Чароғафрӯзи фарҳанги ниёгон

Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ба унвони шоири тозагӯй дар таҳкими ҳалқаи адабии Тошканд ва пайвандҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек саҳми назаррас дошта, пайваста дар густариши муҳити адабии форсизабонон, тарбияи шоирони ҷавон талошҳои фаровоне анҷом дода истодааст. Дар айни замон Ҷаъфар фаъолтарин муаррифи шеъри муосири тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ маҳсуб мешавад.
Шоир дар роҳи пуршараф ва пурмасъулияти сухан талош намуда, то имрӯз маҷмуаҳои зиёди ашъори худро чоп кардааст, ки аз тарафи роғибони шеър хуш истиқбол шудаанд. Шеъри ӯ дар ҳама марказҳои илмию адабӣ пазируфта шуда, айни замон мавсуф узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад.
Маҷмуаи шеърҳои ӯ бо номи “Ақли бунафш”, ки соли 2024 чоп гардид, аз бахшҳои “Маснавиёт”, “Фариштаи ғазал”, “Талвин” , “Талиъаи ишқ”, “Дӯкони тарҷума” таркиб ёфтааст.
Яке аз бахшҳои асосии маҷмуаи “Ақли бунафш”-ро Ҷаъфари Тирмизӣ “Фариштаи ғазал” унвон додааст, ки аз 114 ғазал мураттаб шудааст. Шоир аз ғазали нахуст то охир дар доираи мавзуоти адабиёти гузашта ва имрӯз сухан ба миён меорад. Васфи Ватан ва манзараҳои табиат, ифтихор аз таъриху тамаддуни дерини хеш, парастиши адлу инсоф ва ҳиммату ҷавонмардӣ, ишқ ва фазилатҳои онро дар офаридаҳои хеш бо рангубори тозаи бадеӣ ба риштаи тасвир мекашад:
Ҳар чи васл асту фироқ аст, чи асл асту фурӯъ,
Банди як нуқтаи хол аст, биё даф бизанем!
Аз куҷо омада будем?
Куҷоем равон?
Посухи ин ду суол аст:
Биё даф бизанем!
Дар ғазали дигар шоир бо як навгӯии тоза ба майдони сухан меояд, ки дар адабиёти пешин ин тарзи баёнро дар эҷодиёти устод Лоҳутӣ ба мушоҳида мегирем. Ҷаъфар сараввал калимаеро дар оғози мисраъ интихоб менамояд, ки калимаҳои мустақилро аз лиҳози маъно ба худ кашида бошад. Масалан, дар ғазали “Дар. Калид. Қулф” шоир 71 калимаи мустақилро дар 14 сарвожае, ки бори маъниро ба дӯш доранд, мутобиқ месозад ва ҳамаро ба вожаҳои “Дар. Калид. Қулф ” вобаста менамояд:
Эҳсос. Ларз. Даст. Ҳино.
Дар. Калид. Қуфл.
Фонус. Шаб. Гуноҳ. Хато.
Дар. Калид. Қуфл.
Тоҷир. Фиреб. Навъ. Тарозу.
Зиёд. Кам.
Дӯкон. Фурӯш. Бонг. Баҳо.
Дар. Калид. Қуфл.
Дар маҷмуъ ин калимоти мустақил моро аз мушкилоти ҷомеа ё замоне огоҳ мекунанд, ки ҳамчун масоили зиндагӣ ба се василаи калидӣ – Дар. Калид. Қулф вобастагӣ доранд. Шоир дар охир боз ба ҷустуҷӯи раҳоист ва ҷомеаро бемор дарёфта, онро дар банди ин се мушкил меёбад:
Дунё. Дурӯғ…Дӯст? Дилозор?
Дил… Далел…
Дору? Дареғ! Даст… Дуо…
Дар. Калид. Қуфл.
Бемор. Рӯҳиёт. Ғазаб. Гиря.
Ханда. Ашк.
Болин. Пизишк. Дард. Даво.
Дар. Калид. Қуфл.
