• 30.04.2024

Чароғи фурӯзон

 Чароғи фурӯзон

Ба муносибати 90-солагии нависанда Бобо Насриддинов

Бисёр вақт тасодуфан бо шахсе во­мехӯред, вале баъд аз гузашти солҳо ҳис мекунед, ки ин мулоқот тасодуфӣ набудааст, қисмат шуморо бо ҳам пайвастааст. Ибтидои солҳои шастуми асри гузашта рафтуомадам ба даргоҳи идораи рӯзномаи «Маориф ва мада­ният» зиёд шуд. Як силсила тақризу мақолаҳоям ба табъ расидаанд, ки донишҷӯи курси дуюму сеюми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза Дониш­гоҳи миллии Тоҷикистон) будам. Сабаб он буд, ки дар ин рӯзнома, ки баъдтар хеле шуҳрат пайдо кард, одамони хушмуомила, ғамхор кор мекарданд. Яке аз онҳо Бобо Насриддинов буд, ки очеркҳояшро аз солҳои 1950-ум мехондам.

Соли 1962-юм буд. Китоби устод Садриддин Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» аз чоп баромад. Дар бораи ин китоб андешаҳоямро навиштаму ба идораи рӯзномаи «Ма­ориф ва маданият» бурдам. Он вақт ман намефаҳмидам, кӣ ходими адабӣ асту кӣ мудири шуъба.

— Чӣ овардед? – аз ман пурсид ҷа­вони хушқаду қомате, ки рост истода, бо марди калонсоле суҳбат мекард.

Сухан нагуфта, мақолаамро ба сӯяш дароз кардам. Паси миз нишасту онро хонд.

— Ин китоб кай чоп шудааст?

— Ба наздикӣ, — гуфтам ман.

— Пагоҳ китобро гирифта биёр. Мақолаат дар дасти ман мемонад.

Рӯзи дигар китобро бурдам. Ҷавон онро аз дастам гирифту гуфт:

— Мақолаатро чоп мекунем. Боз навис…

Бо хушҳолӣ аз идора берун раф­там.

Имрӯз аз чопи ин мақола (3-юми апрели соли 1962-юм) зиёда аз панҷоҳ сол мегузарад. Бобо Насриддинов (руҳаш шод бод) зинда мебуд, ба 80 медаромад. Ман меандешам, ки мақо­лаам ба дасти ӯ нею ба дасти одами бепарвое меафтод, «ту худат кию дар бораи китоби Садриддин Айнӣ мақола навиштанат чӣ?!» — мегуфт.

Меҳрубонии Бобо Насриддинов барои ман дар ин рӯзнома роҳ кушод. Китоби Садриддин Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ҳамсафари ҳаётам шуд.

Дар курси панҷум аз рӯйи он кори дипломӣ навиштам, мақолаҳо дар маҷаллаю рӯзномаҳо чоп кардам.

Эҷодиёти Бобо Насриддинов кам омӯхта шудааст. Касе, ки аз адабиёти солҳои шастуми асри гузашта огоҳ аст, хуб медонад, ки дар ин давра дар қатори дигар жанрҳои адабӣ навъи очерк ва публитсистика ҳам инкишоф ёфт. Аз ҷумла, Фазлиддин Муҳамма­диев, Мутеулло Наҷмиддинов, Аъзам Сидқӣ, пас аз онҳо Бобо Насриддинов, Шодӣ Ҳаниф ба навиштани очерку публитсистика камар бастанд. Ба ин иқдом адибонро ҳаёти пурҷӯшу хурӯши замона, дигаргуниҳои деҳот, сохтмони истгоҳҳои барқӣ, амсоли «Шаршара», «Сарбанд», «Норак» даъват мекард.

