Чароғи базмҳои оташин

Ба муносибати 115 солагии Боқӣ Раҳимзода
Дар бораи устод Боқӣ Раҳимзода чизе навиштан, ба кӯтоҳӣ ҳам бошад, сухан дар бораи адабиёте меравад, ки бо сарварии раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистони онвақта, яке аз дурахшонтарин чеҳраҳои адабиёти даврони шуравӣ, устод Мирзо Турсунзода дар солҳои 50- 70-уми асри гузашта мақоми хоса дошт. Дар ин даврон дар радифи номи устод Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ ва дигарон номи устод Боқӣ низ пайваста дар забони гуфтору навиштор зеби маънавӣ мебахшид. Устод Боқӣ Раҳимзода ба таври ҳақиқӣ сарвари маънавии насле буд, ки дар ин солҳо ба адабиёт қадам мениҳоданд ва бешак аз ёрии ин марди бузург бархурдор мегардиданд. Ӯ ба ҳама ёрии худро дареғ намедошт ва бо хурду бузург яксон муносибати дӯстонаю бародарона, бо ҳамин хислат ба шогирдон ғамхории устодона дошт.
Азбаски ҷойи муқимии кори ман дар Кӯлоб ва зистам дар деҳа буд (деҳаи Офтоблиқо) ба Душанбе рафтану бо устод дидорбиниям нисбат ба навқаламони душанбегӣ кам иттифоқ меафтод. Вале бо вуҷуди ин, маҳфил, вохурӣ, нишаст ва суҳбатҳои мо бе зикри номи устод Боқӣ намегузашт ва нақлҳои шаккаринаш ҳамеша вирди забонҳо буданд ва дар лабҳо ханда гул мекунонданд. Чи устод Вализодаю Ашӯр Сафар, чи Ҳакимзодаю Қурбоналӣ Раҷаб, чи Раҷабалӣ Назару Мирзолатиф Раҳимзода, чи Сомеъ Одиназодаю Мӯсо Ғуломӣ ва дигарон нақле ё манзараи хандазоеро аз лутфҳои бепоёни устод Боқӣ ба ёд меоварданд ва суҳбатҳоро лабрези нури табассум менамуданд. Яъне ман ҳанӯз дидори устодро надида, аллакай бо шахсияти нотакрори ӯ дар суҳбату маъракаороӣ, лутфҳои намакин ва ёрӣ доданашон ба дигарҳо, хоса ҷавонон, шинос будам.
Ин буд, ки дидори аввалин бо ин марди бузург маро ба шиностарин одами ҷумҳурӣ дар ҳаяҷони сахт гузошт. Ба гумонам, соли 1966 буд, ки мани донишҷӯ ҳамчун эҷодкори умедбахш бо даъвати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Анҷумани ин созмон ширкат доштам ва устодро дар ҳалқаи навқаламону ёру дӯстон дар чойхонаи паси бинои Иттифоқи нависандагони онвақта, дар «Чойхонаи Иттифоқ» дидам ва бо чи роҳ ҳамроҳ шуданамро ба ин суҳбат намедонистам. Дар ин вақт гӯё Худо дар дили устод Убайд Раҷаб (ёдаш бахайр) паёме фиристод, ки сӯйи ман нигоҳ кунаду бо ишораи даст маро ба ин суҳбати пурзавқ даъват намояд. Мани ташнаи дидору суҳбати устод зуд ба ин нишаст худро ҳозир кардам.
– Устод, – ба устод Боқӣ Раҳимзода муроҷиат карда, Убайд Раҷаб маро муаррифӣ намуданд: – Ин кас Ҳақназар Ғоиб, шоири ҷавон ва болаёқати мо ва албатта, шогирди Шумо. Барои ҳамин ба Анҷуман даъваташ кардем.
Ман бо ҳаяҷони зиёди ботинӣ бо устод вохӯрдӣ кардам ва ҳоло ҳам дар ёдам ҳаст, ки аз шарму хиҷолатмандӣ дасту по хӯрда, сухани муносибе дар забон надоштам. Мунтазир будам, ки устод чи мегуфта бошад.
– Акнун фаҳмидам, ки Ҳақназар туӣ, Ҳақназар, ки бошӣ, ҳарфи Ҳақ дар забони туст ва шеърҳоят умедбахшанд, акнун, ки дар съезд иштирок мекунӣ, миёнро боз мустаҳкамтар банд, – гуфтанд устод Боқӣ ва илова карданд: – Дар чопи китоби аввалинат ёрӣ медиҳам.
Ва воқеан устод дар чопи китоби аввалинам, ки сарсуханашро навиштанд, ёрӣ доданд.
Чор сол боз китоби аввалинам «Тӯшаи роҳ» дар нашриёти «Ирфон» мехобид ва рӯи чопро намедид. Хушбахтона, рӯзе дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Боқӣ аз рӯбарӯям баромад ва аҳвол пурсида, аз вазъи чопи китоб низ сухан кушод. Вазъиятро шармгинона ба ӯ шарҳ додам.
– Ҳамту бигӯ… Ба назди устод Турсунзода медароем, он кас ҳоло дар ҳамин ҷо. Аз қафои ман биё, – гуфта роҳи дафтари кории Турсунзодаро пеш гирифтанд.
Ростӣ, ҳаяҷони сахт вуҷудамро фаро гирифт. Ҳеҷ гоҳ ба назди устод Турсунзода даромаданро дар хаёл надоштам, ҳамагӣ бо он кас як-ду бор саломалек карда, аҳволпурсии самимонаашонро шунида будаму бас. Аз ин рӯ, гумон мекардам, ки дар ҳолати аз пушти устод қадамзанон рафтанам пойҳоям меларзанд. Он вақт дафтари кории устод Турсунзода дар як хонаи начандон калони Иттифоқ ҷо гирифта буд, ки даромадгоҳаш толори васеъ дошт, шояд бо дарозии 25 метр бар 15 метр. Ва дар ин толор ҳамеша адибонро ҷамъомада медидем. Маҷлисгоҳи Иттифоқ низ ҳамин толор буд ва соли 1976 устод Мирзо Турсунзода маро дар ҳамин толор, дар ҳузури адибони машҳури ҳамонвақта ва шоирони ҷавон ба узвияти Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон пазируфта буданд.
Устод Боқӣ дари дафтари кории устод Мирзо Турсунзодаро боз карда, маро бо он кас шиносониданд ва аз боби чопи китобам сухан кушоданд. Устод хеле ҷиддӣ ба ман назар карда, пурсиданд:
– Китобатро кай супорида будӣ?
– Қариб чор сол шуд, – худро дар ҳолати ноҳинҷор ҳис карда, ҷавоб додам ман.
Устод Турсунзода абрувонашонро ба таври аҷиб ба ҳам гирд оварда, гӯшаки телефонро гирифтанд ва бо шахси ношиносе суҳбати кӯтоҳ карданд ва гӯшакро ба ҷо монда, ба устод Боқӣ рӯ оварданд:
– Китобашон аввалҳои соли дигар ба чоп мерасидааст. Устод Турсунзода андак андеша карда, боз гуфтанд: – Мо ҳам дар ҷавонӣ орзу мекардем, ки чун Боқӣ касе ғамхорамон бошад…
Ман барои халал нарасондан ва вақти устодонро нагирифтан бо онҳо зуд хайрухуш карда, аз дар баромадам. Худро ниҳоят сабук ҳис мекардам, гӯё аз як имтиҳони сахти дигар гузашта бошам. Ва дар ҳақиқат ҳам баъди чор ё панҷ моҳ китоби нахустинам соли 1972 аз чоп баромад. Аз китоб фотеҳаи устод Боқиро гаштаю баргашта мехондаму эҳсос мекардам, ки роҳи қуллаи мақсуд дар шеър ҳанӯз дур аст ва инро устод Боқӣ воқеъбинона дар фотеҳаномаи китоби «Тӯшаи роҳ» баён ҳам доштаст: (Ба тариқи ихтисор):
«Қуллаҳо чун зинаҳои зиндагӣ пушти ҳам ӯро (Ҳақназар Ғоибро) ба сӯи оянда даъват мекунанд. Ва ӯ аз ин қулла ба қуллаи дигар роҳ паймуда, дар сари ҳар қулла парчами фатҳу нусрат бармеафрозад». Вале ин оғози сухан аст, ки таъкид барои фориғбол нашудан аз пай дорад. Бинобар ин, устод Боқӣ ин таъкидро аз хотир намебарорад ва менависад: «Дар сатрҳои гоҳо на он қадар сайқалдидаи ӯ қуллаҳои дур хира намоён шаванд ҳам, аммо дар азми шоирии ӯ қуллаҳо равшан падид меоянд. Мо ба Ҳақназар Ғоиб фотеҳаи роҳ медиҳем ва умедворем, ки қуллаҳо натанҳо дар рӯи замин, балки дар ашъори ҷавонони мо ҳам пойдор бимонанд, чунон ки худи ӯ бо дилпурӣ гуфтааст:
Дар пеши чашми ман,
Дар қуллаи баланд,
Рахшанда машъал аст,
Ҳар лаҳза сӯи хеш маро чашмакӣ занад,
Аммо ба сӯи роҳ нишебию кӯтал аст…
Ман бо умед ҷониби он раҳсипар шавам.
То он чи ҳаст буду набуди бисоти ман,
Ман тӯшааш кунам,
То аз миёни тангнои раҳ бадар шавам,
То ки ба қулла-машъала наздиктар шавам.
