Аз осори адибони туркман. Худойбердӣ Девонқулиев, СУРАТ (ҳикоя)
Ба муносибати рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон
Ҳайронӣ, ки чаро писару набераи ман номҳои туркманӣ доранд?
Ҳақ ҳастӣ, бисёриҳо аз ин дар ҳайратанд. Вақте ки Ойгул таваллуд шуд, мо ба ин муносибат дар Саратов тантанаи оилавӣ оростем. Он рӯз ҳам тамоми ҳамсояҳо аз аҷобати номи падару духтари рус дар тааҷҷуб буданд…
Маҷбур шудам, ки қиссаи деринеро ба онҳо ҳикоят кунам. Агар шитоб надошта бошӣ, ту ҳам бишину онро бишунав.
Тобистони соли 1922 полки кавалерии мо дар шимоли Туркманистон бар зидди дастаҳои босмачиён меҷангид. Қувваҳои асосии онҳо пароканда карда шуданд, вале гурӯҳи на он қадар калонашон бо сарварии Танна-доғдор дар регзорҳо пинҳон шуда, деҳаҳои гирду атрофро ғорат менамуд.
Разведкаи мо маълум кард, ки қароргоҳи асосии босмачиён авули хурди домани Налаж аст. Ба гуфти сокинони маҳаллӣ, ғоратгарон дар он ҷо захмҳои бедавояшонро даво мекарданд…
Мо аз Тошҳавз ҳангоми ғуруб ба роҳ даромада, то фаромадани торикӣ ба Оқтеппа, ки дар марзи ин воҳа ҷой гирифтааст, дохил шудем. Дар ҳамон наздикиҳо лонаи он каргасон воқеъ гардидааст. Қарор додем, ки шабро дар деҳа гузаронда, субҳидам ба “қалъаи” Танна ҳуҷум кунем. Аз бероҳаҳо қадам мезадему бовар доштем, ки босмачиён аз пайдоиши мо дар ин маҳалҳо пай ҳам намебаранд. Ғайр аз ин, босмачиён авули Оқтеппаро ба қарибӣ ғорат карда буданд ва, гумон буд, ки боз дар он ҷо пайдо бишаванд.
Бо ёрии раиси шурои деҳа дар якчанд кулбаи нимвайрона ҷойгир шудем. Ман акнун ба ғанаб рафта будам, ки овози рафиқам — Эсен ба гӯш расид:
– Стёпа, зуд хез!
Ман хоболуд милтиқро ба даст гирифтам.
– Чӣ, босмачиҳо?
— Медонӣ, ин чӣ авул аст? — ба изтироби ман аҳаммият надода, бо оҳанги асроромезе гуфт Эсен.
– Не.
– Зодгоҳи Ораз-шайпур…
Ораз-шайпурро дар полки мо ҳама чун яке аз аввалин туркманписарон, ки ба аскарони сурх пайваста буданд, мешинохт. Ҳамсилоҳон ӯро барои ҷасорат, меҳрубонӣ ва кушодадилияш дӯст медоштанд. Лақаби “Шайпур”-ро барои дилбастагии зиёде, ки ба ин асбоби мусиқии полкамон дошт, гирифта буд.
Ораз бо шайпурнавози полк Дубинин қаробат дошт. Вақте ки мо дар ягон ҷо бо мақсади дамгирӣ таваққуф мекардем, Дубинин барои бардоштани руҳи ҷанговарон бо шайпури хӯрдашудааш, ки аз фронтҳои ҷанги империалистӣ гузашта буд, оҳангҳои мутантани ҳарбӣ менавохт. Ораз бошад, аз ӯ чашм наканда, дар наздаш менишаст. Вақте ки мутриб “консерт”-ашро ба охир мерасонд, Ораз боз ҳам аз рӯи одат ба вай рӯй меовард.
– Рафиқ Дубинин, ҳо рафиқ Дубинин, шайпуратро деҳ, камтар бинавозам.
Дубинин бо шунидани ин суханон сохтакорона дар ғазаб мешуд:
– Навозам–а! Ин дутор нест, ки навохта, ғубори дил барорӣ. Ин шайпури ҳарбист, каллаварам .