Агар ба тарҷумаи ҳоли Бобо На­сриддинов бингарем, ӯ барои на­виштани очеркҳои китоби «Чароғҳои Пули Сангин» чандин бор танҳою ҳамроҳи нависанда Муҳиддин Хоҷаев ба Норак сафар кардааст. Дар тавси­яномаи адабиётшинос ва мунаққид Расул Ҳодизода, ки соли 1975-ум барои пазироӣ ба узвияти ИН СССР ба Бобо Насриддинов додааст, чунин сатрҳоро мехонем: «Б. Насриддинов дар очерк ва ҳикояҳояш асосан ҳаёти имрӯзаи меҳнаткашони Тоҷикистонро тасвир мекунад. Ӯ ҳаёти қаҳрамонҳо­яшро хуб меомӯзад. Дар асарҳояш тасвирҳои хушку холӣ, аксҳои беҷону амал дида намешавад. Ӯ қобилияти интихоб кардани лаҳзаҳои моҳиятдо­ри ҳаёти қаҳрамонҳояшро дорад. Ва ҳамин лаҳзаҳоро дар шакли бадеӣ ба хонанда пешкаш мекунад. Ана, ҳамин хусусияти нависандаи ҷавон – очерк­навис, бисёр умедбахш аст». Китобҳои ба табъ расондаи Бобо Насриддинов «Ба истиқболи офтоб» (1971), «Дар зери осмони кабуд» (1973), «Ҷуфти ситора» (1975), «Акси садо» (1979), «Ман фарзанди туам» (1982), «Дил барои накӯкорӣ» (1986) ин суханон­ро тасдиқ мекунанд. Нависанда дар повест, ҳикоя, очерк, ҳатто асарҳои публитсистиаш аз ҳақиқати зиндагӣ му­ассир сухан мегӯяд. Дар повести «Акси садо» тарбияти насли ҷавон, омӯхтан аз донишу таҷрибаи пирони хирадманд мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳикоя, очерк, қиссаҳои Бобо Насриддинов ҷанбаи халқӣ мақоми асосӣ дорад. Нависанда кӯшиш мекунад, ки аз тасвири ҳақиқати зиндагӣ дур наравад. Қаҳрамонҳо­яшро, хоҳ ошиқ бошанд, хоҳ деҳқон ё омӯзгор, аз ҳадди ҳақиқати иҷтимоӣ ва ё сиёсии замона берун намебарорад. Аз ин рӯ, персонажҳо дар «Рози дил» (1965), «Ба истиқболи офтоб» (1971), «Дар зери осмони кабуд» (1973) ва дигар асарҳояш ба назари хонанда муқаррарӣ менамоянд. Мисли он ки дар солҳои сиюму панҷоҳум дар эҷодиёти С. Улуғзода («Навобод»), Ҷалол Икромӣ («Шодӣ»), Раҳим Ҷалил («Одамони ҷовид») мебинем. Адабиёт­шинос Шамсиддин Солеҳов ин ҷиҳатро чунин ба мушоҳида гирифтааст: «Та­рзи нақли озод имконият медиҳад, ки муаллиф дар сужети ҳикоя ин зинаҳои таърихии пешравии ҳаёти ҷомеаро ба ҳайси занҷираҳои ба ҳам пайваст ба қалам дода, оқибатҳои мусбату манфии онҳоро аз тариқи таҳлилҳою тасвирҳои публитсистӣ ба хонанда ошкор созад. Ин усули тасвирро дар ҳикояҳои М. Хоҷаев, Б. Насриддинов, Б. Фирӯз, М. Наҷмиддинов, Д. Раҷабӣ ва дигарон мушоҳида кардан мумкин аст» («Поэтикаи жанри ҳикояи солҳои 70-80 қарни ХХ», «Дониш», 2006, саҳ. 117-118).

Қаҳрамонони асарҳои Бобо На­сриддинов одамони пешқадами давро­ни шуравианд, ки мувофиқи талаботи замон амал мекунанд, хислати хуби онҳо дар он зоҳир мешавад, ки вайрон­корӣ, каҷрафторӣ, фиребу найрангбо­зиро дӯст намедоранд, ба муқобили ин гуна рафтору кирдор муборизаи сахт мебаранд. Ин мавзуъ дар эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев («Одамони куҳна», «Палатаи кунҷакӣ»), Мутеулло Наҷ­миддинов («Дарё маҷрои нав меҷӯяд») мушоҳида мешавад. Вале ҳар адиб ба таври худ ин масъаларо матраҳ карда, аз рӯи андешаҳои хеш онро ҷамъбаст намудааст.