Дар бораи устод Боқӣ хотираҳоям хеле зиёданд. Боре ба устод нақл кардам, ки дар бачагӣ дар хобам мӯйсафеди зебою нуронӣ ва ришдарозе ворид шуд, ки устод Рӯдакиро ба ёд меовард. Он кас бодвор давр мезаданду домони ҷелаки сафеди ба тан муносибашон бо дарозии аз меъёр зиёдтар ба таври аҷиб парафшонӣ мекард ва ман ҷаҳд карда, ба таври ғайричашмдошт доманашро доштам.
Устод маънидорона табассуме карданду ба нақл даромаданд:
– Ман ҳам дар айни ҷавонӣ мисли ту дар хоби субҳгоҳӣ аз домони мӯйсафеде сахт дошта будам, дар ёд намондааст, ки ӯ ҳазрати Рӯдакӣ буд ё Ҳофиз…бедор шуда бинам, ки аз домони худам маҳкам доштаам. Ту ҳам минбаъд домани худатро сахт дор. Яъне устод нахостанд, ки маро дар хиҷолат гузоранд, балки ба нозукӣ бо ин нақлашон ба ман панд доданд, ки аз пайи хобҳо нагашта, дар ҳама кор, пеш аз ҳама ба худ такя дошта бошам. Ин порчаи пандомезро нависандаи дӯстам Бахтиёр Муртазоев низ дар як мақолаи дар бораи эҷодиёти ман навиштааш бамавқеъ ҷо дода буд.
Хотираи дигари хотирмон он аст, ки устод боре бо устодон Соҳиб Табаров, Фарҳат ва Лоиқ Шералӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб машварати эҷодкорони ҷавони шаҳру деҳоти Кӯлобро гузарониданд ва дар як рӯзи боронии баҳори ҳамон сол маро дӯстон дар хилват таъкид карданд, ки дасти устодро гирам, то мабодо по ба ягон кӯлмакчаи сари роҳ гузоранд. Чашмони устод дар пиронсолӣ камбин шуда буданд. Ман дасти устодро гирифта, аз майдони назди донишгоҳи Кӯлоб қадам мезадем, устод пайваста суҳбатҳои шавқовар мекарданд ва ҳушу ёди маро ба суҳбатҳояшон банд медоштанд. Ана дар ҳамин гуна лаҳза пеши рӯ биёред, ки устод пой ба кӯлмакчае ниҳоданд, ки дар тасаввурам ҳоло ҳам ҷой намегирад ва об чунон пош хӯрд, ки ба почаҳои шими ману устод Табаров низ расид ва устод Соҳиб Шуҳратиевич, ки шахси ниҳоят нозуктабиат буданд, ба ман бо ситеза теғи чашм давонданд ва ба хиҷолати мани даступогумкарда хиҷолати нав зам карданд.
– Ман дидаву дониста пой ба кӯлмакча мондам, ки поям чи будани маззаи борони баҳориро донад. Шими ҳар касе, ки тар шуда бошад, боке не, дар ёдаш мемонад-ку, – гуфтанд устод бо табассум ва бо ҳамин маро аз ҳуҷуми навбатии устоди бузургвор Соҳиб Шуҳратиевич раҳониданд ва дар ин дам устод Лоиқ:
– Ман ба Ҳақназар ёрӣ медиҳам, – гуфта, дасти дигари устод Боқиро сабукак доштанд ва ин лаҳза боз рафтору кирдор ва сухани устод Боқӣ ба вазъият хушҳолӣ овард. Он кас дасташонро аз ҳардуи мо раҳонида, «Беҳтараш ман худам бе ёрдамчӣ қадам мемонам», гуфта, боз қадами навбатиашонро, шояд дидаву дониста, ба кӯлмакчаи дигар ниҳоданд ва бо ҳамин як вазъияти хушҳолона ба вуҷуд оварданд. Шомгоҳ айёми хӯроки шом устод Боқию устод Вализода чунон суҳбат оростанд, ки пеши роҳи хандаро гирифтан ҳеҷ имкон надошт. Гоҳ устод Боқӣ ширингӯӣ мекарданду гоҳ устод Вализода. Устод Лоиқ ҳатто барои халалдор накардани суҳбат нисфи дигари хандаи самимиашро ба берун бурда, дар беруни дар механдид…
Насиҳатҳои устод низ ниҳоят беозор, вале ҳар нуктаашон паҳлудор буданд. Он кас шоирони ҷавонро ҳеҷ гоҳ сахт танқид намекарданд, вале ба дигар роҳҳо мулоим карда, ҳарфашонро мегуфтанд. Дар баробари ин, ба онҳо рӯҳ бахшида, дилбардорӣ низ мекарданд. Ба ҷои танқидкунӣ шоҳбайтҳои зиёде аз классикони адабиёти оламшумуламон мисол меоварданд ва нишон медоданд, ки шеъри асил ва хотирмон чи гуна мешавад. Устод бо нармӣ ба ин васила насиҳат медоданд, ки агар дар ин радиф шеър гуфта натавонӣ, нагуфтани шеър беҳтар аст. Аз ҷумла як чаҳорпорае, ки тасвири олӣ дораду тасвирҳо бо истифодаи калимаҳои мувофиқу шинам боиси сермаъноии онҳо гаштаанд, аз забони устод то ба имрӯз дар хотираам нақш бастааст:
Эй обшор, навҳагар аз баҳри чистӣ?
Чин дар ҷабин фиканда, дар андӯҳи кистӣ?
Дардат чӣ дард буд, ки дишаб тамоми шаб
Сарро ба санг мезадию мегиристӣ?
Он рӯзҳо хеле дур монданд. Аз шахсони ёдоваршудаи мо дар ин мақола ба ғайр аз Бахтиёри азиз дигарҳо кайҳо боз дар қайди ҳаёт нестанд, вале ёди некашон бо мост ва миллати хайрхоҳи мо дар ҳар як ҳолати муносиб аз ин устодон ёд мекунад ва устод Боқӣ ҳангоми зикри номашон бо лутфҳои намакинашон дар суҳбатҳо гӯё чун шахси зинда дар пеши назарам ҷилвагар мегарданд. Зиндагии эшон, бешубҳа, дар ёдҳои фарзандону наберагон, хешону пайвандон, ёру дӯстон ва шогирдон ба таври шоиста идома меёбад ва ҳамин тавр устод бо файзи шеърҳои обдорашон қадамзанон ба ояндаҳо мерасад.
Ҳақназар ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон
* * *
ТАҚДИРҶУНБОНУ МУШКИЛКУШО
Устод Боқӣ Раҳимзодаро натанҳо адибони ҷавон ва ҳамқаламону аҳли илму фарҳанг, балки тамоми хурду бузурги Тоҷикистон, ҳамчунин соҳибназарони кишварҳои дигар ба ҳайси як шахсияти фозилу равшанзамир, маҳфилорову ботадбир ва хайрхоҳи камназир дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд. Ин маҳбубият шояд аз он буд, ки ба ҳар ҷое устод қадам мениҳоданд, ба қавли шоир Ғаффор Мирзо, “пеши-пеши ӯ ҳоли хуш, димоғи чоқ, ҳазлу шухӣ, лутф ва ханда” меомад ва эшон шамъи маҳфил мешуданд: хоҳ дар даҳлезу маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон, хоҳ дар хиёбону гулгаштҳои пойтахт, хоҳ дар толору театру саҳни донишгоҳ ва ё дар корхонаю байни киштзорҳо. Дарёдиливу хоксорӣ, ширинзабониву хайрхоҳӣ, самимияту меҳри гарм ӯро дар маснади дилу дидаҳо ҷо мекарду азизи ҳамагон мегардонд.
Банда дар рӯзҳое, ки устоди кабирамон Мирзо Турсунзода баногоҳ аз сар рафтанд ва мардуми Тоҷикистону муҳити адабӣ пас аз марги аллома Бобоҷон Ғафуров аз ин талафот дубора карахту ҷигардоғ шуданд, ба сифати ходими адабии маҷаллаи “Садои шарқ” ба кор пазируфта шудам. Ин ҳам бо кафолату тавсияи чанд тан аз адибони шинохта ва албатта, ризояти устоди равоншод Мирзо Турсунзода. Ростӣ, ин бароям саодату шарафи бузург буд, зеро минбаъд метавонистам тақрибан ҳар рӯзи корӣ дар дафтари маҷалла бо пирони сухан ва шахсиятҳои номвари адабиёт чун Боқӣ Раҳимзода, М. Миршакар, Ф. Ниёзӣ, Ф. Муҳаммадиев, М. Қаноат, Л. Шералӣ ва дигар азизон рӯбарӯ ё ҳамсуҳбат шавам. Ҳар лаҳзаи дидор ва гуфтугӯи инсонҳои кони хираду зарофат имрӯз ширин-ширину шабеҳи дарси нотакрор ба ёд мерасад. Махсусан, ҳолатҳое, ки устод Боқӣ Раҳимзода ба чеҳраи пурнури офтобӣ ва пайкари шукӯҳманди рустамона, гоҳе тоқии нави чоргули чустӣ, баъзан кулоҳ ба сар аз хиёбони марказии пойтахт пирона қадамзанон омада, ба бинои нави Иттифоқ ворид мешуданд, шогирдон ба пешвозашон мешитофтанду атрофашон давра меоростанд ё бо баҳонаи як пиёла чой эшонро ба ошхона бурда, маҳфили унс меоростанд. Дар ин маврид ҳар як адиби ҷавон мехост, ки дар хидмати устод бошад, то муҳаббату самимияташро ба вай нисор бикунад.