Вале Ораз то шайпурро намегирифт, ором намешуд. Вай сози мусиқиро бо эҳтиёт ба даст гирифта, ба канортар мерафт ва баъди лаҳзае садоҳои ноҳамвору берабташ баланд мешуд.
Ҳамин тавр, лақаби “Шайпур” ба он ҷавон часпида монд.
Баҳори ҳамон сол оқибат тири ғоратгарон Оразро дарёфт. Ҷасадашро мо ба зодгоҳаш фиристодем – бигузор, ҳамдиёронаш ҷанговари сурхро бошарафона ба хок супоранд…
Ба зодгоҳи рафиқи ҳалокшудаат биёиву аҳли оилаи ӯро надида биравӣ, гуноҳи сахтест, ба фикрам. Ману Эсен аз раиси шурои деҳа пурсида, қарор додем, ки падару ҳамсари Оразро хабар бигирем.
Аз тарси босмачиён сокинони деҳа, то аз дасташон омадан, сангар баста буданд. Баъди чанд лаҳза ба тақ-тақи мо падари Ораз ҷавоб дод.
– Қодир-ака, як лаҳза берун бароед, гап ҳаст! – фарёд кард Эсен, вақте ки мӯйсафед ба дарвоза наздик шуд.
– Худат кистӣ?
– Ман – рафиқи Ораз, Эсен.
– Ба бегона кам бовар мекунанд, – аз паси дарвоза ҷавоб дод мӯйсафед. – Ман аз куҷо медонам, ки ту маҳз дӯсти Оразӣ, на душманаш?
Дидам, ки намешавад, ҳамаи калимаҳои туркманиеро, ки медонистам, қатор карда, ман ҳам ба суҳбат ҳамроҳ шудам:
– Қодир-ака, натарсед, мо — йигитҳои сурх.
Аз оҳанги гапзаниам рус будани маро фаҳмида, Қодир-ака дарвозаро кушод. Вақте ки дар тани мо либосҳои аскари сурхро дид, боз ҳам шердилтар шуд.
– Дароед, фарзандонам, дароед. Ман даррав фаҳмидам, ки шумо босмачӣ нестед. Онҳо пурсида намешиштанд, даро шикаста медаромаданд.
Ба хона, ки аз нури чароғи карасинӣ базӯр рӯшан мешуд, Ойгул даромад. Ӯ шармгинона ба мо салом дод ва зуд ба назди оташдон рафта, зиёфати хоксорона – чою нон тайёр карда омад. Баъди як–ду пиёла чой нӯшидан Эсен саволомез ба ман нигарист. Ман сар ҷунбондам. Эсен милтиқашро гирифта, аз ҷо хест. Ҳарчанд босмачиён ҷуръати дарафтодан надоштанд, гирду атрофро аз назар гузарондан лозим буд. Ман бошам, то аз дастам омадан, кӯшидам, ки каме ҳам бошад, мӯйсафед ва зани ҷавони Оразро тасаллӣ бидиҳам.
– Ҷанг ҷанг аст, Қодир-ака. Вале мо барои кори ҳақ меҷангем. Ҳазорон ҷавони чун писари шумо Ораз барои он ҷон бохтанд, ки одамон шоду хушбахт бошанд. Халқ ҳаргиз онҳоро фаромӯш нахоҳад кард. Доҳии тамоми мазлумон Ленин беҳуда нагуфтааст, ки шаҳидони муборизаи мо абадӣ зинда мемонанд.
Мӯйсафед оҳ кашид:
– Ақаллан, ту умри дароз бин, писарам…
Ва баъди лаҳзае хомуш истодан пурсид:
– Ту худат ягон бор Ленинро дидаӣ?
– Рости гап, падар, надидаам. Вале метавонам сураташро нишонатон бидиҳам.
Ман аз кисаи дарунам сурати ба эҳтиёт печондаро бароварда, ба соҳибони хона дароз кардам. Мӯйсафед ва ҷавонзан то дер ба сурати доҳӣ нигоҳ карда истоданд. Ин сурати Ленин он вақт дар он гирду атроф ягона буд ва ба дасти ман ҳам тасодуфан афтода монд.
