтматов дар анъанаи Горкий ба камол расидани як зумра адибони машҳури насли калонсол, аз ҷумла шоири тоҷик Мирзо Турсунзодаро зикр мекунад. Муносибатҳои инсониву адабии Турсунзода ва Айтматов мавзуи гуфтугўи алоҳида ҳам шуда метавонад, вале алҳол зикри чанд нуктае аз онҳо бамаврид менамояд.
Дар мақолаи «Накўкории пирўз» таъкид месозад, ки «ганҷинаи бадеии мо дар давраи баъдиҷангӣ бо асарҳои дорои мазмуни баланди инсондўстӣ мукаммал гардид» ва Мирзо Турсунзодаро чун яке аз офарандагони ин ганҷина ном мебарад.
Иштирокчиёни Рўзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Қирғизистон то ҳол ба ёд меоранд, ки Чингиз Айтматов ба хотири Мирзо Турсунзода аз пешвоз дар фурудгоҳ то гусел дар фурудгоҳ ҳамроҳи адибони тоҷик буд. Ва, ҳарчанд ки раиси Иттифоқи кинематографистони Қирғизистон буд, бегоҳие, ки ҳамзамон ҳам шаби адабӣ ва ҳам фестивали филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» барпо мешуд, дар паҳлуи ҳамқаламони тоҷикаш буданро баргузид.
Дар чанд мавриди дигар ҳам Айтматов аз шахсияту эҷодиёти Мирзо Турсунзода бо эҳтиром ёд мекунад ва ҳангоме ки шоири тоҷик даргузашт, яке аз барқияҳои самимонаву ҷонсўз ва баъдан хотираҳои дилрас ба қалами ҳамқаламу ҳаммароми қирғизаш мутааллиқ буд.
Он ду инсону эҷодкори бузург солҳои тўлонӣ дар Шўрои Олии СССР, Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатии СССР ҳамкор буданд, дар Кумитаи шўравии ҳамдилии халқҳои Осиёву Африқо ба ҳайси раису муовин паҳлу ба паҳлу баҳри бедории халқҳои мазлум ва таҳкими робитаҳои байналмилалии адабӣ заҳмат кашиданд ва, чунонки аз навиштаҳояшон бармеояд, дар ин масъалаҳо куллан ҳамфикриву ҳамназарӣ зоҳир кардаанд.
Шодам, аммо мехўрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре, –
мегўяд бо дард Мирзо Турсунзода.
Айтматов низ дар бораи халқҳои мазлуми Осиёву Африқо, режими апартеид аз ҳамаи минбарҳо, ҳатто тавассути радиои амрикоии «Даблю-Би-Эй-Ай» бо дарду қатъӣ сухан мегўяд: «Бояд инсонро ғаму ташвиши қисмати талхи одамоне, ки мавҷудияти ҳақиронаву фақирона ба сар мебаранд, ҳаргиз тарк насозад. Маҳз аз ин эҳсос ў торафт инсонтар хоҳад шуд…»
Эй ҷаҳонгарди ҷавони кобулӣ,
Кўдаки хурдиву дар ҳукми гулӣ,
Кўдакон бояд, ки дар ин синну сол
Баҳраҳо ёбанд аз фазлу камол…
Пояшон дигар набояд пок кард,
Пок аз онҳо бояд акнун хок кард! –
хитоб мекунад шоири бузурги тоҷик ва адиби оламшумули қирғиз гўё сухани ўро идома медиҳад: «Қаблан, вақте ки адибони афғон, дигар ходимони фарҳанги Афғонистон ба кишвари мо меомаданд, моту мабҳут аз дастовардҳои мо ашк дар чашмон бармегаштанд. Онҳо бо чашмони худ медиданд, ки ҳаёти ҷумҳуриҳои осиёии мо чӣ қадар тағйир ёфтааст. Гумон мекунед, афғонҳо намехоҳанд, ки ҳаёташон чунин бошад?»