– Устод, ба шумо чӣ биёрам? – мепурсидем.
– Як шиша, – бо табассуми нарму дилкушо посух медоданд ва шарҳ медоданд: – аз сафедаш… Хунук бошад, ташнагишикан, истакони калони қирадор ҳам…
Албатта, касе, ки ҳанӯз ба ҳазлу зарофати устод ошно набуд, худро аз ин фармоиш як каме гум мекард ва дудила ба фурӯшанда муддаои муаллимро мерасонд.
– Фаҳмо, ҳозир худам меорам, – мегуфт ӯ дарҳол кефиру истакон бар даст, чеҳрааш хандон ба зиёрати устод Боқӣ ҳозир мешуд. Вай баъди салому ҳолпурсӣ даҳони шишаро кушода, ба истакон ҷурғот мерезад ва муаддабона назди устод мегузорад ва узрхоҳон аз пайи кораш меравад. Устод бо ҳамон табассуми малеҳ ва нигоҳи гарм ба аҳли нишаст чашм давонда мепурсанд:
– Хӯш, ғайбатро аз кӣ сар кунем? Аз Истолин ё Хурушёв?
Ва оғоз меёфт суҳбати саршор аз лутфу зарофат, ҳикояту хотироти намакин аз рӯзгори уламову удабо, ҳикмату назокати сухан ва шеъру шоирӣ.
Солҳои охир нури чашму нерӯи устод як каме кам шуда буд. Шеърҳои шогирдонро аз рӯи қироат мешуниданду маслиҳат медоданд, дам гирифтаву нафас рост карда, аз зинаҳо оҳиставу бо эҳтиёт ба қабати дувуму сеюм мебаромаданд, лек дар дил суханҳои зиёди гуфтанӣ доштанд. Боре баъди чунин як маҳфил, ки дар атрофи косаи тарбуз тафсид, дӯстони ҳамқалам гуфтанд: ҳайф аст, ки хотирот ва саргузаштҳои аҷиби устод Боқӣ навишта нашаванд. Рӯзи дигар сардабирамон равоншод Убайд Раҷаб маро наздашон хонда гуфтанд:
– Абдулҳамид, як хидмат, балки кори савоб пеш омад, не нагӯед.
– Омодаем. Чӣ хидмате будааст?
– Хидмати хуб, ҳам савоб мегирӣ, ҳам дуо… фоидааш беҳисоб…
Ман саволомез ба устод Убайд чашм дӯхтам.
– Устод Раҳимзода китоби дуввуми “Саргузашти Боқиву Соқӣ”-ро омода карданианд.
– Нияти олиҷаноб.
– Шогирде лозим, ки нури чашми устод шавад.
– Хуб…
– Ҳамин хидматро шумо ба уҳда гиред, бурд мекунед. Худи устод ҳам ба шумо чашми умед доранд. Росташ, ки Раҳимзода хазинаи ҳикояту зарофатанд. Дигар ғанимат аст суҳбату ҳамнишинӣ бо устод. Аз он кас бисёр чизҳоро меомӯзед.
– Кай ин хидмат оғоз меёбад?
– Ҳар рӯзи корӣ баъди пешин. Худашон ба шумо занг мезананд… Медонӣ, дуои пирони суханро бо зар ҳам намеёбӣ. Инро ман аз таҷриба медонам.
Ҳамкорӣ оғоз ёфт. Пас аз сарфи ғизои пешин телефон занг зад. Гӯширо бардоштам ва овози нарму пиронаи устод Боқиро шунидам.
– Мулло Абдулҳамид, кайфияти ҳолатон чӣ хел?
– Бад не, бо дуои Шумо…
– Астару абраи хотираҳоро бо ҳам чапаву роста бикунем?
– Омода ҳастед?
– Мисли пионерҳо… Мо ҳамеша тайёр.
Ҳуҷраи кории устод Боқӣ дафтари имрӯзаи сардабири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» буд. Эшон умре як вазифа доштанд: мушовири ҷавонони эҷодкори Иттифоқи нависандагон. Даромадам. Эшон бо пайкари бузург, бо чеҳраи пурсалобати нуронӣ паси мизи дарози каҳрабоӣ пурандеша менишастанд. Пас аз салому ҳолпурсӣ ман дафтари бузургро кушода, килк дар даст омодаи навиштан саволомез ба чашмони ҳалқа- ҳалқаи устод, ки аз паси шишаи айнак бузургтар менамуданд, нигаристам. Аҷиб, табассум аз лабони устод якбора ғайб зад. Нигоҳ ва чеҳрааш ҷиддӣ шуд. Ва ҳарфу ибораву ҷумлаҳои басо қолабӣ, бо пасоянду пешояндҳо аз лабонаш рехтанд. Э Худо, ба устод чӣ шуд. Басо ноҳинҷор, бо изҳори узр ба муаллим мегӯям: устод, мисле, ки гирди дастархон ё сари минбар ба мардум озод, зебову пурзарофат нақл мекунед, бигӯеду ман нависам, беҳтар аст.
– Э, Мулло Абдулҳамид, шумо ҳамон шунидаҳоятонро нарезондаву начаконда хушрӯ бинависед, – бо табассум маслиҳат доданд устод ва ман пай бурдам, ки эшон бо ҳама бузургвориашон бо сухан хеле эҳтиёткоранд.
Навиштани нақлу андеша ва ҳикоятҳои устод Боқӣ Раҳимзода қариб се моҳ идома ёфт. Ва имрӯз ман афсӯс мехӯрам, ки ки он вақт таҷриба ва ҷуръате надоштам, то бисёр масъалаҳоро аз эшон дақиқ бипурсам ва нақлҳоро муфассал рӯи коғаз биёрам. Эй кош, он замон чун имрӯз воситаҳои техникии сабти овоз фаровон мебуданду тамоми гуфтаҳои устод дар навор сабт мешуданд… Вале мо ба ҳар ҳол, тавонистем дар якуним дафтари ғафс, ки ҳоло дар бойгонӣ маҳфузанд, гуфтаҳои устодро гирд биёрем, ки аз рӯйи онҳо китоби дуввуми “Саргузашти Боқиву Соқӣ” ба чоп расид.
Имрӯз дар тасаввури мо, адибони миёнсолу ҷавон ва мардум ҳам, Боқӣ Раҳимзода як шоири маъруфу хушбахт, дӯсту ҳамсафи устод Мирзо Турсунзода ҳамнишину шарики ӯ дар маҳфилҳои роҳбарони воломақоми замон мондааст. Воқеан, забони чарбу табъи равон, дилу нияти холис ва ҳунари беҳамтои мададгориву тақдирҷунбонии устод Боқиро азизи ҳамагон гардонда буд. Лек роҳи зиндагии вай чун инсони хокӣ то ба ин мансаби олӣ расидан яксон ҳамвор набудааст, шебу фарозҳои зиёд доштааст, хоса дар ҷодаи адабиёт.
Ана ҳамин Раҳимзодаи ҷавону паҳлавонҷуссаро, ки аз боркашонӣ дар заводҳои пахта хеле обутоб ёфта буд, солҳои сиюми асри бист ишқи шеъру адабиёт ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистони ҷавон, шаҳри Душанбе овард. Устодони сухан гавҳари ҳунари ӯро мешиносанд ва Иттифоқи нависандагон аз рӯи меҳрубонӣ аз ҳисоби хазинаи адабиёт ба ӯ як чапаркату рахти хоб ҷудо мекунад. Аммо ба сабаби набудани сарпаноҳ Раҳимзода бо навбат дар хонаи адибони шинос мезияд ва ниҳоят кати устод Боқӣ дар манзили Муҳиддин Аминзода, воқеъ дар хобгоҳи нависандагон, дар паси чойхонаи “Роҳат” ҷой меёбад.
Ду шоири хуштабъу хуштабиат, лек муҷаррад ҳамкосаву ҳамхона. Дурусттараш, Боқӣ Раҳимзода иҷоранишини хонаи Муҳиддин Аминзода мешавад. Вале барои бачамард ҳаёти безанӣ ҳам поёне дорад. Ва Аминзодаи ба қавле қоқу дароз дар тангии тирамоҳ соҳиби арӯс шуд ва Раҳимзодаи паҳлавонпайкар ноилоҷ чапаркату бистару болинашро бардошта ба “сарпаноҳ”-и нав – ҳавлии хобгоҳ мекӯчад. Замин фаршу осмон бом, ин ҳолат меҳрубонии ҳамсояҳоро бештар кард: шомгоҳ пайи ҳам бо косаву табақе меомаданд ва маҳфили ҳазлу шӯхӣ баъзан то субҳ дар атрофи чапаркати Раҳимзода идома меёфт.
Ниҳоят саҳаре ҳамсояҳо аз хоб чашм кушода диданд, ки барф оламро сафедистон кардааст. Барфи аввал, оғози зимистон. Раҳимзода чӣ ҳол дошта бошад? Онҳо як-як берун баромада мебинанд, ки шери паҳлавонпайкар болои чапаркат сару тани хешро бо кӯрпа печонидаву ғунча шуда, зери кӯрпаи барф бароҳат хоб аст.
