ХАТЛОНӢ САЛИМ
САЛИМИ ХАТЛОНӢ 12 марти соли 1960 дар деҳаи Шулғоншаҳри ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон зода шудааст. Соли 1975 мактаби 8-солаи ба номи Клара Сеткинаи ноҳияи Мӯъминобод, соли 1979 Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлобро хатм карда, аз сентябри соли 1979 то июни 1980 дар мактаби миёнаи №2 ноҳия муаллимӣ кардааст.
Аз моҳи июни соли 1980 то майи 1982 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Пас аз хидмати ҳарбӣ моҳе чанд хабарнигори рӯзномаи «Роҳи Ленинӣ»-и вилояти Кӯлоб буда, аз декабри соли 1982 то июли 1984 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе, аз августи соли 1984 то июли 1989 дар Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) таҳсил кардааст. Баъдан, аз соли 1989, дар мақомоти гуногуни Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олии мамлакат фаъолият доштааст.
Дар баробари адои вазифаҳои масъули хидматӣ, кори эҷодиро ҳамеша манзури назар доштааст. Ашъораш муттасил дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявию умумиитифоқию хориҷӣ ва маҷмӯаҳои шеърии «Аз пушти борон» (1989), «Сапедасори булӯр» (1991), «Фарёдҳо бар ёдҳо» (1994), «Балоғати нур» (1995), «Шикастанҳо…. Набастанҳо» (1996), «Шамими бодаву бод» (1997), «Шабу шабобу шароб» (1998), «Оли Сомоно, муборак Соли Сомонӣ» (1999), «Хокистари ҳубоб» (2000), «Дар гуҳарбори садаф» (2002) мунташир гардидаанд. Дар мавзӯи «Тасвири най дар эҷодиёти Ҷалолиддини Румӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Доктори илмҳои филологӣ мебошад.
Чанде аз асарҳои назмиву насрии Р. Ҳамзатов, Ф. Тютчев ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи китобҳои «Ғуруби парвин» (қиссаву ҳикояҳои адиби туркман Отаҷон Таган (1992) ва «Палакони Сеул» (маҷмӯаи шеърҳои шоираи куриёӣ Ким Ёчо) самараи заҳмати ӯстанд.
Соли 1992 барои маҷмӯаи ашъори «Сапедасори булӯр» сазовори Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон гардидааст.
Дорандаи ордени «Шараф».
Аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.