Ин суханони нависанда, чун сатрҳои мазкури шоир, бисёр самимона, аз дилу ҷонанд, чунки аз пайвандҳои деринаи Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистону Афғонистон сарчашма мегиранд. Чунонки Чингиз Айтматов барҳақ мегўяд, «мо мардуме ҳастем, ки аз қадим бо халқи афғон паҳлу ба паҳлу зиндагӣ мекунем. Як қисми мардуми қирғиз дар кӯҳистони Афғонистон умр ба сар мебарад. Шумораи беҳад зиёди ҳамватанони мо – тоҷикон, ўзбекҳо, туркманҳо, қазоқҳо қисми муҳими аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд.»
Ин ҳамақидагиву ҳамназарии ҳайратовар, бешубҳа, аз дарки шадиди қарзи инсонӣ, вазифаи муқаддаси ватандорӣ ва эҳсоси масъулият дар назди халқҳои худ ва тамоми сайёра, ба қавли худи Айтматов, «ҷаҳонро ҳамзамон ҳам бо чашми тифли маъсум ва ҳам бо чашми пири хирадманд дидан», ки хоси шахсиятҳои бузурги ҳама давру замонҳост, маншаъ мегирад. Маҳз ҳамин ҷиҳатҳо буд, ки Мирзо Турсунзодаву Чингиз Айтматов ва дар шахси онҳо фарҳангиёни мо ва умуман халқҳои тоҷику қирғизро ин қадар дилқарину ҷонқарин намуд.
Барои боз як иқтибоси тўлонӣ узр мехоҳам, лекин, гумон мекунам, ки барои таъкиди ин пайванд, ин муҳаббат, ин самимият ногузир аст:
«Лашкаркаши муғул Темучини Чингизхон нисфи оламро гирифт. Бо зарби шамшер гирифту ба харобазор, макони зоғу бум мубаддал кард. Ба ҳар кишваре мерафт, пешопеши қўшуни хунхораш лашкари тарсу ваҳм, ғаму андўҳ ва мусибат мешитобид. Ва номи ў дар таърих Чингизи золим, Чингизи хунхор сабт гардид.
Хушбахтона, ҳамзамони мо Чингизи дигар аст, ки нисфи олам не, балки қалби китобхонҳои ҳамаи оламро фатҳ кардааст. Ин Чингиз Айтматов, нависандаи номии қирғиз аст. Вай ҳам ҷаҳондидаву ҷаҳонгашта аст, лекин ба ҳар диёре, ки сафар бикунад, пешопеши вай лашкари сулҳофарини китобҳояш, филмҳояш, қиссаҳои дилнишинаш оид ба меҳру муҳаббат, дўстию садоқат ва сулҳу амонӣ мешитобанд.
Чингизи фирўз, Чингизи фотеҳ маҳз ҳамин дўсти ҳамқалами мо – Чингиз Айтматови қирғиз аст!»
Ин суханон ҳам ба Мирзо Турсунзода тааллуқ доранд ва баҳори соли 1976, дар Рўзҳои адабиёт ва санъати Қирғизистон дар Тоҷикистон ба шарафи Чингиз Айтматов ва дар ҳузури худи ў дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гуфта шуда буданд. Дар тавсифи Чингиз Айтматов беҳтар аз ин чизе гуфтан душвор аст. (Иқтибоси айниву нақлӣ аз очерки мазкури Фазлиддин Муҳаммадиев).
Мехоҳам, ки ин қайдҳои парешонро бо як ибораи олиҷаноби Айтматови бузург ҷамъбаст бинамоям. «Агар ман одамеро дучор биёяму бифаҳмам, ки ў Чеховро дўст медорад, чунин меҳисобам, ки дўсти наве ёфтаам».
Бовар дорам, ки мову шумо, хонандагони гиромӣ низ, ки самимона Чингиз Айтматовро дўст медорем, аз шарофати ў имрўз дар симои ҳамдигар дўстони абадии халқҳову адабиётҳои ҳамдигарро пайдо намудем!
Низом ҚОСИМ