– Ҳай-ҳай, хирс зимистон ҳамин хел ба хоб меравад, – мегуфт Аминзода. – Хуш ба ҳолат, хуб давлату роҳат дорӣ…
Устод ҳамеша ёрону ҳамнишинон ва ҳамқаламонро ба ёд оварда, бо як ҷузъиёти аҷиб хӯву хислат ва ё ҳунару ҷавҳари инсонии онҳоро мекушоданд.
– Замон нав шуд, адабиёт нав шуд, – боре гуфтанд муаллим. Ҳангоми дарсу суҳбат забондонҳо аз ҳар гуна жанри адабиёт гап мезаданд. Мо ҳайрону мулзам мемондем. Ростӣ, ки маънои он калимаҳои бегонаро намедонистем, ин аламовар буду донистанамон шарт. Масалан, роман, повест, новелла… мо ҷавонони кунҷкови он солҳо дар атрофи шарҳу маънои ин вожаҳо бисёр баҳс ҳам мекардем. Ёдам ҳаст, ки дар донистани жанри новелла мушкил пеш омад, яке мегуфт, ки новелла ҳамон ҳикоят аст, дигар инро рад карда, қасам мехӯрд, ки новелла аз ҳикоя фарқи зиёд дорад. Он айём аз байни нависандагони тоҷик танҳо Ҳаким Карим новелла менавишт, дар матбуот новелла чоп мекард. Боре ба хонаи Ҳаким Карим, ки дар қабати дувуми хобгоҳи нависандагон ҷой дошт рафтам. Хуш пазируфт. Дар рафти суҳбат аз Ҳаким хоҳиш кардам: ба ман фаҳмонед, новелла чист? Вай аз ин саволи ногаҳонӣ даме ба андеша афтод. Дар шарҳи новелла оҷиз монд, ки бархеста қадамзанон “новелла, новелла” гуфту ба пеши тиреза истода, ба берун нигарист. Баъд якбора маро наздаш даъват кард. Рафта паҳлуяш истодам. Вай ба поин ишоракунон пурсид:
– Мебинӣ?
– Бале, – посух додам.
Дар поин аз зери дегчаи сарпӯшида дуди нафис мебарояд.
– Ин боғчаи Суҳайлӣ Ҷавҳаризода аст, – бо табассум гуфт Ҳаким Карим.
– Хӯш.
– Ош пухтаанд…
– Хайр?
– Агар ману ту роҳе ёбему аз оши ин дегча бихӯрем, новеллаи олиҷаноб мешавад. Фаҳмидӣ?…
Соли 2009 дар ҳуҷраи кории сармуҳаррири ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” Кароматулло Мирзоев бо рақоссаи машҳури яҳудитабор Малика Қаландарова, ки дар Амрико мезияд, вохӯриву суҳбат баргузор шуд. Ман худ ба худ меандешидам, ки Малика духтари шаҳри Душанбе, ҳунарманди оламу одамдида, ки ба шаҳри ҷавониаш омадааст, аз чӣ сухан меоғозад ва таассуроташро чӣ хел баён мекунад.
Малика як каме ҳаяҷонзада сухан оғоз кард ва аз ободии чашмраси пойтахту зебоии Тоҷикистон ҳарф зад. Гуфт, ки вай чун ҳунарманд бо дастгириву меҳрубонии миллати тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Бароям ифтихор аст ва инро ман ҳаргиз фаромӯш намекунам, ки дар ҷашни арӯсиям шоири маҳбубамон устод Боқӣ Раҳимзода раис буданду бузургони фарҳанги ҷумҳуриямон ширкат доштанд.
Маҳз устод Боқӣ Раҳимзода моро, ки нав аз саросари Тоҷикистон ва шаҳру мавзеъҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои ҳамсоя барои таҳсил ба Душанбе омада будем, аз донишгоҳҳо гирд оварда, дар маҳфили “Мушоира”-и телевизион бо ҳам ошно кард. Ба шеъру сухан ишқе доштем, лек беҷуръат будем. Ҳангоми шеърхонӣ ё ҷумлае гуфтан аз ҳаяҷон меларзидем ва забон дар даҳон мехушкид. Устод Боқӣ Раҳимзода, мураббии пухтакору бошарофат бо ҳамон мушоираҳо ба мо, навқаламони солҳои шастуму ҳафтодум ҷуръат ва боли парвоз бахшиданд. Ва имрӯз аз байни он шогирдони устод, ки борҳо аз хазинаи тагихалтагиашон мададпулӣ ҳам гирифта буданд, адибони баркамол баромадаанд.
Устод то нафаси охирин барнодил монданд. Дар маҳфилу нишастҳои Иттифоқи нависандагон эшон ҳатман “қолаб”-ро мешикастанд ва бо замзамаи суруди “Аз дараи Камаров Анора овардеме” моро аз суҳбати якрангу дилбазан мераҳониданд, фазои дилхушиву сафоро ба вуҷуд меоварданд.
Оре, устод Боқӣ Раҳимзода, воқеан тақдирҷунбону мушкилкушои беҳамтои ҳама буданд. Ва натанҳо ба адибони ҷавон, шиносу хешон, балки ба ҳар як корафтода, агар кӯдак ҳам бошад, дасти меҳру шафқат дароз мекарданд. Бо лафзи ширину хушгӯӣ одамонро аз муҳокимаву ҷазо мераҳонданд, баъзеҳоро ба курсии мансаб менишонданд, ба ҷавонони ошиқу навқаламони умедбахш фотиҳаи нек медоданд, вақти гаронбаҳояшонро дар даводаву хоҳиши донишҷӯ ё соҳиби хона шудани бисёриҳо сарф мекарданд. Устод он қадар дарёдил буданд, ки ҳаргиз намеандешиданд, ки оё он корафтодагон сазовори мадад ҳастанд ё не. Ба гумонам, некӯкорӣ мероси бобо ва васияти падарашон буд. Аз сидқи дил ба сари хурду бузург дасти меҳру шафқат мерасонданд ва аз ин ҳаловат мебурданд. Сифатҳои баланди инсонӣ ва арзишҳои эҷодии устод Боқӣ Раҳимзодаро шахсиятҳои тавонову барӯманди илму адабиёт М. Турсунзода, М. Миршакар, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҳошим, Ф. Муҳаммадиев, Ғ. Мирзо, М. Қаноат, Лоиқ, А. Сайфуллоев ва Бозору Гулрухсор… бо эҳтирому ифтихор зикр карданд. Ин аст хушбахтии шахсияти адабӣ; шахсияте, ки чун адиби мумтоз дар адабиёти қарни бисти тоҷик ба ҳайси мураббии нотакрор нақши дурахшон доранд.
Абдуҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
* * *
ЯК ТАБАССУМ КУН
Агар мо бихоҳем маъно, ҳадаф, чеҳраи инсонӣ ва адабии устоди зиндаёд Боқӣ Раҳимзодаро дар як мисраъ баён кунем, ҳамон мисраъи шеъри машҳури худашонро бояд ба забон орем:
Қамарро пеши поят мегузорам, як табассум кун!..
Ҳадафҳое, ки шоир дар зиндагӣ пайгирӣ мекард: некӣ, хайрхоҳӣ, зебоипарастӣ ва фалсафаи ҳаёти ӯ дар ҳамин як мисраъ ва ҳатто як ибора ифода шудааст: як табассум кун! Симои Боқӣ Раҳимзода, маънои Боқӣ Раҳимзода дар ёдҳои мо, дар фарҳанги мо, дар эҷодиёти худи ӯ ҳамин як табассум аст. Як табассуме, ки ҳама чизро дар худ ифода мекунад: ҳама талхиву ширинии ҳаётро. Ҳамин як табассуме, ки одӣ нест, умедбахш, рӯшноибахш, нерӯбахшу ҳаётбахш аст. Ин як табассуме, ки ҳарфашро мезанем, худи устод Боқӣ Раҳимзода, симои худи ӯст, ки он рӯзҳо ҳаёти моро мунаввар медошт ва имрӯзҳо ҳамин ки ба ёд оварем, хотироти моро боз ҳам рӯшан мегардонад. Ва агар мехоҳем рӯшноӣ бо мо бошад, бояд ин табассумро гум накунем, дар ёд ва дар дил фурӯзон нигоҳ дорем. Агар мо онро аз худ раҳо кунем, маҳрум аз нури равонбахшаш мегардем.
Вежагиҳои ҳаёти устод Боқӣ Раҳимзода хеле зиёданд. Кам мешавад, ки як инсон ҳам дар байни садрнишинон ва ҳам дар байни мардуми одӣ баробар маҳбубият дошта бошад. Устод Боқиро ҳам болонишинон дӯст медоштанд (ӯ нозпарварди шахсони аввали ҷумҳурӣ буд), ҳам халқи одӣ, сарфи назар аз мансубияти маҳаллу касбу кор. Хайрхоҳӣ, некӯкорӣ, дастгириву мададгорӣ, хушсуханиву меҳрубонӣ, ҳозирҷавобиву зарофатгӯӣ…, яке аз ин чандин сифатҳои неки ӯ кофӣ буд, ки ӯ маҳбуби ҳамагон бошад.