Ба ҳаёти иҷтимоӣ ба таври танқидӣ нигаристан, гарчанде дар эҷодиёти Ҷалол Икромӣ, Пӯлод Толис қаблан ҷой дошта бошад ҳам, дар эҷодиёти Бобо Насриддин ин равия инкишоф ёфт. Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ насри ин давра, яъне солҳои 70-90-уми асри бистро ба таври зайл арзёбӣ мекунад: «Ин комёбиҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки адабиёт ба роҳи инки­шофи табиӣ қадам гузоштан дорад ва имкон дорад ҷустуҷӯйҳои эҷодгаронаи озод пеш бигирад. Вале ин имкони амали озодона ва таҳаввули муътадил ҳанӯз нисбӣ буда, бештар дар шакл ва тарзу воситаҳои бадеӣ зоҳир меша­вад» («Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист», саҳ.431).

Хушбахтона, имрӯз аз мероси Бобо Насриддинов дар дасти мо ёздаҳ маҷмуа ҳаст, ки нашриётҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расондаанд. Дар навъҳои ҳикоя, публитсистика, очерк, повест адиб асарҳо навиштааст.

Бобо Насриддинов соли 1971 «Оҳубара» ном китобе барои кӯдакон ба табъ расонд. Ин маҷмуаи ҳикояҳо нишон дод, ки адиб хислат, рафтор ва завқу шавқи кӯдаконро хуб медонад. Ҳамон солҳо «Оҳубара» зуд ба фурӯш рафт. Ҳоло ҳам аҳаммияти тарбиятӣ ва маънавияшро гум накардааст. Хуб мешуд, агар чопхонаҳои кӯдакона чопи онро ба нақша бигиранд.

Паҳлуи дигари эҷодиёти нависан­даро драматургия ташкил медиҳад. Ба қалами ӯ намоишномаҳои «Лолаҳои арғувонӣ», «Як рӯзи котиб» тааллуқ доранд, ки дар саҳнаи Театри мазҳа­каи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоиш дода шудаанд. Дар ин асарҳо Бобо Насриддинов кӯшиш кардааст, симои ходимони ҳизбиро ба қалам диҳад. Мавзуи дра­маҳо аз ҳаёти замони шуравӣ гирифта шудаанд.

Бобо Насриддинов тарҷумони хуби асарҳои бадеӣ ба ҳисоб мера­вад. Вақте рӯзномаи «Маориф ва маданият» ҳикояи нависандаи Лубнон Михаил Нуайме «Безурёт»-ро соли 1964 дунболадор ба табъ мерасонд, хонандагон чопи онро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Ин асар, ки ба қиссае баробар буд, нишон дод, ки адиб нозукиҳои тарҷумаи бадеиро хуб медонад ва оҳангу услуби Михаил Нуаймеро, назар ба нусхаи русиаш, беҳтар корбаст кардааст. Соли 1965 нашриёти «Ирфон» ин новелла ва боз якчанд ҳикояи Михаил Нуаймеро дар тарҷумаи Бобо Насриддинов дастраси хонандагон кард.

Повести нависандаи Доғистон Аҳмадхон Абубакр «Нози гардани Сарвинозам» бо ҳамин услуб бар­гардонида шудааст. Ба қалами Бобо Насриддинов боз тарҷумаи повести нависандаи Лаҳистон Игор Неверли «Ҷавоне аз даштҳои Салек» (1967), драмаҳои Жан Ануй «Антигона», Ч. Ай­тматов ва Қ. Муҳаммадҷонов «Қуллаи Фудзияма», А. П. Чехов «Ваня-тағо» тааллуқ доранд.