Хизмати ман дар сафҳои Армияи Сурх аз Чорҷӯй сар шуд. Ҳама аскарони взводи мо ҷавонони ноомӯхт буданд ва, аз ин рӯ, болшевик Михаил Коршунов – иштирокчии ҷанги зидди сафедҳо дар Саритсин ва назди Каспий, собиқ коргари заводи Путилов зуд ангуштнамо гардид. Ин суратро ҳам бори аввал дар дасти ӯ дида будам. Суратро ба мо, ҷанговарони ҷавон нишон дода, амаки Миша мегуфт, ки онро ба ӯ як хешашон — болшевики куҳансол додааст. Хеши амаки Миша, ки бо Владимир Илйич аз солҳои пинҳонкорӣ дар ҳизб шинос будааст, суратро аз дасти худи ӯ гирифтааст.
Ман чанд бор кӯшидам, ки илтимос карда, суратро аз Коршунов бигирам.
– Ҳушёр ҳастӣ, Стёпаҷон? – ҷавоб медод ӯ ҳар дафъа. – Як бор фикр кун, ту кистӣ? Инқилоби сотсиалистӣ чорсола шуд, ту бошӣ, ҳанӯз ба ҳизб надаромадаӣ, ҳатто фикри савод баровардан надорӣ.
Ин суханони аскари пир мутаассирам намуд. Курси маҳви бесаводиро хатм намуда, дар бораи таҳсили минбаъда фикр мекардам. Пеш аз поход ба шимол бошад, рафиқон якдилона маро ба сафҳои ҳизби болшевикӣ қабул карданд.
Пас аз маҷлиси ячейка амаки Миша маро ба гӯшае хонд:
– Офарин, Горбатов. Акнун ба ту бо боварии том такя кардан мумкин. Инро ҳамчун хотираи ин рӯз бигир, – ва сурати гаронбаҳоро ба ман дароз кард. – Чун гавҳараки чашм эҳтиёташ бикун ва, албатта, то ғалабаи пурраи сотсиализм нигоҳаш бидор.
Ҳамин тавр, ин сурат, ки ҳоло падар ва зани ҷавони аскари сурх — Ораз дар зери нури хираи ҷароғ аз он чашм намеканданд, ба дасти ман афтод.
Суратро ба ман баргардонда, Қодир-ака пичиррос зад:
– Ана, охир он касеро, ки мо, бенавоёнро хушбахт кардан мехоҳад, дидам. Акнун фаҳмидам, ки писарам барои кори болшевикон беҳуда ҷон надодааст.
Баногоҳ овози тир баланд шуд. Зуд милтиқамро ба даст гирифта, ба ҳавлӣ баромадам. Дар погаҳи дар ғарқи хуни худ Эсен мехобид. Ман ӯро рӯи даст бардоштам.
– Бидав, Стёпа, аскаронамонро огоҳ бикун…
Ин дам боз садои тир баромад ва ман дар китфи чапам такони сахтеро ҳис кардам. Дастам ҳамон лаҳза аз кор монд. Аз наздикӣ овозҳои босмачиён, ки хонаи Қодир-акаро иҳота мекарданд, шунида мешуд.
– Ораз-болшевик ҳамин ҷост, зинда дастгираш кунед! – ман ин суханонро, ки оҳанги омиронае доштанд, ба зӯр фаҳмидам.
Ҷасади Эсенро бардошта, зуд ба хона даромадам. Қодир-ака ва Ойгул ҳар чизеро, ки ба дасташон меафтод, ба пушти дар гузошта, лаҳзае ҳам бошад, босмачиёнро боздоштанӣ мешуданд. Ҳарчанд дастам базӯр кор мекард, қарор додам, ки ҷонамро арзон надиҳам. Сурат чӣ? Магар роҳ дода метавонам, ки роҳзанон онро биёбанд?
Аввал хостам, ки суратро ба Қодир- ака бидиҳам, лекин фаҳмидам, ки маро кушта, роҳзанон бо падари аскари сурх ҳам ҳисобӣ мекунанд, бинобар ин, ба Ойгул дарозаш кардам.