Дар бораи яке аз файласуфони Юнони қадим Демокрит гуфтаанд, ки як хандаи ӯ ба тамоми сарвати Мидас баробар будааст. Табассуми устод Боқӣ низ қимати баланд дошт. Ин табассум баъзан кореро мекард, ки сарватманде наметавонист бо сарваташ амалӣ кунад. Чи қадар ҷавонони эҷодкор соҳиби хона гардиданд, чи қадар ҷавонҳои ошиқ соҳиби арӯс шуданд, чи мушкилҳои дигаре ҳалли худро меёфтанд, агар Боқӣ Раҳимзода бо табассуми мушкилкушои худ дахолат мекард.
Маҳбубияти устод Боқӣ, хусусан дар байни ҷавонони эҷодкор ва дар доираи адибон, аз он ҷо буд, ки ӯ ҳамеша ғамхорашон буду дастгириашон мекард. Теъдоди зиёди ҷавонҳоро ӯ барои адабиёт кашф кардааст, истеъдодҳоеро аз дасташон гирифтаву ба даргоҳи Иттифоқи нависандагон овардааст. Ӯ дар ҳар куҷое як нашрияе чоп мешуд, аз ҷаридаҳои маълуму машҳур то рӯзномаҳои донишҷӯёну ноҳияҳо, ҳамаро мутолиа мекард, бо мақсади он, ки истеъдоде пайдо кунад. Дар маҳфилҳои адабии донишҷӯён ширкат меварзид ва шеърхонии ҷавононро бо диққат мешунид ва онҳоро сара мекард. Аксари адибони машҳури мо аз тамоми гӯшаҳои дуру наздики кишвар бо далолату дастгирии ӯ ба адабиёт омадаанд.
Донишҷӯи соли дуюми таҳсил дар Донишгоҳи омӯзгорӣ будам. Боре ба ман гуфтанд, ки декани факулта, ёдаш ба хайр, Сангинов, маро ба назди худ мехонад. Бо тарсу ларз ба назди декан омадам, ки чӣ гуноҳе карда бошам. Аммо декан баъд аз ҳолпурсӣ меҳрубонона ба ман гуфт, ки бояд ба Иттифоқи нависандагон, ба назди Боқӣ Раҳимзода равам. Барои мани донишҷӯ, ки якта-нимта навиштаҳои шогирдонаам дар рӯзномаи Донишгоҳ “Педагоги ҷавон” чоп мешуд, Иттифоқи нависандагон як даргоҳи муқаддас ва Боқӣ Раҳимзода як шахсияти дастнорас буданд. То расидан бо тарсу ҳарос ба Иттифоқи нависандагон боварам намеомад, ки маҳз маро даъват кардаанд. Баъд маълумам шуд, ки устоди ғамхору меҳрубон Боқӣ Раҳимзода, ки мудири бахши кор бо ҷавонони Иттифоқ буданд, ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи ҷавонони лаёқатманд буда, шеърҳои шогирдонаи маро низ дастрас намудаву хондаанд.
Ҳайрати ман боз бештар афзуд, вақте ки устод баъд аз шиносоӣ ва суҳбат ба ман фармуданд, ки ба назди муҳосиби Иттифоқ дароям. Маълум шуд, ки бо супориши устод ба номи ман маблағе чун кумакпулӣ ва ҳавасмандсозӣ ҷудо гардидааст. Баъдтар фаҳмидам, ки устод бад-ин тариқ бисёр ҷавонони эҷодкорро суроғ кардаву дастгирӣ мекардаанд.
Чунин буданд устод Боқӣ Раҳимзода. Маҳз бо ташаббусу дастгирии он кас бисёре аз адибони мо аз гӯшаҳои мухталифи кишвар ба сафи адабиёт омаданд. Он кас ғамхор ва дастгиру балогардони ҳамаи ҷавонони эҷодкор буданд. Аввалин шеърҳои Муъмин Қаноати мактабхонро, ки дар рӯзномаи ноҳиявии Рашт бо ташаббуси муаллимашон ба табъ расида буд, маҳз он кас хондаву дар мактуби ҷавобӣ дилашонро гарм карда буданд. Чунон ки Муъмин Қаноат қайд кардааст, устод Боқӣ Раҳимзода барҳақ устоди Пӯлод Толис, Муҳиддин Фарҳат, Файзулло Ансорӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Ғаффор Мирзо, Бобо Ҳоҷӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Хуршеда Отахонова, Акобир Шарифӣ ва дигар адибони номдори мо буданд. То ҷойе, ки ин устоди хайрхоҳ баъзе аз адибони ҷавону бепаноҳро дар хонаи худ манзил медоданд. Соли 1947 дар шароити баъдиҷангӣ як гурӯҳ шоирону нависандагон аз Хуҷанд ба Душанбе омаданд ва дар хонаи устод мезистанд, аз он зумра Пӯлод Толис ва Муҳиддин Фарҳат. Баъдан маҳз Боқӣ Раҳимзода аз Лоиқу Бозор Собир то бандаву Раҳмат Назриву дигаронро дастгиру ғамхор буданд ва нафақат дар эҷодиёт, балки дар тамоми мушкилоти рӯзгор кумак менамуданд.
Маҳз ба шарофати ҳаракатҳои устод Боқӣ Раҳимзода як теъдоди на ками адибон соҳиби хона шудаанд, ки аз Ҷумъа Одина то Раҳмат Назрӣ ба он шомиланд. Номҳои зиёди дигарро низ метавон овард, танҳо барои роҳ надодан ба иштибоҳ банда худдорӣ мекунам. Аммо ёдам намеравад, ки чӣ гуна устод Боқӣ барои хонагирии Бозор Собир чандин бор ба даргоҳи КМ рафта буданд.
Раҳмат Назрӣ ҳанӯз дар синфи 10-и мактаби миёна, дар Кӯлоб таҳсил мекард, ки устод ӯро кашф карда буданд ва баъд аз интишори шеърҳои Раҳмати мактабхон дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” бо ташаббуси Мастон Шералӣ ӯро низ зери қаноти баэътимоди бовари худ гирифтанд.
Устод Боқӣ, ба хушбахтии мо, як инсони хеле рамузфаҳм буданд. Он кас бе сухану пурсиш, бо як нигоҳ мефаҳмиданд, ки дар дили мо чӣ гап аст. Ва бисёр шудааст, ки бидуни пурсишу хоҳиши мо аз пеши худ ба мо дасти ёрӣ дароз кардаанд.
Боре чунин шуд. Мо ду адиби ҷавон – банда ва Раҳмат Назрӣ бояд барои ширкат дар Фестивали умумиитифоқии шоирони ҷавони шӯравӣ, ки дар Туркманистон сурат мегирифт, ба Ашқобод сафар мекардем. Аммо табиист, ки намехостем бо кисаҳои тиҳӣ ба сафар бароем, то дар байни ҳамсолони худ аз дигар ҷумҳуриҳо мулзам набошем. Бо Раҳмат маслиҳат кардем, ки ба назди устоди мушкилкушо Боқӣ Раҳимзода меравем, то аз хазинаи пурбаракати худ ба мо маблағе ҷудо кунанд. Аммо ҳамин ки бо устод рӯбарӯ шудем, касе аз мо ҷуръат накард, ки ин азмро ба ӯ расонад. Устод ҳам бо табассум бо мо роҳи сафед хоста хайрухуш карданд, аммо дасташон ба дари даромадгоҳи Иттифоқ, як ба қафо нигаристанду гуфтанд:
– Баъди нимрӯзӣ як аз шуъбаи мусоҳибот хабар гиред. Ку бинем, дар таги халтаамон ягон чи мондааст… Бале, устоди рамузфаҳм бе гуфтани мо ҳам азми дили моро фаҳмида буданд.
Беҳтарин навиштае, ки дар он симои ин шахсияти некниҳод таҷассуми шоирона ёфтааст, боз ҳам шеъри устоди зиндаёд Лоиқ Шералист, ки чунин оғоз меёбад:
Дар ин дунё ду-се марди бузурге пуштибони мост,
Дар ин дунё ду-се соҳибдиле ҳамдостони мост.
Ба зери осмони ниливу рӯи замини сабз
Замину бомашон, гӯӣ, замину осмони мост…
Дар ин дунё ду — се чашмони бино чашми дунёянд,
Ду-се тан покҷоне покии дунёи зебоянд,
Ду-се озодфикре ҷумла оламро кунанд озод,
Ду-се равшанзамире рӯшании ҳастии моянд.
Сипас ин шеър бо чунин байт ҷамъбаст меёбад:
…Тавонад ҳарки омӯзад ду-се ҳарфи савод, аммо
Чу Боқӣ ҳар ки қадри мард донад, устоди мост.
Устод Боқӣ Раҳимзода натанҳо мураббии ғамхору дастгири ҷавонону инсони нексиришт, балки шоири хуби замони худ буданд ва дар ҳамон марҳалаи рушди шеъру суруди тоҷикӣ саҳми боризи худро ниҳодаанд. Аз тамоми ашъори навиштаи шоир як инсони хушбин, некназару некмазҳар, хайрхоҳ, зебоипараст, инсонпарвару башардӯст бо мо сухан мегӯяд. Ӯ худ муҷассамаи меҳру дӯстӣ буд ва ашъораш низ тараннуми ин ғояҳои нек аст. Дар шеъри Боқӣ Раҳимзода муҳаббати Ватан, тараннуми ғояҳои баланди инсонӣ тавъамон бо зарофати зебо, ҳамон “як табассум”-и малеҳу нишотбахш баён ёфтааст. Ба ин гуфтаҳо таровати оҳангҳои халқӣ низ зам мешавад ва дар маҷмуъ ҳар шеъри Боқӣ Раҳизода барандаи як пора нуру рӯшноист. Бо ҳама гароиш ва огоҳии хубе, ки ӯ аз шеъри классикӣ дошту шеърҳои суннатӣ менавишт, як озодӣ ва тозаҷӯиро дар ашъораш метавон мушоҳида кард. Дар шеърҳое чунин чун “Дар лаби обе”, “Нигоҳе”, “Эй чароғ” ва бисёри дигар аз ҷиҳати ҳам баён ва ҳам шакл тозаҷӯиҳои шоир намудор аст:
Дӣ шабе буд, ки ранҷида нигорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
Бахт хандида хиромон ба канорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
Хуб санҷид, ки ман ошиқи як дилдорам,
Соф як дил дорам.
