ФРОЛОВ ВЛАДИМИР ВАСИЛЬЕВИЧ
ВЛАДИМИР ФРОЛОВ 23 марти соли 1935 дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) ба ҷаҳон омадааст, зеро падарашро баъди хатми Омӯзишгоҳи ҳавопаймойии Балашов ба Тоҷикистон фиристодаанд. Баъди хатми мактаби миёна соҳиби дипломи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ва шуъбаи журналистикаи Академияи улуми иҷтимоъии ҲКИШ гардидааст.
Аз октябри соли 1957 дар вазифаҳои масъули васоити ахбори Тоҷикистон адои вазифа кардааст. Аз ҷумла, солҳое котиби масъули рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана», мудири шуъбаи ахбор ва сармуҳаррири рӯзномаи «Кулябская правда», ҷонишини котиби масъули рӯзномаи «Коммунист Таджикистана», ҷонишини аввали директори Агентии телеграфии Тоҷикистон, ҷонишини сармуҳаррири газетаи «Варзиш-Спорт», сардори шуъбаи ахбори «Вечерний Душанбе», ҷонишини сармуҳаррири «Курьер Таджикистана», ҷонишини директори барномаҳои Радиои тоҷик, мухбири махсуси рӯзномаи умумииттифоқии «Туристские новости» дар ҷамоҳири шӯравии Осиёи Миёнаву Қазоқистон будааст. Солҳои охир муҳаррир-мушовири рӯзномаҳои «Варзиш-Спорт» ва «Футбол», инчунин котиби масъули маҷаллаи «Мероси ниёгон» аст.
Беҳин очерку навиштаҳои публитсистии ӯ дар рӯзномаҳои маъруфи «Правда», «Известия», «Комсомольская правда», «Московские новости», «Социалистическая индустрия», «Советский патриот», «Советский спорт», маҷаллаҳои «Физкультура и спорт», «Турист», «Социальное обеспечение», нашрияҳои ТАСС-у Радиои умумишӯравӣ интишор ёфтаанд.
Муҳаррири илмию адабии бештар аз 50 китоби мунташира мебошад.
Муаллифи кутуби мусаннади бадеии «Нуру нори Вахшрӯд», («Вода и свет Вахша»; ҳамроҳи Б. Муртазоев), «Дороги пятого океана», «Полвека на «железном коне» (дар бораи мототози тоҷик Сафаралӣ Раҷабов), «Подвиг пулемётчика» (дар бораи корномаи ҷангии Мирзо Бобоҷонов), «Куляб», «Цемент – хлеб промышленности», «Дела и люди «Таджиктекстильмаша», «Таджикистан – край туризма», «С байдарской по планете» (дар бораи Чемпиони 12-каратаи СССР Иброҳим Ҳасанов), «Он молодой, молодостью жив», «Сегодня рекорд – завтра норма», «Наш друг ГТО», «Спортивная республика» ва ғ. мебошад.
Владимир Фролов ғолиби чандин озмуни умумииттифоқию ҷумҳуриявии публитсистон буда, соли 2008 сазовори Дипломи «Беҳтарин публитсисти сол»-и Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон гардидааст.
Барои хадамоти шоёни ҷамъиятию адабӣ шарафёби ордени «Дӯстӣ» ва чандин нишону медали ҳукуматӣ ва беш аз 40 Ифтихорномаи гуногун гардидааст.
Аз соли 1960 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Владимир Фролов 27 декабри соли 2022 дунёро падруд гуфт.