ХОМАРАХШ РУСТАМ
РУСТАМИ ХОМАРАХШ (Тағоймуродов Рустам Ҳакимович) 16 июни соли 1962 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Балҷувон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1979 мактаби миёнаи №13 ноҳияи Восеъро хатм карда, донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб шуда, соли 1982 бомуваффақият анҷом бахшидааст. Соли 1983 вориди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст.
Соли 1994, баъди хатми курси якум, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ даъваташ кардаанд. Баъди адои хидмат (1986) таҳсилро дар донишгоҳ идома дода, соли 1990 факултаи филологияи тоҷикро хатм кардааст. Ҳамон сол ба мактаби миёнаи №1 ноҳияи Вахш ба кор фиристода шуда, солҳои 1990-1993 дар мактабҳои миёнаи ноҳия муаллими забон ва адабиёти тоҷик будааст.
Аз моҳи майи соли 1993 то июни 2005 дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ба ҳайси омӯзгор фаъолият бурдааст. Аз соли 2000, ҳамзамон, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи умумидонишгоҳии «Фурӯғ»-ро бар уҳда доштааст.
Аз моҳи августи соли 2005 то июли 2006 мудири кафедраи рӯзноманигории ДДҚ ба номи Носири Хусрав, аз моҳи июли 2006 то ноябри 2007 декани факултаи филология, ҳамзамон, муҳаррири масъули маҷаллаи илмии «Фурӯғи илм» будааст. Моҳи августи соли 2006 дар мавзӯи «Вазни ғазалиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ» рисолаи илмӣ дифоъ карда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология нойил гардидааст.Аз моҳи ноябри 2007 сардори Маркази илмию татқиқотии донишгоҳи мазкур аст.
Муаллифи рисолаҳои «Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин» (Қӯрғонтеппа, 1998), «Муаммои инсон дар илми ҳикмат» (1999), «Амир Хусрав ва такмили авзони ғазал» (2010), «Назари Амир Хусрав ба шеър ва ҳунари суханварӣ» (Қӯрғонтеппа, 2012), «Сохтори жанрии анвоъи шеъри ғинойии Амир Хусрав» (Қӯрғонтеппа, 2013), дафтари шеърҳои «Баҳори хаёл» (1999), «Нигоҳи ноларез» (Қӯрғонтеппа, 2001) ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ мебошад.
Бо нишонҳои фахрии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001), «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001) ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001)сарфароз гардонида шудааст.
Узви Иттифоқи журналистон (2005) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2006).