Ду нашуд ҳарфашу бар дидаи чорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе…
Тозагиву равонӣ ва равшанбаёнӣ имкон додаанд, ки аксари ин шеърҳо суруда шаванд ва устод Боқӣ Раҳимзода воқеан яке аз беҳтарин шоирони суруднависи мо буд ва сурудҳояш имрӯз ҳам ҳамнавои рӯзанд ва дар дили хонанда баландтарину самимитарин эҳсосоти ватандӯстиро бедор мекунанд. Хусусан, суруди “Республикаи ман” дар оҳанги Шарофиддин Сайфиддинов ва иҷрои Аҳмад Бобоқулов ҳар бор тозаву таъсирбахш ба гӯш мерасад ва ба хазинаи тилоии ҳунари мо ворид гардидааст.
Устод Боқӣ дар сабки суннатӣ низ шеърҳои тозае бо забону нигоришҳои имрӯзӣ гуфтааст. Аз ҷумла ҳамон шеъри “Як табассум кун”, “Шодии дил”, “Дигар марав” ва бисёри дигарро метавон мисол овард:
Баҳри аёдат омадӣ, зуд биё, дигар марав,
Хонаи туст бурҷи дил, чун каси раҳгузар марав.
Рафта мадору тоқатам, бо ту ҳамеша роҳатам,
Шоми фироқ баҳри ман додаву чун саҳар марав.
Хам шуда рӯи бистарам, ранг бубину ҳол пурс,
Пуртабу тоб пайкарам, сӯхта чун шарар марав.
Дард дигар, даво дигар, чора дигар, шифо дигар,
З-ин ҳама бош бохабар, гуфта ту, алҳазар марав.
Омадаӣ ба пои худ, олиҳаи шифои ман,
Гар биравӣ, маро бибар, бе мани ҳамсафар марав.
Ёдам ҳаст, ки устод Боқӣ Раҳимзода вақтҳои охир таваҷҷуҳи зиёде ба шеъри шоирони сабки ҳиндӣ доштанд ва дар суҳбатҳояшон моро ба омӯзиши санъати сухан ва эҷоди тасвирҳои шоирона раҳнамоӣ мекарданд. Дар ҳамон пиронсолӣ шеъри шоирони ин сабкро бо шавқи беандоза аз ёд мекарданд ва дар суҳбатҳо ба забон меоварданд. Хусусан, аз Сайидои Насафӣ ҳамеша байтҳое вирди забонашон буд. Ин аст, ки метавон аз эҷодиёи худашон низ чунин байтҳои шоиронаро пайдо кард:
Чароғи ишқ нури офтоб аст,
Куҷо мумкин бувад пӯшидани ишқ.
***
Зи гулзори муҳаббат ҷуз гули шавқат намечинам,
Ба сунбулзори хушбӯе ба ҷуз мӯят намехоҳам.
Ҳилол абрӯ намояд, аз нигоҳаш дида мепӯшам,
Ки дар авҷи талаб ҷуз авҷи абрӯят намехоҳам.
Аз вежагиҳои зиёди дигари шеъри Боқӣ Раҳимзода низ метавон сухан кард. Ӯ тасвири шоиронаи табиатро дар баёни андешаи самимии худ хуб истифода кардааст:
Нишастгоҳи ман аст арчи домани хуршед,
Дил аз фараҳ зи нишоти назора шуд шодоб.
Сипеҳр чеҳра барафрӯхт, абри найсон рехт
Ба сӯи сабзаву гулҳо ҳазор гуна гулоб.
Ва аксари ин тасвирҳо мисли худи шоир, шахсияти ӯ ба дилҳо фараҳу рӯшноӣ мебаранд:
Саҳар паёми навин дод, офтоб омад,
Вазид дар дили ман хуш насими субҳи сухан.
Зи рӯи шамсу табиат саҳар сухан чидам,
Таҷассуми дили худро бубин зи ҳадяи ман.
Бидуни шубҳа, шеъри шоир ҳамеша таҷассумгари худи ӯ, эҳсосоту рӯҳияи ӯст ва ин байтҳо, ки ба ёдбуди ба қавли худи шоир “Ҳазрати Ҳофиз” суруда шудаанд, мароми баланди эҷодии ӯро ифода мекунанд ва ифтихори гузаштагон, сарбаландиву бовару умед ба ҳар мисраи он ҷилову дурахше бахшидааст:
Аз ишқи поку хуни дилу рӯҳи пурҷило
Дар маърази баҳори ҳаётам сириштаанд.
Ҷони сухан ба қолаби маънӣ гирифт ҷо,
Бар ман хати барот бузургон навиштаанд.
Ман ишқро чу шамси ҷаҳонгир кардаам,
Дарёдилон ба боли ҳумоям нишондаанд,
Тақдирро чу қофия тағйир додаам,
Дар роҳи рӯзгори навин ҷон фишондаам.
Ва дар ин чор мисраи зер тамоми расолат ва ҳадафҳои баланди суханвар ва суханро тавонистааст шоирона ҷо кунад:
Ман худ суруши назмаму ҷӯшу хурӯши базм,
Ҷону ҷаҳони лафзаму оҳанги рӯзгор.
Авҷу барори азмаму тиру камони разм,
Резад мудом аз нафасам накҳати баҳор.
Вақте ки дар бораи Боқӣ Раҳимзода ва маҳбубияти ӯ дар байни халқ сухан мекунем, бояд гуфт, ки ин муҳаббат хеле қавиву пойдор ва дуҷониба буд. Халқ Боқиро дӯст медошт, Боқӣ халқро. Ва муҳаббати халқ қариб аз ҳар навиштаи ӯ дурахшон аст:
Ҷонам фидои номат, халқи бузургворам!
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам!
Симои халқ, заҳматҳои ӯро низ Боқӣ Раҳимзода хеле муассиру шоирона ба қалам додааст:
Ҳар як ниҳоли пахта чун тифл парваридӣ,
То ки набинад офат, роҳат ту ҳам надидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ,
То сарбаланд гардӣ, бисёр сар хамидӣ.
Шахсияти дӯстхоҳу дили сулҳпарвари Боқӣ Раҳимзода буд, ки ӯро нафақат дар Тоҷикистон, балки берун аз ҳудуди он ҳам мардум меписандиданду бар ӯ муҳаббат доштанд, зеро ӯ ба ҷуз шахсияти хайрхоҳаш, дар ашъори худ низ ғояҳои сулҳу дӯстиро тарғиб намудааст. Ва касе натавонистааст, ки мисли Боқӣ Раҳимзода пайванди ҷудоинопазири мардуми тоҷику ӯзбекро дар чор мисраъ чунин муъҷаз ва нишонрас баён кунад:
Фарқи ҳама мардумони олам осон,
Аммо шуда мо ба ҳам чунон ҳам наздик,
Бинанда чунин суол орад ба миён:
Эй ҷӯра, бигӯ, ту ӯзбакӣ ё тоҷик?
Ҷойи баҳс нест, ки яке аз вежагиҳои дурахшон ва фавқулодаи Боқӣ Раҳимзода танз ва ҳаҷви ширину намакини ӯ буд ва гуфтору рафтори ӯ дар ифшои танз то ҷойе расида буд, ки вақте ӯ ба минбар мебаромад, ҳамин танҳо сукути маънидораш мардумро механдонд ва вақте ки ӯ хеле ҳунармандона абрӯ мепаронд, толор, ҳанӯз ҳарфе нагуфта, саросар гирифтори ханда мешуд. Ман чунин шахсеро ҳатто аз байни ҳунармандон надидам, ки будуни ибрози ягон ҳарф тавонад мардумро танҳо бо имое ё нигоҳе маънидорона чунон хандонад, ки онҳо аз ҳол раванд. Албатта, дар он лаҳзаҳо дар паси ҳузури устод Боқӣ шахсияти шӯху ҳаҷвнигори ӯ ва муҳаббату шинохти мардум ҳам кори худро мекард. Дар шахсияти Боқӣ Раҳимзода бе шубҳа як ҳунарманди фавқулодаи ҳаҷвнигор ниҳон буд. Бояд гуфт, ки Боқӣ Раҳимзода як ҳаҷвнигори бузурги адабиёти мо буд. Ва нақлу навиштаҳои ҳаҷвии ӯ то имрӯз дар байни мардум вирди забонанд. Ҳаҷв ва танзи Боқӣ Раҳимзда на кам аз ашъору сурудҳову дигар навиштаҳои ӯ симои эҷодиашро таҷассум кардаанд ва дар байни мардум маҳбубият доранд.
