Фотеҳ Абдулло. Васфи Ватан (чанд нукта перомуни ашъори Зулфия Атоӣ)
Ба муносибати 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ
Маҷмуаи якуми Зулфия «Ҷиҳоз» (1977) ном дошт ва аз шеърҳои баҳорона замзамаи дили беғашу беқарор, азми дуруст ва сӯзиши пуризтироби ҷавонии духтари деҳзоде падидор буд. Дар маҷмуаи дуюми ӯ, ки «Дидор» унвон дорад, низ шеърҳои баҳорона зиёданд, вале дар он нисбатан нигоҳи шоира вусъат ёфта, эҳсосоташ конкрет шудааст.
Шеъри Зулфия заминаи воқеии психологӣ дорад, вай он чиро ба қалами таҳрир мекашад, ки аз сар гузаронидааст. Ҷаҳон дар назари ӯ дар шаклҳои мушаххас намудор мешавад, аз ин рӯ, образҳо ағлаб сода, муайян ва дидашавандаанд. Тавлиди фарзанд, хизмати шавҳар дар армия, марги бемаҳали падар, ҳасрати Хуҷастамоҳ ном духтар, кинояву нешханди ҳамдеҳон, резиши борон, лолазор шудани деҳ, тақдири хоҳаронаш ангезаҳое мебошанд, ки шеърро падид овардаанд. Шоира аз зиндагӣ ба шеър омада, зиндагиро чун амалу амалро чун мубориза дониставу пазируфта, бо зиндагии худ зиндагӣ мекунад ва кӯшидааст, ки ҳама чизро тавассути худ ифода бинамояд. Аз марги падар музтар мешавад, вале мувозинати руҳиро аз даст намедиҳад ва дасту по гум намекунад, балки ба ботини худ менигарад, неруе меёбад ва ба хулосаи ҳақ меояд:
Во дареғо, падарам аз сари ман рафт охир,
Вақти он аст, азизон, падари худ бошам.
(«Ҳамсафари худ»)
Аммо падар руҳан барҳаёт буда, аз ӯ дили бебоку панди беғараз мерос мондааст ва аз шеъри духтар бӯи гулу меваҳои боғи ӯ эҳсос мешавад. Панди падар ва аллаи модар! Хулқу одоб, эҳсосу хаёл, орзуву шеъри Зулфия аз ин панди воло ва ин суруди зебо оғоз гирифтааст. Дар гаҳвораи модар, дар хонаи падар, дар «боғи тифлӣ», дар деҳи Қалъаи Азим бо аввалин овозҳо, бӯйҳо ва рангҳо мафҳуми Ватан дар замири шоираи оянда маскан ёфта, ӯро илми ҳарорату парвоз, фидокориву ҷоннисорӣ омӯхтааст. Ватан барои Зулфия муқаддастарин мафҳумест, ки решааш дар дил аст ва маънии зиёде дорад: диёри тиллогуну сабзфом, авлод, аҷдод, халқ, таърих, инқилоб, имрӯз ва фардо. Меҳру муҳаббати шоира ба Ватан поён надорад, аз дидораш сер нест ва онро ганҷи бебаҳое медонад, ки ба ҳеҷ чиз наметавон иваз кард; ишқи Ватан ба ӯ шодиву саодат мебахшад. Барои фаҳмидани зебоӣ ва шукӯҳи Ватан дили ошиқонаву шоиронае бояд дошт, вагарна ҳар кас наметавонад ба қадру қимати он бирасад:
Вале аз диданат нодиданат беҳ,
Диле гар чун дили ман дар барат нест!
(«Деҳ»)
Дар «Ватан», «Духтари сарбоз», «Духтари тоҷик» барин шеърҳо шоира ҳамчун гражданин арзи ҳастӣ мекунад, ки оғуштаи олами шахсии худ набуда, дили меҳрошёне дорад, ба рӯйдодҳои олами атроф бепарвою беэътибор нест, аз бахти бедори зани тоҷик болида, худро тифли инқилоб, идомаи умри Гулнору Фирӯза, Майрамбию Сайрамбиҳо мешуморад, барои дарёфти ҷои худ дар замони таърихӣ саъй намуда, бори Ватан мекашад. «Духтари оташ будем, оташ бимонем то абад!» — хитоб мекунад вай. Дар ин гуна шеърҳо Зулфия ғолибан дар бораи худу тақдири худ сухан гуфта, ҷаҳонро ба василаи дили худ кушода, бо ғаму ташвишҳои худ бо одамон ҳамдард мешавад. Аммо шаҳрванд шудан ва хуҷастанамоию фаррухбахтӣ ҷустан кори осон нест. Зулфия дар мисоли рӯзгори Гулнору Фирӯза нағз медонад, ки ҳастии фард вақте маънии иҷтимоиву ахлоқӣ пайдо мекунад, ки вай ҳамтақдири халқ ва дилсӯзи ҷомеа бошад. Бинобар ин, шоира ба дили худ менигарад, рафтори худро таҳлил мекунад, аз кардаҳои носазовори худ пушаймон мешавад ва кӯшидааст, ки аз завлонаҳои чизу молпарастӣ вораҳад, ба тарзи дигар гӯем, месӯзад, то худро бисозад.
Варо куштам,
Варо, ки душмани ман буд.
Варо, ки ҳамчу море
дар тани ман буд,
Варо, ки дур аз сӯзу ғами олам,
Ҳамехандид рӯзи ғам.
(«Тавлид»)
Шеъри «Тавлид» аз майли Зулфия ба худтаҳлилию худтакмилӣ шаҳодат дода, лоиқи таъкид аст, чунки шахс танҳо бо ҳамин роҳ метавонад ботинан озоду сарфароз шавад.
Зулфия шоираи эҳсос бошад ҳам, чунонки дидем, дар шеъраш гоҳо андеша бар таассуру ҳис ғолиб мешавад ва ӯ ба худ танқидан нигоҳ мекунад, аз хатоҳояш азоб мекашад. Бо вуҷуди ин, оташи эҳсос аксар боло мегирад ва мо аз дунёи дили шоира беҳтар огоҳ мешавем.
Бахусус ин нукта ба шеърҳое мисли «Шиносоӣ», «Интизор», «Ишқи ман», «Дидор», «Дилҳои бегона» нисбат дорад, ки дар онҳо ҷавонию ишқ суруда шудаанд.
14 майи 1983