Хотираҳои бокаромат. Академик Кароматулло Олимзода 80-сола шуд
Аввали солҳои 2000-ум «бародароне, ки дӯст ҳам ҳастанд» – Саидқул Билол ва Ибодулло Машраб вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб шуданд. Ман дар «Садои мардум» кор мекардам ва чун рӯзноманигор гоҳ-гоҳ ба он даргоҳ мерафтам. Кароматулло Олимзодаро, ки низ вакил интихоб шуда буд, аввалин бор дар суҳбатҳои ҳузури Саидқулу Ибодулло дидам ва чун як одаму олими воқеан хуб бештар шинохтам. Файласуфонеро зиёд дида будаму мебинам, ки бисёр китобӣ суҳбат мекунанд, завқе надоранд ва дар рафтор ҳикмате зоҳир намесозанду ҳикмате ба забон намеоранд. Вале Кароматулло Олимзода дигар буду дигар аст – бисёр огоҳ, андешаманд, хушсуҳбат, тозагӯ, хушзавқ.
Кадом соле маҷмуаи «Қаламҳой»-ям бо ташаббуси устодон Сайидалӣ Маъмур ва Гулназар Келдӣ (роҳбарони Шурои назми ИНТ) ба дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ пешбарӣ шуд. Рӯзе бародарони вакилам мақолае оварданд, ки ба ҷонибдории «Қаламҳой» навишта шуда буду дар поёнаш се имзо дошт: Кароматулло Олимзода, Саидқул Билол, Ибодулло Машраб. Мақоларо духтарони «Садои мардум» бекамукост чопи компутерӣ карданд ва мо, чанд ходими рӯзнома, танҳо унвонҳои муаллифонро илова кардем – зери номҳои Саидқул Билолу Ибодулло Машраб – ҳунарпешаи халқӣ ва таҳти номи Кароматулло Олимзода – узви вобастаи Академияи илмҳо.
Рӯзи дигар, аз рӯи қоидаи рӯзнома, мақоларо ба муаллифон бурдам, ки хонда, имзо бимонанд. Кароматулло Олимзода то охир бодиққату андешаманд хонду сатри поёни ному насабаш – «узви вобастаи Академияи илмҳо»-ро хат зад ва чун одат пурмаъниву лутфомез гуфт: «Ҳоло мушарраф нашудаем!» Ман, ростӣ, самимона ҳайрон шудам, ки файласуфони амиқандешае чун ӯ бисёр кам дорему яке аз онҳо то ҳол «узви вобаста» нест ва аз таҳти дил орзу кардам, ки олиме чунин богавҳару фарохназар соҳиби ҳама унвонҳои илм бишавад…
«Қаламҳой» ҷоиза нагирифт ва дӯстони вакилам тасаллӣ доданд, аз ҷумла Кароматулло Олимзода болутфу таҳдор гуфт: «Ҳамааш – дар пеш…» Дар ҳақиқат, ҳамин хел будааст – ман ҳам барандаи Ҷоизаи Рӯдакӣ шудаму ӯ ҳам – натанҳо узви вобаста, балки узви пайвастаи Академияи илмҳо, вазири фарҳанг, мушовири давлатии Президент низ, лекин хисолу муносиботаш ҳамоне монд, ки буд – одӣ, заминӣ, самимӣ ва, албатта, ҳамеша ҳикматбору лутфомез.
Дар вазифаҳое, ки зикр шуданд, Кароматулло Олимзода давлатмарди ҳақиқӣ эҳсос мешуд, беҳтарин хислатҳои давлатмард – ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, донишмандӣ, талош ва ҷасорат бо ному амалаш тавъам буданд. Дар давраи вазири фарҳанг буданаш чорабиниҳои муҳимме доир гардиданд, чеҳраҳои зиёди ҳунар дастгириву сарпарастӣ ёфтанд, арзишҳои зиёди миллиамон ба рӯйхати ҷаҳонии арзишҳои фарҳангии ЮНЕСКО ворид шуданд. Бетардид метавон гуфт, ки яке аз вазирони кордону коргар буд мавсуф, ки бо заҳматаш барои фарҳангу муҳаббаташ ба фарҳангиён дар ёдҳо мондааст.
Боре дар «Қасри профсоюз», ки баъдан Филармонияи давлатӣ шуд, дӯстони эронӣ чорабиние баргузор карданд. Ҳайатҳои баландпояи давлатии ду ҷониб ва иштирокчиёни бисёре ҳозир буданд. Баногоҳ борону барф борид, тӯфон бархост, амалӣ намудани баъзе нақшаҳои чорабинӣ зери хатар монд ва аломатҳои нохушӣ дар чеҳраи меҳмонон падид омад. Ҳатто шоири Эрон Алӣ Мусавии Гарморӯдӣ, ки ройзани фарҳангии кишвараш дар Ватани мо ва яке аз масъулони баргузории он иқдом буд, рӯирост аз табиати Тоҷикистон норозигӣ кард. Ва ҳамин ки суханрониву шеърхониашро ба поён расонд, вазири фарҳанги Тоҷикистон Кароматулло Олимзода микрофонро ба даст гирифту хоси хеш – орому амиқу ҳакимона, ҳамвазну ҳамқофияи шеъри Гарморӯдӣ бадоҳатан гуфт:
Шиква аз боду ҳавои Тоҷикистон хуб нест,
Дар қудуми дӯстон гавҳарфишонӣ кардаанд!
Ҳамоно руҳияи ҳамагон тағйир ёфт, меҳмонони эронӣ ҳам, ки дар «қабули хотиру луфти сухан»-ашон ҷои шубҳа нест, болидаву хушҳол шуданду чорабинӣ хубу дилхоҳ гузашт. «Фиристода бояд, ки доно бувад» – беихтиёр гузашт аз бисёр дилҳо. Бо Кароматулло Олимзода чанд ҳамсафарӣ низ буд – ҳам дар Ватан, ҳам берун аз он ва дар ҳама ҷо хислатҳои азалии одамиву олимии ӯ зоҳиру эҳсос ва боиси ифтихори мо, ҳамсафарон, ҳаммаслакон, ҳамқаламон мешуд. Ба ҳамин наздикӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж бузургдошти байналмилалии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ доир шуд. Олимону адибони кишварҳои гуногун суханрониву шеърхонӣ карданд, ҳунарҳои гуногуни мардумамон манзури иштирокдорони бузургдошт ва сокинони пойтахти Фаронса гардид. Ва яке аз беҳтарин лаҳзаҳои чорабинӣ суханронии маҷозии академик Кароматулло Олимзода буд, ки бо умқу паҳнои маънӣ миёни гузоришу суханрониҳои зиёди он ҳамоиши илмӣ имтиёз дошт.
Аз хонадони бостонии соҳибилму соҳибзавқи Истаравшани бостонист Кароматулло Олимзода. Авлодаш олим ҳам зиёд додаасту шоир ҳам ва идомадиҳандаи сазовору номбардори онҳост ӯ. Шеърҳои самимии ҳакимонааш, таронаҳои дилраси ватандӯстонааш дар хизмати завқҳои баланданд. Соҳибкароматест, ки олим ва олимест, ки соҳибкаромат аст ҳамқалами бузургамон, узви фаъоли Иттифоқи нависандагон Кароматулло Олимзода ва орзуи мо ҷуз ин нест, ки қисмат пайваста бар умру каромату олимиаш биафзояд.
Низом Қосим,
Шоири халқии Тоҷикистон