Ойину маросимҳои мардумӣ ва ҷашну анъанаҳои миллӣ дар шеъри Ҷаъфари Тирмизӣ ҷойгоҳи хоса доранд ва дар ситоиши онҳо шоир маъниҳои тозаеро меҷӯяд, то арзишҳои инсонпарваронаашонро ба хонандаи худ нишон диҳад. Наврӯзро шоир аз ҷашнҳои мубораки тоҷикон медонад ва омадани онро бо хурсандиҳои ҷамшедӣ интизорӣ мекашад. Дар ғазале, ки “Муборак бод Наврӯзат!” унвон дорад, шоир аз фазилатҳои ин ҷашни ниёгон ёд мекунад ва онро оини қадими тоҷикон медонад:
Ало, яшти авастоӣ, муборак бод Наврӯзат!
Ало, ҳури Аҳуроӣ, муборак бод Наврӯзат!
Ало, рухсорагандумгун, зи гандум хонаат пур бод,
Ало, чашмони шаҳлоӣ, муборак бод Наврӯзат!
Корбурди ибороти маҷозӣ дар шеъри Ҷаъфар хеле фаровон аст ва онҳо ба сухани шоир таровати тоза мебахшанд. Ҷаъфар ин ибораҳоро моҳирона дар рубоиёту дубайтиҳо ғунҷонда, равонӣ, мавзунӣ, дилнишинӣ ва таъсирнокии суханашро бештар месозад. Масалан, зарбулмасали “мо дузд шудем, шаб маҳтобӣ шуд”-ро дар ин дубайтӣ хеле баҷо овардааст:
Аз хоб мапурс, хоби мо бехобист,
Дил бурдану дил додану ҳам дилёбист.
Майхора шудем, нархи май гашт гарон,
Мо дузд шудему шаб шаби маҳтобист.
Дубайтию рубоиёти шоир равону дилнишин буда, таваҷҷуҳи хонандаро ба худ мекашанд, зеро дар онҳо ифодаю ибораҳои маҷозӣ бамаврид корбаст шуда, саҳнаҳои офарида воқеӣ ва дастрас мебошанд:
Қасам хӯрдам, дигар ошиқ нагардам,
Ки гар ошиқ шавам, дигар на мардам.
Қасамҳоро ба назди дил ниҳодам,
Қасамҳо ҳам шикаст аз захми дардам.
Ҳунари суханварии шоир бо мавзуъ ва маънисозиҳои дилнишин маҳдуд намегардад. Ҷаъфар бо калимоту ибораҳои образнок арӯси суханашро ороста месозад ва дар назари хонандаи худ ба ҷилва меорад. Дар маснавиёт, ғазалиёт, рубоиёт, дубайтиҳо ва чаҳорпораҳои шоир мо ба ибороте рӯбарӯ омадем, ки ба шеъри шоир таровати дигаре додаанд: кишоварзи ишқ, растахези гуфтугӯ, ояти адл, парвонаи чашм, паймонаи чашм, майхонаи чашм, гулхонаи чашм, ҷилваи гули бодом, оби раҳматбори ишқ, гурги ҳиҷрон, дили мардуми чашм, хашмҳо дар нигоҳ об гаштан ва ғайра.
Шоир бештар он калимотеро дар суфраи шеър ҷамъ овардаву мураттаб кардааст, ки зотан барои бунёди шеър таъйин шудаанд. Хосатан, Ҷаъфар чун бо бузургони тасаввуф ба суҳбат меояд, танҳо ба забони тасаввуф бо онҳо гуфтугӯ мекунад. Вай таълимоти ин мактабро медонад ва калимоту ибораҳои ирфониро дониста, санҷида ва фаҳмида ба чаҳорчӯбаи шеър меғунҷонад:
Аз ин тундкешӣ в-аз ин кундкешӣ
Даме муғтанамро фаромӯш карданд.
“Сафар дар ватан”-ро зи хотир сутурданд,
“Назар бар қадам”-ро фаромӯш карданд.
Дар шеъри Ҷаъфари Тирмизӣ баъзе нуқсонҳои ҷузъие ба назар мерасанд, ки рафъи онҳо ба суди кор аст. Нахуст ин ки ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи доираҳои гуногун хуб мешуд шоир дар ғазалиёт бештар ба мавзуният, салосат ва равонии сухан диққат медиҳад.
Нурмуҳаммад Сафарзода