Имрӯз ҷойи Боқӣ Раҳимзода холист, инсоне, ки дили пур, пушту паноҳ ва раҳнамои адибон буд. Имрӯз он суханони маънидору дурбинонае, ки устод Боқӣ ба Муъмин Қаноат дар поёни умраш гуфт, аз заковати бузург ва пешбинии ин марди шариф гувоҳӣ медиҳанд. Муъмин Қаноат менависад: ”Танҳо як бор, ки бо ҳам будем, гуфтанд:
– Муъминшоҳ, ин тарафаш худат эҳтиёт шав. Ҳайф, намедонам туро ба кӣ монда равам.
Дар он вақт ман раиси Иттифоқи нависандагон, барандаи Ҷоизаи давлатии иттиҳоди Шӯравӣ ва номзад ба намояндагии Шӯрои олии СССР будам. Бузургии инсонро ҷӯед ва ёбед.”
Рӯзе, ки устод Боқӣ Раҳимзода ҷаҳонро падруд гуфт, хурду бузурги кишвар ашк мерехтанд. Одаме, ки як умр ҳамеша ҳамаро механдонд, имрӯз бори аввал бо марги худ водор кард, ки мардум ашк резанд… Дар қатори халқе, ки шоир ва шахсияти маҳбуби худро ба роҳи охират гусел мекард, адибони тоҷик, ки аксарашон парвардаи дасти меҳру муҳаббати ӯ буданд, аз пайи тобут ашкрезон мерафтанд… Боқӣ Раҳимзода рафт, аммо ҳамшабеҳи ӯ дигар наёмад, чунон ки ҳамшабеҳи Турсунзода низ… Банда дар ин саф равон будам ва беихтиёр ин байтҳоро замзама мекардам:
Видоъ, эй боғбон, рафтӣ, чаман монд,
Чу оби дида шабнам дар суман монд.
Пас аз ин боғбоне чун ту ғамхор
Магар ояд, ки пайванди сухан монд?
Гули ханда шукуфад боз оё,
Дили хандони ту чун аз задан монд?
Пас аз он хандаҳои умрафзо
Ғамат чун ашк дар чашмони ман монд.
Ту будӣ ханда дар рухсори мардум,
Ту рафтӣ, ашки ғам бо марду зан монд.
Ватан карданд мардум дар дили ту,
Ба мо ҳамчун дилат аз ту Ватан монд.
Сухан бошад агар мероси шоир,
Зи Боқӣ ҳам сухангӯ, ҳам сухан монд.
Ёдашон бахайр!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
* * *
ШОИРИ СОҲИБМАКТАБ
Мактаби адабӣ мафҳуми чандмаъност ва аз назари моҳияту ҳудуд дорои хусусиятҳои гуногун мебошад. Мактаби адабӣ метавонад ба як ҷараёни маъруфи адабӣ ва сабку салиқаҳои хоси як даврони рушду таҳаввули адабиёт бастагӣ дошта бошад. Ба назари мо, вақте Лоиқ Шералӣ мегӯяд: “Аз чи шогирдони як мактаб ҳама оқил нашуд?” мактаби адабиро дар ҳамин вусъаташ дар назар дорад.
Ҳамчунин мактаби адабӣ метавонад ба номи як шахсияти бузургу бонуфузи адабӣ, адиб бастагӣ дошта бошад, ки бар асоси арзишҳо ва сабку усули таъйинкардаи ӯ ташаккул меёбад ва як ҳайати адабии пойбанд ба усул, равиш ва сабку салиқаи муайянро эҷод ва мутаҳҳиду мутааҳҳид мекунад. Мисли мактаби Айнӣ, ки шогирдонашон ба вуҷуди ин мактаб ва пайравии худ аз он борҳо иқрор ва таъкид кардаанд. Дар дохили ҳамин мактаб метавон гуфт, ки дар назм мактаби Лоҳутӣ ва мактаби Турсунзода ба вуҷуд омад ва дар ҳудуди худ заминае гардид барои рушду ташаккули шахсиятҳои адабие, ки онҳо низ шогирдон ва пайравони зиёдеро дар масири некфарҷоми фаъолияти адабӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карданд. Вақте мисраи машҳури устод Муъмин Қаноат “Суханро вазну тамкини Замин бояд” садо медиҳад, дармеёбем, ки ин сухан барномаи як мактаби умумии адабист, ки пайравони барҷастаи он ба навъе нақши вежаи худро гузоштаанд.
Вақте мактаби Боқӣ Раҳимзода мегӯем, ин мафҳум чанд ҷанба ва вежагии амалии худро дорад:
- Боқӣ Раҳимзода бо ҳидоят ва ҳамкории устод Мирзо Турсунзода тақрибан аз ибтидои фаъолияти расмии эҷодӣ то поёни умри пурбаракаташ масъули кашф, тарбият ва раҳнамоии адибони ҷавон аз саросари ҷумҳурӣ буд;
- Боқӣ Раҳимзода табъан ва табиатан омӯзгор буд, аз мактаби миёна то Донишгоҳи омӯзгорӣ.
- Боқӣ Раҳимзода яке аз адибони боистеъдод ва босаводу огоҳ аз суннатҳои адабӣ, зарофатҳои кори ҳунарии эҷодӣ буд, ки ҳамзамон аз навовариҳои адабӣ истиқбол ва шогирдони худро ба навовариҳои бамеъёр ташвиқ менамуд.
Ин вежагиҳо ҳамроҳ бо сиришти нек ва инсонияти воло боис гардид, ки ӯ ба як раҳбару раҳнамои бонуфузу маҳбуби адабиётамон табдил ёбад. Агар тавсифномаҳо ва сипосномаҳое, ки шогирдон ва ҳамқаламони Боқӣ Раҳимзода дар васфи ӯ навиштаанд, ба сурати комил гирдоварӣ шавад, аз ҳаҷми эҷодиёти эшон хеле бузургтар хоҳад буд.
Бозор Собир, ки ҳаргиз дар шеър ба такаллуфу ситоиши бардурӯғ роҳ надода ва баръакс чунин шеваро шадидан мазаммат кардааст, илова бар он худро созанда ва пайрави мактаби худаш муаррифӣ кардааст: “Агар устози шоир шоире буд, ки ӯро гашт дар устозӣ раҳбар, ман он шоир, ки устоде надорам, равон шуд шеъри ман бо шири модар” ё “Худро ба мактаби худ ман ёд дода гуфтам”, ҷойи дигар бо самимияти тамом месарояд:
Бимон аз дафтари сармашқи ман чун сарнавишт умре
Нагардад кӯр таҳрироти устодонаи Боқӣ.
Камол Насрулло, аз ҷавонтарин ва дар айни ҳол писандидатарин шоирони он замон менависад:
Сухан бошад агар мероси шоир,
Зи Боқӣ ҳам сухангӯ, ҳам сухан монд.
Лоиқ Шералӣ, ки ҳамчунин ба воситаи Боқӣ Раҳимзода ба узвияти Иттифоқи нависандагон муаррифӣ шуда буд, фазилат ва мавқеъи Боқӣ Раҳимзодаро бештар аз як устоди ҳунаромӯз ва саводомӯз медонад:
Тавонад ҳар ки омӯзад ду-се ҳарфи савод, аммо
Чу Боқӣ ҳар ки қадри мард донад, устоди мост.
Устод Лоҳутӣ номае дорад ба унвони Боқӣ Раҳимзода ба таърихи 3 марти соли 1949 аз Маскав ба Душанбе. Дар ин нома ин шоири оташинсухан сифатҳоеро ба Боқӣ Раҳимзода нисбат медиҳад, ки барои дарки сирри камол ва муваффақияти эшон бисёр муҳим мебошанд:
“Ман ҳамеша ба покии дилу истеъдоди шоиронаи шумо муътақид будам. Ин аст, ки ҳар вақт чизе аз шумо дар матбуот мехонам, бар шодиам меафзояд. Ончи табъи лоиқи шуморо тараққӣ дода, ба такомул хоҳад расонд, ин аст, ки худписанд нестед ва барои баланд бардоштани маданияти худ мекӯшед, мехонед, меомӯзед, аз пурсидан ор намекунед ва бе такя ба ашхоси ҷудогона пеш меравед”.
Вақте устод Боқӣ Раҳимзода мегӯяд:
Дар дафтари Боқӣ наравад ҳарфи хатое,
Умрест сарояд ғазали сидқу вафоро,
ҳам ба маҷоз ва ҳам дар амал ҳақ аст. Аз мутолиаи осори Боқӣ Раҳимзода, сарфи назар аз иштибоҳоти ноширон ва иштибоҳоти фаннӣ (техникӣ), ба хатое дучор намешавем. Ӯ яке аз шоирони ангуштшумори адабиёти навини мо мебошад, ки дар таълифоташон хатои лафзӣ ва маънавӣ ва хатои ҳунарӣ, ки шоҳиди ноогоҳӣ аз фунуни адабӣ бошад, ба назар намерасад. Агар ҷое мо мушоҳида бикунем, ки шоир аз қолабҳои суннатӣ хориҷ шудааст, пас ин ҳатман ҳанҷоршикании огоҳона ва навоварона ё ҳадди ақал навҷӯёна аст.