Агар ба тарҷумаи ҳоли Бобо На­сриддинов бинигарем, ӯ бештари асарҳояшро дар солҳое эҷод кардааст, ки ба рӯзноманигорӣ шуғл доштааст.

Барҳақ, метавонем бигӯем, ки Бобо Насриддинов фарзанди рӯзномаи «Маориф ва маданият» аст, ки сонитар унвони «Омӯзгор»-ро гирифт ва адиб то охири умр – 25-уми марти соли 1992 сармуҳарририи онро ба дӯш дошт.

Солҳои охир, ҳар вақте ба идораи рӯзнома сар мезадам, мегуфтанд, ки сармуҳаррир бемор аст. Гоҳо дар саҳни нашриёти «Шарқи озод» ӯро медидам. Истиҳола мекардам, ки аз кори эҷодию нақшаҳояш пурсам. Ак­нун, ки аз вафоти ӯ 21 сол мегузарад, лаҳза ба лаҳза симояш пеши назарам ҷилвагар мешавад.

…Дар идораи «Маориф ва мада­ният» Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Бозор Собир, Дорои Дӯст, гоҳо Акбар Турсунову Фазлиддин Муҳаммадиев ҷамъ меомаданд. Ҳамеша баҳс аз адабиёт ва бедории миллати тоҷик мерафт.

Бобо Насриддинов ба ман менига­ристу мегуфт:

«Додарам, сабр кун, имконият шуд, мақолаатро чоп мекунем».

«Додарам, мақолаат барои чоп пешниҳод шудааст, боз ягон чиз на­вис».

Сари ҳикояи ман бо Бозор Собир баҳс мекарданду ман шарм дошта менишастам.

Бобо Насриддинов 59 сол умр дид. Ин синну сол барои баъзеҳо дароз асту барои баъзеҳо кӯтоҳ. Ба фикрам, барои Бобо Насриддинов ҳам кӯтоҳ буд. Раҳматии Файзулло Ансорӣ, ки ҳамроҳаш солҳои зиёде дар як ҳуҷра кор кардаам, Бобо Насриддиновро барои қабул ба узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ тавсия додааст. Ҳамеша мегуфт, ки истеъдоди хуб дорад. Моҳи феврали соли 1976 мо ӯро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ пеш­барӣ намудем. Ба маҷлис устод Мирзо Турсунзода сарварӣ мекарданд. Фотеҳ Ниёзӣ, ки дар масъалаи қабул ба узвият яке аз нависандагони сахтгир буданд, Бобо Насриддиновро таъриф карданд. Навиштаҳояш асарҳои Ҳаким Каримро ба хотир меорад, гуфтанд. Афсӯс, ки ба корҳои роҳбарӣ машғул шуд…

Албатта, Бобо Насриддинов, агар ба корҳои роҳбарӣ вақти бисёрашро сарф намекард, боз чанд асари дигар менавишт. Вале фикр мекунам, ки нависанда хидмати асосиашро ба ҷо овардааст. Он чи имрӯз аз мероси ӯ ба даст дорем, порае аз қалби ҷӯшони ӯст, лаҳзаҳои рангини ҳаёти иҷтимоию сиёсии халқи тоҷик дар солҳои пеш аз истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зарур аст, ки навиштаҳои ӯро таҳқиқ кунем, ба чоп омода созем. Бисёр дастнавису очерку мақолаҳояш ба табъ нарасидаанд.

Бобо Насриддинов солҳои 1954- 1955 фаъолияти кориашро аз омӯз­горӣ оғоз карда буд ва то охир ба омӯзгорон содиқ монд. Ӯ сазовори унвони Аълочии маорифи Иттиҳоди Шуравӣ ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Фаъолияташ бо нишону ифтихорномаҳо қадр карда шудаанд.

Асарҳояш ба забони русӣ ва дигар халқҳои бародар, аз ҷумла, украинӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, арманӣ ба табъ рас­идаанд.

Равшан  Ёрмуҳаммад

соли 2013

Дигар хабарҳо