– Дурусттар пинҳон кун, – гуфтам.
Ойгул маро фаҳмид ва суратро гирифта, ба хонаи дигар давид. Ҳамон замон ба зарбаҳои девонавор тоб наоварда, дар фурӯ рафт. Ман тир холӣ кардам. Ду босмачӣ аз по афтоданд, лекин боқимондааш зада ба хона даромаданд. Пеш аз он ки милтиқро аз дастам зада афтонанд, боз як нафарашро ба ҷаҳаннам равон кардам.
Вақте ки босмачии ғӯли бурутдор пайдо шуд, дасту пои маро аллакай баста буданд. Аз чоки лаби болояш фаҳмидам, ки Танна–доғдор ҳамин аст. Ӯ, чароғро аз рӯи миз гирифта, ба ман наздик овард ва бо чашмони тангу золими аз бехобиву мондагӣ суп-сурхаш дергоҳ ба рӯям нигарист.
– Ин Ораз–болшевик нест, – гуфт ӯ ба босмачиёне, ки маро дошта меистоданд. – Бигӯ, саг, дар куҷост ӯ, набошад, реза-резаат мекунам, – ва мили милтиқро ба таги биниам ҷафс намуд.
Ман, ҳама қувваи боқимондаамро ҷамъ карда, кӯшидам, ки табассум кунам:
– Ту, роҳзан, кадом Оразро мепурсӣ? Онҳо дар Армияи Сурх садҳо нафаранд. Ман танҳо баъзеи онҳоро медонам.
– Ман Орази писари Қодирро пурсида истодаам, – кинояро нафаҳмида, шарҳ дод босмачӣ.
Дар ин лаҳза Қодир-ака, ки дар паси дар пинҳон шуда буд, пеш баромад. Дами корд хира-хира ҷило дод ва Танна-босмачӣ, фурсати нафас баровардан наёфта, ба рӯи фарш афтид.
– Ана, ба ту аз Ораз-болшевик! – ботантана хитоб кард мӯйсафед.
Босмачиён як дам гӯё карахт шуда монданд, вале зуд ба худ омада, ба мо дарафтоданд. Дами шамшерҳои урёни онҳо дар пеши чашми мо медурахшиданд.
…Намедонам, аз он шаби фаромӯшнопазир чанд рӯз гузашта буд, лекин, вақте ки ман бедор шуда, об хостам, аввалин чизи ба чашмам бархӯрда сурати Ленин буд, ки дар болои миз меистод. Аз қисмати талхи наздикони Ораз – болшевик баъдтар дарак ёфтам.
Аҷобате надорад: ман, ки ҷавону пурқувват будам, чанд ҳафта дар кати госпитал беёд хобидам, Қодир-ака бошад, пиру бемор буд. Ойгул? Ойгул натанҳо суратро муҳофизат намуд, балки фурсат ёфта, аскарони моро хабардор ҳам кардааст. Вале ӯ ҳам, ки аз тири таъқибкунандаҳо сахт захмдор шуда буд, баъди чанд соати он ҳарбузарб дар рӯи дастони рафиқони ман ҷон додааст.
Васияти амаки Мишаро ба ҷо оварда, сурати Ленинро аз набардгоҳҳои ҷангҳои гражданию ватанӣ беозор гузарондам. Ҳоло онро ба набераам, ки ба хотираи он ҷавонзани ҷасур Ойгул ном дорад, супурдаам. Бигзор, ин мероси бебаҳо абадӣ дар дасти ворисони аскари сурх — Степан Горбатов бимонад.
…Акнун фаҳмидӣ, барои чӣ писару набераи ман номҳои туркманӣ доранд? Шитоб накун, ҳамин замон Ораз меояд. Илтимос кард ӯ, ки интизораш бишавӣ.
Худат бубин, ки ба мӯи маллаву бинии пучуқаш нигоҳ накарда, боз ҳам Орази ман бо ким-чияш ба туркманҳо монанд аст, ҳамин тавр не?
Тарҷумаи Пури Ҷаҳонгир