Устод Муъмин Қаноат дар сарсухани китоби ашъори Боқӣ Раҳимзода “Шаҳчанор” ба ин мазмун менависад: “Устод ба шоирони ҷавон талқин мекарданд, ки имконоти наву тозаро дар иншои шеър ҷустуҷӯ намоянд. Боре мо дар шаҳр бо ҳам гардиш мекардем. Зеҳнашон, ки ҳамеша банди ин мавзуъ буд, хонаҳои куҳнаро нишон дода гуфтанд, инҳо мисоли шеърҳои моянд ва сипас ба хонаҳои навсохти чандтабақӣ ишора карда фармуданд: шеърҳои шумо бояд ин гуна муосир бошанд. Аммо гоҳе бо навиштани намунаҳои муваффақи шеъри нав нишон медоданд, ки агар бихоҳанд, худ бо камоли муваффақият шеъри нав менависанд. Аз ҷумла боре ман ба чунин шеъри навоваронаи эшон, ки матни суруде бо номи “Дар лаби обе” буд, ишора карда гуфтам: Муаллим, ин шеърро чӣ тавр навиштед? Табассуме карданду чизе нагуфтанд. Аммо беҳтар медонистанд, ки дар қолабҳои озмудаи назм шеър бигӯянд.”
Шоири донишманди Эрон Алиризо Қазва, ки дар мавзуи “Таҳаввули ғазали муосири Тоҷикистон” дар ДМТ рисола дифоъ намудааст, менависад: “Ба эътиқоди ман, аз насли аввалиҳои ғазали имрӯзи Тоҷикистон ва аз насли ҷавону дастпарвардаи таҷрибиёти устод Айнӣ камтар ғазалсарое ба андозаи Боқӣ Раҳимзода навоварии забонии мубтанӣ бар мероси адабӣ доштааст. Ба баёни дигар, навовариҳои решадор ва дар бистари суннати адабии ин шоир бисёр қобили тааммул ва тақдир аст”.
Хулоса, Боқӣ Раҳимзода, чи ба таври мустақиму бевосита ва чи ба воситаи осори бадеии худ, барои парвариши зеҳну табъ ва ҳунару завқи шоирони насли ҷавон хидмати шоён анҷом дода ва имрӯз ҳам осори ӯ воситаи омӯзиш аст. Хусусан, сурудҳои муҳташаму мутантан ва латифу дилнавози ӯ саҳифаи дурахшони адабиёти миллии моро ташкил медиҳанд.
Устод Боқӣ Раҳимзода аз устодони соҳибмактаби адабиёти тоҷик мебошад, ки ҳам ба воситаи эҷоди осори бадеии ҳунармандона ва дархури замон ва ҳам ба воситаи фаъолиятҳои амалии омӯзгорӣ ва сарпарастии мушфиқона дар ташаккул ва таҳаввули назми муосири тоҷик ва кашфу парвариши истеъдодҳои дурахшони насли нави адибони тоҷик дар таърихи адабиёти муосир нақши носутурданӣ гузоштааст.
Агар ӯ аз як тараф, ба гуфтаи устод Мирзо Турсунзода, “беҳтарин анъанаҳои назми ҳазорсолаи тоҷикро давом дода, онро ба рӯҳи муосирони мо мутобиқ гардонида” бошад, аз тарафи дигар бо эҷоди як силсила ашъори навоварона, хусусан, матни сурудҳое, ки ба Хазинаи тилоии санъати тоҷик ворид гардидаанд, аз ҷараёни муътадил ва солими шеъри нав истиқболи амалӣ намуда, бар он муҳри тасдиқ гузошта ва соядасти мубораки худро рақам задааст.
То поёни умри пурбаракати эҷодии худ ин шоири номвари халқ дар ҳамин мақоми воло устувор будааст, ки намунаҳо аз дафтари охирин ашъори ӯ гувоҳи содиқи ин ҳақиқат мебошанд. Дар ин миён хусусан шеъри “Қақнус” қобили таваҷҷуҳ аст. Шояд дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик ин шеър нахустин мавриди корбурд аз образи (сувари хаёли) дурахшон ва ҷомеъи парандаи асотирии Қақнус (феникс) аст, ки рамзи бисёр дақиқу пурмаънои ҷовидонагии халқу миллат ва фарҳангу ҳунари тоҷик мебошад. Ин шеър, ки ба илҳом аз ашъор ва пайкори устод Мирзо Турсунзода суруда ва зимни тазмин аз байти машҳури устод Турсунзода “Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар, пас макун аз оташи сӯзон ҳазар” ба ӯ тақдим гардидааст, дар айни замон аз огоҳии амиқи муаллифи он аз адабу фарҳанги миллӣ ва ҳамчунин ҳунари суварнигории бадеии эшон гувоҳӣ медиҳад.
Тамоми сӯзу сози мурғи оташ,
Тамоми ҳарфу маъниҳои дилкаш,
Тамоми ҳусни рӯйи Тоҷикистон,
Тамоми рангу бӯйи Тоҷикистон,
Тамоми гармии хуршеди тоҷик,
Тамоми толеъу уммеди тоҷик
Ба ҳастии ту пайванд аст, пайванд,
Ҷаҳоне аз ту хурсанд аст, хурсанд!
Намунаҳои дигар низ, ки дар қолаб ва жанрҳои суннатӣ суруда шудаанд, хусусан ғазалҳо ба вазну оҳанги хос, гувоҳи сабку салиқаи вежа ва нотакрори сароянда мебошанд.
Як рухдоди дилпазир ва мутаассиркунанда дар соли ҷорӣ дар Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон бо лаҳну садои матину мутантан ва самимӣ иҷро шудани суруди машҳури тоҷикии “Республикаи ман” аз тарафи гурӯҳи ҳамхонони мусиқии академии Қазоқистон буд.
Ин шоҳкори муштараки адабию ҳунарӣ (матни шоир Боқӣ Раҳимзода, оҳанги бастакор Шарофиддин Сайфиддинов, сароиши Ҳунарпешаи халқии СССР Аҳмад Бобоқулов) интихоби тасодуфӣ набуд, балки аз шуҳрати ин суруд шаҳодат медод, ки дар феҳрасти беҳтарин сурудҳои мусиқии академии ҷаҳон ворид гардидааст.
Дар айни ҳол фиқраи тарҷеъи “Республикаи ман” аз ду калимае таркиб ёфтаааст, ки ба ҳама забонҳо ошност.
Гузашта аз ин, бо итминон метавон гуфт, ки ин суруди муҳташаму мутантан, зуҳури пурдурахши рӯҳиёти боландаи истиқлолхоҳии миллӣ, эҳёи ҳувияти миллӣ дар он солҳо буд, ки бинобар аз ҳад беш сиёсӣ будан суруди расмии миллӣ (гимн)-и он замон дигар посухгӯйи ин эҳсосот буда наметавонист ва чунин сурудҳои муҳташам бо тасвиру таҷассуми унсурҳо, манзараҳо ва симои мушаххаси кишвар ин ниёзро ҷуброн менамуд:
Ба гардун сар кашида кӯҳсорат,
Зарафшон даштҳои беканорат,
урӯшон наҳрҳои нуқраворат,
Зафарманд аст халқи бахтёрат.
Дилу дилдор
Республикаи ман!
Ба шуҳрат ёр
Республикаи ман!
Ин суруди машҳур соли 1974 дар остонаи таҷлили ботантанаи 50-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳамин муносибат эҷод гардида, чун достони ҳамчунин пурҳаяҷон ва саршор аз рӯҳиёти баланди миллии устод Муъмин Қаноат “Тоҷикистон – исми ман”, ки ба ҳамин муносибат ва дар ҳамин замон иншо гардидааст, саршор аз меҳру ифтихор бар сарзамин ва кишвари худ аст.
Интихоби таъбири “Республикаи ман” чун фиқраи такрории ин суруд, низ бисёр жарфандешона ва ҳакимона воқеъ шудааст. Аз як сӯ агар дар матни арӯз ва мусиқии тоҷикӣ нишондани калимаи “республика” арзи ҳунари воло бошад, аз суйи дигар ин калимаи ба истилоҳ “интернатсионалӣ” ҳар навъ ситезу шубҳаи имконпазир дар он замонро аз байн мебарад. Дар айни замон маҳз боз ҳамин таъбир, ки ба камоли авҷи оҳангу овоз адо мешавад, эъломи ҳувият ва истиқлол аст: республика (ҷумҳурият) дар матни фарҳанги сиёсӣ нишони мардумсолорӣ (демократия) ва демократия унсури аслии истиқлол аст.
Бештари ашъори устод Боқӣ Раҳимзода дорои ҳамин навъ муҳтаво ва рӯҳиёту эҳсосот мебошанд. Аз ҷумла суруди дигари муҳташами ӯ “Халқи бузургворам”, ки дар айни ҳол муҷассамаи эътиқодӣ ва ҳунарии худи шоир ҳам ҳаст:
Ҳар кас агар шуморад кори ту саҳлу осон,
Лаънат ба ӯ бигӯяд ҳар фарди поквиҷдон,
Раззоқи олам астӣ, эй баргузида деҳқон,
Васфи туро сароям то ҳаст дар танам ҷон.
Ҷонам фидои номат, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам.
Ин хусусиятҳои сириштии ашъори Шоири халқии Тоҷикистон устод Боқӣ Раҳимзода арзиши осори волои шоиронаи ӯро барои ҳама давру замонҳо нигоҳ медоранд, дафтари бехатои ӯро дар радифи девонҳои пуршумори шеъри тоҷик дар феҳристи дабистони халқу миллат ҳифз менамоянд. Он гуна ки шоир дар шеъре “Ба ёдбуди ҳазрати Ҳофиз” суруда:
То чун шарора шеър дурахшанда шуд ба ишқ,
“Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо”.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА